Мансур Суруш. Нигоҳи вопасин (Ҳикоя)

Ҳама чиз ба мавқеаш. Вақте ҷоми умр лабрез мешавад, аз марг ҷое барои фирор нест. Инак, ман ҳам роҳи умрамро паймудам ва чунонки мегӯянд, дар назди Худо ҳузур ёфтам. Вале чи муъҷизаест: чун дар бедорӣ ҳама чизро мебинаму мешунавам. Дар тобути васати ҳавлӣ хобидаам ва ба ҳар он чи дар атроф ба вуқуъ мепайвандад, наззора мекунам. Чунин эҳсос мешавад, ки гӯё парда афтодаасту ман ба олам бо чашмони мутаҳаййир нигаристаам, дуруст бори аввал онро дидаам.

Вақте фаҳмидам, ки дар кадом вазъи хориқулодае афтодаам, каме аз худ бехуд шудам. Фаҳмидан душвор аст, ба вижа таслим шудан ба марги воқеии худ. Вале дар воқеъ ман дар тобут хобида будам ва ба таври возеҳу равшан садои гиряи занонаро, ки аз ҳуҷраҳои дохил ба гӯш мерасид, мешунидам. Шакку тардиде дар миён набуд: занҳо аз барои марҳум навҳахонӣ мекарданд.

Вале агар ман мурдаам, пас чаро афкорам равшан, нигоҳам мисли ҳамеша тезбину сомеаам ҳассос аст? Пас эҳтимол ин руҳи ман аст, ки мешунаваду мушоҳида мекунад ва ба тибқи одат барои қавму хешону наздикон мутаассир аст?

Борҳо шунидаам, ки агар марг ба суроғи ман ояд, ҷон аз колбуд хориҷ мешавад, вале боз муддате чанд дар паҳлуи ғилофи худ боқӣ мемонад, гӯё фикр мекунад, ки баъдан чӣ бояд кард. Бо ман ҳам ҳодисае боварнакарданӣ иттифоқ афтодааст. Эҳсос мекунам, ки чи тавр ман ҳам ба баландие баромадаам ва ба ҳар он чи дар хонаам рух медиҳад, муроқибат мекунам. Дар атроф рафтуомади одамонро, аз чизе ба ташвишу изтироб афтодани эшонро мебинам. Тобутро ва андаруни он худамро, ки орому оҷизам, мебинам. Лаҳзае ба назарам омад, ки тифли навзоде ҳастам, ки бо дастони ғамхори модар ба гаҳвора гузошта шудаам.

Аммо дидани ҷасади худ аз канор, аз фосилае чун дар радифи толори тамошо аҷибу ғариб аст.

Дар театр бозӣ кардани нақши марг бароям иттифоқ афтодааст. Дар яке аз саҳнаҳо бояд аз зарби тири шавҳаре рашкӣ, ки манро ошиқи ҳамсараш мепиндошт, мурдавор меафтодам. Аз рӯйи виҷдон нақшамро тамрин кардам ва аз ман марҳуми воқеӣ сохта шуд. Аммо қабл аз шуруи намоиш ман сармо хӯрдаму дар ҳамон лаҳзае, ки қотил тири фалокатборашро андохту ваҳшатзада бар болои ҷасади дар рӯйи саҳна паҳншудаам мехкӯб шуд, атсаи баланд садо дод. Пеши худ тасаввур бикунед, ки ба ҷойи ин ки марҳум, чунонки бояд хомӯш бихобад, бо садои баланду бознадоштанӣ атса мезанад. Тамошобинон аз фарти ханда рӯдабур шуданд, вале ман ҳоли шӯхӣ надоштам. Парда баста шуд, аммо ман ҳанӯз ҳам хобида, ба унвони мудири шуъбаи иқтисодиамон нафрин мефиристодам. Ҳанӯз дирӯз ӯро хотирнишон карда будам, ки шишаи тирезаи ҳуҷраи либоспӯшиам шикастаасту аз он шамол ба дохил нуфуз мекунад. Аммо ӯ боз арақ нӯшидаасту мусалламан хоҳиши манро аз ёд бурдааст. Барои ӯ ҳунарпешаи мардумию коромӯзи ҷавоне, ки бори аввал дар зиндагиаш иҷрои нақше ба уҳдааш вогузор шудааст, яксонанд.

