Марҳалаҳои асосии ташаккул ва инкишоф

 Марҳалаҳои асосии ташаккул ва инкишоф

Тарҷумаи бадеӣ дар адабиёти тоҷикии асри ХХ

Дар инкишофи адабиёти тоҷикӣ, маориф  ва парвариши завқи эстетикӣ тарҷумаи  бадеӣ нақши муҳимро бозидааст. Равшан  аст, ки бидуни тарҷумаи бадеӣ манзараи  таҳаввули адабиёти миллӣ нопурра мебошад, зеро дар ин солҳо тарҷумаи бадеӣ  бо адабиёти тоҷикӣ робитаи дутарафаи наздик пайдо намуда, ҷузъи муҳимми раванди  адабии Тоҷикистон гардид. Мутаассифона,  адабиётшиносии тоҷик то ҳол ба фаъолияти мутарҷимони асри ХХ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накардааст, гарчанде эҷодиёти  онҳо аҳаммияти натанҳо таърихӣ, балки  амалиро низ дорост. Омӯхтани таҷрибаи  онҳо барои тарҷумонҳои муосир заминаи  мусоид буда, таҳқиқи тарҷумаҳои бадеӣ  яке аз роҳҳои муассир дар адабиётшиносии муқоисавӣ ба шумор меравад.

Таърихи тарҷумаи бадеии тоҷикӣ таърихи ҷустуҷӯйҳо, дарк ва эҳёи адабиёти хориҷӣ ба забони модарӣ буда, бо мақсади  баҳра бардоштан аз дастовардҳои он ва ба ин васила ғанӣ гардондани адабу фарҳанги хеш сурат гирифтааст. Мутахассисони филологияи тоҷик борҳо кӯшидаанд, ки ба таври куллӣ таърихи тарҷумаи  тоҷикиро муаррифӣ кунанд. Ҷанбаҳои гуногуни тарҷумаи адабӣ дар пажуҳишҳои донишмандон ва аҳли тарҷумаи тоҷик  Ҳабиб Аҳрорӣ, Раҳим Ҳошим, Абдусалом  Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атахон  Сайфуллоев, Абдунабӣ Сатторзода, Л. Н. Демидчик, Ҳамроқул Шодиқулов, Закия Муллоҷонова, Валӣ Самад, Шокир Мухтор, Носирҷон Салимӣ, Матлубаи Мирзоюнус,  Абдушукур Абдусатторов, Абдураҳмон  Абдуманнонов, Муртазо Зайниддинзода,  Абдусаттор Нуралиев, Абдувалӣ Давронов,  Азимҷон Аминов, Абдурашид Самадов, Ҷамшед Саъдуллоев ва дигарон баррасӣ  гардидааст.

Адабиёти нави тоҷикӣ дар робитаи доимии муассир бо адабиёти халқҳои дигар инкишоф ёфтааст. Дар асри ХХ робитаи  тарҷумаи бадеӣ бо адабиёти тоҷикӣ то дараҷае наздик буд, ки бидуни он рушди  адабиёт дар Тоҷикистон ноқис мебуд. Бояд  гуфт, ки беҳтарин тарҷумаҳо ба забони  тоҷикӣ ба хазинаи адабиёти тоҷикӣ ворид шудаанд.

Аз нигоҳи ба вуҷуд омадани таълифоти назарӣ дар боби тарҷумаи бадеӣ солҳои охири даврони Истиқлол пурмаҳсултарин  ба шумор мераванд, зеро маҳз дар ҳамин  солҳо оид ба масъалаҳои мухталифи назарии тарҷума рисолаҳои сершумор дифоъ  шуда, фаъолияти мунаққидон ва адабиётшиносон авҷ гирифта, дар ин замина  даҳҳо китоб нашр шуданд, ки масъалаҳои методологияи омӯзиши робитаҳои адабӣ, амалия ва назарияи тарҷумаи бадеиро дар бар мегиранд.

