“Кош ҳар шеъраки ман…”
Ба муносибати 70-солагии Искандари Хатлонӣ
Ду рӯз пеш сари субҳ нолаи ҳазини зоғе гӯшамро харошид. Ба ростӣ, аз овони наврасӣ ҳамеша аз қар-қари ин парандаи наҳс нороҳат мешавам, балки меҳаросам. Момаам мегуфт, ки “қар-қари зоғ, – илоҳо ба тухмаш қирон биёяд, – қосиди мусибату бадбахтист”. Дар ин маврид аз рӯйи таъкиди гузаштагон дуои “лоҳавла”-ро дар дил мехонам, ба умеде, ки Худованди ягонаву тавонову бахшанда бадбахтиву балоҳоро аз сари мо дур бикунад. Ҳамин андешаву бардошт дар қиссаи “Баъд аз сари падар” зикр ёфта. Чӣ метавон кард, ки солҳои охир рӯзҳои сиёҳу хабарҳои нохуш, фоҷиаҳои гӯшношунид беҳисобанд.
Зоғ нӯги шохи ар-ари рӯ ба рӯйи тирезаи мо нишаста, бехуду хашмгин менолад. Ва ман дар забонам дуои рафъи бало, бо нафрат ба ин ҷонзоди шумхабар менигарам. Ба дилам алов мерезад ва худ ба худ мурғро маломат мекунам: “Дигар ҷо наёфтӣ, ки боз омада рӯ ба рӯйи ҳуҷраи ман нишастӣ? Эй дилсиёҳ, боз чӣ бадбахтие пеш меояд? Боз кадом дӯсту бародари азиз, хешу пайванде бо марги худ ё ҷавру ситами золиме, сиёҳкоре, нобакоре аз байни мо рафтаасту меравад”. Дигар аз шунидани хабари марги мудҳишу фоҷиавии пиру ҷавон, ёрону ҳамдиёрон хаста, карахт ва дилгазонем. Оё куштору бераҳмӣ, ҷаҳолату разолату табаҳкорӣ, ғорату сӯхтору харобкорӣ поён дорад?”
Таърихи миллати тоҷик бе ин ҳам саропо аз саҳифаҳои сиёҳ, дарду алам ва шевану шикасту нокомӣ, хунрезиҳои ноҳақ пур аст. Ҷавру ҷафо, куштор, сӯхтор, таҳқиру носипосии аҷнабиён дар тули таърих ончунон бешумор аз сари мо гузаштааст, ки ба ҳафтод пуштамон мерасад. Ба қавли муаррихон, “замин аз хуни тоҷик гашта гулгун” ва баъд дашту даман аз хуни поки шаҳидони армонии меҳани мо ҳар баҳор аз лола арғувонӣ мегардад. Он ҳама талхиву нокомӣ, он ҳама доғу қурбониҳо кам набуданд, ки боз ҷангу пархош, кинаву кудурат ва қасосу худкушии ҳамдигарӣ сар заду идома меёбад? Қар-қари гӯшхароши зоғ талхтар авҷ мегирад ва аз ин дард оташи дилам пурсӯзтар мешавад. Ду ё се субҳ аст, ки ин овози нофорам нороҳатам мекунад. “Эй наҳс, гум шав аз назарам, безорам аз нолаҳоят”, – мегӯям дар дил ба зоғ ва ба он пархош меоғозам:
Ай зоғ, бирав, к-аз хабари шуми ту серам,
Пурзаҳр макун косаи мо субҳи сафо ту.
Ёрони зи мо рафтаву раҳдур зиёданд,
То кай бисароӣ “ғазал”-и ҷавру ҷафо ту?
Ҳазору як гумону шубҳа ба дил ханҷар мезанад. Охир, рӯзгор ноором, замона ғамбор аст. Намехоҳам, ки дигар қар-қари зоғ гӯшамро бихарошад, вале аз он ҷойи гурез нест. Таъқибам мекунад овози нофорам мисли тахмину гумонҳои мудҳиш, парешонҳолам месозад. “Боз чӣ гапу хабари нохуше пеш меояд? Худоё…”
Барои раҳоӣ аз қар-қари дилхароши зоғ ба коргоҳ мешитобам. Ва раҳораҳ ба ҳоли худ ва хурофотпарастиям механдам: “Хуб, метавон аз шевани талхи зоғ гурехту раҳид, вале аз пешомади сарнавишт чӣ?”
Пешин дар даҳлези Иттифоқи нависандагон баногоҳ Гулрухсор пайдо шуд ва парешонҳолу ғамгин пурсид:
– Шунидӣ?
