Маъхазҳои асл ва тарҷумаи англисии онҳо дар очеркҳои С. Айнӣ
Пешгуфтор ба матни англисии «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар тарҷумаи Абдусалом Мамадназаров, (Нашриёти «Роутлиҷ, Лондон, Ню-Йорк», 2024
Ҷонатан Зарман, профессор (ИМА)
Асарҳои таърихии Садриддин Айнӣ “Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» манфиатҳоро фаротар аз дурнамои онҳо дар ду давраи сарнавиштсоз ва фоҷиавии таърихи Осиёи Марказӣ ироа мекунанд. C. Айнӣ барои ба хонанда равшан гардондани воқеаҳои таърихӣ таҳлили интиқодии сарчашмаҳои дастрасро анҷом дода, ҳамчунин дар афзудани иттилоот бо далелҳои муътамад ҳатто аз манбаъҳои пароканда эҷодкорӣ нишон медиҳад.
Ӯ дар муқоиса бо дигар муаллифон аз овардани бархе манбаҳо ҳадафҳои сиёсӣ ва идеологии хосса дорад. Услуби навишти равшан ва содаро истифода мебарад. Аҳволи заҳматкашони одӣ, аҳолии маҳаллиро, ки дар шароити сахти зулму ситамкорӣ зиндагӣ доштанд, тасвир кардааст.
С. Айнӣ манбаҳоро бо назари интиқодӣ таҳлил мекард. Манбаъҳо Муқаннаъро ҳамчун фитнагар, исёнгаре, ки даъвоҳои хушунатомез доштааст, тасвир кардаанд. Баръакси ин, ӯ Муқаннаъро ҳамчун тоҷике муаррифӣ кард, ки ба муборизаи наҷиб бар зидди истилогарони аҷнабӣ даст задааст. Ӯ нахуст шароити иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар атрофи ҳодисаҳои сиёсӣ бозгӯӣ карда, баъдан дар ин доира хулосабарорӣ намуда, масъаларо шарҳу эзоҳ медиҳад. С. Айнӣ дар очерки «Исёни Муқаннаъ», пеш аз ҳама, аз се сарчашма: «Таърихи Табарӣ», «Равзат ус-сафо», ва «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ истифода кардааст.
Истифодаи С. Айнӣ аз «Таърихи Табарӣ». Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ал-Табарӣ эътибор ва шуҳраташро ҳамчун олими муаррих ва фақеҳи ислом тавассути ду асараш ёфт: якум тавассути «Тафсир»-и Қуръон ва дувум тавассути «Таърих ал-русул ва-ал мулук». Дар он одатан ихтилофи ривоятҳои як ҳодиса бо силсилаи ровиёни айни ҳамон ҳодиса пешниҳод карда мешавад. Бо ин роҳ ин асар шаклан ҳадисҳои Пайғамбар (с)-ро мемонад. Ҳангоми таҳияи ин ривоятҳо ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки кадоме аз онҳоро ӯ боэътимодтар мешуморад ва чаро.
Тарҷумаи ин таърихнома тавассути лоиҳаи сисола – ба забони англисӣ дар солҳои 1985-2007, дар 40 муҷаллад анҷом пазируфт. Матни он аз омезиши матнҳои мушкилфаҳми манзуми эҳсосотӣ, зарбулмасалу мақолҳо, ваъзҳо, истилоҳоти фаннӣ, калимаю ибораҳои нодир иборат аст.
Иқтибоси аввалини С. Айнӣ аз асари Табарӣ мансуб ба сарватест, ки аз Пайканд ғундошта мешуд ва ин иқтибос баргардони дақиқи матнест, ки айнан дар тарҷумаи англисӣ аз арабӣ омадааст. С. Айни аз Табарӣ муҳокимаи Язакро низ иқтибос овардааст, вале бо мақсади баръакс. Дар ҳоле ки Табарӣ тасвири тулонии баҳсеро дар бораи шуриши Язак, чӣ гуна рафтор кардан нисбат ба ӯ оварда, найрангу фиребҳои истилогари араб Қутайба ва хоинии ӯро нисбати шуриши Язак бо иқтибосот ва шеъре тулонӣ сафед мекунад С. Айнӣ тавассути хулосаи кӯтоҳе вайронкориҳои Қутайбаро фош менамояд. Илова бар ин, Табарӣ ҷузъиёти ваҳшигариҳои Қутайбаро тасвир мекунад, ки оммаи васеи аҳолии Толиқонро дар ду қатори мувозӣ ба дор кашидаю чормех зада мекушад.
