Маҳфили «Боқӣ» дар боргоҳи адибон

 Маҳфили «Боқӣ» дар боргоҳи адибон

Рӯзи 1-уми майи соли ҷорӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адибони ҷавон, ки «Маҳфили Боқӣ» унвон дорад, баргузор гардид.

Парда Ҳабиб, мудири бахши кор бо адибони ҷавони ИНТ дар оғоз иброз дошт, ки ин нишасти дувуми маҳфил буда, ҳадаф аз баргузории он канори ҳам овардани навқаламон ва баррасиву таҳлили навиштаҳои онҳо дар ҷиҳати рушди истеъдодашон аст.

Дар ин маҳфил шоирони ҷавон Муҳаммад Ғанизода, Фазлиддин Носирзода, Шодмон Субҳон, Марзбоналӣ Қурбонзода ва дигарон шеърҳои тозаи худро хонданд ва андешаҳои кормандони масъули ИНТ-ро шуниданд.

Парда Ҳабиб бо хушнудӣ иброз дошт, ки дар шеърҳои ин навқаламон ҷарақаи ҳунар, маҳорати тасвирсозиву мазмунофаринӣ ба назар мерасад, ки аз кӯшоиву ҷӯёияшон дарак медиҳад.

Ба андешаи мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии ИНТ Муҳриддин Сабурӣ, кӯшиши ин ҷавонон барои навгӯиву навҷӯйӣ қобили мулоҳиза аст ва бо омӯзиши амиқу мутолиаи бештар метавонанд дар кори шоирӣ муваффақ шаванд. Номбурда ҳамзамон дар бораи нақсу норасоии шеърҳо низ ибрози назар карда, аз ҷумла таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани навқаламонро ба забони шеър ва тасвиру маъниҳои тоза лозим донист. М. Сабурӣ аз ҷумла зикр кард, ки шоири ҷавони тоҷик бо омӯзиши осори адибони ҳамзабон набояд муқаллиди онҳо шавад, балки ин омӯзаҳоро бо хосиятҳои шеъри тоҷикӣ пайванд бидиҳад.

Дар маҳфили мазкур нависандагони навқалам низ ҳузур доштанд ва ҳикояҳои кӯтоҳашонро манзур карданд. Донишҷӯйи соли аввали Коллеҷи омӯзгорӣ Шукрия Шерова ва хонандаи синфи 9 Парвонаи Сайро ҳикояҳои кӯтоҳе хонданд, ки ба ҳозирин писанд омаданд. Барои рафъи баъзе камбудҳои навиштаҳояшон маслиҳатҳо ироа шуд.

Дар бораи навиштаҳои адибони ҷавон ҳамчунин шоирон Бузургмеҳри Тоҷиддин ва Бузургмеҳри Ҳаким ибрози назар карданд.

Насимбек Қурбонзода

Дигар хабарҳо