Кошифи асрори моҷароҳо

 Кошифи асрори моҷароҳо

Нависандаи шинохта Шарифбек Азизӣ 70-сола шуд

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар адабиёти тоҷик, дар баробари назм, дар бахши наср низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла, ба майдон омадани як силсила асарҳои детективӣ далели он аст, ки носирони детективни­гор дар тасвиру бозтоби бадеии воқеаву рухдодҳои мураккаби иҷтимоӣ, оилавию маишӣ ва офаридани симоҳои муборизу талошманд, ки парда аз рӯйи ҷинояту амалҳои зишту номатлуб бардоштанд, гомҳои собиту устуворона ниҳоданд.

Дар радифи чунин нависандагони соҳиблаёқату таҷрибаманд метавон аз носири пуркору заҳматкаш ва пурмаҳсул Шарифбек Азизӣ ном бурд. Шарифбек Азизӣ солиёни тӯлонӣ ба эҷоди қиссаю романҳои пурмуҳтавои моҷароӣ машғул буда, 25-сол аст, ки дар ин ҷода бо саъю азм ва талоши бардавом осори шавқовар таълиф менамояд. Нахустин қиссаи эҷоднамудаи мавсуф “Ҷосус” ном дошт, ки аз ҷониби ноқидони сухан ва хонандагону ҳаводорони адабиёт хуш пазируфта шудаву роҳи эҷодро ба нависандаи ҷавон ҳамвор намуд. Бес­абаб нест, ки Шарифбек Азизӣ осори мунтахаби худро, ки асосан аз романҳои ӯ таркиб ёфтаанд, дар даҳ ҷилд ба нашр расонда, пешкаши хонандагон гардондааст. Ҷилди даҳуми “Асарҳои мунтахаб”-и нависанда романҳои «Теғи сухан» ва “Бо навои борон”-ро дарбар мегирад. Шарифбек Азизӣ дар романҳои худ воқеаҳоеро мавриди таҳлилу таҳқиқи бадеӣ қарор медиҳад, ки мустақиман аз тору пуди онҳо огаҳии комил дорад, чи тавр сар задану ҷараён гирифтан, мушкилоту мураккабӣ ва муаммоҳои бурхӯрди инсонҳо, ба амалҳои ҷиноӣ даст задани онҳо ва ниҳоят маҳорату қобилияти волои кормандони мақомоти интизомию тафтишотиро дар қиболи ошкор намудани ҷиноёти мазкур ва гу­наҳкоронро бо ҳунари хуби нигорандагӣ таҷассум месозад. Таҷрибаи кор дар мақомоти милиса ва бахши кофтукови ҷиноӣ ба Шарифбек Азизӣ имкон дода, ки рухдодҳои моҷароангезро ба риштаи та­свири бадеӣ кашида, симоҳои хотирмон офарад. Дар романи “Теғи сухан” дар меҳвар воқеаи куштори шахсе бо номи Солеҳ Ҷалил қарор дошта, тамоми хатти сюжети асар ба ин воҷиа, ба як силсила бархӯрду ҳаводиси пурмоҷарою чигил иртиботи мантиқӣ дорад. Дар роман ҳунару маҳорати нависандагии Ш. Азизӣ дар он зоҳир мегардад, ки вай инкишофу сурат гирифтани раванди воқеаҳоро на ба таври қолабию якранг (мутаас­сифона, дар баъзе асарҳои моҷароӣ ин ҳолат зиёд ба мушоҳида мерасад), балки муассиру ҷаззоб, бо инъикоси пу­робуранги саҳнаву эпизодҳои зиндагии қаҳрамонони марказӣ, ҷузъиёти аҷиб боварбахшу воқеӣ рӯйи сафҳа меорад. Яке аз хусусиятҳои назарраси ғоявию услубии адиб дар романи “Теғи сухан” он аст, ки вай ҳалли бадеии моҷарои рухдодаро ба хонанда ифшо намесозад. Шаклу шеваи барои хонанда ногаҳонию ғайримуназира оғоз гардидани саҳнаҳои зиндагӣ ва воқеаҳои мудҳиши фоҷиабор ва албатта, ҷузъиётнигорӣ аз паҳлуҳои ҷолибу ба назар намоёни маҳорати адиб ба шумор меравад. Солеҳ Ҷалилро дар як шаби тобистон, фарсахҳо дур аз пойтахт, дар Хушкакдараи Сағирдашт ба қатл мерасонанд. Азбаски силоҳе, ки бо он Солеҳ парронда шудааст, замоне ба хизматчии низомӣ Самандар тааллуқ дошт, пас аз чандин сол маҳз ҳамин омил муҷиби он мегардад, ки Самандар дар ин амали ҷиноӣ гумонбар дониста шавад. Аммо тасвиру инъикоси воқеаҳои баъдии роман хонандаро бо афроде ошно месозад, ки дар ин куштор баҳри бароварда сохтани манофеи шахсӣ ва суди бештар ба даст овардан нақши беш доранд.