Тасвири Наср ибни Сайёр аз тарафи С. Айнӣ, ки ҳам ба Марвон ва ҳам ба Язид ибни Умар дар бораи зуҳури Абумуслим хабар додааст, аз тарҷумаи англисии Табарӣ фарқ мекунад. Матни С. Айнӣ туҳмати ашрофро, ки Абумуслимро аз табақаи паст ва марди «бидуни аслу насаб ё дин», пешвои «авбошони Хуросон» медонистанд, фош мекунад. Баръакс, тарҷумаи англисии Табарӣ тасвир мекунад, ки чӣ гуна Наср ба Марвон ва Язид ба Умар номаҳои алоҳида навиштааст ва дар ҳар ду ҳолат шеъре барои таъкиди дарки хатар истифода кардааст, зеро Абумуслим теъдоди зиёди мардумро ба исён ҷалб карда буд.
С. Айнӣ аз Табарӣ иқтибосеро, ки ба Муҳаммад ибни Алӣ нисбат дода, Абумуслимро «ғуломи нек» тавсиф мекунад, мисол меорад, вале дар тарҷумаи англисии Табарӣ чунин иқтибос ва далел дида нашуд. Гузашта аз ин, баёни умед нисбати амале, ки он «дар кори оли Уммавиён ба муддати тулонӣ хидмат хоҳад кард» ба мазмуни шуриши Ҳошимиён бар зидди Уммавиён мухолиф аст. С. Айнӣ куштори Абусаламаро тасвир мекунад, ки аз ҷониби халифа Абул Аббос ва бародараш Абуҷаъфар бо ишора ба ризоияти Абумуслим сурат гирифтааст. Вай аз Абуҷаъфар мустақиман иқтибос меорад, ки куштори Абумуслимро тарғиб ва иддао мекунад, ки ӯ мехост, то яке аз Алавиён хилофатро ба даст орад. Сипас ӯ аз Абулаббос бо ибрози тарс иқтибос меорад, ки агар Абумуслимро бикушанд, мардум исён хоҳанд кард. Барои ин иқтибос ӯ ба Табарӣ истинод мекунад, аммо дар тарҷумаи англисӣ вазъи ин суҳбат ба таври дигар тасвир шудааст. Табарӣ матнро чунин баён мекунад: Абумуслим Сулаймон ибни Касирро ҳангоме куштааст, ки Абуҷаъфар дар Марв ба дидори ӯ омада буд. Баъдан, пас аз бозгашт ба Куфа Абуҷаъфар ба бародараш гуфт, ки бояд Абумуслимро бикушанд, зеро ӯ ҳар чи хоҳад, мекунад, вале Абулаббос ба ӯ мегӯяд, ки дар ин масъала хомӯш бошад.
С. Айнӣ дар бораи муҳорибаи байни Ҷабраил ва пайравони Муқаннаъ дар наздикии Самарқанд менависад ва аз Табарӣ иқтибос меорад. Ин баргардони дигар ва дурусти варианти Балъамӣ мебошад. С. Айнӣ ҳамчунин дар ҳикояи ғуломзан Ёқута, ки дарро барои сипоҳиёни Саъид, пас аз он ки нафарони дигар дар қалъаи Муқаннаъ худкушӣ карда буданд, кушодааст, онро зикр мекунад. Ин амал пурра тарҷумаи Балъамиро инъикос мекунад, ба ҷуз он ки номи он ғуломзанро Балъамӣ Бануқа ё Набуқа овардааст.