Аз барои атсаи «бемавқеъ» ва ба нокомӣ анҷом гирифтани намоиш бароям лозим омад, ки дар хиҷолат монаму дар шурои бадеии театр нафастанг шавам, ранҷ барам. Саркоргардони мо, марди фозилу боқареҳа, вале дар айни ҳол сахтгиру дур аз мусолиҳа, махсусан, вақте масъала ба санъат марбут мебуд, Фарсо Ҷалолзода назири бабри тирхӯрда ба хашм меомад. «Баҳромӣ, чӣ касе ин тавр мемирад?» – фаҳмидан мехост ӯ бо заҳрханд.

Ва инак, ман мурдаам. Воқеан ҳам мурдаам. Ин ҳақиқат аст. Корҳои заминиам тамом шудааст. Бад буд ё нек, ҳама акнун дар паси сар монд. Дигар вуҷуд надорам ман.

«Чӣ тавр вуҷуд надоштаам ман?» – ҳамон лаҳза хатои худро фаҳмидам, охир ман ҳама чизро мешунаваму мебинам, фикр мекунаму мутаассир мешавам. Ва танҳо ба чизе мудохилаю ҷараёни ҳодисотро халалдор карда наметавонам. Аммо дар ҳар ҳол ман вуҷуд дорам. Бигузор бидуни ҷисм, ғайри маръӣ барои дигарон, ман вуҷуд ва ҳузур хоҳам дошт. Пас, руҳ аз миён намеравад, тарк намекунад, ҳамроҳи тани дафншуда ба хок табдил намешавад.

Эҳтимол ин оғози зиндагии навини ман аст? Вале фақат дар шакли дигар дар маконе, ки қонунҳою абъоди ба куллӣ дигари он аз қонунҳою абъоди дунёи воқеӣ тамоман фарқ мекунад, амал менамоянд? Намедонам… намедонам… ба мо як чиз равшан аст: барои ман, чунонки дар театр мегӯянд, занги саввум, занги охирин, ки рӯзею рӯзгоре ҳатман дар зиндагии ҳар инсони фонӣ танин хоҳад андохт, садо додааст. Ман мурдаам ва руҳ колбудамро тарк гуфтааст.

Бояд виҷдонан иқрор кунам, ки вақте инро дарк кардам, ба ваҳшат омадам. На, ман аз мурдан наметарсидам. Дарахти пирро ягон боде даҳшатнок нест. Ман ба таври кофӣ зиндагӣ карда будам, аз ин хотир фаро расидани маргро чун хоби сахту ширине, ки баъд аз рӯзи пурҳодиса ба суроғи инсон меояд, интизорӣ мекашидам. Вале, дар ҳар сурат, марг ғофилгирам кард ва баъдан, яқинан, дар хабари даргузашт хоҳанд навишт, ки дар авҷи қудрату тавоноӣ ва равнақи корҳои эҷодӣ даргузашт. Ва инак, ман дармондаю ҳақир дар тобут хобидаам. Айнан чунин тобут шаш сол пеш, вақте ҳамсарам ба таври ногаҳонӣ дори фониро падруд гуфта буд, дар худи ҳамон ҷо меистод. Амал ҳам ҳунарпеша буд, дар ҳамон театр ҳунарнамоӣ мекард, аз ин рӯ, табиист, ки мо ағлаб дар ин ё он намоиш ҳамроҳ ширкат меҷустем. Дилбастагии мо танҳо театр буд. Пешаамон театр буд. Ҳатто вақте Тарона ба дунё омад, Амал нахост муддати тӯлонӣ саҳнаро тарк кунад, бозиашро идома дод. Бидуни театр, бидуни кафкӯбиҳои тамошобинон вай чун гули баъд аз ғуруби офтоб мепажмурд.

Вақте беморӣ Амалро аз по афтонду дарёфт, ки маҳкум ба марг шудааст, дастамро гирифту ба суратам нигариста, оҳиста гуфт:

– Акнун бе ман, бе Санчо Пансои содиқат чӣ тавр зиндагӣ хоҳӣ кард?

Чи ҳам бигӯям, Амал, тамоми ин солҳо бе вуҷуди ту бароям осон набуд. Ман борҳо дармондаам ва ба печу хамҳои зиндагӣ, ки ҳамеша бо мадади ту ба саломат аз онҳо мегузаштам, бархӯрда, садамаҳо дидаам. Вақте зинда будӣ, тасаввур менамудам, ки туро ҳифз мекунам, Амали заифу хурдаки ман. Амали солҳои зиёд нақши хешро тағйирнадодаам, нақши ҷавонписаракро бозидаам…. Аммо вақте ту тарки дунё гуфтӣ, маълум шуд, ки ҳама чиз баръакс шудааст: ин ман будаам, ки дар зери болу пари ту ба сар бурдаам ва лоқайдона зиндагӣ кардаам. Вале акнун мисли ин ки айёми фироқамон ба поён расидааст. Ман эҳсос мекунам, ки руҳу ҷонҳои мо ба зудӣ ба дидори ҳам мерасанд, то ба таври ҷовидон яке шаванд. Ҳоло ман дар тобут хобидаам ва бо андак дастпочагию ҳайратзадагӣ интизорам, ки баъдан чи хоҳад шуд.

