Корди муъҷизаноки хола. Ҳикояи адиби чинӣ Мо Ян
Ба муносибати сафари Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон
Модарҷонам, медонӣ?
Ҳарфи дилам мехонӣ?
Дон, ба ҷуз ба оҳангар
Мебароям ба шавҳар.
Мерезад ашк аз дида,
Нохунаш пур аз дуда…
(Суруди халқӣ)
То кунун ба фаҳмаш намеравам, ки дар ин суруди мардумӣ чӣ маънӣ нуҳуфтааст. “Дон, ба ҷуз ба оҳангар” – ба заминков, ба гадои дарбадар, ба роҳзани қотилу ба ғоратгари тоҷирон равост, ки ба шавҳар барояд? Эҳтимол меравад, ки бале. Вале ба оҳангар ба шавҳар баромадан ҷоиз нест. Кори оҳангарон дар истеҳсолоти хурди русто дар қиёс ба сокинони одӣ,шояд беҳтар пеш меравад: шуғли онҳо дар муқоиса бо барзгарон натанҳо барои дарёфти даромади баланди иқтисодӣ иҷозат медиҳад, балки аз тарафи дигар эҳтирому арҷгузории гурӯҳи дуюмро нисбат ба гурӯҳи аввал ба миён меорад. Агар ҷиддан ба вазъи воқеии деҳот назар андозем, хоҳ-нохоҳ савол ба миён меояд, ки барои чӣ он духтар, ки ин сурудро сароид, оҳангарро хуш надорад? Албатта, гап дар сари он нест, ки ӯ аз оҳангар бим бурдааст. “Нохунаш пур аз дуда” – гӯё баъди ба оҳангар ба шавҳар баромадан, вай риояи тозагиро қатъ мекарда бошад. “Мерезад ашк аз дида” – ин сатр билкул нофаҳмост. Ба таври умум гӯем, дар чашмони ҳар марди бо филиз сарукордошта, ашк ҳатто намои басо лирикӣ дорад: онҳо бозии тасвиротро тавлид мекунанд. Марде, ки ашк мерезад, метавонад дар занҳо ҳисси дилсӯзӣ ва ҳатто муҳаббатро бедор бикунад. Эҳтимол дорад, нахустдухтаре, ки ин сурудро сароидааст, маҳз ба ҳамин хотир нахостааст тақдирашро ба оҳангар пайванд бидиҳад. Бо дарназардошти он чи дар фавқ зикр ёфт, фикр кардам, ки дар пасманзари ин суруд қазияии ғайриодии дорои сужаи басо ҷолиб ниҳон аст.
Ва ман бо усули дедуктсионӣ мусаллаҳ гардида, барои худ мутлақо ва ғайриинтизор ҳикояи мавриди назарро эҷод намудам. Дар ибтидо умед меварзидам, ки ин навиштаи аз маънии баланд орӣ ва бо як нишаст эҷодшуда, ҳеҷ набошад, барои бачаҳо як асари муносибу хонданӣ мегардад.
Ин суруди халқиро аз забони ҳамсояаамон, холаи Сун шунида будам. Албатта, онро метавон суруди бачагона хонд. Холаи Сун бо кулоҳи мӯйҳои сафедаш дар ёдам монд. Падару модарам ӯро “хола” ном мебурданд, аммо барои ман аз рӯйи синну солаш бибӣ менамоид. Бароям нофаҳмост, ки чанд насл қабл миёни оилаҳои мо чи пайванди хешутаборӣ вуҷуд дошт, аммо холаи Сун дар хотираи бачагии ман ҳамеша ба сифати як симои муҳим рӯнамо мешавад.
Ҳамсари ӯро ҳеҷ гоҳ надидаам. Аммо вай, ба ҳар ҳол, дар ҳаёт будааст, зеро хола аз вай ду писар дошт. Мулоқот бо онҳо ба ман муяссар нагардидааст, вале ду духтари писари калонӣ ва як духтари писари хурдиашро гоҳе дидаам. Ҳар се аз рӯйи синну сол қариб тафовут надоштанд ва бо ману хоҳари калониам дӯстӣ меварзиданд.