– Не…
– Искандарро дар Маскав куштанд…
Сарам чархиду пойҳоям бемадор шуданд. Лол мондам. Ва аз паси пардаи тирафоми ашк қомати баланду чеҳраи зебо ва нигоҳи ҳамеша меҳрубону табассуми нарми Искандар пеши назар ба ҳоле худро ба ҳуҷра кашидам. “Дареғи Искандар, – менолидам аз хашму алам: – Ҷойи кадом разилро танг карда буд? Маскав ҳам шаҳри фалокатбору қотилон, фашистмаобону миллатгароҳо шуд. Ҳайфи Искандар…”
Оғози ҳазораи сеюм (2000) барои миллати мо басо вазнину пурфоҷиа омад. Беҳтарин чеҳраҳои адабиётро пасопеш аз мо рабуд. Сайф Раҳимзод туъмаи ҷаҳолат шуд. Марги нобаҳангом Лоиқи нотакрорро аз мо бурд. Ва боз Искандар, ки дар назарам мӯрро озор намедод, дар шаҳри балозои Маскав аз дасти аҳриманони худӣ ё бегона ҷон бохта.
Искандарро аз солҳои донишҷӯияш дар омӯзишгоҳи сохтмонсозии пойтахт мешинохтам. Навҷавони болобаланди хушсимову нарммуомила ва дидадаро муҳандис шуданӣ буд, вале ниҳоли ишқи шеъру сухан дар дилаш, ки месабзид, ӯро ба даргоҳи Иттифоқи нависандагон ва идораи рӯзномаву маҷаллаҳо меовард. Бародарам Шарифи Ҷаббор – омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар ин омӯзишгоҳ ҳамеша савод ва завқи шеърнависии Искандарро меситоид.
Зодаи шаҳри Кӯлоб, нахустфарзанди омӯзгорони соҳибэҳтироми падарону модарони донишомӯзон. Ва шоири ҷавон Искандар бо шеъраки “Модар”-аш дар муҳити сахтгири адабӣ ва мухлисони каломи мавзун басо гарм пазироӣ ёфт. Эҳсосот, дид, тасвирҳои тозаву дилнишин.
Маҳтоб дар лаби бом
Як коса шири гарм аст.
Овози модари ман
Чун бӯйи шир нарм аст.
Дар гӯшаҳои чашмаш
Пайдост чину ожанг,
Гӯё, ки дастаи гул
Хушкида дар сари санг…
Кам менавишту бамағз Искандар. Шеъру номаш гоҳгоҳ дар матбуот нашр мешуд. Ӯ баъди хатми омӯзишгоҳи сохтмонсозӣ ба хидмати сарбозӣ рафта, сипас бо тавсияномаи Иттифоқи нависандагон донишҷӯи Донишгоҳи адабии Горкий (Маскав) шуд. Панҷ соли таҳсил, ошноӣ бо устодони номвари назм, баҳра бардоштан аз дарсу суҳбатҳои эшон ва ширкат дар маҳфилҳои адабии Маскав фаҳмишу дониши Искандарро ба дунёи эҷод ва ҳадафи шоирро аз шеъргӯӣ васеътар намуд. Дар ин фосила ҳам шеър навишту ҳам тарҷума кард, лекин оҳиста ва кам. Зимнан кори дипломии ӯ тарҷумаи достони овозадори А. Блок – “Дувоздаҳ” ба тоҷикӣ буд. Искандар тарҷумаи ин достонро ба маҷаллаи “Садои Шарқ” пешниҳод кард, вале чоп нашуд. Дареғ, ки он тарҷума то имрӯз бенишон аст. Ва заҳмати чандинсолаи Искандар дар пайроҳаи шоирӣ соли 1981 пас аз хатми Донишкада дар маҷмуа ё ба гуфти худаш “дафтари нахустин”-и хурдакаки шеърҳояш бо номи “Парвоз” дар нашриёти “Ирфон” нашр ва пешкаши хонанда шуд. Муҳаррири ин маҷмуа шоири маъруф зиндаёд Мастон Шералӣ бо камоли меҳр дар пешгуфтор ё фатиҳаи хеш нигошта: “…Шоири ҷавони умедбахш Искандар ҳанӯз дар ин соҳа тозанафас аст… дар ҷодаи адабӣ саҳлангор нест… Шеърҳои Искандар самимӣ, ифоданок ва чун насимаке тоза ба машоми хонанда мерасанд”.