Агарчи пажуҳишҳо ҳанӯз ҳам ба мо  имкон намедиҳанд бигӯем, ки корҳои дар ин замина анҷомшуда комил ва ё дар сатҳи лозима мебошанд, мо онҳоро  дар ин самт саривақтӣ мешуморем. Зеро  “робитаҳои адабии мо, ба истиснои баъзе равобити хусусӣ, дар айни ҳол, гуфтан мумкин аст, ки дар ҳолати яхбаста қарор доранд” (Шарифов Х. Творческое взаимодействие писателей Центральной Азии в новом тысячелетии (взгляд на проблему).  – Материалы конференции в Бишкеке в кн.: Все мы, Азия, твои дети …, 2003).  Танҳо дар солҳои охир вазъияти тарҷума  рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва нашр гардидани  фаслномаи «Литературный Таджикистан» аз тарафи Маркази тарҷумаи Иттифоққи  нависандагони Тоҷикистон аз ҳузури он  гувоҳӣ медиҳад.

Таърихи тарҷумаи бадеӣ дар адабиёти  тоҷикии асри ХХ ҳанӯз ба таври кофӣ  таҳқиқ нашудааст. Аз адибони асри ХХ, ки бо тарҷумонӣ машғул буданд, асосан фаъолияти Сотим Улуғзода мавриди омӯзиш  қарор гирифтааст. Маъмулан тарҷумонҳои  дигар танҳо дар робита бо пажуҳиши осори адибони хориҷӣ дар Тоҷикистон зикр мешуданд.

Бо оғози тарҷумаи насри бадеӣ ба  адабиёти тоҷикӣ шакл ва мазмунҳои нави  адабӣ ворид гаштанд. Далели майлу рағбати беандоза доштани халқи тоҷик  ба адабиёт ва фарҳанги халқҳои чи дуру  чи наздик тарҷумаҳои сершуморе мебошанд, ки бо комёбиҳои бадеии худ ҷолиб  буда, бо эҷодиёти нависандагони тоҷик  алоқамандии устувор доранд. Беҳтарин  тарҷумаҳои бадеие, ки ба забони тоҷикӣ  офарида шуда буданд, ба таври табиӣ ба хазинаи адабиёти тоҷикӣ ворид шуданд.

Инсоф он аст бигӯем, ки аксари тарҷумаҳои бунёдии осори адабиёти ҷаҳонӣ, ки  ба шарофати мутарҷимон хонандаи тоҷик  аз онҳо огаҳӣ ёфт, маҳз дар асри ХХ ба  табъ расидаанд. Хато намекунем, агар  ҳамчунин бигӯем, ки на пеш ва на баъд аз  он санъати тарҷумонӣ он қадар нашъунамо  накард ва он қадар мутарҷимони соҳибистеъдод адабиёти халкҳои мухталифро ба  забони тоҷикӣ барнагардондаанд. Маҳз дар  ҳамин давра хонандаи тоҷик имконият пайдо кард, ки ба забони модарии худ асарҳои  намояндагони халқҳои дигарро бихонад,  ки онҳо қудрати ба ташаккули чаҳонбинии  тоза таъсир расониданро доштанд, аз  ҷумлаи асарҳои А. Пушкин, М.Ю. Лермонтов, А. Гертсен, Н.Некрасов, И. Крилов,  Н. Гогол, А. Чехов, Л. Толстой, М. Горкий,  С. Есенин, М. Пришвин, К. Чуковский, М.Рилский, В. Катаев, А. Барто, С. Маршак,  А. Твардовский, М. Шолохов, А. Фадеев,  А. Гайдар, У. Шекспир, Алфред де Мюссе,  Т. Драйзер, Г. Фаст ва ғ. Тарҷумаи осори  саромадони адабиёти форсии тоҷикӣ ба  забони русӣ каму беш амиқтар дар нақди адабӣ ва адабитшиносӣ баррасӣ шудааст.

Таҷрибаи насли пешини тарҷумонҳои  шуравии рус, аз қабили В. Державин, О. Румер, И. Селвинский, К. Липскеров, С.  Липкин, В. Левик, С. Шервинский, ки ба  туфайли онҳо ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ,  Хайём, Мавлоно, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон ба забони русӣ садо доданд, бешак, сазовори омӯзиш аст. Шоирон А. Адалис, Т.  Стрешнева, Г. Регистон, Т. Спендиарова, Д. Самойлов, Я. Козловский, А. Кочетков, Н. Гребнев, В. Звягинтсева, С. Севертсев, Р.Рождественский ва дигарон дар ҷодаи тарҷума ва тарғиби осори саромадони адабиёти мо заҳмати кам накашидаанд. Бо  шарофати саъю кӯшиши онҳо “Намунаҳои  шеъри тоҷикӣ” (“Антология таджикской поэзии”) дар солҳои 50-ум ду маротиба нашр  шуда буд. Ҳамин адибон дар тарҷумаи  шеър ва достонҳо, ки ба маҷмуаи “Ахтарони  шеър” (“Звезды поэзии”) дохил шудаанд, фаъолона иштирок кардаанд.

