• 07.04.2025

Макун зи ғусса шикоят…

 Макун зи ғусса шикоят…

?????????????????????????????????????????????????????????

Ба истиқболи 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ

Дар қаламрави шеъри асримиёнагии форсии тоҷикӣ Ҳофизи Шерозӣ аз зум­раи суханваронест, ки перомуни ашъору мақому мартабаи суханварияш сухан­шиносону муҳаққиқон ба таври мухта­лиф изҳори назар кардаанд ва аз ҷониби шореҳону муфассирон низ шарҳҳои гуногуне оид ба ғазалиёти ӯ рӯйи кор омадаанд. Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон то кунун шарҳе бар ғазалиёти Ҳофиз вуҷуд надорад, аммо мардум ҳар яке вобаста ба савияи маърифату бардошти худ мазмуни ашъори ӯро шарҳ медиҳад ва лаззат мебарад. Вале ҷойи зикр аст, ки дар маҷмуъ мардуми тоҷик ба ашъори Ҳофиз аз равзанаи зуҳду тақво ва ир­фону тасаввуф бештар назар мекунад ва кӯшиш менамояд, то ҳамаи вожа ва таъбироти ин шоири лисонулғайбро ба истилоҳу мафҳумҳои ирфонӣ рабт диҳад ва таъвилу таъбир созад, ки дар асл ин тавр нест.

Дар қиёс бо ҳамаи суханварони дига­ри адабиёти гузашта фазилати бузурги Ҳофиз дар андешаи волои ӯст ва агар маънии фалсафа андеша кардан ва пай бурдан ба ҳақиқати ҳар чизе фаҳмида шавад, бе тардид Ҳофиз файласуфи бузург аст. Яъне шоири мутафаккирест, ки андешаҳояш гиреҳкушои муаммои зиндагӣ ва мушкилосонкуни душвориҳои ҳаёти инсонӣ метавонанд қарор гиранд.

Дар фалсафаи сухани Ҳофиз яъсу ноумедӣ, гӯшанишинию аз дунёи воқеӣ дил кандан, олами имконро нодида гирифтану саодати инсониро дар олами дигар ҷустан вуҷуд надорад.

Ҳофиз ринди ворастаест, ки ба пояе аз фаҳму бузургманишию озодагӣ расидааст ва чизе домани озодагию шаҳомати ӯро олуда намесозад. Ӯ аз ҳеҷ пешомаде ҳарос надорад ва чун кӯҳ устувор, монанди дарё жарф, ба сони шер хурӯшону сарафроз ва чун шоҳин баландпарвоз аст ва ҳамеша бо фурӯ­моягӣ дар набард мебошаду пеши касе сар фурӯ намеорад.

Вожаи ринд дар ашъори Хоҷа Ҳофиз хеле серистеъмол аст ва то ба имрӯз сари ҳар қадам дӯстдорони шеър аз мо суол карда, маънии онро мепурсанд.

Ринд дар луғатҳову фарҳангҳо ба таври гуногун шарҳу тавзеҳ дода шуда, бештар ба маънои ҳуққабоз, авбош, ҳиллагар, зирак, бебок, бебандубор омадааст. Маънои орифонаи ринд ҳушёр, зирак, корогоҳ, покбоз, некбин, ошиқ, меҳрварз, роздон, роздор, пойдор, бебок, бениёз, озода, баландназар, баландҳиммат, кӯшо, ҷӯё, ҳунарманд, сархуш мебошад. Оид ба ҳар яке аз ма­онии мазкур аз ашъори Ҳофиз метавон мисолҳои фаровоне овард. Аммо бояд зикр кард, ки дар бештари маврид Ҳофиз аз равзанаи ишқ бар воизу муфтӣ, шайху муҳтасиб, ки танҳо зоҳирро мебинанду аз рози ҳастӣ бехабаранд, вожаи риндро ба кор мебарад:

Рози даруни парда зи риндони маст пурс,
К-ин ҳол нест зоҳиди олимақомро.

***

Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми чу туе
Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад монд.

***

Зоҳид ар роҳ ба риндӣ набарад, маъзур аст,
Ишқ корест, ки мавқуфи ҳидоят бошад.

Ҳофиз осоиши инсону хуррамии ҷаҳонро дар шодию хушнудӣ, озодмани­шию ҷамъияти хотир, кору кӯшиш, тавонгарию нерӯмандӣ мебинад. Ҳар омиле, ки инсонро аз кору кӯшиш бозмедорад, нописанд аст, зеро ғаму андӯҳ равони одамиро коҳиш медиҳад ва нерӯву та­воноиро аз ӯ бозмеситонад. Ғояи шеъри Ҳофиз инсонро ба тавоноию муассирӣ, кӯшишу талаб, меҳрварзию некӯӣ, рост­гӯию беозорӣ, баландҳимматӣ, бениё­зию озодӣ роҳнамун месозад.