Оилаи холаи Сун дар козаи набасти иборат аз се ҳуҷра зиндагӣ мекард. Атрофи хонаро девори пастаки пӯшида бо алафҳои ёбоӣ иҳота менамуд. Дарвоза надошт. Дар паси кулба даҳ дона софори сафед рӯйида буд ва чун онҳо мешукуфтанд, бӯйи хушашон то хонаи мо мерасид ва он гоҳ ки гулҳояшон мерехт, болопӯши хонаи холаро сафедӣ мепӯшонд. Чунин ҳам иттифоқ меафтод, ки ман ғунчаи ин софорҳоро нӯши ҷон мекардам – ширини ширин буданд, агар бисёр мехӯрдам, маззаи тундӣ пайдо мекарданд. Як дафъа хола ҳатто бо нони зағора, ки бо сабаби ба ин муғчаҳо омехта буданаш каме часпаку лағжон гашта буд, моро меҳмондорӣ кард. Дар ҳавлии хола дарахти анор ҳам ба чашм мехӯрд. Ҳар гоҳе ки мешукуфт, ранги сурху норинҷӣ мегирифт ва аз диданаш хотирам шод мегардид. Дарахт ғӯра намебаст. Дар оғози тавора даҳҳо буттаи савсан – рустании бисёрсолаи баргҳояш борику дароз ва гулаш сафед ё ки нофармон рӯйида буд. Баргҳои ёзандаи онҳоро ҳар сари чанд вақт бурида, ба қассобон мефурӯхтанд, ки барои бастабандии гӯшт истифода мешуданд.
Холаи Сун тамокукаширо дӯст медошт. Бо чубуқ тамоку мекашид. Косаи чубуқаш аз биринҷ, худаш аз бамбук ва нӯгаш аз яшми сабз сохта шуда буд. Ба гуфти хола яшм арзиши баланд дошт. Ӯ мегуфт, ки он одамро наҷот медиҳад. Масалан, агар касе бар асари беэҳтиётӣ аз баландӣ афтад ва бо худ яшм дошта бошад, ҳеҷ гоҳ ҷароҳат намебардорад, танҳо дар яшм тарқишаке пайдо мешаваду халос. Яшм соҳиби худро як бор наҷот медиҳад. Ҳар гоҳе ки холаи Сун суҳбат мекард, бо дандонҳои охири худ нӯги чубуқро мегазид.
Маълумотро дар бораи хосияти хоси яшм аз ӯ пайдо кардам.Се набераи хола Саҳлаби Калон, Саҳлаби Дуюм ва Саҳлаби Сеюм ном дошта, ҳар се кайҳо модар шуда буданд. Дар ҳамон вақтҳо ману хоҳарам ҳар се Саҳлабҳоро ба рустои ҳамсоя, ба тамошои намоиш даъват мекардем. Бибии онҳо – холаи Сун – ҳеҷ гоҳ зиддият нишон намедод ва ҳамеша бо хушҳолӣ ба наберагонаш иҷозат медод, ки бо мо раванд. Ёд дорам, ки дар кулбаи ӯ ҳамеша торикӣ ҳукмрон буд. Дар рӯйи фарш ва тахтасуфа қуттиҳои сиёҳ ҷойгир шуда буданд. Даруни онҳо чӣ буд, то кунун намедонам. Дақиқтараш, он вақт чӣ доштани онҳо маро ҳатто мутаваҷҷеҳ намекард. Як дафъа мо барои тамошои намоиш, ки дақиқан ёдам нест “Ло шан стзи” ном дошт ва ё “Лу фэн мян”, ба деҳаи хамсоя рафтем. Чун баргашта омадем, бибӣ аз мо хост дар бораи он қисса бикунем. Мо суханони якдигарро бурида, ба нақл шуруъ кардем, вале аз чӣ бошад, ки ҳикоятамон дарҳам-барҳам баромад.
Холаи Сун нақли моро шунида, оро мона чубуқашро миёни дандонҳояш нигоҳ дошта, баъдан барои мо, шояд барои худаш низ ҳамон суруди қадимиро, ки қаҳрамонаш аз ҳамсари оҳангар шудан метарсид, замзама кард. Чун ба поёни суруд расид, ҳама хандидем. Ёдам ҳаст, ки ҳоҳари ман боз гуфта буд: “Садои холаамон чӣ қадар зебост!” Хола ҳам хандид.
Чорсатрае, ки дар миёни бачаҳои деҳотӣ машҳур буд, дар зеҳнам рӯшан шуд:
Аз шимол ба ҷануб омаданд
Се Саҳлаби Сун:
Саҳлаби Калонӣ гиристан,
Дуюмаш хӯрдан,
Сеюмаш хомӯширо
Дӯст медоранд.