Баъдтар Г. Плисетский, Ю. Кузнетсов,  М. Синелников, С. Золотсев, А. Парпара,  Т. Кузовлева ва Г. Ашкинадзе ба тарҷумаи ашъори шоирони мо шуруъ карданд.  Маҷмуаҳои ашъори Хайём ва Ҳофиз дар тарҷумаи Г. Плисетский ба табъ расиданд. Тарҷумаи рубоиёти Хайём аз ҷониби Г.  Плисетский аз тарафи аҳли адаб ва хонандагон куллан баҳои мусбат гирифт. Чунончи зиндаёд Маҳмуд Воҳидов такспектакли  машҳури хешро маҳз дар асоси тарҷумаи  рубоиёти Хайём аз тарафи Г. Плисетский  омода карда буд. Ногуфта намонад, ки  баъзеҳо бар ин назаранд, ки Хайём дар ин  тарҷумаҳо беҳад “мудернезӣ” (замонавӣ) менамояд. Ин масъала баҳсталаб аст. Аммо ҳақиқат дар он аст, ки Г.Плисетский  дар тарҷумаи хеш аз тарҷумаи таҳтуллафзие, ки камбудии бисёре аз тарҷумонҳои  пешини Хайём буданд, қатъиян даст кашид” (Абдуманнонов, А., Аминов А. «Вселенную связую воедино» .. – Памир, 1984, № 1. – с.149).

Дар нимаи аввали асри гузашта осори  адибони тоҷик ба забонҳои мухталифи  ҷаҳон бағоят муваффаққона тарҷума шуда  буданд. Дар он солҳо бо мақсади мубодилаи таҷриба нависандагону олимони рус  мунтазам ба Тоҷикистон сафар мекарданд,  чунончи В. Шкловский дар ёддоштҳояш  қайд мекунад: “Чун ба Тоҷикистон омадам,  хушбахтона, бахтам баландӣ кард, ки ман бо фарҳанги бостонии тоҷику форс рӯ ба рӯ  шудам, фарҳанге, ки ҳаммонанди Шекспир  бузургонеро ба дунё оврдааст, аз қабили Саъдиву Ҳофиз, Фирдавсиву Рӯдакӣ ва  баъдан, дар асри мо, Айниву Лоҳутӣ”  (Шкловский, В.Б. Дневник. – Москва: Сов. писатель, 1939. – С. 35). Ба таври назаррас афзудани миқдори тарҷумаи тоҷикии  асарҳои В. Шекспир, Т. Драйзер, Молйер,  Стендал, Мопассан, Шарл де Костер ва  дигарон шаҳодат аз афзудани майли хонандаи тоҷик ба нависандагони Аврупои Ғарбӣ мебошад. Шавқу ҳаваси адибони  тоҷик ба классикони ҷаҳонӣ тадриҷан хусусияти доимӣ ва афзоянда пайдо мекунад.

Бешубҳа, марҳалаи муҳим дар ин раванд фаъолияти пурсамари адибони  ҷавони тоҷик дар солҳои 30-юми садаи ХХ  буд, ки он ба ташаккули матлуби тарҷумаи бадеӣ мусоидат кард. Аммо агар дар  бораи ташаккули тарҷумаи бадеӣ ҳамчун  як соҳаи фаъолияти эҷодӣ сухан ронем,  шояд суханро аз нимаи дуюми асри XIX  ва аввали асри ХХ, пас аз фатҳи Осиёи Марказӣ аз тарафи Аврупо ва Русия ва  оғози ҳукумронии онҳо сар кунем, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву мадании  минтақа саҳифаҳои нав боз кард. Барқарор  гардидани робитаҳои дипломатӣ ва пайдоиши имкониятҳои тиҷоратӣ соҳибкорон  ва маорифпарварони аморати Бухороро  бо ҳаёти кишварҳои дигар шинос намуд.  Тарҷума омили муҳимми пешрафти раванди адабӣ гардида, падидаҳои мусбати  фарҳанги дигарро ба таври муассир фаро гирифт. Шоиру нависандагон бо эҷодиёти адибони машҳури хориҷӣ, аз ҷумла адибони рус, шинос шуда, бо тарҷума намудани  асарҳои онҳо ба пешрафти илму маданияти кишвари хеш саҳмгузор шуданд.

