МАКТАБИ ҲУВИЯТСОЗӢ
Ҳувияти миллӣ ва масъалаҳои марбут ба он дар ҳама давру замон барои миллати тоҷик аз аркони сарнавиштсоз маҳсуб мешаванд. Зеро таҳаввулоти миллию сиёсии ҷаҳон минтақаи Осиёи Марказиро, ки зодбуми хуршедии миллати тоҷик мебошад, ҳамеша дар муомилоти геополитикӣ қарор додааст ва гоҳе ин вазъ манфиатҳои миллии тоҷиконро хатчадор месозад. Аммо дар ҳар маврид шахсиятҳои миллатдӯсту ватанпарвар бо ташкили ҳаракатҳои миллию фарҳангӣ аз манфиатҳои таърихии тоҷикон дифоъ намуда, чун фарзандони содиқи миллат алами ҳақиқатро баланд бардоштаанд.
Таърихи халқи тоҷик доир ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сиёсию ҳувиятӣ корномаҳои зиёд сабт кардааст, вале як шоҳкоре, ки дар аввали садаи 20 ва дар замони ҳокимияти амирони манғит дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ анҷом шудааст, таъсиси мактаби рӯзноманигории тоҷикон мебошад, ки то имрӯз ҷомеаи мо аз ин корнома ба таври шоиста огаҳӣ надорад. Ин шоҳкори мафкурасоз, бешубҳа, ташкил ва нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аст, ки дар баробари монеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ рӯи кор оварда шуда, сипари ҳифозати манфиатҳои миллии тоҷикон гардидааст.
Вақте бо гузашти беш аз 112 сол шумораҳои парокандаи ин нашрияро аз маъхазҳо пайдо мекунем ва саҳифаҳои зардгаштаи онро мутолеа менамоем, равшан мегардад, ки «Бухорои шариф» натанҳо як рӯзнома, балки минбари муҳим дар расонидани каломи ҳақ, як мактаби муассир дар ташаккули афкори миллӣ ва як боргоҳи азим дар дифоъ аз ҳувияти тоҷикӣ будааст.
Рӯзномаи «Бухорои шариф», ки ҳамасола дар арафаи Иди матбуот номи он расонаӣ мешавад, дар замони худ, ки ба авҷу иқтидори хонадони манғит марбут аст, дар саргаҳи мафкурасозӣ қарор дошт. Нашрия дар муҳити сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна, ки печидаву ғӯтида ба расму оинҳои бебунёд ва анъанаҳои хурофотпарастона буд, бо нашри ахбору гузоришҳо навгониҳои ҷаҳони мутамаддинро ба мардум муаррифӣ менамуд.
Дар шароити пасти маънавие, ки дар Аморати Бухоро шакл дода шуда буд, мардум таҳти афкори хурофотӣ бар он бовар буданд, ки рӯзномаро хондан бидъат аст. Дар чунин шароит кормандони «Бухорои шариф» бо чопи андешаҳои тараққипарварона мушкилоти аморат ва ҷомеаи мазҳабии онро бозтоб медоданд, фикри навро ба мардум пешкаш, таҳаввулоти сиёсии ҷаҳонро инъикос ва тафаккури шахшудаи зимомдоронро мазаммат мекарданд. Ба ин васила андешаҳои солимро, ки бархоста аз арзишҳои неки фарҳангӣ, воқеиятҳои илмӣ ва аз пешрафти ҷаҳонӣ буд, тавзеҳ менамуданд.
Саромадони ин нашрияи мафкурасоз барои густариши афкори худ аз тамоми василаҳои ибрози андеша – жанрҳои публитсистию адабӣ: хабар, гузориш, мусоҳиба, мақола, мактуб, шеър (ашъори дорои хусусияти навгароёна), лавҳа ва ҳикояҳо истифода намуда, ҳар саҳифаи нашрияро бо назардошти манфиати зеҳнии миллат пур мекарданд.
Бояд таъкид кард, ки «Бухорои шариф» аз аввал бо иродаи навгӯӣ рӯи нашр омада, бо аҳдофи маорифпарварона менавишт: «Саҳафоти рӯзномаи мо ба ҷиҳати таҳрироти илмияву адабияву фанния ва билъумум ба мақолоти нофеъ боз аст, мақолоти муғоира бо маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳанд гардид». Ин таъкид дар шиносномаи рӯзнома дарҷ гардида, ҳам марому мақсад ва ҳам мавқеи нашрияро доир ба афкори навин ва дар ростои тафаккури ҷомондаи вақт гӯшзад кардааст.
Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки нахустрӯзномаи тоҷикӣ дар шароити мураккаб, ки аз як сӯ сиёсати ғасбкоронаи Русияи подшоҳӣ ва аз ҷониби дигар шовинизми пантуркӣ рӯи афкори миллат таҳмил мегардид, ба табъ расонда шуд. Ин ҷараёнҳои махуф дар муҳити фарҳангу тамаддуни миллии мо бар зидди манофеи таърихии тоҷикон кор мекарданд. Ин равандҳо дар шароите, ки ҳукумати манғит барои идомаи салтанати худ мардумро дар рукуди зеҳнӣ, дастнорасӣ ба донишҳои муосир ва фақр нигоҳ медошт, боз ҳам вусъат меёфтанд.
Ҳокимони вақт бо сабабҳои нотавонии сиёсӣ, рушди фасоди молӣ, ихтилофоти дохилидарборӣ, ақибмондагии зеҳнӣ, вобаста шудан ба идораҳои молии Русия ва Туркияи вақт танзими амиқи ин ду раванд – шовинизми пантуркӣ ва ғасбкории русиро аз даст дода буданд. Ҳукумати аморат ба навандешии ҷамъият мухолиф буд ва бар зидди афкори навин ва шахсиятҳои андешаманду дорои мафкураи муосир иқдом мекард. Навгароёнро бо таассуб «кофиру баддин» гуфта, авомро бар зидди равшанфикрон мешӯрониданд.
Стратегияи ҳукумат дур кардани навандешон аз марказҳо буд, то ба ҷомеа таъсири зеҳнӣ нарасонанд. Дар ин ҷода усули вобастасозиро пеша карда, саромадони фикриро ба сифати қозӣ ё андозчӣ ба туманҳо равон намуда, ба дом мегирифтанд. Иддаи дигарро, ки ба афкори худ пойбанд буданд, бо дасти авом ба қатл мерасониданд. Ин сиёсати харобкорона то охирин лаҳзаҳои ҳаёти ҳукумати аморат идома дошта, нухбагони фарҳангии тоҷик гирифтори ин сиёсат шудаанд. Чуноне, Мирзо Ҳайит Саҳбои Вобкандии Бухороӣ (1850-1918) низ ба ин дом афтод ва дар Қубодиён ин шоири равшангаро бо фатвои “ҷадидӣ” ба таври фоҷеавӣ ба қатл расидааст (Раҳими Мусулмониён, “Ойинаи Қубодиён”). Яъне, ҳукумати манғит дар ягон маврид аз афкори миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва шахсиятҳои илмӣ пуштибонӣ намекард. Баракс, пеши роҳи падидаҳои навин бо ҳар фатво гирифта мешуд. Рӯҳониёни ҷоҳталаб ҳар касеро, ки нашрияҳои давриро мутолеа мекард, бо муҳри таассуб «кофиру муртад» ҳукм мекарданд. Ниҳодҳои давлатӣ бо маълумоти намояндагии Русияи подшоҳӣ навгароёнро ҷустуҷӯ ва бозпурсӣ менамуданд.
Таблиғоти пантуркизм аз тариқи тоҷирон, тарҷумонҳои идораҳои сиёсию ҳарбӣ ва матбуоти пантуркистӣ бар алайҳи манофеи миллии тоҷикон роҳандозӣ мешуд. Ин таблиғот рӯи таъриху фарҳанг, забону адабиёт ва ғуруру номуси миллат равона шуда, болои зеҳни мардум ҳамл мегардид. Пантуркистон дар ибтидо салтанатҳои худро тамҷид, барпокунандагони хилофати Умар ва ҳомиёни дину мазҳаб мешумориданд. Дар ин замина, таърихро бешармона таҳриф ва аз тариқи нашрияҳо бо ҳисси баланди миллатгароӣ ба тавҳини тоҷикон роҳ медоданд. Вале дар ростои ин дасисаҳои тоҷикситезона амалдорони Аморат ва руҳонияти вақт, ки сиёсати “иннамал муъмину ихва” дар дасташон буд, хомӯшӣ ихтиёр карда буданд.
Дар чунин як шароити мураккаб шахсиятҳои барҷаставу миллатпарвар, ба мисли Мирзо Муҳиддин Мансурзода, Мирзо Сироҷи Ҳаким ва даҳҳо нафари дигар зимоми корро бар даст гирифта, аз тариқи муносибатҳои шахсию тиҷоратӣ ва дахолати намояндагии ҳукумати Русияи подшоҳӣ дар Бухоро аз ҳукумати аморат иҷозаи нашри «Бухорои шариф»-ро ба даст овардаанд. Ҳарчанд машварати муассисон бо ҳукуматдорон масъалаҳои иқтисоду тиҷорат ва рушди соҳаҳои кишоварзӣ, зиёд кардани ашёи хом барои корхонаҳои Русия буд, вале нашрия бар асоси ғояҳои навоварӣ – рушди илму маориф, бунёди мактабу донишкадаҳои тахассусӣ, тараққии иқтисодиёт, сохту сози роҳи оҳан, радио-громофон, ҳавопаймоҳои мусофирбару ҷангӣ, таъсиси ширкатҳои тиҷоратию истеҳсолӣ, ташкили иттиҳодияҳои фарҳангӣ, хайриявӣ, нашри китобҳо, ҳамбастагии миллӣ, муқобилат бар зидди хурофотпарастӣ ва талош барои ҳифзи манфиатҳои миллиро нашр менамуд.