Ш. Азизӣ дар офаридани симоҳои мақомоти тафтишотӣ муваффақ аст. Яке аз қаҳрамонони меҳварии роман капита­ни милиса Сорбони Ҳомид аст, ки шахси заҳматкаш, поквиҷдону масъулятшинос ва дар ошкор кардани амалҳои ҷиноӣ мутахассиси ҳирфаист.

Дар тасвири адиб Сорбони Ҳомид барои равшан сохтани ҳақиқати воқеӣ, сабабу омилҳои сар задани фоҷеа, ноз­укию ҷузъиёти рухдоди муаммобарангез корро аз мақтул оғоз мекунад. Нависанда андешаҳои кормандони мақомоти таф­тишотӣ (прократура) ва милисаи ноҳияи Гулободро дар масъалаи сурат гирифта­ни куштор ва маҳз дар кӯҳистони дурдаст анҷом пазируфтани ин амал батафсил бозтоби бадеӣ бахшида, пасон ба дақиқ намудани зиндагии Солеҳ Ҷалил мепар­дозад. Қаҳрамони дигари роман Лайлӣ ном дошта, инкишофи хатти сюжет ба амалу рафтор ва кирдорҳои пасипарда­гии ӯ, ки нақши килидӣ ва ҳалкунандаро мебозад, бастагии амиқ дорад. Лайлӣ, тавре инъикоси воқеаҳои марбут ба кирдорҳои ӯ шаҳодат медиҳанд, бонуи маккор, манфиатхоҳ, бадгавҳар ва қал­лобу фиребгар буда, Солеҳ Ҷалилро ба доми фитнаю найранги худ гирифтор месозад. Симои дигар фарди беиродаю худхоҳ ва узви гурӯҳи зикршуда Даврон, ки “фаъолият”-и худро дар зиндагӣ аз муллогию «шифо бахшидан»-и мардум шуруъ карда, ниҳоят ба даст меафтад ва баъди ба озодӣ баромадан бо Солеҳ Ҷалилу Лайлӣ вохӯрда, баҳри осон соҳиб гардидан ба даромади муфт ба дӯсти наздик ва яке аз тоҷирони маводи мухад­дир табдил меёбад, ба шумор меравад. Нависанда аз шеваю сабки муассири нигориш истифода намуда, ба таҳқиқи бадеии сарнавишти қаҳрамонони худ аз паҳлуҳои гуногун наздик шуда, қабоҳату разолати афроди манфиатхоҳро, ки баҳри ба маблағи ҳангуфт соҳиб гар­дидан аз ҳеҷ амали ба шаъни инсонӣ ношоиста рӯ намегардонанд, бармало месозад. Сорбони Ҳомид, Ҳамид Ҷовид, Гурезаву дигар кормандони мақомот аз қабили ашхоси соҳибтаҷриба, иро­датманду кӯшо ва масъулиятшиносе ҳастанд, ки дар ёфтани сари калобаи чигили ҳодисоти пурмоҷаро аз тамоми имконоту қобилият ва донишу мушоҳи­дакорӣ истифода мекунанд. Аз нақлу бозгӯйи воқеаҳои тӯлонӣ, ки дар атрофи кушта шудани Солеҳи Ҷалил давр меза­нанд, Ш. Азизӣ паҳлуи дигари масъаларо воқеъбинона таҷассум месозад, ки ба Ятими Тош алоқаманд мебошад. Яти­ми Тош командири қисми ҳарбист, ки силоҳи оташфишон дар дасти ӯ маҳфуз мондааст. Дар роман ҳодисаву лаҳзаҳои зиёд, ки бо ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ доранд, тасвир ёфтаанд, ки бо боварбах­шию воқеӣ будани худ аз маҳорати хуби нависанда шаҳодат медиҳанд. Тавре ишора шуд, Шарифбек Азизӣ вобаста ба таҳқиқи амалу кирдорҳои ҷиноӣ аз ҷониби каҳрамонони романи худ васи­лаву ҷузъиётеро, ки ҷанбаи ихтисосӣ доранду марбут ба пешаи кормандони мақомоти интизомӣ мебошанд, ба таври дақиқ тасвир мекунад.