Тадриҷан афкорамро ҷамъу ба вуҷуди худ одат кардам. Ҳатто эҳсоси холию оромӣ намудам. Ҳаракотам осону озоданд, дақиқан танамро аз худ раҳо карда, аз бори сангин озод шудам ва акнун мисли парандаи аз қафас раҳоёфта дар ҳаво парвоз дорам.

Аммо дар ҳар сурат чи тавр шуд, ки ман ногаҳон фавтидам. Охир, Худоро шукр, аз саломатиам ҳаргиз шиква надоштам. Дар тамоми умрам варақаи тиббӣ дар дармонгоҳ таҳия кардан лозим наомадааст. «Туф, туф, чашм нарасад, сад сол зиндагӣ хоҳӣ кард», – вақте ки барои дар нақши Кова бозӣ кардан омодагӣ дида, ба осонӣ бо навзаҳои якпутӣ бозӣ мекардам, мегуфт Аёз, ҳамон Аёз, ки рӯзгоре дар омӯзишгоҳи театрӣ ҳамсабақ будем. Тадриҷан ба ёд овардам, ки чи тавр субҳи дирӯз ҳангоме ки ришамро тарошидан мехостам, ҳарорат якборагӣ боло рафту ба ҳазёнгӯйи шуруъ намудам ва аз ҳуш рафтам. Баъд аз ин чизеро дар ёд надорам. Пас ман мурдаам.

Эътироф мекунам, ки худро зуд нашинохтам. Сурати хокистарӣ, чинҳои атрофи лабҳо, мӯҳои зери гунаҳо. Ин пирмарди мискин кист, фикр кардам. Ногаҳон асари захми чун риштаи борик миёни ду абрӯям радшударо дидам, ки ба заҳмат ба чашм мехӯрд. Акнун дақиқ дарёфтам, ки ман, ҳунарпешаи театри драма Сафдар Баҳромӣ, дар тобут хобидаам.

… Ҳама чиз ҳангоми ба деҳаи кӯҳистонии мо ташриф овардани гурӯҳи хурди ҳунарпешаҳо шуруъ шуд. Чунонки ҳоло дар ёд дорам, дар саҳнаи паст, ки бидуни омодагии пешакӣ дар равшаноии камнури чароғ ҳунарпешаҳо намойишномаҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Аршинмол-олон»-ро ба маърази тамошо гузоштанд. Ман волаю шайдо шуда будам ва аз ҳамон рӯз ба баъд орзуи ҳунарпеша шудан осудаам намегузошт. Вале ман наметавонистам дар ин бора ҳатто ҳарфе ба забон оварам. Дар он рӯзгор дар саҳнаи театр бозӣ кардан шуғли чандон шоистае ба шумор намерафт, аз ин рӯ ба ҳунарпешаҳо чун ба масхарабозону найрангбозон менигаристанд.

Мазҳабдорон, ки падарам, оҳангари деҳотӣ низ аз зумраи онҳо буд, намоишҳои театриро умуман чун фисқу фуҷур ва гумроҳӣ талаққӣ мекарданд. Бинобар ин вақте падарам огоҳ шуд, ки ман умедҳояшро барбод додаму ба шаҳр рафта, ба омӯзишгоҳи театрӣ дохил шудаам, бо хашму ғазаб наълеро, ки ба тозагӣ сохта буд, ба тарафам андохт. Ҳамин тавр ин нишона барои тамоми умр дар ман боқӣ монд.

Ғайримунтазира нисбат ба худ эҳсоси тараҳҳуму дилсӯзии шадид кардам. Танҳо акнун дармондагию карахтиеро, ки ҷисми беҷони ман мубталои он шуда буд, дарёфтам ва ба андозаи кофӣ аҳаммияти ин гуфтаи Саъдии бузургро арзиш гузоштам: «Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият…»

Агар қисмат, чун дар фоҷиаҳои Юнони қадим, ногузир аст ва сарнавишти ҳамаи мавҷудоти Замин қаблан ҳал шудааст, пас дар чӣ хулоса мешавад маънии зиндагӣ? Оё дар навъи башар толеъ, маъмурияти махсус ҳаст? Ё ҳама зиндагии мо аз таваллуд то марг, аз гаҳвора то гӯр давандагии бемаънист. Воқеан ҳам онҳое, ки то мо будаанд, об дар ҳован кӯбидаанд? Акси моҳро дар амвоҷ қапидаанд?… Ман кӯшиш ба харҷ додаам ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо дер ё зуд ногузир дар пеши ҳар фард, ҳар фарде, ки солҳои зиндагии сипаришудаашро дарк кардану чи будани дунёи ҳамеша ба таври махсус тағйирёбандаро дарёфтан мехоҳад, ба миён хоҳад омад. Ва воқеаи сабақомӯзе, ки замоне шунида будам, ба ёдам омад.