Ин вомгириҳо дар адабиёти тоҷикии асри ХХ ба пайдоиши марҳалаи нави таҳаввулот сабаб шуданд. Бо вуҷуди  мушкилот пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи  таҳқиқи таърих ва назарияи робитаҳои адабӣ пажуҳишгарон бо истифода аз маводи қаблӣ ба натиҷаҳои муҳим ноил гардиданд.

Тирамоҳи соли 2021 дар Душанбе Ҳ. Шодикулов зимни суханронӣ дар конференсияе далелҳои таассуфангезро овард.  Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки: “Дар панҷсолаи  аввали даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ташаккули иқтисоди  бозаргонӣ дар кишвар раванди тарҷумаи  бадеӣ қариб қатъ гардида буд. Се нашриёти  асосии кишвар («Адиб», «Ирфон» ва «Маориф») дар давоми солҳои 1991-1996 ҳамагӣ  6 ё 7 китоби тарҷумаи адабиёти хориҷиро  ба табъ расониданд, ки дар солҳои 80-уми  асри гузашта тарҷума шуда, нашри онҳо  бо сабабҳои гуногун дар солҳои 90-ум ба  нақша гирифта шуда буд. Агар натиҷаҳои  тарҷумаи солҳои 1991-1995-ро бо солҳои  1986-1990 муқоиса кунем, вазъи он боз  ҳам ногуворотар ба назар мерасад. Дар  панҷсолаи охири даврони Иттиҳоди Шуравӣ ин нашриётҳо танҳо дар Тоҷикистон  192 китоби тарҷума ба табъ расонидаанд,  ки 41-тоаш аз тоҷикӣ ба русӣ ва 151 адади  боқимондаи он аз русӣ ва дигар забонҳо  ба забони тоҷикӣ буданд. Ин рақамҳо бе  дарназардошти чопи намунаҳои адабиёти  мо дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳову минтақаҳост. Аз ин 192 китоб 65 адад ба соли 1990 рост меояд, ки он замон тарҷумаи  бадеӣ бо 15 унвон ба табъ мерасид. Ва аз  ҳама ҷолиб он аст, ки мувофиқи таҳлили  ин факту рақамҳо, тарҷума дар он солҳо  дар Тоҷикистон натанҳо аз ҷиҳати миқдор,  балки аз ҷиҳати сифат ҳам ба дараҷаи болотарини худ расида буд” (Шодикулов, Х.,  Художественный перевод, литературные связи на пороге 21-го века. 2003, С.22-33).

Дар рушди адабиёти тоҷикии асри ХХ  робитаи он бо адабиёти Аврупои Ғарбӣ, аз  ҷумла адабиёти русӣ ва адабиёти халқҳои славянитабори дигар, нақши барҷаста бозидаст. Дар давоми таҳаввули бисёрсолаи  тарҷумаи бадеӣ асарҳои зиёде аз осори адибони хориҷӣ ва намунаҳои эҷодиёти шифоҳии халқҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, ки маънавияти халқи моро ғанӣ  гардониданд. Афзоиши теъдоди тарҷумаҳо дар он замон фазои фарҳангиро бештар  пур мекард ва ин раванд бо ташаккули  адабиёти нави тоҷикӣ ҳамқадам буд. Дар  асри XX робита бо адабиёти мамлакатҳои  дигар ба дараҷае вусъат гирифт, ки мислаш  то ин замон набуд. Таҷрибаи миллатҳои  бегона торафт бештар ангезаи инкишофи олами бадеии худӣ мегарданд.

Маҳз дар солҳои 80-уми асри ХХ асарҳои  барҷастаи адибони Аврупои Ғарбӣ (аз ҷумла Марк Твен, Жюл Верн, Ҷ.Лондон, Я.  Гашек, Р. Роллан, А. Зегерс, Лонгфелло,  Сервантес, Данте, У. Уитмен, Шекспир,  Шарл де Костер, Байрон ва диг.) пешкаши хонандагони тоҷик гардиданд.