Иқтибоси охирин аз Табарӣ дар очерки «Исёни Муқаннаъ» ба шуриши Рофеъ ибни Лайс дахл дорад, ки С. Айнӣ онро чунин овардааст: «… Рофеъ ба Самарқанд омад… айёрони Самарқандро ёд кард (ҷеғ зад), шаҳрро гирифт ва ҳамаи самарқандиён бо Рофеъ яке шуданд, ки аз ситамҳои Алӣ бинни Исо ва кордорони ӯ ба сутуҳ омада буданд». Табарӣ, бараъкс, иттилооти бештар ва таҳрифкарда аз ҳодисаҳои он давра овардааст: «Рофеъ ба Самарқанд рафт, ҳокими маҳаллиро кушт, мардуми маҳал аз Сиба ибни Масаъдаҳ ҳимоят карданд, ки Рофеъро ба зиндон андохт, вале баъдан мардуми маҳаллӣ бар зиди Сиба бархостанд ва ӯро зери панҷара қарор доданд ва Рофеъро сардорашон интихоб карданд. Ва баъд тамоми мардуми Мовароуннаҳр ба ӯ ҳамроҳ шуд».
Хулоса, ҳарчанд С. Айнӣ ҳамон иттилооти бунёдиеро меорад, ки дар китоби ба забони арабӣ навиштаи Табарӣ омадааст, вале таъкидот ва муносибати ӯ мақсади фарқкунандаи С. Айниро нисбат ба лаҳзаи вобаста ба Муқаннаъ инъикос мекунанд, ки аз мавқеи Табарӣ фарқ дорад. С. Айнӣ аз тарҷумаи Балъамӣ истифода мебарад ва ба ҳикояи Муқаннаъ диққати махсус медиҳад. Зеро Балъамӣ теъдоди зиёди иттилоотеро меорад, ки дар асари Табарӣ нест. Абуалӣ Балъамӣ дар вазифаи вазири олирутба ба ҳокими Сомонӣ Мансур ибн Нӯҳ хидмат кардааст. Аз ин рӯй, асарашро бояд чун василаи ҳимоятгари ҳукумати Сомониён ва хеле наздик ба нуқтаи назари С. Айнӣ баррасӣ кард. Зиёда аз 160 нусхаи дастхати ин китоб то замони мо расидааст. Намунаҳои онҳо аз ҳам хеле фарқ мекунанд, ҳатто онҳое, ки аз назари пайдоиш аз аввалинҳо шумурда мешаванд. Аз ин вариантҳои мухталиф лоақал 20 нусха маводи ривояти Муқаннаъро бо мавод дар бораи ҳокимони аввалини Аббосиён иваз мекунанд ва теъдоди зиёди вожаҳои форсӣ, грамматика ва имлои онро истифода мебаранд. Бархе донишмандон ин дастхатҳоро, ки асосан дар Осиёи Марказӣ ё Ҳиндустон пайдо шудаанд, ҳамчун манбаи инъикоси боэътимоди матни Балъамӣ намешуморанд, зеро онҳо заминаи пайдоиш дар давраи Ғазнавиён ё Салҷуқиёнро доранд.
Масалан, намунаи ба сарчашмаҳои худ муносибати танқидӣ доштани С. Айниро тасвири ҳикояи Моҳи Нахшаб инъикос месозад ва Айнӣ онро танҳо як достоне меномад. Дар «Равзат-ус-сафо” ин амалро мушоҳида намекунем, вале фақат дар «Таърих»-и Ҳофизи Абрӯ онро мебинем. Ин ягона мавридест, ки дар он кори Ҳофизи Абрӯ аз нуқтаи назари танқидӣ ёдрас мешавад. Муаллиф Нуриддин Абдуллоҳ ибни Лутфуллоҳ Беҳдодинӣ, дӯсти наздик ва ҳампайкори Амир Темур ва писараш Шоҳрух буд. Ҳарчанд ӯ бо навиштани шарҳи ҳоли Амир Темур маъруф аст, вале тавассути «Таърихи Ҳофизи Абрӯ», ки онро «Ҷуғрофияи Ҳофизи Абрӯ» низ мегӯянд, шуҳрати бештар пайдо карда буд. Ин асари калонҳаҷм мавзуъҳои васеъро дарбар мегирад ва чандон навоварона нест, вале муллифаш истеъдоди мураттабсозии муназзамеро нишон додааст. Дарки ин асари ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишташудаи асрҳои миёна донистани забони арабиро тақозо мекунад: тоҷиконе, ки бо хатти форсӣ балад ҳастанд, ба хондани он ба мушкилӣ дучор мешаванд. С. Айнӣ инъикоси Моҳи Нахшабро дар асари Ҳофизи Абрӯ ҳамчун иловаҳои душманони Муқаннаъ ба як намоиши ҳақиқатан рухдода танқид мекунад ва онро чашмбандӣ ё ҷодугарӣ меномад. Ӯ муаллифони мусулмонро танқид мекунад, ки ин ҳикояро бидуни таҳлили интиқодӣ ба китобҳои худ ворид кардаанд.
