МАҲФИЛИ НАВИСАНДАИ ЗАБАРДАСТ

 МАҲФИЛИ НАВИСАНДАИ ЗАБАРДАСТ

12-уми март дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ ба муносибати 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Саттор Турсун баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оғоз изҳор дошт, ки Саттор Турсун аз зумраи он нависандагони забардастест, ки бо услуби хосаву андешаҳои тоза пояҳои насри психологии моро устувор кардаанд ва онро ба марҳалаи тоза ворид намудаанд.

 Гардонандаи маҳфил, муовини аввали раиси ИНТ, шоири шинохта Ато Мирхоҷа дар бораи хусусиятҳои гуногуни эҷодиёти Саттор Турсун сухан гуфта, сифатҳои инсонии ўро бо қироати шеъре васфу тараннум намуд.

Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва Муҳаммад Ғоиб дар бораи ҷойгоҳи нависанда дар адабиёти муосири тоҷик ва шахсияти ибратбахши ў бо зикри мисолҳои мушаххас ва қироати шеър гарму самимона сухан ронданд.

Ҳамчунин донишманди шинохтаКароматулло Олимзода аз дўстиву бародарии худ бо нависанда сухан гуфта, мувашшаҳи ба ў бахшидаашро пешкаш кард.

Сипас Саттор Турсун дар бораи рўзгору осори худ ва устодону дўстоне, ки дар роҳи ҳаёту адабиёт пуштибонаш будаанд, нақлҳои ҷолибу хотирмон кард ва ҳамчунин перомуни масъалаҳои мубрами фарҳангу адабиёт ва забон андешаҳои судманди худро изҳор дошт.

Ҳунарнамоии шашмақомхони хушовоз Хуршед Иброҳимов ба ҳамагон ҳаловати зиёди маънавӣ бахшид.

«АС

Дигар хабарҳо