Мардуми эҷодгар
Мирсаид МИРШАКАР
ОДАМ
Одами одиям, шунав, Одам!
Баҳри бахту саодатат шабу рўз
Ҳар чи омад зи дасти ман, кардам.
Пир гаштам, намехурам афсўс,
Ки ҷавонии хеш бахшидам
Ба диёрам, ки ў ҷавон гардад.
Ташналаб будаму бикўшидам,
Об дар ҷўйи ў равон гардад.
Ранҷ бурдам на баҳри шуҳрати хеш,
Ранҷ бурдам, ки то чу рўди Панҷ
Биравад халқи ман ҳамеша ба пеш.
Нигаҳам дўхта ба оянда,
Кор кардам барои бахти Ватан.
Сарфарозам, нарафт беҳуда
Меҳнату ғайрати ҷавонии ман!
СУХАНИ ТОЗАТАРЕ ГЎЙ
Шоир, сухани тозатаре гўй, ки айём
Бо тоза бувад ҳамнафасу ҳамдаму ҳамкор.
Чун хонуми танноз бувад асри ману ту,
Ҳар лаҳза либоси наву зебост талабгор.
Бар куҳнафурўшон бирасонед, ки минбаъд
Дар арсаи айём маҷўянд харидор.
ИФТИХОР
Дар сафар гашт ҳамсухан бо ман
Аҷнабие, ки аз саломи ў
Бўи дунёи куҳна меомад,
Сарду манфур буд каломи ў.
Гуфт бо ришханду истеҳзо:
«Кишвари пири ту ҷавон гаштаст,
Соҳиби илм гаштаву дониш,
Шуҳраташ паҳн дар ҷаҳон гаштаст.
Бахт бикшодааст оғўшаш
Модарона ба рўи пиру ҷавон…
Лек аз миллатат чӣ осоре
Монда боқӣ, барои ман фаҳмон?»
Гарчи пир асту хурд кишвари ман,
Паст не эътибори миллии ў,
Сарбаланд аст халқи нодораш,
Ҳам баланд ифтихори миллии ў!
Хостам гўямаш, ки бонӣ кун
Дари онро, ки дод сутхонат…
Лек ором гуфтамаш:
«Бардор
Айнаки душманӣ зи чашмонат,
Бинигар, ки ливои миллиям
Бар сари кишварам парафшон аст,
Машъалеро, ки Рўдакӣ афрўхт,
Шуълааш дар дилам фурўзон аст!»
ҲИКМАТУ ҲУНАР ДАРКОР
Баҳри Хайёми асри худ будан
Нест кофӣ пиёлаву маю ёр,
Ғайри ёру маю пиёлаву гул
Донишу ҳикмату ҳунар даркор.
В-арна аз дасти пайравони ў
Дод мегуфт кўчаву бозор.
***
Оҳистакак бар ман бигў
Гаҳвораҷунбони ту кист?
Он гоҳ мегўям ба ту
Ояндаат, эй тифл, чист!
ВАҚТ
Вақт тиллост!
Лек агар тилло
Гум шавад, боз мешавад пайдо.
Нест мумкин ба даст овардан
Вақти аз даст рафтаро асло!
***
Чаро чун шамъ сўзӣ,
Бебақо ўст,
Ки андар оташаш маргаш ниҳон аст.
Ту аз хуршед омўз ин ҳунарро,
Ки месўзад, валекин ҷовидон аст!
***
Вой бар ҳоли он, ки аз хона
Бошараф рафту бешараф баргашт.
Ғўта дар баҳр хўрда бо уммед,
Дур зи каф доду бо садаф баргашт.
РАШК БИНМУДАМ
Рашк бинмуда, ман аз холи лабаш пурсидам,
Ки бигўй, эй ҳинду,
Посбони шакарӣ?
Ё ки тороҷгари лаъли лабаш?
Ё ҳарду?
Холи лаб фахркунон
Гуфт:
— Хокистари як ошиқи овора ба рўи оташ.