Истифодаи С. Айнӣ аз «Равзат-ус- сафо». Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд, ки маъмулан Мирхонд (тав. 837/1433) номида мешавад, 8 ҷилди «Равзат-ус-сафо»-ро навиштааст.
Вай дар Балх илм омӯхта, бештари умрашро дар Ҳирот сипарӣ кардааст. Ӯ ҳамчун муаррих таҳти сарпарастии Мир Алишери Навоӣ, шоир ва шахси бовариноки Султон Ҳусайни Бойқаро, ҳокими Ҳирот ривоҷ ёфт ва яке аз шахсиятҳои маъруфи дарбори Султон гардид. Соли 903/1498 дар Балх вафот кардааст.
«Равзат-ус-сафо» барои чандин китоби баъдинаи таърихӣ ҳамчун замина хидмат кардааст. Аз ин ҳашт ҷилди таърихи умумӣ, муаррихон ҷилдҳои панҷум ва шашумро, ки дар онҳо маводи фаровон ва иттилооти мустақил дар бораи рӯйдодҳои давраи зиндагии муаллиф аст, хеле баланд арзёбӣ мекунанд. Мирхонд аз 19 маъхази таърихии арабӣ ва 22 манбаи форсӣ, аз ҷумла аз асари Абурайҳони Берунӣ ва баъзан аз асарҳои дигар муаррихон иқтибос овардааст.
С. Айнӣ аз «Равзат-ус-сафо» понздаҳ маротиба иқтибос меорад. Дар аксарияти мавридҳо С. Айнӣ мазмуни чанд саҳифаро дар як ё ду банд хулоса кардааст. Мирхонд забонеро истифода кардааст, ки имрӯз фаҳмидани он мушкилӣ пеш меорад ва дорои теъдоди зиёди вожаҳои арабист. Ҳатто барои профессори забони форсии донишгоҳ лозим омад, ки барои дарки матн аз луғат истифода барад. Дар аксарияти мавридҳо, С. Айнӣ муродифҳои вожаҳо ва ибораҳои мушкилфаҳмро, хусусан муродифҳои вожаҳои иқтибосии арабиро дар қавс додааст. Яъне С. Айнӣ вожаҳои содатар ва серистеъмолтари забони форсии тоҷикиро истифода кардааст. Дар тарҷумаи англисии асари С. Айнӣ вожаҳои аслии арабӣ оварда нашудаанд, фақат шарҳу тафсири онҳо тарҷума шудааст.