Тағйирот дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии  Тоҷикистон дар солҳои 70-уми асри ХХ  боиси он гардид, ки “русизмҳо” торафт бештар ба насри тоҷик ворид шуданд. Сабаби  инро пажуҳишгарон дар боло рафтани  сатҳи русидонии насли онвақта нисбат ба  намояндагони нимаи аввали асри гузашта  дидаанд. Ва ин омил дар навбати худ ба  пайдоиши тарҷумаҳои нав мусоидат намуд. Дар ин давра тарҷумаи бадеӣ дар адабиёти тоҷикӣ дигар танҳо аҳаммияти  иттилоотӣ надошт, балки сатҳу сифати  тарҷумаҳо ба таври назаррас беҳтар шуд,  интихоби асарҳо барои тарҷума, мисли он  ки дар солҳои 30-50-ум буд, дигар бенизом  сурат намегирифт, балки табиӣ буд – қисме  аз онҳо ба шакли куҳна ва дигаре мудерн шуда буданд.

Дар нимаи дуюми асри ХХ тарҷумаи  бадеӣ ҷанбаи эстетикӣ пайдо карда, нақши  пайвандгари таърихи фарҳанг ва ҳаёти муосирро бозид, забони он тағйир ёфт, стратегия ва усули хоси тарҷумонӣ пайдо шуд. Алалхусус дар тарҷумаҳои солҳои  70-ум дараҷаи фардияти эҷодии тарҷумон  хеле равшан зоҳир гардид. Аз ибтидои  солҳои 50-ум дар тамоми соҳаҳои ҳаёти  ҷомеаи тоҷик пешравӣ дида мешуд. Дар  илм мутахассисони ҷавон ба камол расиданд, ки он сабаби пайдо шудани имкони  таъсиси Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон гардид. Тарҷумаи адабиёти Ғарб  ба таври назаррас эҳё шуд. Ба ин давраи  таърихи адабиёти тоҷикӣ теъдоди зиёди  тарҷумаи асарҳои намояндагони адабиёти  инглисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ хос аст,  аз қабили романҳои Рафаэлло Ҷованоли  “Спартак” (тарҷумаи Ҳасан Ирфон, 1956),  Волтер “Кандид или Оптимизм” (“Кандид  ё Некбинӣ”, тарҷ. Ҳабиб Аҳрорӣ, 1959),  Гамарра Пиер “Дети нищеты” (“Фарзандони фақр”, тарҷумаи Мидҳат Беҳбудӣ,  1955). Раванди воридшавӣ ва интишори  афкори нав аз адабиёти Аврупои Ғарбӣ,  ки аз солҳои 30-юм оғоз шуда буд, дар ин солҳо ба авҷи аълои худ расид.

Бо вуҷуди он ки дар адабиётшиносии  тоҷики он замон ҳанӯз дарки илмии сифати  тарҷумаҳои насри бадеӣ вуҷуд надошт,  аммо бо сабаби чопи тарҷумаи асарҳои нав фикру мулоҳизаҳо, нуқтаи назарҳо оид ба баъзе ҷиҳатҳои тарҷума изҳор мешуданд. Мунтазам мақолаҳои ҷашнӣ чоп мешуданд. Ин мақолаҳо аз таъсири адабиёти рус ба адабиёти тоҷикӣ шаҳодат медиҳанд,  аммо дар онҳо таҳлили илмии мероси  шоир, нависанда, тарҷумаи осори онҳо  вуҷуд надошт. Чунин ақибмонии назаррас  дар назария ба мутарҷимони тоҷик барои  анҷоми тарҷумаҳои олӣ, азхуд намудани  стратегияву усули тарҷума монеъ нашуд.  Дар он солҳо тарҷумаи бадеӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як соҳаи фаъолияти эҷодӣ истиқлоли бештаре нишон дод – барномаи аз тарафи Анҷумани III умумииттифоқии  нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1959 муайянгардида аҳаммияти бузурги  маданию иҷтимоӣ пайдо намуд. Баъдан  бо кори тарҷумонӣ асосан мутарҷимони  касбӣ, нависандагону шоироне машғул  мешуданд, ки ба шарофати онҳо тарҷумаи  бадеӣ ҷанбаи эҷодӣ пайдо мекунад. Дар  натиҷа тарҷумаи бадеӣ ниҳоят ба шуғли  касбӣ табдил ёфт.

Ҷамила Мурувватиён,
доктори илми филология

Дигар хабарҳо