***
«Сафедӣ ҳаст дар мўи сари ту,
Бикан онро!» — зи ман хоҳиш намудӣ.
Чаро онро канам?
Бигзор монад –
Нишон з-он дам, ки аз ман дур будӣ.
***
Ба дом афтода мурғе пар заду гуфт:
«Чаро нолам зи дасти дому сайёд?
Зи дасти нафси бад бигрист бояд,
Наку озодиямро дод барбод!»
***
Нахурда об аз дарёи Варзоб,
Надида чеҳраи зебои Варзоб,
Нагашта булбули гулҳои Варзоб,
Чаро лофи ҷавонӣ мезанӣ ту?
МАРДУМИ ЭҶОДГАР
Бо муҳаббат зебу зинат медиҳанд
Зиндагиро мардуми эҷодгар.
Ҳар яке масти шароби зиндагӣ,
Ғўтавар дар баҳри пурҷўши ҳунар.
Нақши гардунро ба дафтар мекашанд,
Назди тиреза ситода то саҳар.
Ҳар суруду шеъру сози хешро
Зиндагӣ бахшанд бо хуни ҷигар…
Умри кўтаҳро намесозанд ҳайф,
Мекунандаш ҷовидон дар ҳар асар!
АМРИ ТАЪРИХ
Рўзу шаб асри навам бедор аст,
Камсухан, серталаб, пуркор аст.
Умр – кўтоҳтар аз нози бутон,
Орзу – ҳеҷ надорад поён.
Вақт – кам! Вақт каму ишвагар аст,
Кор бисёртар аз мўи сар аст.
Чашми маҳтоб ба роҳам чор аст,
Зуҳра то субҳ чу ман бедор аст.
Менамояд талаб аз ман таърих
«Хайма зан, хайма ба боми Миррих,
Дари афлок ба рўям бикушо…»
Одамам,
Вақт бароям тилло,
Соҳиби донишаму илму ҳунар,
Мекушоям зи дили кайҳон дар.
Ман супориш зи диёрам дорам,
Амри таърих ба ҷо меорам…
ГУЛИ МАГНОЛИЯ
Ба вақти хайрухуш дар соҳили баҳр
Гули магнолия дода ба дастам,
Табассум карда рафтӣ, он чӣ сир буд,
Ки бо як ишваат додӣ шикастам,
Диламро банда кардӣ бо табассум?
Агарчанде пас аз як рўзи дигар
Гули магнолия пажмурда гардид,
Вале пажмурда ҳаргиз менагардад
Ба лавҳи дил гули паймону уммед,
Ки онро зинда кардӣ бо табассум.
МУРҒИ ИЛҲОМ
Гар намудӣ ҳис, ки фикрат монда гашт,
Менамояд саркашӣ аз амри ту,
Ё ки мурғи табъу илҳомат гурехт,
Хез аз ҷову намояш ҷустуҷў!
Ҷустуҷў онро макун дар даштҳо,
Дар чаман ё маргзору лолазор,
Ҷои он дар баҳри пурҷўши ҳаёт,
Ғўта хур дар баҳру аз қаъраш барор!
НАРАНҶЕД, ИН ҲАҚИҚАТ!
Калхоте ба дугона
Ҳасрат карда, ҳамегуфт:
— Наметавонам аз ту
Дарди диламро нуҳуфт.
Уқобона шакли мо,
Рафтори мо,
Чанги мо, парвози мо,
Минқори мо…
Пас чаро моро уқоб ном
Намемонанд?
Тарона дар васфи мо
Намехонанд?
Ҷавоби ин саволро
Дугонааш надонист.
Ҳозир гашта гунҷишке,
Бигуфто:
-Шубҳае нест,
Ки шаклу рафторатон
Уқобона,
Чангатон, минқоратон
Уқобона!
Танҳо дилатон
Уқобона нест!
Наранҷед, ин ҳақиқат,
Афсона нест!
ФАРҚЕ НАБУДАСТ
Рўзе,
Дар Панҷоби дилписанд,
Дар як шаҳри хурд,
Пас аз тамошои музей
Мулк Раҷ Ананд
Моро ба мактабе бурд.