… Дарвеше баъд аз солиёни тӯлонии оворагӣ дар ақсои олам ба зодгоҳаш бозгашт. Ва бо ғаму андӯҳ хабар ёфт, ки дар вақти набуданаш теъдоди зиёде аз дӯстону ошноёнаш даргузаштаанд. Дарвеши андӯҳгин рӯ ба қабристон овард, то ҳаққи эҳтироми хотираи эшонро адо кунад, ба турбаташон сари таъзим фуруд оварад.

Дар он ҷо, дар миёни оромгоҳҳо гардиш кардаю катибаҳои рӯйи онҳоро, ки дар тахтасангҳо ҳаккокӣ шуда буданд, хонда аз як мушоҳидаи худ дар ҳайрат афтод: онҳое, ки хонаи охирати худро дар ин ҷо пайдо кардаанд, дар олам хеле кам умр ба сар бурда буданд. Фосилаи вақти байни таърихи таваллуду вафот барои яке се, барои дигаре панҷ сол буд. Аҷаб, вале бармало буд, ки дар он шаҳр хеле кам шахсе пайдо мешуд, ки беш аз даҳ сол умр дидааст.

Дарвеши буҳтзада ба ҳузури посбони қабристон омад ва шакку шубҳаи худро бо ӯ дар миён гузошт. «Дар ин ҷо иштибоҳе рух додааст, – гуфт ӯ. – Ман ба аксари онҳое, ки дар ин ҷо хок шудаанд, ошноӣ доштам. Тақрибан ҳамаашон дар синни пирӣ фавтидаанд».

– Ту муддати мадиде дар мусофират будӣ ва расми дар шаҳри мо мавҷударо фаромӯш кардӣ, – гуфт посбон дар посух. – Мутобиқи ин расм, танҳо лаҳзаҳое ба ҳисоби умр дохил мешаванд, ки инсон хушбахт ва қалби ӯ аз ғаму ғусса ва ташвишу изтироб озод будааст. Бақия ҳама гарду ғубор ва ҳангомаву гирудор аст.

Ин воқеаро ба ёд оварда, ғарқи фикру андеша шудам. Агар чунин расм дар мо вуҷуд дошт, пас кадом рақам дар рӯйи санги қабри ман ҳаккокӣ мешуд? Панҷ сол? Ва эҳтимол ҳамагӣ як сол? Зиндагию афкору умеду орзуҳоям бебаргашт ба саҳна, ки худро таслимаш карда будам, мутааллиқ буд.

Зиндагиам аз тамрин, намоиш, сафарҳои ҳунарӣ иборат буд… Аммо ҳаргиз аз худ суол накардаам, ки ман хушбахт ҳастам ё на. Ҳақиқатан дуруст фармудаанд: хушбахтӣ чун саломатист, агар мутаваҷҷеҳаш намешавӣ, пас он вуҷуд дорад. Магар ман хушбахт набудам, вақте таронаи зиндагии ман Тарона дар олами Худо пайдо шуд? Вақте баъд аз нахустнамоиши «Шоҳ Лир», ки нақши асосиро бозӣ мекардам, ҳамроҳи тамошобинон ҳам дастаи машшоқону овозхонон, ҳам коргарони саҳна ва ҳам дарбонон кафкӯбӣ карданд…

Вале худро муқаддас башумор намеовардам. Дар зиндагиам зиёфатҳои пурсару садоро дӯст медоштам, ҳар лаҳзаро ба шодӣ мегузарондам. Дар ҷавонӣ маҳви бонувони қашангу зебо ҳам мешудам, ки дар натиҷа чандин дафъа муҷиби дарду азоб кашидани қалби наҷиби Амали азизам шудам. Вале барои ман пинҳон аст заъфу васвасаҳои инсонӣ, аз ин рӯ аз онҳо таассуф намехӯрам.

Дар зиндагиам ҳодисоте низ иттифоқ афтодаанд, ки баъдан аз онҳо шармам меомад ва бидуни шоҳиде ва ҳатто ҳоло, баъд аз марг ҳам, эҳсоси нороҳатии виҷдон мекунам.

