Марде бо афкори хуршедӣ

 Марде бо афкори хуршедӣ

Акнун аз марги Муҳаммадраҳи­ми Сайдар – номи ошно барои аҳли фарҳангу адаб ва расона бештар аз даҳ сол мегузарад. Нависандае, ки ба хотири қареҳа ва истеъдоди камназираш аз ӯ умедҳои зиёде доштанд ва агар зинда мебуд, метавонист корҳои чашмгиртареро анҷом диҳад ва осори мондагорта­ре биёфарад.

Муҳаммадраҳими Сайдар соли 1952 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Таҳсил дар риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ба итмом расонида, солҳои 1990-1992 корманди маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” будааст. Баъдан дар расонаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2001 то охири умр хабарнигори бахши тоҷикии ради­ои “Озодӣ” дар Маскав, инчунин, созмондиҳандаи мактаби миллӣ ва устоди забону адабиёт ва таърихи мактаби мазкур дар Маскав шуд.

Муҳаммадраҳими Сайдар фаъолияти нависандагии худро аз навиштани ҳикоя шуруъ карда, дар муддати андак худро ба си­фати нависандае бо нигоҳи тоза ва дунёи рангин муаррифӣ наму­дааст. Ҳикояҳои «Гаҳвораи ноз», «Марди солхӯрда ва саги фартут», «Садбарги булғорӣ», «Афсонаи Сурхоб», «Бози сафед» аз нахус­тин ва мондагортарин навиштаҳои ин нависандаи тавоноанд. Ҳикояи нахустинаш «Гаҳвораи ноз» соли 1986 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст. Сипас қиссаву ҳикояҳояш пайи ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «По­мир», «Сомон», «Навиди бозар­гон» ва маҷмуаи «Шафақи субҳ» (1986 ва 1992) интишор ёфтаанд.

Ҳикояву мақолаҳои ӯ пас аз маргаш дар маҷмуаҳои «Гаҳвораи ноз» (2011; Тоҷикистон) ва «Хо­стам дар Эрон гум шавам» (2011; Эрон) ба табъ расидаанд.

Аз миёни осори Муҳаммадраҳи­ми Сайдар чеҳраи пуротифа ва ҳассосу самимиеро мебинем, ки аз миёни тӯдаи мардум бархоста ва зиндагии худро фидои орзуҳо ва ормонҳои мардумаш кардааст. Аз дардҳои мардум ва барои мардум навиштааст. Ҳарфи аслии Сайдар дар ҳикояҳояш ин аст, ки саодат ва хушбахтӣ ба чизҳои бузургу руъёию дур аз дастрас нест, балки саодат ва хушбахтӣ ва хушҳолии воқеӣ дар чизҳои кӯчак ва ҷузъӣ, аммо боасолат ва решадор аст.

Дар ҳикояи “Гаҳвораи ноз” сухан аз зани рустоие ба номи Садафмоҳ аст, ки ба хотири на­доштани фарзанд тамоми зиндаги­ашро ба ҳасрат гузаронидааст ва вафодории ӯ дар ишқи шавҳараш – Сафар, ки зуд даргузаштааст. Ҳасрати доштани фарзанд тамоми умр ҷонашро меозорад ва хаёла­шро ҳаргиз осуда намегузорад. Ба ин далел, охирин гаҳвораи шавҳа­ри дуредгарашро ба касе нафурӯхт ва ҳадя надод, то ин ки дар охир он гаҳвораро барояш тобут кар­данд. Дар ин ҳикоя асолати ишқ ва самимияту вафодориро равшан мебинем. Зани содаи кӯҳистонӣ бо тамоми танҳоӣ ва машаққаташ ба зистан ва муфид будан барои ода­мҳои давру бараш идома медиҳад ва ҳаргиз орзу ва умедро фаромӯш намекунад. Ин зани қаҳрамон на­мунае аз ҳазорон нафар занҳои кӯҳистонҳои Тоҷикистон аст, ки ба хотири ишқ ва идомаи насли башар зиндагиашонро фидо мекунанд.

Ҳикояи “Заёми зиёдатӣ”, ки нахустин бор соли 1988 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст, мамлу аз та­свирҳои зебо ва шоиронаи табиат ва латофатҳои таби­ат аст. Ҳикоя бо тасвири бо­ридани борон оғоз мешавад ва бо ситоишу тасвири борон ба интиҳо мерасад. Истифо­даи санъати такрор, аз як тараф, навъе халлоқият ва навовариро таъмин карда, аз тарафи дигар, боиси ҷаззоб ва ҷолибу хонданӣ шудани асар гардидааст. Ҳарчанд ҳарф на аз табиат аст ва на аз мавҳибати он – борон, балки бунмоя ва дарун­мояи он мазаммати мақомдорони зоҳирнамо ва фурсатталаб аст, ки ба зоҳир гӯё барои мардум ва дар хидмати мардум ҳастанд, аммо ҳаргиз бидуни дар назар гирифта­ни манфиати шахсии худ кореро ба сомон намерасонанд. Барои нигоҳ доштани мақом ва курсии худ аз ҳеҷ гуна ноҳаққӣ ва ноҷавонмардӣ парҳез намекунанд. На худашон коре ба манфиати мардум анҷом медиҳанд ва на мегузоранд, ки дигаре кореро дар ин росто анҷом диҳад. Дар симои фарди дилсӯз барои мардум рақиб ва душмани худро мебинанд. Аммо дар ҳар ҷомеае афроде пайдо мешаванд, ки мехоҳанд барои мардуми худ ва пасояндагон кореро (мисли овардани об дар ин ҳикоя) анҷом диҳанд ва дар ин роҳ ҳеч чизе на­метавонад монеи онҳо бишавад. Ҳарчанд дар охир боз як нафар мақомдор меояд ва он кореро, ки як нафари маъмулӣ (мисли муал­лим Фаромарз дар ин ҳикоя) анҷом додааст, ба номи худ менависад, аммо, билохира, оммаи мардум ҳастанд, ки аз диди дақиқ ва ҳуши қазовати дуруст бархурдоранд ва воқеиятҳои ростинро аз миёнаи по­лояҳо убур медиҳанд ва ҳамчунин замон аст, ки ҳама чизро сари ҷойи худ қарор медиҳад. Ба қавли шоир:

Ҳар чӣ дорӣ, бибахшу ном барор,
Ба накӯию номи нек гузор.
                                                     (Ҷомӣ)

Дар ҳикояҳои “Мусофир”, “Афсонаи Сурхоб”, “Садбарги булғорӣ”, “Парвона”, “Чашми дор” ва ғайра нависанда ривоятгари моҳир ва амонатдори ғаму шодию дарду дармони мардум ва воқеи­ятҳои рӯзгораш аст. Гӯӣ нависанда як-як дар ҷилди тамоми қаҳра­монҳои ҳикояҳояш даромада ва бо тамоми эҳсосоту авотифи онҳо солҳо зиндагӣ кардааст, ки дар натиҷа тавонистааст бо эътимод ба худ ва дар ниҳояти ҷаззобию зебоӣ ва камол бешу ками онҳоро ба риштаи тасвир бикашад.

Яке аз буъдҳои дигари шах­сияти Муҳаммадраҳими Сайдар фаъолиятҳои фарҳангӣ ва рӯзно­манигории ӯст. Сайдар аз афроди огоҳе буда, ки барои имрӯз ва ояндаи миллаташ ғам мехӯрда ва барои ислоҳи вазъ аз камбудҳо ва мушкилот мегуфта ва мақолотеро дар ин замина аз солҳои нахусти фаъолияташ дар рӯзномаҳо чоп мекардааст.

Яке аз зеботарин ва мондагор­тарин навиштаҳои Муҳаммадраҳи­ми Сайдар сафарномаи ӯ зери унвони “Хостам дар Эрон гум ша­вам…” аст. Ин сафарнома ҳасрат ва ормони як нафар ҷудоафтода аз сарзамини таърихиаш аст, ки баъди солҳои тулонӣ ба дидори шаҳрҳое, ки бо онҳо пайванди руҳию отифӣ дорад, мушарраф мешавад.

Дар як бахши ин сафарномаи пурмеҳру пурэҳсос мехонем:

“…Ё Шероз биравам? Бале, Шероз бояд биравам. Биравам дар сари турбати Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз аз сари ихлос сура бихонам ва бо майу мутриб бинишинам, ки Хоҷа Ҳофиз ваъда кардааст, агар чунин бикунӣ, “ба бӯят зи лаҳад рақскунон бархезам”. Аз гулга­шти Мусалло қадам бизанам, ки Хоҷа гуфтааст: «Шероз шаҳрест пуркарашмаву хубон-ш зи шаш ҷиҳат» ва дар канори оби Рукно­бод ҳамроҳ бо боди сабо девони Хоҷаро ғазал-ғазал бигардонам, то бубинам, чи ҳолате бар ман рух хоҳад дод. Саҳар булбул чӣ ҳикоят бо сабо хоҳад кард. Он чи Ҳофиз аз боди сабо медид, чӣ буд, ки баҳона ба булбул ниҳод, сарбаста гуфт, асрор ҳувайдо накард ва ше­розиёнро аз «роҳати ҷаннат» ноу­мед кард ва агар бигӯянд, ки дарки сухан намекунӣ, даъво хоҳам кард: «Мо ки аз шерозиён кам нестем» (М.Турсунзода) ва бо тассалои ин, ки дар Шероз сухандонию хушхонӣ намеварзанд, Ҳамадон биравам ва шикоят пеши Шайхурраис барам, ки теғи ҷонбахшои ту рӯйи ҷаҳонро гирифт, аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал ҳама мушкилоти гетиро ҳал кардаӣ, аммо дар Бухоро ҷойи бас азизе чун Шумо холист. Бархез, биё ва аз Кӯлоб Мирсаид Алии Ҳамадониро ба по бихезону ҳарду моро роҳе бинамоед, ки дар биё­бони гумроҳӣ задаем» («Гаҳвораи ноз», с.284).

Муҳаммадраҳими Сайдар дар тули фаъолият ва зиндагӣ дар Маскав рӯзҳои сахту душвори ҳам­ватанҳои муҳоҷирашро дида ва азияту сахтиҳои онҳоро дар хуну пӯсташ эҳсос кардааст. Ҳамеша барои рафъи камбудҳо ва беҳбуди авзоъ талош варзидааст.

Равони ин марди фарҳехта ва фарҳангӣ шод бод!

Хуршед Эҳсон

Дигар хабарҳо