Истифодаи С. Айнӣ аз «Таърихи Наршахӣ». Дар очерки «Исёни Муқаннаъ» С. Айнӣ аз «Таърихи Бухоро»-и Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар ал-Наршахӣ 38 маротиба бевосита ва се маротибаи дигар дар тавзеҳоти поварақ иқтибос овардааст. Наршахӣ дар бораи ҳаёти худ ва ё асари дигаре, ки навишта бошад, ҳеҷ як иттилои таърихӣ боқӣ нагузоштааст. Абунаср Аҳмад ал-Қубавӣ ин китобро ба форсӣ тарҷума кард ва ин таърихро то соли 365/975 идома дод. Панҷоҳ сол пас (574/1178-9) Муҳаммад ибни Зуфар ибни Умар баъзе қисматҳои ин асарро кӯтоҳ, вале иттилооти иловагиро аз китобҳои дигар низ ба он илова намудааст. Ниҳоят, муаллифи номаълуме матнеро баъд аз истилои муғулон илова кардааст. Дар соли 1954 Ричард Фрай тарҷумаи англисии ин асарро дар заминаи нашри форсии Мударрис Разавӣ (Теҳрон, 1939) интишор ва қайд кардааст, ки Наршахӣ пурратарин ва дарозтарин ривоят дар бораи Муқаннаъ, дар муқоиса бо Гардезӣ, Берунӣ, Ибни Асир, Табарӣ, «Осор-ал-билод»-и Қазвинӣ ва Ибни Холиқон овардааст. Ӯ ҳамчунин дар баъзе мавридҳо нисбат ба Гардезӣ ва Ибни Асир дар бораи ҳодисаҳои дигар ҷузъиёти бештар илова кардааст. Вале Р. Фрай ҳамчунин ӯро барои баъзан ғалат овардани санаҳо интиқод кардааст.
Нарашахӣ Муқаннаъро ҳамеша ҳамчун исёнгари беэътино, ки пайравонашро ба ҷинояти оммавии ғоратгарӣ, зӯроварӣ ва ҳуҷум ба ҳукумат ташвиқ мекард, тасвир кардааст. С. Айнӣ баръакс, баъзе ин тасвиротро ҳамчун ҳуҷумҳои ангезандаю шахсӣ, нисбат ба як дигарандеши динӣ беэътимод мешуморад. Илова бар ин, ӯ кушиш менамояд, ки аз ин тасвирҳои комилан манфӣ ҷавҳару нуктаҳои мусбатеро ҷустуҷӯ кунад.
С. Айнӣ бар хилофи ривояти «Муқаннаъ» бо теъдоди зиёди истинод ба се манбаи асосӣ, дар очерки «Темурмалик» аз сарчашмаҳои болозикр хеле кам иқтибос меоварад. Ӯ дар се ҷой ба «Равзат-ус-сафо» такя карда, яке аз онҳоро бо байти шеъре пуштибонӣ мекунад. Ҳангоми нақл кардани достони Темурмалик ӯ бо лаҳни ривоятӣ шуруъ мекунад, аммо вақте ки ба қаҳрамони асосӣ мерасад, барои таъсири бадеӣ пайдо кардан аз воситаҳои неруманди адабӣ истифода мебарад.
Атомалики Ҷувайнӣ, ки таърихи худро дар соли 653 / 1256 – ба поён расондааст, ба Темурмалик таваҷҷуҳи хосса дода, ҳатто ба бархе аз гуфтугӯҳои Темурмалик ва писараш дар Хуҷанд ишора мекунад. Ҷувайнӣ дар ҷое, ки Қатаған Темурмаликро пурсуҷӯ мекунад, шеърҳоро дар се ҷойи гуногун ворид мекунад. Ин таърих бо тарҷумаи аълои Ҷ. А. Бойл ба забони англисӣ дастрас аст.
Пас аз чор даҳсола ҳокими муғул Ғазонхон ба вазири эронии худ Рашидиддини Фазлуллоҳ супориш дод, то таърихе бинависад, ки машруияти ӯро ба унвони як мусулмон, як муғул ва як ҳокими эрониён собит кунад. Ӯ ба Рашидиддин иҷозат дод то ба асноди насабномаи муғулҳо, ҳуҷҷатҳои расмии хуб ҳифзшуда, вале парокандаю номуташаккил ва мухбирони барҷастаи муғул дастрасӣ дошта бошад. Пас аз марги Ғазонхон дар соли 703/1304 бародар ва вориси ӯ Олҷайту ин ваколатро дароз кард. Рашидиддин ин асарро, ки «Ҷомеъ-ут-таворих» ном дорад, дар соли 710/1310 ба анҷом расонидааст. Ӯ аз осори Ибни Асиру Ҷувайнӣ ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои муғулон истифода кардааст. Вай кӯшиш мекард, то асари мукаммалтаре дар бораи авлоди Чингизхон ва урфу одатҳои муғул ба вуҷуд оварад, ки ҳодисаҳоро нисбат ба асари Ҷувайнӣ саҳеҳтар сабт кунад.
