Маҳбуби хурду бузург

Ба муносибати 85-солагии шоири зиндаёд Нозирҷон Боҳирӣ
Одатан касеро адиби бачаҳо мегӯянд, ки ҳаёту эҷодиёташро барои адабиёти кӯдакону наврасон бахшидааст ё баробари эҷоди асарҳо барои калонсолон дар адабиёти кӯдакон низ дастоварде дорад. Нозирҷон Боҳирӣ номбардори ин пешаи пуршарраф аст.
Вай қариб сӣ сол дар матбуоти кӯдакону наврасон кор кард. Беҳтарин фурсати умр, айни қудрату ғайрати ҷавонӣ, пурмаҳсултарин давраи ҳаёту эҷодиёташро ба тарбияи маънавии насли наврас бахшидааст. Қисмати ӯ чунин буда, ки адиб бошад. Адиб бо ҳарду маънии ин калима: ҳам ба маънии устод, тарбиятгар, мураббии бодонишу фарҳанг ва ҳам ба маънии шоир, нависанда, он ки бо адабиёт сару кор дорад. Ҳадафи ин ду пеша низ якест, омӯзиши адаб, ки асоси ҳамаи хислатҳои ҳамидаи инсон бар ӯст ва адабро пеш аз ҳама ба бачаҳо меомӯзанд.
Лавҳаю очерк, мақолаю ёддоштҳое, ки Нозирҷон Боҳирии рӯзноманигор навиштааст, саршори самимият ва меҳру муҳаббатанд. Хонанда асарҳои ӯро бетарафона ва ё барои вақтгузаронӣ намехонад. Беихтиёр асири фикру андешаҳои ӯ мешавад ва бо ҳамон самимият ва меҳру муҳаббате мехонад, ки навишта шудаанд. Зеро ӯ ҳарчи нависад, бо амри дил ва аз таҳти дил менависад ва ин маънӣ равшан аст, ки ҳарчи аз дил бархезад, боз ба дилҳо нишинад. Ҳамин самимият ва меҳру муҳаббат, ҳамин масъалагузорӣ бо амри дил ва андешаҳо дар роҳҳои ҳалли он, ҷаззобӣ ва нишонрасии асарҳои публитсистиаш буданд, ки Нозирҷон Боҳирӣ соли 1979 сазовори Мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид. Нозирҷон Боҳирӣ аввалин рӯзноманигори ҷумҳурист, ки барои публисистикаи бачагонааш сазовори ин мукофоти олӣ гардидааст.
Силсиламақолаҳои адабии ӯ, ки зери унвони «Чароғи ҳидоят» дар маҷаллаи «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») ба табъ расидаанд, ба ӯ шуҳрати тоза оварданд. Хонандагон, хусусан муаллимони адабиёт, шумораҳои тозаи маҷалларо беқаророна интизор мешуданд ва бо мактубҳои шавқмандӣ ва миннатдорӣ адибро ба навиштани мавзуъҳои нав ба нави ин силсила ҳидоят мекарданд. Дар натиҷа одобномае ба вуҷуд омад, ки дар тарбияи насли наврас аҳаммият ва зарурате дошт ва нашриёти «Адиб» инро ба назар гирифта, онро соли 1988 бо номи «Дониш талабу бузургӣ омӯз» ба табъ расонд. Китоби мазкур мақбули дили аҳли маорифу фарҳанг гардид ва чун маводи таълиму тарбияи насли наврас пазируфта шуд.
Муаллифи китоб барои чунин хидматҳояш ба унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» мушарраф гардид.
Равонӣ, обу ранг ва бадеияти сухани ӯ дар публитсистика аз шоирии ӯ бармеояд. Ӯ ҳамчун шоир дар адабиёти бадеии имрӯза мақому мартабае дорад. Солҳои зиёди кор дар матбуоти кӯдакон ӯро бар он водор кард, ки баробари хулқу атвор табъу завқи бачагонро ҳам хуб омӯзад ва мувофиқи онҳо шеъри хуб гӯяд. Чун ӯ бештар шоири калонсолон аст ва бо вазни арӯз сару кор дорад, шеърҳояшро барои кӯдакон низ бо вазни арӯз мегӯяд. Ҳусни арӯз ҳусни шеърҳои бачагонаи ӯро меафзояд ва аз ин хушии шеър, натанҳо хуши хонандагони хурдсол меояд, ҳамчунин хуши оҳангсозоне меояд, ки мехоҳанд барои бачагон суруд офаранд. Ин аст, ки ба бисёр шеърҳои ӯ оҳанг бастанд ва дар китобҳои дарсии мусиқӣ ва радиову телевизион сурудҳои хубу хотирнишоне пайдо шудаанд, ки матнашон ба қалами Нозирҷон Боҳирӣ тааллуқ дорад. Ӯ ғолиби чандин озмунҳои сурудҳои беҳтарин барои кӯдакон аст. Суруди машҳури «Офарин», ки солҳо боз сарахбори барномаи бозиҳои шавқовари «Офарин» аст, ҳар гоҳ ба гӯши хотир расад, рӯҳи кас меболад, дилаш кушода мешавад. Беҳуда нест, ки бо тавсияи шӯрои Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ китоби сурудҳои бачагонаи ӯ, ки бо ҳамкории оҳангсозони ҷумҳурӣ дуруст шудааст, дар нашриёти «Маориф» аст. Ин китоб чандин сол пештар бояд дастраси кӯдакони хушзавқи мо мегардид. Аммо бо сабабҳои ба ҳамаи мо маълум то имрӯз чопи худро интизор аст.