Искандар аз айёми шиносоӣ то охири умр ба хонадони мо омадурафти пайваста дошт. Гоҳе бо ягона фарзандаш Анӯша аз Маскав омада, меҳмон мешуд. Аз омӯзиш, донишу фаҳмиш ва маҳорати забондонияш шод мешудам, лекин барои аз ҳад зиёд фориғболӣ ва бепарвоӣ ба эҷодиёташ, беҳуда гузарондани вақт ҳам дар Маскав, ҳам дар Душанбе сахтакак танқиду маломаташ низ мекардам. Нармтабиатии ҳайратангез дошт. Ҳангоми сарзаниши сахттарин ҳам табассуми нарм ба лаб ба рӯям наменигарист ва посухе намедод.
Росташ, ки он вақт падару модари Искандарро намешинохтам. Дар ҳар сурат аз ин мулоимтабиатии ӯ норизо мешудам, ҳарчанд дарк мекардам, ки ин хислати зотияш аст ва онро дигар намекунад.
Баъд Искандар дар сафи бисёриҳо ба ҷумҳурии Афғонистон, ки дар оташи ҷангу низоъҳо месӯхту валангор мешуд, ба ҳайси тарҷумон рафт. Ва дар як фосилаи кӯтоҳ овозаи эътирофи беҳтарин забондону тарҷумон шинохта шуданаш аз забони дарӣ-тоҷикӣ ба забони русӣ ба гӯш расид. Маҳорати фаҳмиш, дарки маънӣ ва назокати забондониву гуфтугӯйи ӯ дар сатҳи баланд эътироф шуда. Бешак, ин боиси ифтихору сарфарозии ҳаммеҳанонаш буд.
Вале ҷангу низоъангезӣ, ҳамлаҳое аз фазо ва замин бо тайёраву чархбол, танку силоҳҳои марговар ба сари мардуми бегуноҳи Афғонистон фоҷиаҳои мудҳиш меовард. Ҷонбозӣ дар дифои ному шарафи сарзамин, дидани харобкорӣ, тороҷу бераҳмӣ мардуми бешумори сарсахту ғамзада, хокбасару дилу ҷигару даҳон пурхуни Афғонистонро гурезаву овора, паноҳандаву сарсон кард. Ана дар ҳамин ҳолати ҳассосу андуҳзо суруди ҷонгудози устод Маҳваш ба шеъри пуралами Искандар аз тариқи шабакаҳои радио дарду ҳасрати гарони озодиву ватанхоҳонро ба гӯши оламиён расонд.
Ватандорӣ набошад кори осон
Ба фарзандони боному вафодор.
Худоё, бекафан мурдан ғаме нест,
Маро аз беватан мурдан нигаҳ дор.
Дар ин дунёи пуршӯру пуроғоз
Агар оғозу анҷомаш ватан нест,
Дареғи ман, дареғи меҳнати ман
Агар подошу инъомаш ватан нест…
“Ҷаҳон месӯзад аз оҳи ғарибӣ
Дареғ аз умри кӯтоҳи ғарибӣ
Ватан пушту паноҳ аст, эй бародар,
Гадои дар ватан – шоҳи ғарибӣ…”
Ғосибӣ, ҷавру ситам, ба чашми каму таҳқир нигаристан ба мардуми ҳамзабону ҳамрешаи кишвари куҳанбунёду соҳиби таъриху фарҳанги ғании бостонӣ, магар эҳсоси шоири озодандешу озодиҳоҳу миллатдӯстро орому бетараф мегузорад? Ҳуқуқи мардуме дар меҳани аҷдодияш поймол мегардад, хуни ҳазорҳо бегуноҳон мерезаду ҳазорҳои дигар аз баҳри диёр ва хонумон гузашта, талхкому печидасарнавишт аз ҷафои аҷнабиён гуреза мешаванд. Ва шеъри саршори хашму эътирози Искандар аз дили пурдард иншо мешавад:
Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст,
Меҳру ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст.
Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфтааст.
Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман шикаст?
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.
Хоки маро ҷазираи хуше гумон мабар,
Дарёи беканору хурӯшон нуҳуфтааст.
Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон
Шери жаён миёни найистон нуҳуфтааст.
Намунаи беҳтарини ғиреву хашм, мунозираву иддао бар зидди сиёсати бераҳмонаи ҳуҷуму харобкорӣ, хунрезиву кушторҳои нафратовари ғосибон дар кишвари Афғонистон.