Ҷилди дуюми ӯ таърихи мардумони дигареро, ки дар манзари империяи густурдаи Муғул қарор гирифта буданд, дарбар мегирад.
Матни ӯ тамоми унсурҳои асосиеро, ки С. Айнӣ дар ривояти Темурмалик ба кор бурдааст, дақиқан ва бо ҷузъиёти бештар шомил аст. Муҳаққиқони муосир сабки нисбатан маҳдуд ва мустақими навиштаҳои ӯро қадрдонӣ мекунанд, ки гоҳе пораҳои гуфтугӯ ва бахшҳои кӯтоҳи шеър дорад. В. М. Текстон як қисми ин асарро бо номи «Таърихи муғулон» ба забони англисӣ тарҷума кардааст.
Рашидиддин ба муаррихони дигар, аз қабили Вассоф ва Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ илҳом бахшидааст. Ниҳоятан, Ҳофизи Абру (ваф. 833/1430) нусхаҳо ва порчаҳои мавҷудаи осори Рашидиддинро ҷамъоварӣ кард ва худ нусхаҳои гирдовардаи онҳоро офарида буд. Мирхонд дар «Равзат-ус- сафо» ва асаре ба унвони «Сиёри Ҳабиби»-и наберааш Хондамир кори Рашидиддинро ҷой додааст. Ин матнҳо ба маъруфтарин таърихи ҷаҳонии дунёи эронитаборон табдил ёфтанд. В. М. Текстон ҷилди сеюми ин асарро, ки марбут ба Чингизхон ва А м и р Т е м у р а с т , ба забони а н г л и с ӣ тарҷума кардааст. Зиёда аз 600 нусхаи дастнависи он асар то ҳол боқӣ мондааст.
С . А й н ӣ б а х ш и а в в а л и «Темурмалик»-ро, ки маълумоти заминавӣ медиҳад, бо истифода аз ривояти нисбатан мустақил навиштааст. Ӯ сатҳи нисбатан баланди рушди иқтисодиётро пеш аз истилои муғулон нишон медиҳад – шумораи зиёди аҳолии шаҳрҳо ва рушди ҳунармандию истеҳсолот дар се минтақаи Хоразм, Мовароуннаҳр ва Хуросон. Ӯ ҳамчунин ба шумораи зиёди ғуломон ва истисмор аз ҷониби ашрофи ҳукмрон ишора мекунад. Дар бахши дуюм тавзеҳу баёни рушди зеҳнии ин се минтақа, аз ҷумла шумори китобхонаҳои бузург, дастовардҳои зиёиёни маъруф ва китобҳои онҳо нишон дода шудааст. Фасли сеюм империяи Салҷуқиёнро ба таври умумӣ ва равнақу ривоҷи қудрати Хоразмшоҳиёнро мухтасар баён карда, шеваи тасвири равшан, бевосита ва нисбатан камтаъсирро давом медиҳад.
Сабки нигориш дар бахши чорум – замоне, ки ӯ дастовардҳо, нобиноии стратегӣ ва нокомиҳои ахлоқии Хоразмшоҳ Султон Муҳаммадро тасвир мекунад, тағйир меёбад. Ин бахши нисбатан тулонӣ се шеъри иқтибосӣ, як бахши гуфтугӯ ва чанд бахши таҳлилиро дар бар мегирад. Дар ҳамаи ин ӯ нафрати худро нисбат ба ғурур, заъф, бераҳмӣ ва адами маҳорати роҳбарие, ки Султон нишон медиҳад, ҷилавгирӣ намекунад. Бо вуҷуди чунин тағйири сабк, услуби ӯ ҳамчунин ба намунаҳои нигориши таърихӣ, мисли услуби Ҷувайнӣ, монандӣ дорад.