Ёдам ҳаст, чанд сол қабл, чунон ағлаб чунин мешавад, миёни яке аз драмнависони боистеъдоду роҳбари воломақоме ихтилоф доман густард. Таъқиби бераҳмонаи драмнависи маъзул шуруъ шуд. Аз репертуари мо ҳамаи намоишномаҳои ӯ, ки мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифта буданд, хориҷ карда шуданд. Саранҷом драмнавис сактаи дил шуд. Мо мефаҳмидем, ки ин бераҳмонаю ғайриодилона аст, вале ҳама, аз ҷумла ман ҳам, аз нигоҳҳои якдигар хиҷолатзада гурехта, хомӯшӣ гузидем.

Ба назарам, агар имкон мебуд, дар он сурат бисёре аз одамон, эҳтимол зиндагии худро аз нав дигаргун месохтанд, иштибоҳоти замоне содиркардаашонро ислоҳ менамуданд. Аммо матлаб ҳам сари он аст, ки зиндагӣ барои инсон як бор муяссар мегардад, аз ин рӯ бо истифодаи таърихи моқабл дар он чизеро тағйир додан имконнопазир аст. Мусалламан метавон ба масҷид рафт, омурзиши гуноҳон хост, изҳори пушаймонӣ карду қурбонӣ, вале оё ин ба таври ҳамешагӣ оромию осудагии хотирро фароҳам меоварад, виҷдони нороҳатро аз дарду ранҷ халос карда метавонад? Ғайримунтазира гӯё фикри ба назар омада, ба суроғам омад: хушбахт шахсест, ки бо дили ором зиндагиро падруд мегӯяд ва метавонад шарофатмандона ба чашмони Худо назар андозад.

Занҳои навҳагари каме сукуткарда боз бо садои баланд ба нола мепардохтанд. Дар миёни бонувони навҳасаро Таронаро ошкоро пеши назар овардам. Саропояш сияҳпӯш аст, асари ғаму андӯҳи амиқ дар чеҳраи зебою рангпаридааш аксандоз аст. Дақиқан мисли он рӯз, ки модарашро ба хок месупурданд, Тарона нигоҳи беруҳашро ба нуқтаи дурдасте дӯхта ва таконе нахӯрда, нишастааст. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Беҳтар мебуд, агар зор-зор гиря мекард, гиря ҳамеша таскин мебахшад.

Ману Амал бисёр мехостем, ки Тарона ҳунарпеша шавад, дар саҳна бозӣ кунад. Дар бачагӣ вай бо камоли майл дар ҳамаи намоишномаҳои мактаб ширкат меварзид. Ҳанӯз ҳамон вақт дида мешуд, ки барои ҳунарпешаи хуби драма шудан вай ҳамаи мушаххасоти лозимаро дорост: нигоҳи ифодакунандаи ҳаяҷоноти ботинӣ, садои мутаассир, самимияти маҷзубкунанда. Аммо Тарона ба синни балоғат расиду тасмими худро гирифт. Ман, гуфт, зиндагии шумо ва модарамро зиёд мушоҳида кардам. Музди коратон барои зиндагиатон кифоят намекунад. Ҳамеша қарздоред. Агар ҳунарпеша иҷрои нақшеро бар уҳда дошта бошад, хуб аст, вагарна ба мавҷуди нимгурусна табдил мешавад.

Аҷаб, вале ману ҳамсарам он вақт эътирозе карда натавонистем, ҳатто каме дастпоча ҳам шудем. Дар муқобили далелҳои духтари кордону мустақиламон оҷиз мондем. Чи чора, дар гуфтаҳои вай каме ҳақиқат буд. Тамринот дар театр ҳамарӯза сурат мегирифтанд, маъмулан ба хона дер бармегаштем. Саргарми давандагию гирудор шуда, баъзе вақтҳо хӯрок хӯрданро аз ёд мебурдем, вале бар ивази он пурсамару боҳарорат кор мекардем. Барои дар зиндагӣ ба чизе муваффақ шудан инсон бояд ба таври ногузир ба маҳдудиятҳое таслим шавад. Аз ин рӯ, ба ман ҳам лозим омад аз бисёр чизҳо сарфи назар бикунам. Лекин аз чизе афсус намехӯрам. Илова бар ин, то кунун бароям ранҷовар аст, ки Тарона тамоюли худро саркӯбу аз шуғли ҳунарпешагӣ сарфи назар кард.

