Маҳфили бузургдошти устод Гулназар дар Хонаи адибон

 Маҳфили бузургдошти устод Гулназар дар Хонаи адибон

18 сентябри соли равон ба муносибати 80-со­лагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳ­фили бошукӯҳи адабӣ баргузор гардид. Адибону пажӯҳишгарон ва мухлисони осори шоир ҷамъ омада, хотири ӯро пос доштанд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зимни ифтитоҳи маҳфил дар хусуси хидматҳои чашмраси Гулназар дар рушди адабиёти тоҷик ва шахсияти тобноки ӯ сухан гуфта, шеъри ба шоир бахшидаашро қироат кард.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бо суханронӣ дар атрофи вежагиҳои асосии ашъори муаллифи Суруди миллӣ, нақши ӯ дар таҳаввули дарунмоя ва сохтори шеър бо мисолҳои мушах­хас ибрози назар карда, маҳфилро гардонандагӣ намуд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Давлат Сафар перомуни мақоми волои Гулназар дар адабиёти муосир, пуштибониҳои пайвастаи ӯ аз адибони ҷавон ва дигар ҷиҳатҳои ибратбахши шахсияташ сухан гуфт.

Бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимия­ти давлатии ноҳияи Айнӣ муовини раи­си ноҳия Фарҳод Мукаррамзода дар суханронияш устод Гулназарро шах­сияти барҷастаи адабӣ ном бурда, махсусан аз ҷой­гоҳи баланди Су­руди миллӣ дар давлатдориямон ёдовар шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон, дӯсти наздики Гулназар Ҳақназар Ғоиб аз ҳамнишиниву қаро­бати хеш бо шоир қисса карда, гуфт, ки Гулназарро дар саросари Тоҷикистон дӯст медоштанду эҳтиром менамуданд.

Дар бораи хислатҳои ҳамидаи шоири зиндаёд Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад низ суханронии ҷолиб дошт ва аз китоби «Ёди Гулназар»-и хеш, ки ёдномаҳояшро дар бар гирифтааст, ёдовар шуд.

Ба гуфтаи про­фессор Абдунабӣ Сатторзода, Гул­назар чун идома­диҳандаи суннатҳои шоирони бузурги муосирамон нигаҳ­бони оташи шеъри форсии тоҷикӣ буд ва наме­гузошт, ки ин оташ хомӯш шавад.

Дар суханронии Нависандаи халқии Тоҷикис­тон Кароматуллоҳи Мирзо низ хусусиятҳои хоси эҷодиёт ва шахсияти Гулназар баён гардиданд.

Шоир, адабиётшинос, муаллифи китоби «Сун­натгароӣ ва навпардозӣ дар шеърҳои Гулназар» Равшани Ҳамроҳ дар бораи пайравии равоншод ба шоирони пешин ва навовариҳои хоси ӯ муфассал суҳбат кард.

Ғазали «Дилам дард мекунад»-и Гулназар дар қироати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ба ҳамагон таъсири амиқ гузошт.

Шеърхонии шоири афғонистонӣ Гудози Форёбӣ дар васфи Гулназар низ баёдмонданӣ буд.

Маҳфили ёдбудро ҳунарпешагони маъруф Исмоил Назрӣ, Раҳматулло Ҳошим, Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ фурӯғ бахшиданд.

Дигар хабарҳо