Дар боби дуюм, ки бо тасвири Темурмалик оғоз меёбад, сабки навишт бештар пуршӯр мегардад ва ҳатто нисбати Хоразмшоҳ Муҳаммад таънаомез мегардад ва ҳангоми тасвири фарқият байни интихоби қаҳрамонӣ ва буздилии шармовар аз муболиға истифода мекунад. Ба унвони мисол ҳангоми густохии адабӣ ба хотири нишон додани маҳорати ҳунарварии хеш менависад: «Тирҳои ӯ монанди уқобоне, ки ногаҳонӣ парвоз карда ба гурӯҳи бумҳо ҳуҷум оваранд, ба тӯдаи душманон парвозкунон мерафтанд ва ҳар тири ӯ бехато одаме ё асперо ба замин меғелонид» (саҳ. 90). С. Айнӣ дар тасвир инчунин миқдори назарраси муколама, иқтибосҳо ва суҳбатҳоро дар бар мегирад, ки хонанда бояд онҳоро ҳамчун усулҳои адабӣ барои расидан ба мақсадҳои бадеӣ бипазирад.
Се ҷанбаи дигари асарҳои С. Айнӣ шоистаи таваҷҷуҳ аст. Якум, ӯ дар ибтидо шахсиятҳои қаҳрамононро аз манзумаи бузурги миллию таърихӣ – аз ҳамосаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зикр мекунад. Ӯ дар як байти шеър аз Соми Наримон, размандаи Сиистон ва ҳокими маҳаллӣ, ки шоҳ шуданро рад карда буд, ёд мекунад. Ӯ ҳамчунин аз ҷанговар Гударз ёд мекунад, ки дар ҷилди дуюм (аз нуҳ ҷилд)-и «Шоҳнома» нақши хеле барҷастаро дорад. Ҳарчанд ин истинодҳо барои хонандагони бидуни мутолиоти тоҷикӣ норавшантар бошанд ҳам, аз тавоноии С. Айнӣ дар эҷоди пайвандҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ дар навиштаҳояш шаҳодат медиҳанд.
Дуюм, аз ин се ҷанбаи иловагӣ, С. Айнӣ маънӣ ва таърифи номҳо ва истилоҳотеро, ки дар пажуҳишаш дучор шуда буданд, тавзеҳ додааст. Барои масъалаҳои забоншиносӣ ӯ ба ду луғати бузург такя кардааст: «Ғиёс-ул-луғот» ва «Бурҳони қотеъ». Илова бар ин, ӯ аз энсиклопедияи шашҷилдаи «Қомус-ал-аълом», ки аз ҷониби донишманди чандзабондон Шамсиддини Сомии Фрошерӣ навишта шудааст, мисол меорад, ки дар байни солҳои 1889 ва 1899 ба забони туркии усмонӣ интишор шудааст. Ҳарчанд Фрошерӣ ба рушди забонҳои туркӣ ва албанӣ ҳамчун забонҳои муосир мусоидат кардааст, аммо туркҳои муосир имрӯз бо сабаби вуҷуд доштани теъдоди зиёди вожаҳои арабӣ ва форсӣ дар «Қомус-ал-аълом»-ро хонда наметавонанд. С. Айнӣ бо иқтибосҳо аз ин навъи аснод дониш ва маҳорати худро дар таҳқиқоти академӣ нишон додааст.
Сеюм, С. Айнӣ аз бист тан аз донишмандон, табибону пизишкон, шоиру нависандагони барҷаста ёдовар мешавад, ки гувоҳе дар бораи дастовардҳои фикрӣ ва фарҳангӣ дар Хоразм, Хуросон ва Мовароуннаҳр пеш аз ҳамлаи муғулҳо мебошанд. С. Айнӣ ҳамчунин ба унвони як шоир ва нависандаи нодири фавқулодаи бузург, табиист, ки номи шоиронро ба осонӣ дар ихтиёр дошт, аммо бо вуҷуди ин, шарҳи ҳоли табибон, риёзидонон ва мунаҷҷимон, ки ӯ аз онҳо ёдоварӣ кардааст, саҳми бузурги онҳоро дар гузоштани пояҳои илм нишон медиҳад. Ӯ дар инъикоси ҳақиқати таърихии ин минтақа саҳми бузург гузоштааст.
Таҳияи Абдусалом Мамадназаров