Ногаҳон майли ба ҳузури ӯ рафтану меҳрубонона ба сараш дасти навозиш кашидан дар ман боло гирифт, ки дар собиқ, вақте Тарона ҳанӯз хурдак буд, ин амалро анҷом медодам. Аммо худи ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки ин амал дигар имкон надорад. Ман фавтидаам ва ин ҳама навҳахониҳо барои банда аст.

Ва дар ҳар ҳол эҳтимол ин фақат хоби гарон бошаду бас? Ё аз таваҳуммест, ки аз хастагии асаб гиребонгирам шудаст? Ва боз нигоҳам бидуни ихтиёр ба он ҷо, ба ҷое, ки тобут қарор дошту ҷисми беҳисси ман дар он хобида буд, дӯхта шуд. Дар атрофи тобут одамон издиҳом карда буданд. Ман базудӣ дар миёни издиҳом саркоргардонамонро дидам. Форсо Ҷамолзодаи болобаланд, лоғарандому номавзун бо мӯйи сафеди анбӯҳи жӯлида абрӯвонашро боло бардошт, мисли ин ки ба дуриҳои номаълум нигарист ё ба садои дурдасте гӯш медод, истода буд.

Ногаҳон эҳсоси ташвишу нороҳатии сабуке кардам. Имрон куҷост? Чаро барои бо ман видоъ кардан наомад? Воқеан ҳанӯз ҳам озурдагиашро нисбат ба ман дар гӯшае дар дилаш маҳфуз доштааст?

Дар ин лаҳза дар миёни издиҳом андаке ошуфтагӣ рух дод. Яке мардум канор зада, ба тарафи тобут омад. Оре, ин вай, Имрон Фахрӣ буд. Мисли ҳамеша либоси шику покиза ба тан дошту мӯйи сараш софу шоназада буд. Ин одам ба зоҳири худ аҳаммияти фавқулода медод. Ӯ ба тобут хеле наздик шуду дастонашро ба пеш ёзонида, мисли ин ки манро дар оғӯш мекашида бошад, дар ҳамин ҳолат сари ҷояш мехкӯб шуд.

– Дӯсти гиромиам, Сафдар! – бо садои баланд гуфт ӯ дар сукути домангустарда, истод, сарро ба ақиб бурд ва думболи нутқи таъсирангезашро гирифт. Аз ҷумла изҳор дошт, ки театр хонаи мо ба шумор меравад ва дар ҳар куҷо бошем ҳам, ба сӯйи он мешитобем, ин хонаест, ки моро гарм мекунаду ба мо ҳарорат мебахшад. Ва дар ин хона дар зарфи солиёни зиёд таниндортарин оҳанг, гаронбаҳотарин санг, равшантарин нур Сафдар Баҳромӣ буд.

Ман нутқи саритобутии ӯро роҷеъ ба худам шунида, ба гӯшҳоям бовар накардам. Воқеан ин ҳамаро Имрон самимона мегӯяд? На, фавқулода зеби театр буд нутқи ӯ. Гӯё нақшеро иҷро мекард дар саҳна. Эҳ, Имрон, Имрон. Оё зиндагӣ чизе бароят меомӯзад? Дар ҳар ҳол чи қадр аҷиб аст ҷаҳони ботини инсон, дар он ағлаб ҳам хубу ҳам бад созиш менамоянд. Шарру хайр, чун шодию изтироб, ҳамсоягӣ мекунанд.

Ману Имрон Фахрӣ ҳаргиз бо ҳам дӯст набудем. Баръакс бисёриҳо мойил буданд моро рақиби ҳамдигар ҳисоб кунанд. Шахсан банда нисбат ба ӯ мухолифате надоштам. Вале Имрон чунин набуд. Вайро гӯё неруҳои заминӣ, яъне шавқи ҳаваси аҳриманӣ пора-пора мекарданд. Ҳунарпешаи бисёр хуб, вале дар айни замон одами фавқулода шуҳратпарасту ҳасуд низ буд. Вай тахаллуси худро ҳам аз рӯйи такаббуре, ки дар вуҷудаш маъво дошт, интихоб намуда буд.

Маълум нест, ки ба чи иллате Имрон аз ман нафрат дошт ва ҳамеша дар ғайбам дашномам медод. Вале ҳар дафъа чун ба ҳам дучор меомадем, оғӯшашро васеъ боз мекарду бо ваҷд бонг мезад: «Истеъдод! Бориқаи Худо! Шумо ифтихори театри мо ҳастед!»