Муҳаррирони рӯзнома ин андешаҳоро дар ҳар як шумора ва бештари вақт дар сармақолаҳо нашр мекарданд. Дар ҳар маводи рӯзнома афкори нав, усули кору зиндагии муосир ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ бар мабнои асолати миллӣ бармало буд ва ҳувияти миллӣ дар ин мақолаҳо ҷӯш мезад. Муассисон барои татбиқи афкори худ рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва кормандони техникии рӯзномасозро аз хориҷи аморат даъват карданд, ки Мирзо Ҷалол Юсуфзода аз Озарбойҷон дар садри онҳо қарор дошт.
Ин иқдоми бузург, ки ҳадафи аслиаш хидматгузорӣ ба миллат мебошад, бештари вақт аз назарҳо пинҳон мемонад. Ин дар ҳолест, ки дар қиболи як низоми шовинистию хурофотзада нашр намудани рӯзнома ва он ҳам дар талоши дифоъ аз ҳувияти тоҷикӣ кори саҳл набуд. Дар ҳукумати манғит ягон санади ҳуқуқӣ ҷиҳати роҳандозии кори рӯзнома вуҷуд надошт. Ҳеч як ниҳоди давлатӣ дар ҳолати пайдо шудани зарурат аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дифоъ намекард. Вале тафаккури баланди миллӣ, муҳаббат ба халқу диёр шахсиятҳоеро чун Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки ҷаҳонро бо тамоми назокатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангияш медонистанд, ҷуръат мебахшид, то дар баробари монеаҳо устувор бошанд, сухани ҳақро нашр кунанд ва миллатро аз асолати таърихӣ воқиф созанд. Махсусан, Мирзо Сироҷи Ҳаким кори тиҷорату сиёсат, фарҳанг ва тибби муосирро хуб дарк намуда, дар кишварҳои аврупоӣ равандҳои тараққипарварона, муборизаҳои сиёсии интиҳои асри 19 ва ибтидои асри 20-ро шоҳид буд. Ӯ кӯшиш мекард, ки бо нигоштани мақолаҳо афкори мардумро ба маорифпарварӣ моил намояд.
Бузургтарин хидмати нахустрӯзнома дар назди фарҳанги тоҷик он аст, ки имкони ибрози андешаро барои зиёиёни мо фароҳам намуда, масъалаҳои ҳассосро аз ҷанбаҳои миллӣ, адабию таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию динӣ баррасӣ карда, хулосаи худро бо назардошти афкори маорифпарварона манзури хонандагон мегардонид. Муаллифон қолаби мусоиди андешарониро дар жанри мақола дарёфта, мубрамтарин масъалаҳои замони худро дар қолаби ин жанри публитсистӣ ҷасурона ба риштаи таҳрир мекашиданд.
Муҳаррири нашрия Мирзоҷалол Юсуфзода, ки таҷрибаи бузурги нигорандагӣ дар нашрияҳои форсию туркӣ ва тоторӣ андӯхта буд, бо даъвати Мирзо Муҳиддин Мансурзода, Мирзо Сироҷи Ҳаким ва «як даста аз бухороиҳо» кори рӯзномасозиро дар Аморати Бухоро асос гузошта, мақолаҳоро дар «Бухорои шариф» ҳаҷман кӯтоҳ, мазмунан васеъу оянданигарона ва моҳиятан ба фаҳми омма мувофиқ менавишт. Муаллифон кӯшиш доштанд, ки ҳар як масъаларо равшан ва кӯтоҳу мафҳум баррасӣ намоянд. Вале баъзе масъалаҳое, ки ба зеҳни ҷамъият печидагӣ доранд, дар мақолаҳои силсилавӣ бо назардошти ҷанбаҳои гуногун таҳлил мешуданд. Аз сӯи дигар, бо муҳокимаи давомдор мардумро ба андеша водор намуда, тафаккурро барои дарки мушкилот ва проблемаҳои даврони худ омода мекарданд.
Ин гуна мақолаҳо дар «Бухорои шариф» зиёданд. Давомнокии онҳо аз 2 то 14 шумора буда, дар ҳар шумора сабаби асосии проблемаҳо таҳлил шудааст. Аз ҷумла, мақолаҳои «Мулоҳиза» (№8-11), «Татмими саодат» (№38-40), «Тадайюн ва тамаддун» (№49, 50), «Вазоиф» (№53-65, 86), «Дин ва мазҳаб» (№77-82), «Ақл ва ҷаҳл» (№87, 88), «Одат» (№67-72), «Муаллим ва таълим» (№100-103), «Ғайрат ва таассуб» (№121-123) як маризии ҷомеаро муаррифӣ ва баррасӣ намуда, барои табобати он роҳҳои муассир пешниҳод кардааст.