Чунин ибрози норизоиро, ки ба мухотаб ба воситаи гӯшзад кардани оҳанги ифтихор аз таъриху родмардони гарданфароз, ҷонфидои меҳану миллатдӯст, хашму нафрату ситез дорад, аҳли нақд шеъри муқовимат номидаанд. Ҷойи зикр аст, ки шеъри муқовимат дар нигоштаҳои шоирони пешсафи бедордилу ҳақталоши солҳои шастум, ҳафтодум, ҳаштодуми асри бисти тоҷик ва пасон андак-андак пайдо шуду ривоҷ ёфт. Нишонаи ҷасорати адабӣ. Лекин Искандар ин шеърашро дар авҷи оташи ҷанги хонумонсӯз дар набардгоҳ офарида буд, аз мағзи дилу ҷон ва нишонрас. Дар омади сухан ба хушӣ ёдрас мекунам, ки ин шеъри Искандар ва шеъри устод Убайд Раҷаб “То ҳаст одаме, то ҳаст оламе” чун намунаи дурахшони шеъри муқовимат, ҳақталошӣ, ғуруру ифтихор аз таъриху забон солҳо боз дар китобҳои дарсии адабиёт дар мактабҳои ҷумҳурии Эрон ҷой дорад. Ин намунаи ибрат аст барои муаллифони китобҳои дарсии Тоҷикистон ҳангоми интихоби пораҳои назм дар мавзуъҳои парвардани ҳисси ифтихор аз таъриху фарҳанг, худшиносиву меҳанпарастӣ.
Искандар кам, вале дар намудҳои гуногуни шеър офарид. Ин нигоштаҳо, ки андеша, мисраъ, байт ва пораҳои арзишманд доранд, дар се дафтар: “Парвоз”, “Шукуфаҳо”, “Садои пои вожаҳо”, сипас ҳама баъди маргаш дар маҷмуаи “Косаи шир” (“Адиб”, 2011) нашр шуданд. Ӯ орзу дошт, ки:
Кош ҳар шеъраки ман як кафи гандум бошад,
Пошад онро ба заминҳо деҳқон.
Майсаҳо сар занад аз тухми сухан,
Ҳама ҷо сар занад аз тухми сухан,
Ҳама ҷо сабз шавад дашту даман…
Аз байни борони тиру ҷангу кушторҳои Афғонистон Искандар сиҳат баргашт, вале соли 2000 аҳримантинатони “ёр ва ё ағёр” дар Маскав ӯро ваҳшиёна куштанд. Бо дареғу сӯзи дилу ҷигар тобути Искандари шаҳидро Кӯлобшаҳр ба даргоҳи падару модари ғамзадаву дилрешаш бурдем. Тамоми роҳ фиғони пурҳасрати ӯ ба гӯшам мерасид:
Худоё, беватан мемирам охир
Ва бе гӯру кафан мемирам охир.
Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,
Парешонҷону тан мемирам охир.
Он рӯзҳо ба ёди гиромии ӯ ин сӯгномаро навиштам.
Бори тобут ба дӯш,
Ман хамӯшу ҳамаи мардуми Кӯлоб хамӯш.
Навҳаи талхи яке пир ба гӯш,
Ки асояш гули пур аз хор аст,
Аз пайи куштаи дар мулки ғариб
Ба мазори алами модари зор,
Ки сафояш шаби маҳтоб шуда накҳати шир.
Ман равонам гирён,
Ман равонам нолон.
Ту ҳамон марди мусофир, ки дар он шаҳри бало
Тӯшаи охирати худ зи Худо карда талаб,
На кафан, балки ватан…
Ва ба софиву ба он содагии хатлонӣ
Ба забони шакаринат раҳи дил пӯйидӣ,
Ва ба он хиш-хиш як килки фусункори лаванд
Вожаро ҷӯйидӣ,
Чӣ садое?
Як садои пойе…
Ту ҳамон булбули сармаст ба буйи сухане,
Айни парвоз ба марку ҳаяли ишвафурӯш,
Ҷойи шаҳду асал аз косаи ишқ
Аз чӣ заҳроби аҷал нӯшидӣ?
(Оҳ, эй куштаи дилдор ва ё ки ағёр)
Бехабар аз маргат, Ёсуман бӯйидӣ.
Ин чи даҳшат, ки Худоё, ту бубин:
Шеър гиряд хоҳар,
Шеър мӯяд модар,
Хашм борад додар,
Зору саргашта падар
Ҳамчу килку дафтар…
В-аз сари кӯҳи баланди Помир
Бо навои борон “Даргилик”-у “Лалайик”
Навҳа дорад моме,
Бо яке моми дигар:
Во дареғ, Искандар,
Во дареғ, Искандар!
В-аз бари кӯҳи Фурӯш
Хаставу талх ба он савти “Фалак”
Медиҳад посухи дилреш ба даҳр:
Вой аз лахти ҷигар,
Кушта шуд марди ҳунар.
Во дареғ, Искандар,
Во дареғ, Искандар!