Романи “Бо навои борон” низ бо ҳамин сабку услуб навишта шуда, дар меҳвари он ба ҳалокат расидани бонуе бо исми Раънои Носир, ки дар оғоз ин ҳодисаро худкушӣ дониста буданд, қарор гириф­тааст. Яке аз қаҳрамонони марказии роман – собиқ корманди шуъбаи корҳои дохилӣ Собир Файз ба шумор рафта, ҷараёни воқеаҳои фоҷеавӣ бевосита ба ӯ иртибот дорад. Собир бо шавҳари солманди Раънои Носир Ёқуб Соиб дӯстӣ дошта, баъдтар аз марги ӯ таассуф меху­рад, ки бар асари иштибоҳан сӯзандору гузарондани ҳамсари ҷавонаш Раънои Носир риштаи умраш канда мешавад. Муҳтавову ғояи асосии романи мазкурро низ манфиатхоҳии иддае аз ашхос, ки баҳри марги бегуноҳе сабабгор меша­ванд, дар бар гирифтааст. Дар асар низоъу бархурдҳои қаҳрамонон мабно бар лаҳзаҳои тамаъҷӯию ҳирс, ба таври осону муфт ба даст овардани сарват( аз ҷумла, манзили зисти Ёқуби Соиб) шиддат гирифта, чеҳраи аслии афроди бадгавҳар ба василаи ҳунари хуби ниго­риши адиб маълум мегардад. Дар роман чанд хатти сюжет сурат мегирад, ки иб­тидо саҳнаи ба собиқ корманди шуъбаи ҷустуҷӯйи Собири Файз ғайримунтазира занг задани шахси ношинос, ки баъдтар ба ваҷҳи ба садамаи нақлиётӣ дучор шудан ба ҷойи вохӯрӣ ҳозир шуда на­метавонад, инчунин эпизоди ба ҳалокат расидани ҳамсари Ёқуби Соиб – Раънои Носир, фаъолияти муташаккилонаи гурӯҳи тафтишотӣ аз ҷумла, Бобо Самад, Баҳриддин Шарифов, Мабудмаҷидов, Воҳид Камол, Раҷаб Ёров ва кирдорҳои мармузонаю пасипардагии ҳамсояи марҳумон Обида, Назир Назар ҳисоб меёбанд. Дар раванди воқеаҳо, ки ҳар яке сарнавишти афроди гуногунпешаро пеши назари хонанда ҳувайдо месоза­нд, муаммою печидагиҳои марги зану шавҳар – Ёқуби Соиб ва Раънои Носир марҳала ба марҳала заминаи реалӣ пайдо мекунад. Мураккабу норавшан будани сурати рухдодҳо ҳатто корман­дони милиса ва тафтишогаронро ба кӯйи сарбаста ворид месозад. Риштаи воқеаҳо, сояи шубҳаро ба ҷавоне, ки бо Раънои Носир вохӯрда, баъдан байни онҳо ишқу муҳаббат таҳким меёбад, яъне Шодӣ ва духтур Ғиёс меафканад. Аммо дар тасвири нависанда даст надоштани Шодӣ, ки ба садамаи нақлиётӣ дучор мешавад ва дар охир маълуму мушаххас мегардад. Амали ғайриинсонӣ иҷборан ба ҳалокат расондани Раънои Носир аз ҷониби Обидаи Баҳром ва Назир Назар бо талошҳои фидокорани кормандони шуъбаи дохилӣ ва муфаттишон оқибат ошкор мегардад. Бояд таъкид кард, ки Шарифбек Азизӣ дар инъикоси лаҳзаву эпизодҳо ба хурдтарин ҷузъиёти сунъӣ( сохтакорӣ) ва кашолкорӣ роҳ намедиҳад, зеро тавре дар фавқ зикр намудем, вай ҳамчун Носири таҷрибаандӯхта воқеаҳои мавриди тасвир қарордодаро амиқу ҳа­матарафа медонад.

Бояд қайд кард, ки забону услуб ва ҳус­ни баёни адиб рангину шавқовар буда, мутолиаи ин асарҳо аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқиро доро мебошанд. Яке аз вижагиҳои услубии романҳои на­висанда дар он аст, ки вай зарбулмасалу мақол ва таъбирҳои мардумиро хеле ба мавқеъ корбаст менамояд, ки ба тасви­рҳои ӯ обу раги бадеӣ ва ҷаззобияти хос мебахшад. Таври мисол дар ҳарду роман таъбир ва зарбулмасалу мақолҳои “за­мин сахту осмон баланд”, “кори хона ба бозор рост намеояд”, (саҳеҳаш гапи хона мебошад), “така бошаду шир диҳад”, “ чун каждуми таги бурё”, “ҳаёти духтарро сӯзонданд”, “ёр аҳл бошад, кор саҳл аст”, “дили ҷавонмард таҳ кашид” ва ғайра ба чашм мерасад. Василаи дигар ки дар асарҳои мазкур характери қаҳрамононро бозтоб мебахшад, сохтани муколамаҳо ба шумор меравад. Маҳз дар гуфтугӯйи персонажҳо, ки аз пурсиши муфаттишону кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ бо гумонбаршудагон иборат ёфтааст, симои ину он афрод маълуму равшан мегар­дад. Хусусияти дигари услубии романҳои нависанда дар он аст, ки тавассути монологҳои ботинӣ қаҳрамонон амалу рафторҳои худро таҳлил намуда, хуло­са мебароранд. Забони романҳои адиб содаю равон ва дур аз такаллуфот буда, вай дар тасвири манзараю эпизодҳои зиндагӣ маҳорату лаёқати хуб дорад.

Дар умум, романҳои нависанда Ша­рифбек Азизӣ дар самти адабиёти моҷа­роӣ хурсандибахш буда, ба Ҷоизаи ада­бии Садриддин Айнӣ сазовор мебошанд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
нависанда

Дигар хабарҳо