Мегуфтанд, ки Имрон ағлаб аз хидмати гурӯҳи одамоне, ки барои бомуваффақият анҷом гирифтани намоишнома кафкӯбиҳои шӯрангез мекарданду барои ба нокомӣ дучор шудани он ҳуштак мекашиданду доду фарёдҳо ба роҳ меандохтанд, истифода мекард. Вале ман ба ин гуфта чандон бовар намекардам. Аз куҷо ин қадр пул пайдо мекунад ҳунарпешае, ки муздаш ночиз аст? Аз ҷониби дигар, инсоне, ки худро эҳтиром мекунад, магар ба чунин разолат тан дармедиҳад. Вале Аёз, вақте боре роҷеъ ба ин масъала суҳбат шуд, ба таври пурмаънӣ гуфт: «Рӯдакиҳою Мотсартҳо на дар ҳама асру замон ба дунё меоянд, аммо Абузироа ва Салерӣ дар тамоми асру замонҳо будаанд. Онҳо имрӯз ҳам ҳастанд».

Боре ману Аёз дар табақаи дуввум вориди буфетамон шудем, ҷое, ки дӯст медоштем бо нӯшидани қаҳва ё қадаҳе шароби ноб вақтро гузаронем. Пушти мизи тахта чанд нафар истода буданд, аксарияти онон ҳунарпешаҳои ҷавоне ба шумор мерафтанд, ки чанд муддат пеш дар театри мо ба кор пардохта буданд. Онҳо бо таваҷҷуҳи эҳтиромомез, чунонки маъмулан тозабакоромадаҳо бо ҳунарпешаҳои гаронмоя рафтор мекунанд, ба ҳарфҳои Имрон Фахрӣ, ки бо қиёфаи асроромез чизеро бо ҳарорат ба эшон собит карданӣ мешуд, гӯш медоданд. Ӯ пушт ба тарафи мо меистод, аз ин хотир моро намедид. Вақте мо наздик шудем, шунидам, ки мегуфт:

– Бовар кунед, ҳар яки шумо сарнавишти беҳтару зиндагии осудаю оромро шоистаед. Лекин Ҷамолзода диктатор аст, ки ба касе эътино намекунад. Вале ҳунарпешаҳоро ба худиҳою бегонаҳо қисмат мекунад. Беҳтарин нақшҳо, унвонҳо ва ҷоизаро ба худиҳо медиҳад. Аммо шумо чӣ, инсонҳои бад ҳастед магар? Ва ё шумо аз ғурур бенасиб ҳастед? Чӣ қадр ин зиндагии таҳаммулнопазиру малоловар давом хоҳад кард?! Банда пешниҳод мекунам, ки нисбат ба саркоргардон адами эътимод эълом карда шавад.

Имрон ёвагӯӣ мекард. Форсо Ҷамолзода коргардони худодод буд ва кори худро фавқулода дӯст медошт. Дар зиндагӣ пирӯзиҳои зиёде насибаш шуда ва ӯ аз онҳо ифтихор мекард. Вай театри худро ба вуҷуд овард ва дар симои ҳар ҳунарпеша ҳамақидаи худро дидан мехост. Форсо ба дарки фалсафии ободиҳо мекӯшид ва дар намоишномаҳои ӯ тамошобинон бо эҳсосоти умумӣ, чун муаллифони намоиш, худ низ эҷодкунанда мешуданд. Намоишҳои ӯ дар худ ғаму ғусса ва суруру нишот ва изтиробу ҳузнро таҷассум месохтанд. Мунтақидон ағлаб аз ҳалли моҳиронаи бисёре аз низоу мухолифат дар саҳнаи театр мафтун мешуданд. Бахусус, таҳсиномез буд вокуниши эшон баъд аз намоиши «Шоҳ Лир». Ин фоҷиаи шахсест, ки дарк намудаст, дар ҷомеае, ки аҳаммияти инсон мутобиқи вазъи иҷтимоӣ ва миқёси мақому сарваташ муайян карда мешавад, ягон арзише надорад.

Ҳангоми тамринҳо Форсо, аз барои ҳар саҳна ба ташвиш афтода, худро ба ҳадди азхудрафтагӣ мерасонид. Вақте мо ҳам дар саҳна ҳар он чиро, ки дар дилаш мепарваронд, муҷассам карда наметавонистем, дард мекашид. Боре вақте бар асари тамрини зиёд рӯйи намоиши гӯё такмилшуда аз даступо афтода будему бегоҳӣ аз театр ба хона бармегаштем, ману Амал Фарсои хастаро ба манзиламон овардем. Ман як шиша коняк ба рӯйи дасторхон гузоштам.

– Тамом, бароям бас аст, – ҳиқ-ҳиқ кард Форсо ногаҳон. – Ба хотири чӣ ранҷу азоб мекашам! Берун аз чаҳордевори театр ҳам як тикка нонамро пайдо карда метавонам.

