МАҲЗУН

 МАҲЗУН

САФАР АЙЮБЗОДАИ МАҲЗУН 7 январи соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст. Фаъолияти меҳнатиаш, баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб, дар ноҳияи Вахш аз омӯзгорӣ сар шуда, баъди чанд моҳи муаллимӣ ба шуъбаи маорифу фарҳанг ва адабиёти рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба кор гузаштааст. Аз ҳамон дам дар соҳаи матбуоту фарҳанги музофотию ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад.

Нахустин шеърҳояш аз айёми донишҷӯйӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои шеъри «Нафаси ишқ», «Шарораи шавқ», «Ай ишқ, наҷотам деҳ!», «Ранҷи ишқ ширин аст», «Саду як дарди ишқ», «Сурайёнома», «Гулбоз», «Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар!», «Афсонаи шодӣ», «Бадеҳаи ашк», «Таронаи ишқ», «Давлати ишқ», «Таронаи ифтихор», «Сад пора дили маҳзун» ва ғ. мебошад.

Асарҳои саҳнавии ӯ «Базми хосаи Мушбону», «Ашӯламоҳ ва Фалакбой», «Чароғи маърифат», «Гуфтугӯ бо театр», «Моҷаро» ва ғ. дар театрҳои гуногуни мамлакат саҳнагузорӣ шудаанд.

Оҳангсозони номӣ Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоеа, Фаттоҳ Одинаев, Амирбек Мӯсоев, Мирзоватан Миров, Қудратулло Ҳикматов ба матни баъзе аз ашъораш оҳанг бастаанд.

Шеъру асарҳои саҳнавии алоҳидаи нависандаи олмонӣ П. Вайс, адибони рус В. Сергеева, О. Журавлёва, Н. Беседин, В. Березев ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени Бунёди фарҳанги «Шараф ва мардонагӣ» Санкт-Петербург), медали «Хизмати шоиста». Дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Узви Иттиҳодияи арбобони театр, Иттифоқи журналистон.

Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

21 ноябри соли 2020 вафот кард.

Дигар хабарҳо