МАРҲАБО БА ГУЛГАШТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ МАМЛАКАТ

 

Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН дар саҳни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ гулгашти дилрабое бунёд гардид. Гулгашт бо Муҷассамаи рамзии Китоб, Қаламу Давот, суҳбатгоҳи дорои нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст.

Зимни ба истифода додани гулгашти навбунёд, ки бо иштироки адибону  ихлосмандони сухан доир гардид, ба аҳли заҳмати Кумитаи давлатии идораи замин ва  геодезии кишвар арзи сипос карда шуд. Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе М. Зувайдзода ба раиси кумитаи мазкур Қ. Ҳакимзода сипосномаи роҳбарияти пойтахтро супурд. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим хидмати арзандаи бунёдкоронро зикр намуданд.

Дигар хабарҳо