Вале мо хеле хуб мефаҳмидем, ки берун аз деворҳои театр бароямон зиндагии ҳақиқӣ муяссар нахоҳад шуд, балки фақат зиндагии бемақсад ба сар хоҳем бурд. Зимнан, дар ёд надорам, ки яке аз театр фирор карда бошад. Ба маҳзи вориди ин зиндагӣ шудан, он шуморо чунон дар худ печида мебарад, ки гӯё гирифтори ҷараёни шадиду тунду тезе шудаед.

Ба рӯзи баъд Форсои оқилу бетакаллуф ва ҷавонмард кулоҳи лабапаҳнашро бепарвоёна такон дода, бар тибқи маъмул ва дар айни ҳол бо шукӯҳу шавкат вориди театр шуд. Меҳрубонона хандиду бо итминон ба саҳна баромад, то маҳорати ҳунарпешаҳоро бо ҷиддияти доварона арзёбӣ бикунад.

Имрон садои қадамҳоро аз пушти сараш шунида, ба пас баргашту саросема чашм ба ҳам задан гирифт. Ман нигоҳи ғазаболудамро ба ӯ дӯхта, наздикаш шудаму як торсакӣ нисораш кардам.

Агар моро аз ҳам ҷудо намекарданд, намедонам фарҷоми ин қазия ба чӣ меанҷомид. Эҳтимол каси дигаре ҳаргиз бо ман ҳарф намезад, вале Имрон, мисли ин ки ҳодисае миёнамон рух надода бошад, ба ман рӯ ба рӯ шудан замон боз хитоб кард: «О, Сафдар! Ифтихори театри мо!»

Замон мегузашт. Занҳо ҳанӯз ҳам навҳасароӣ мекарданд. Одамон меомаданду мерафтанд. Сипас барои чанд лаҳза сукути ғамангез ҳоким шуду баъд аз он боз ҳам издиҳом ба ҷунбишу садо даромад ва ман фаҳмидам, ки ҳоло ҳодисае ба вуқуъ хоҳад пайваст. Воқеан ҳам, чанд нафар тобутро бардоштанду аз як даст ба дасти дигар дода зуд ба ҳаракат даромаданд. Манро ногаҳон ҳаяҷон гиребонгир шуд. Ёдам омад, ки имрӯз дар театри мо намоиш аст. Ва дар он банда ҳам нақши худро бояд иҷро бикунам. Бигузор нақши асосӣ не, нақши фаръӣ бошад, вале ман ҳаргиз нақшҳоро ба бузургу кӯчак тақсим накардаам. Бароям ҳамаи онҳо ба таври яксон муҳим будаанд…

«Истед! Таваққуф кунед!» – хостам фарёд кунам ман. – Мехоҳам ба театр биравам. Имрӯз намоиш дорам. Оё медонед, ки барои ҳунарпеша ин чӣ маъно дорад?!»

Вале худи ҳамон лаҳза, вақте дарк кардам, ки ман акнун ба дунёи дигар кӯч бастаам ва танамро ба қабристон, ба ҷое, ки замин хонаи падарӣ мешавад, интиқол медиҳанд, иштибоҳамро фаҳмидам. Дигар ба ҷое шитоб карданам лозим нест. Чархи зиндагиам як даври комилро сабт кард. Ҳар чиро фурсат даст дод, анҷом додам. Нақши охиринамро эҳтимол Аёз бозӣ кунад. Рост аст, ки бидуни омодагии қаблӣ ин мушкил аст, аммо боке нест. Аёз дар театр одами якрӯза нест. Ҳамааш хуб мешавад. Зиндагӣ бо суръати худ пеш хоҳад рафт… Дилам танг шуд.

Дар ин вақт эҳсос намудам, ки чи тавр яке манро аз китфам такон медиҳад. Оре, ман боз аз вуҷуди тани худ пай бурдам, ҳарорати дасти касеро эҳсос намудам. Чунонки мегӯянд, ҳама дарвозаҳои қалъа боз буданд.

– Падарҷон, бархезед! Бархезед… Магар фаромӯш кардед, ки имрӯз рӯзи мавлудатон аст? Меҳмонон меоянд, вале шумо ҳанӯз ҳам хобидаед.

Чашмонамро боз кардаму Таронаро бо дастаи гулҳо дидам.

– Падарҷон, бо синни паёмбар табрик мекунам! – гуфт Тарона ва меҳрубонона манро бӯсид.

Аз русӣ тарҷумаи Азимқул Насимов

Дигар хабарҳо