Маҳфили адабӣ ба муносибати 70-солагии Баҳманёр

 Маҳфили адабӣ ба муносибати 70-солагии Баҳманёр

Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии нависандаи маъруф Баҳманёр Аминӣ маҳфили адабӣ багузор гардид.

Дар ин маҳфил аҳли адаб ва рӯзноманигорону ҳаводорони осори Баҳманёр аз ӯву навиштаҳои марғубаш ёд карданд.

Адабиётшиноси варзида Ҳафиз Раҳмон зимни суханронии хеш  дар  мавзуи «Ҷаҳони бадеии Баҳманёр» аз ҷумла такъкид дошт, ки  ин нависандаи хушном бо сабку услуби хоси худ ба майдони адабиёт омада, барои ғановати насри тоҷик хидматҳои арзандае анҷом додааст.

Дар идома нависандагону шоирони маъруф Абдулҳамиди Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Рустам Ваҳҳобзода, Равшани Махсумзод ва Салими Зарафшонфар дар бобати нақшу ҷойгоҳи Баҳманёр Аминӣ дар насри навини тоҷик ва вижагиҳоиэҷодиёти ин нависандаи шодравон  ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин дар  маҳфил китоби ёдномаи Баҳманёр  — “Болотар аз Шеданзо” рӯнамоӣ шуд.

Баҳманёр муаллифи маҷмуаи ҳикояҳои “Ишқи сайёд”(1984), “Аспи обӣ”(1988) ва “Дуди ҳасрат”(1994) мебошад. Китоби аввали роман дар қисса ва ҳикояҳои ӯ  “Сармаддеҳ” соли 2002 ва китоби дувуми он  соли 2014 чоп шуданд. Баъдан романи дигари вай бо номи “Шоҳаншоҳ” ба дасти хонандагон расид.

Соли 1991 мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи “Песни идюшего в петлю” дар тарҷумаи Хуршеда Даврондухт нашр гашта буд.  Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.

Романи “Сармаддеҳ”-ро адабиётшиносон аз беҳтарин намунаҳои насри тоҷик дар даврони истиқлол унвон кардаанд.

Дигар хабарҳо