Яке аз мавзуъҳои марказии мун­дариҷаи ашъори Ҳофиз тавоноӣ аст. Табиист, ки поёни зиндагии инсон марг аст, аммо то даме, ки ӯ зинда аст, бояд зиндагонӣ кунад. То даме, ки зиндаӣ, кореро анҷом деҳ ва қудрату тавоноиро ғанимат шумар. Бими марг инсонро аз кӯшишу талош бозмедорад:

Чу дар рӯйи замин бошӣ, тавоноӣ ғанимат дон,
Ки даврон нотавониҳо басе зери замин дорад.

Агар инсон қадри вақт нашиносаду коре накунад, дар биёбони фано гум мешавад:

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз.

Дигар аз мавзуоти меҳварии ашъо­ри Ҳофиз маҳкум кардани гилаву шикоят аз рӯзгор аст. Назарияи дунё­бадбинӣ ва шикоят аз зиндагӣ яке аз мавзуотест, ки дар шеъри классикии мо доманаи густарда дорад, хосса дар рубоиёти Умари Хайём. Дар рубоиёти Умари Хайём воситаи таскинбахш барои раҳоӣ аз нобасомонӣ ва муаммоҳои зин­дагӣ майи гуворо интихоб гардидааст, ки лаҳзае ҳам бошад, аз таъсири он инсон мушкилоти хилқат ва муаммоҳои ҳаётро фаромӯш месозад. Аммо ин роҳ ҳаргиз мушкилеро ҳал намесозад. Зеро шикояту мустамандӣ заминаеро барои заифию забунӣ фароҳам меорад ва руҳи одамиро хурдаву афсурда менамояд. Аз гилаву шикоят ва эътироз гиреҳе аз муаммоҳои зиндагӣ кушода намешавад ва гӯши рӯзгор аз шунидани он кар аст.

Ҳофиз шикояту гила карданро аз мушкилоти ҳаёт нишони нотавонӣ ва беимонӣ медонад ва хуб медонад, ки хостан тавонистан аст:

Макун зи ғусса шикоят, ки дар тариқи талаб
Ба роҳате нарасид, он ки заҳмате накашид.

Ӯ дар муқобили мушкилоте, ки инсон­ро дар зиндагӣ пеш меояд, гиреҳкушои­ро талқин месозад:

Чу ғунча гарчи фурӯбастагист кори ҷаҳон,
Ту ҳамчу боди баҳорӣ гиреҳкушо мебош.

Ҳофизи Шерозиро метавон аз сухан­варони шодхора дар паҳнаи адабиёти форсии тоҷикӣ ба ҳисоб овард, зеро ӯ чун шоири хушбин ҳамеша ба некиҳо назар дорад ва барои инсон бадбинию бадгӯӣ, дурӯғу ситаму озор, кинаву ҳа­садро бузургтарин душман меҳисобад:

Манам, ки шуҳраи шаҳрам ба ишқ варзидан,
Манам, ки дида наёлудаам ба бад дидан.

Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,
Ки дар тариқати мо кофарист ранҷидан.

Ӯ дар шеъраш зебоиҳои оламро ба мардум намоиш медиҳад ва ҳастиро аз он чи ҳаст, зеботар ҷилвагар месозад ва дар муқобили зоҳидону воизоне, ки бо мавъизаву насиҳатҳои омехта бо риёву солусу сиёҳдилӣ ҷаҳонро дар назари мардум зишту қабеҳ нишон медиҳанд, айбҷӯиро камоли нобакорӣ медонад:

Камоли сирри муҳаббат бибин, на нақси гуноҳ,
Ки ҳар ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад.

Дар ғазале бо радифи «Накунем» Ҳофиз мавқеи иҷтимоӣ ва ахлоқии худро сари масъалаи мазкур хеле барҷаста ифода кардааст:

Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.

Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.

Хуш биронем ҷаҳон дар назари роҳравон,
Фикри аспи сияҳу зини муғаррақ накунем.

Дар шеъри Ҳофиз руҳи бениёзӣ ҷилваи хос дорад. Инсон ҳамон вақт баландназар, хушбин, пойдор, устувор, озодманиш, меҳрубон, сарафроз мегардад, ки аз чоплусию тамаъ, риёву дурӯғгӯӣ орӣ бошад, зеро ҳамаи хислатҳои разила аз ниёзу эҳтиёҷ маншаъ мегиранд:

Баҳуш бош, ки ҳангоми боди истиғно,
Ҳазор хирмани тоат ба ним ҷав нахаранд.

Ҳарисию озмандӣ инсонро хор ме­созад, зеро хорӣ зи тамаъ хезаду иззат зи қаноат:

Чу Ҳофиз дар қаноат кӯшу аз дунони дун бигзар,
Ки як ҷав миннати дунон дусад ман зар намеарзад.

Шукуҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар он дарҷ аст,
Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.

***

Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.

***

Ганҷу зар гар набувад, кунҷи қаноат боқист,
Он ки он дод ба шоҳон, ба гадоён ин дод.

Муҳимтарин ҷанбаи мундариҷавии ашъори Ҳофизро тараннуми шодию ни­шот, хуш гузаронидани вақт, хушҳолию сарфарозӣ, фароғати хотир, болидагии руҳ, сарҷамъию осоиштагӣ ташкил медиҳад. Табиист, ки пас аз ҳар гуна шодиву нишот ғаму андӯҳу азову мотам пеш меояд. Ба қавли Хоқонӣ, «Оре, чӣ аҷаб дорӣ, к-андар чамани гетӣ, Чуғз аст пайи булбул, навҳа-ст пайи алҳон». Нерӯи тани инсон аз хурсандию нишот қувват мегирад ва навҳаю азою мотам неруи тану равонро коҳиш медиҳад. Дар ҳар кишваре, ки ғаму андӯҳ ҳукмрон бошад, он ҷо пешравӣ нест. Вазифаи адибу суханвар ғаму андӯҳу ранҷу дарду азову мотамро калон карда нишон додан нест. Зеро ғампароканӣ ва иф­шои пайвастаи фоҷиаҳои инсонӣ ба дунёбезорию дилмондагӣ ва ноумедӣ оварда мерасонад. Поя ва мояи зиндагонӣ шодию сархушӣ аст. Сухани шоири асил бояд таскинбахши ғаму андӯҳ, дарду азои мардум бошад:

Ҳофизо, чун ғаму шодии ҷаҳон даргузаранд,
Беҳтар он аст, ки ман хотири худ хуш дорам.

Ҳофиз барои мардум зиндагии хушҳолонаро мехоҳад. Дар муқобили панду мавъизаҳои зоҳидону руҳониёне, ки бо андарзҳои худ ин ҷаҳонро дар назари мардум сард нишон медиҳанду саодати абадиро дар он дунё мебинанд, сухани Ҳофиз монанди нӯшдоруест, ки заҳри дар натиҷаи талқиноти пайвастаи руҳониён ҷамъшударо дар вуҷуди инсонҳо бояд бадар намояд:

Кунун, ки медамад аз бӯстон насими биҳишт,
Ману шароби фараҳбахшу ёри ҳурсиришт.

Чаман ҳикояти урдубиҳишт мегӯяд,
На оқил аст, ки нася хариду нақд биҳишт.

Шеваи баёни Ҳофиз хеле бепар­воёна ва ошкорост, вале шореҳон дар шарҳу тафсири он барои ҳар як маъни­яш садҳо маънии дигарро бароварда болояш изофа кардаанд, ки дар асл ҳеҷ муносибате ба мазмуну ғояи шеъри ӯ надоранд. Сухани ӯ ягон печидагие на­дорад. Масалан, дар иқтибосе, ки овар­да шуд, маънии воқеӣ рӯйи мисраъҳо хобидааст ва ниёз ба ягон таъвили дигар надорад. Ин ҷо, албатта, мазмунҳои ирфонии ӯро сарфи назар мекунем, ки дар ғазалиёташ ҷой доранд.

Даме бо ғам ба сар бурдан, ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифрӯш далқи мо, к-аз ин хуштар намеарзад.

                              ***

Ман тарки ишқу шоҳиду соғар намекунам,
Сад бор тавба кардаму дигар намекунам.

Боғи биҳишту сояи тубиву қасри ҳур,
Бо хоки кӯи дӯст баробар намекунам.

                               ***

Ало, эй тойири давлат, ки қадри вақт медонӣ,
Гуворо бодат ин ишрат, ки дорӣ рӯзгоре хуш.

Хулоса, аз он ҷо, ки шеъри Ҳофиз ҳама «байтулғазали маърифат аст», моро лозим меояд, ки дар заминаи мавзуъҳои матраҳгардида, ки саодату хушбахтии инсонро дар олами ҳастӣ на­тиҷаи заҳмату кӯшиш, талаб, озодагию сарфарозӣ ва нишоту бениёзӣ қаламдод кардааст, таҳқиқот анҷом диҳем, то чеҳраи воқеии ин шоири лисонулғайб ва мазмуну ғояи аслии сурудаҳои ӯро барои хонандаи тоҷик дар мисоли шавоҳиди шеърии мушаххас муаррифӣ намоем, то ҷанбаи қавии иҷтимоии ашъори ин шои­ри шаҳир ошкор ва нақши ӯ дар тарбияи завқ, ҷаҳонбинӣ ва афкори созандаи бани башар таъйин гардад.

Боймурод ШАРИФЗОДА

Дигар хабарҳо