Маҳфили адабии Абдурауф Муродӣ дар Панҷакент

 Маҳфили адабии Абдурауф Муродӣ дар Панҷакент

Ватан – сарчашмаи бахту саодат

Дар Кохи ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент маҳфили адабию фарҳангии адиб,  рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи  адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдурауф Муродӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ватан – сарчашмаи бахту  саодат» бо иштироки аҳли илму адаби ҷумҳурӣ, устодону омӯзгорон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва  санъаткорон баргузор гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Саид Юнусиён  дар робита бо роҳи эҷодии адиб ва  рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ зикр  намуд, ки мавсуф фаъолияти худро  ҳамчун омӯзгори мактаб оғоз намуда,  ҳамзамон, бо нашрияҳои ноҳиявию  ҷумҳуриявӣ ҳамкории зичи эҷодӣ дошт.  Ҳамин буд, ки баъдан ӯро ба нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва  илми ҷумҳурӣ ба кор даъват намуданд.  Абдурауф Муродӣ дар баробари кори  рӯзноманигорӣ ба эҷоди ҳикояву қисса,  бахусус, ҳаҷвиёт машғул гардида, то ин  дам 14 маҷмуаи насрию назмии худро ба табъ расонидааст.

Сипас муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа  перомуни эҷодиёти адиб сухан ронда,  таъкид кард, ки дар адабиёти муосири  тоҷик ҳаҷвиёти Абдурауф Муродӣ нақши шоиста доранд. Ӯ шеъри тозаэҷоди  худро дар васфи адиби ҳаҷвнигор қироат кард, ки пурмуҳтавою ҷолиб буд.

Дар идомаи маҳфил Абдурауф Муродӣ дар мавзуи Ватан ва ватандорӣ,  нақши барҷастаи Пешвои миллат дар тантанаи сулҳу ваҳдат ва рушди  кишвари азизамон сухан гуфта, аз  осори назмию насрии худ намунаҳо  қироат кард. Ӯ, инчунин, дар хусуси ба пайроҳаи адабиёт гом ниҳодану ба ҳаҷв рӯ овардан ва таълифи мақолаю  эссеҳои худ сухан ронда, аз дастгирии  устодони адабиёт дар ин ҷода ба некӣ ёдовар гардид.

Мудири шуъбаи насри Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон Сироҷиддин  Икромӣ зикр намуд, ки Абдурауф Муродӣ бо резаҳикоёти ҳаҷвии худ қолабҳои маъмулии ҳаҷвнигориро шикаста,  дар навиштаҳояш танқиди иҷтимоиро тақвият бахшид.

Муҳаррири шуъбаи нашрияи «Омӯзгор» Шодӣ Раҷабзод дар боби фаъолияти рӯзноманигории нависанда дар  нашрияи мазкур сухан ронда, саҳми ӯро  дар тарбияи қаламкашони ҷавон ва рангину пурмуҳтаво гардидани ҳафтанома назаррас ҳисобид.

Дар ин маҳфили пурмуҳтавою шукӯҳманд, ҳамчунин, адибон Юнус Юсуфӣ,  Салими Зарафшонфар, Ворис, Эҳсон  Субҳон, Исмоил Зарифӣ, Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Бузургмеҳри  Тоҷиддин, Насимбек Қурбонзода иштирок ва суханронӣ карданд. Дар идомаи  маҳфил овозхонҳои Филармонияи  давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Ҳунарпешаи шоистаи  ҷумҳурӣ Алишер Қаноатзода ва Гулпарӣ  Орифзода, санъаткорони ансамбли  «Дилоро»-и шуъбаи фарҳанги шаҳри  Панҷакент бо суруду таронаҳои дилангези худ хотири ҳамагонро болидатар  сохтанд.

Дигар хабарҳо