Хидматҳои ӯ дар адабиёти кӯдакон ва умуман дар адабиёти тоҷик як паҳлуи дигар дорад, ки диданист. Ин ҳам бошад, ғамхорию дилсӯзӣ ва ёрию мадади бевосита ба онҳое, ки роҳ ба сӯйи олами адаб гирифтаанд. Ӯ ҳамчун мудири бахши адабиёт ва санъати «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») ба сафарҳои хидматӣ баромада, шаҳр ба шаҳру деҳ ба деҳ ва мактаб ба мактаб гашта, бисёр бачагони боистеъдодро ҷустуҷӯ карда, ёфтааст. Асарҳои аввалини шогирдонаашонро хонда, таҳрир кардаву такмил дода, ба чоп расондааст. Кӯшидааст дар асарҳои навқаламон бештар ҳуснро бубинад, дастоварду муваффақиятро пайдо кунад, адибони навкор ва баъзе хӯрдагиронро бовар кунонад, ки аз пайи камбудҳои ночиз шуда, аз муваффақиятҳо бебаҳра намонанд. Ғараз аз эҷодкорӣ офариниши зебоист ва чун зебоӣ ба камол расид, айбу нуқсонҳо худ завол ёбанд. Аз ин ҷост, ки ҷавонони бисёри эҷодкор, аз он ҷумла нигорандаи ин сатрҳо, ӯро устоди худ мешуморанд, аз ӯ умре миннатдор ва сипосгузоранд. Охир, ҳар кас касе шуда бошад, аз ёрию мадади устодон шудааст ва дар ин хусус худи Нозирҷон Боҳирӣ хуб фармудааст:
Ҳар кас, ки ҳар чи шуд, бишуд аз саҳми устод,
Бе нури меҳр моҳ мунаввар намешавад.
Ҷӯра ҲОШИМӢ
Абдураҳмони АБДУМАННОН, мунаққид:
Боҳирӣ ҳеҷ гоҳ ба пештозӣ дар ҷодаи шеър ва худнамоӣ дар майдони адабиёт (очеркнавис, публитсист ва тарҷумони чирадаст ҳам ҳаст) накӯшидааст. Ӯ пайваста ба такмили маҳорат ва сайқали истеъдоди худ машғул будааст. Банда баъди мутолиаи панҷ маҷмуаи шеър ва як китоби очерку публитсистикаи Нозирҷон Баҳорӣ ба чунин хулоса омадам ва бо итминон метавонам бигӯям, ки ӯ имрӯз яке аз пешсафони шоирони ғазалсарои мост ва дар дигар анвоъи шеъри кунунии тоҷикӣ низ ҷойгоҳи хоссаи худро дорост.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА, Шоири халқии Тоҷикистон:
Дар ашъори устод Нозирҷон Боҳирӣ бархурдорӣ аз зарофатҳо ва санъатҳои ҳунари шоирӣ аён аст ва ҳамеша чошние аз шеър ба навъе дар ин навиштаҳо ҳузур дорад. Хусусан, дар қолаби суннатии ғазал, ки фаро рафтан ва эмин мондан аз такрори дигарон хеле душвор аст, мазмунсозиҳо ва нуктапардозиҳои Нозирҷон Боҳирӣ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Таносуби унсурҳои поэтикии ғазал бо нуктаҳои наву тоза дар ин сурудаҳо хеле табиӣ ва ҳунармандона сурат мепазирад. Дар анвоъ ва қолабҳои дигари шеър низ дар эҷодиёти мавсуф ҳамеша унсурҳо ва таркибҳои хоси шоирона ҳузур доранд.
Бадриддин МАҚСУДЗОДА, профессор:
Бояд арз шавад, ки устод Боҳирӣ хисолу атвори ба худ хосе дорад. Онҳое, ки Нозирҷон Боҳириро аз наздик мешиносанд, медонанд, ки ӯ шоирест бо шахсияти комили фарҳангӣ. Ӯ ба ҳар падидаву рӯйдоди зиндагӣ фикри шахсии худро дорад. Гарчи табиаташ туғёнӣ нест, кам воқеъ мешавад, ки фикри касеро зуд тасдиқу таҳсин намояд. Барои қабули ҳар иддао далелу бурҳон металабад. Андешаву хулосаҳои худро низ ҳатман рӯйи асноди маҳкам устувор мегардонад. Аммо шӯхмизоҷу ҳозирҷавоб, озоду озода, базлагӯву маҳфилоро ва дар муҳовара беҳамтост. Чунин шеваи бархӯрду амалкард ва хисоли наҷибаш ба эҷоди адабиаш бетаъсир намондааст. Бинобар ин, ҳосили заҳматҳои шоириаш ҳаловати дигар дорад.