Бо чунин маром нашр шудани нахустрӯзнома дар аморати Бухоро, бидуни шак, инқилобе то Инқилоб дар ҳифзи манофеи миллӣ маҳсуб мешуд. Аз ҳар зовия дасисаву фишор буд, ба вежа, мақомоти аморат ба иттиҳоди муассисон таъсир расонида, мавқеи онҳоро дар самти ташаккули афкори нав барҳам зад, вале иродаи миллӣ ин иқдомро устувортар гардонид.
Дар ин ҷараён танҳо ҷуръати фикрӣ лозим буд, ки бо азми қавӣ мақола эҷод шаваду миллат ба роҳи нав ҳидоят гардад. Лозим аст, ки аз мақолаи «Одат» (№67-72) ёдовар шавем, ки бо як рӯҳияи волои навандешӣ таълиф шуда, як зарбаи азиме бар пайкари хурофотгароӣ буд. Ин мақола мушкилоти иҷтимоии аҳолии аморати Бухороро, ки аз одатҳои бебунёд сарчашма гирифта, ба дину мазҳаб рабт надоштанд, вале аз ҷониби аҳолӣ ҳамчун фармудаи дин анҷом мешаванд, ба баррасӣ гирифтааст. Аъмоле, ки аз рӯи одат ва бовар бори дӯши миллат буд, мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст: «Одат, хубро бад, бадро хуб менамоёнад. Одат шариатро тағйир медиҳад. Одат имонро куфр, куфрро имон ба назар меоварад…».
Назари муаллиф доир ба масъала аз чанд паҳлу баён гардида, таъсири одатҳо ба зиндагӣ ва тафаккури ҷамъият маънидод шудааст. Муаллиф бо андешаҳои тараққипарвар баъзе аз одатҳоеро, ки ҷузъи шариат қабул шудаанд, бофтаи ҷоҳталабон ҳисобидааст: «Баъзе ашхоси толиби раёсат ва ҷолиби манфиат ба воситаи чанд калимаи маъваҷа, ки аз ҳақ ёд гирифта, мехоҳад аз ҳар ҳайс мусаллами муридҳо шуда, атбоаш дар бораи вай занни нуқсон ва қусур накунанд, лиҳозо ончиро ки медонад, мегӯянд ва он чиро, ки намедонад, мебофанд».
Дар ин сармақола проблема аз ҷанбаҳои динию эътиқодӣ то иҷтимоию фарҳангию иқтисодӣ баррасӣ шуда, асоси фақр ва ҷомондагии мардум умқан таҳлил гардида, заминаву омилҳои таҳрикдиҳандаи он зикр шудааст.
Хулосаи ин мақола мушаххас ва ғояи маорифпарварии он равшан аст. Ин масъалагузорӣ аз рӯи моҳият муаммое мебошад, ки натанҳо мушкилоти 112 соли пеш, балки мушкилоти имрӯзи ҷамъияти мо низ ба шумор меравад.
Бо чунин тарз рӯзномаи «Бухорои шариф» аз 11.03.1912 то 2.01.1913, 152 шумора нашр шуда, зери фишорҳои сиёсӣ ва омилҳои иқтисодӣ қатъ гардидааст. Дар ҳар шумораи он роҳҳои расидан ба бедории фикрии миллат бозтоб ёфтааст.
Агарчи ин нашрия дар ибтидои қарни 20 чоп шудааст, вале аз лиҳози муҳтаво то ҳол ҳикмат ва моҳияти асосии худро ҳифз кардааст. Яъне, то имрӯз ҷанбаҳои омӯзандаи он барҷо мебошанд. Илова бар ин, дар шароити кунунии ҷаҳон сабақҳои «Бухорои шариф» барои нашрияҳои муосири Тоҷикистон муҳимтарин мактаби пайравӣ дар ҳифзи асолат ва ҳамбастагии миллӣ мебошад. Зеро имрӯз низ гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки бо ғарази сиёсӣ мехоҳанд фарҳанги миллӣ ва арзишҳои сиёсии тоҷиконро барҳам бизананд. Пас, аҳли зиёи кишвар, махсусан нигорандагони ҷавони моро лозим аст, ки дар дифоъ аз арзишҳои миллии хеш устувор бошанду мактаби нашрияҳои миллию ҳувиятсозро улгуи касби худ қарор бидиҳанд.
Муҳаммадиқбол Атозода,
номзади илми филология