… Ҳангоми суҳбат,
Бо ҳурмат
Мактаббаччаяке
Аз ҷояш ҷунбид,
Истода андаке,
Пурсид:
— Дар мактабҳои шумо
Ҳарфи аввали Алифбо
Кадом аст, гўед?
Чун гуфтам «А»,
Дилшод гардид.
Пурсид дубора,
Рост карда қоматашро:
— Дар шумо
Агар дуро гиранд ду бор,
Мешавад чанд?
Чун гуфтам «чаҳор»,
Гардид хурсанд.
Бо хурсандӣ
Он гоҳ
Бар китфи ҷўрааш
Зада бо даст,
Гуфт:
— Дидӣ,
Байни мову онҳо
Фарқе набудаст!
ПАНД
Аз падари хирадманд
Монда барои фарзанд
Мероси бебаҳое –
Сето хазина – се панд:
— Хоҳӣ, ба матлаб расӣ:
Ҳамраҳ ба ҳар гап машав;
Бе талаб чизе мадеҳ;
Ҷое бе даъват марав!
ДУХТАРАКИ ПУРҲУНАР
Гулбибии гулбасар –
Духтараки пурҳунар
Хамир кардан мехоҳад,
Фатир пухтан мехоҳад,
Аммо ҳезум надорад,
Орди гандум надорад.
Кўзачаи ў холист,
Қатрае ҳам обаш нест.
Машав ғамгин, Гулбибӣ,
Ҷони ширин, Гулбибӣ!
Рафта аз бешазорон
Ба ту ҳезум меорем,
Аз осиёби калон
Орди гандум меорем.
Пур карда кўзаҳоро,
Об меорем аз дарё.
Он гаҳ хамир кардан гир,
Он гаҳ фатир пухтан гир.
КАМОНИ РУСТАМ
Ана, баромад
Камони Рустам,
Манзили мо шуд
Ҷаҳони Рустам.
Хуб асту зебост
Камони Рустам,
Хоҳам, ки гирам
Онро ба дастам.
Хоҳам…
Вале он
Хеле гарон аст.
Ҳазору як бор
Аз ман калон аст.
ҶЎРОБҲОИ ГУЛДОР
Зочаҷони ширинам,
Туро ман нағз мебинам.
Биё, ки хобонамат,
Ашўлае хонамат.
Ашўлаам чунин аст,
Бишнав, ки вай ширин аст:
Торик шуд биёбон,
Ситораҳо дурахшон.
Дар ҳама ҷо аллакай
Хобидаанд бачагон,
Хоб кун, хоб кун, зочаҷон!
Аммо ман, хоҳари ту,
Мешинам бар сари ту,
Мебофам аз бароят
Ҷўробчаҳои хушрў,
Хоб кун, хоб кун, зочаҷон!
Пагоҳӣ вақти наҳор,
Ҳамин ки гаштӣ бедор,
Мебинӣ, ки тайёранд
Ҷўробчаҳои гулдор.
Хоб кун, хоб кун, зочаҷон!
Мешавӣ шоду хушнуд,
Пўшида онҳоро зуд,
Шодикунон мегўӣ
Раҳмат ба хоҳари худ.
Хоб кун, хоб кун, зочаҷон!
Сонӣ, аз нав ҳардумон
Ба боғчаи кўдакон
Рафта бозӣ мекунем
Ҳамроҳ бо духтарон.
Хоб кун, хоб кун, зочаҷон!
Тезтар бихоб, мегўям,
Надеҳ азоб, мегўям,
Чаро чашмат кушода?
Бидеҳ ҷавоб мегўям.
Хоб кун, хоб кун, зочаҷон!
Ҷавоб деҳ, мешитобам,
Намедиҳӣ ҷавобам?
Аз афташ, хобидаӣ,
Ман ҳам рафта мехобам.
Хоб кун, ширин зочаҷон,
Хоби хуш бин, зочаҷон!