Ин сатрҳо маъмулан бачагона садо медоданд. Аммо мушкил аст гуфт, ки моли бачаҳо бошанд, зеро дар онҳо се хусусияти Саҳлабҳо дақиқан инъикос ёфтааст. Магар бачаҳо дар эҷод ба чунин дақиқкорӣ қодиранд? Яке аз Саҳлабҳо аз рӯйи мучал Асб буд, дуюмаш Буз ва сеюмаш Ҳамдуна. Он гоҳ, ки синнашон аз даҳсолагӣ убур кард, мутлақо рӯшан шуд, ки кадоме аз онҳо калонист ва кадоме хурдӣ. Ҳамаашон бисёр зебову ҷаззоб ба назар мерасиданд. Саҳлаби якум каме зеботар бошад ҳам, гунги модарзод буд. Дуюмаш бисёр мехӯрд ва ҳамеша бо нӯги забонаш лабонашро мелесид. Саҳлаби сеюмро, сарфи назар аз ин, ки имтиёзи хоҳари калониро дошт, хоҳаронаш ҳамеша гирён мекарданд, ӯ мисли як кӯдак рафтор менамуд.
Аз се хоҳар ба ман Саҳлаби Калонии гирёнчак писанд буд. Эҳтимолан ба хотири он, ки ман низ ҳиқғҳиқ гиря карданро дӯст медоштам. Ба Саҳлаби Сеюм билкул ҳеҷ гуна таваҷҷуҳ надоштам, аммо на аз сари гунг буданаш, балки аз боиси он, ки калонсолҳо шӯхикунон ӯро ба зани ман будан муносиб медонистанд. Росташро мегӯям, ӯ табъи дилам набуд! Гунг ба ман чӣ лозим? Дар ибтидо вай маро таги чашм карда буд ва ман фикр мекардам, ки издивоҷ кори ба дараҷаи олиаш бемаънист. Ё шояд дар пеши зиндагии ояндаи калонсолӣ тарсу ҳаросро эҳсос мекардам?
Он гоҳ ки ба синни ҳабдаҳ-ҳаждаҳсолагӣ расидем, ба канор рафтан аз як дигар пардохтем; хоҳарам гоҳ-гоҳ рафта, бо онҳо бозӣ мекард, аммо ман – не. Боре дидам, ки холаи Сун бо падари ман дар рӯйи ҳавлӣ суҳбат мекунад, дилам такон хӯрд ва фикр кардам: холаи Сун дақиқан яке аз се Саҳлабро бароям хостгорӣ мекунад. Ҳар кадом ба назар нафису зебо менамуд, аммо Саҳлаби Сеюм гап зада наметавонист ва ҳарчи набошад, ин нуқси ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт, барои ҳамин шоистаи ман набуд. Саҳлаби Дуюм бо тундзабониаш фарқ мекард: ҳар гоҳе ки ба ҳақорат додани касе мепардохт, ба он мемонд, ки бо корди басо тезу бурро сабзавот реза мекунад. Дар ӯ ҳам арзишмандии бузургро намедидам. Ана барои бо Саҳлаби Калонӣ издивоҷ кардан розӣ мешудам. Бо мӯйи дарозу нармхӯиаш дар қиёс бо дигарон ба ман мувофиқ меомад. Ҳамон рӯз падарам чӯб арра мекард ва ҳамзамон бо холаи Сун суҳбат менамуд. Ҳаво тафсон буд, чӯбрезаҳо зардфом ба назар мерасиданд, аз рӯйи падарам арақ мешорид. Хола дурудароз бо вай суҳбат карду баъд рафт. Ҳамин ки аз хона баромадам, нигоҳи хосаи волидайнамро ба сӯям эҳсос кардам.
Рӯзи дигар, он гоҳ ки дар рӯям дамидани гармичаҳоро меомӯхтам, падарам ба ман гуфт: “Каллаатро бо лашулуш пур накун!”
Ҳарфи ӯ мисли оби сард дарунамро шуст, эҳсоси шарм ва ногуворӣ фароям гирифт.
Боз чанд соли дигар аз миён гузашт, Саҳлаби Калонӣ ба шавҳар баромад ва аз паси ӯ Дуюму Сеюм ҳам ба оилаҳои бегона пайвастанд. Акнун дар зеҳни ман қазияи марбут ба оҳангарон рӯшан шуд.
Арафаи ҷамъоварии гандум дар ноҳияи Дунбей, музофоти Гаоми-сян зеботарин мавсим буд. Он дар охири баҳор ва аввали тобистон фаро мерасад: айёме, ки дар ҳаво накҳати хуши гулҳои софор бо бӯйи заифи гандуми шукуфон омезиш меёбад, насими гарми ҷанубӣ ва анвори форами офтоб эҳсос мешавад, вақ-вақи қурбоқаҳо ва хушхонии паррандаҳо ба гӯш мерасад. Ин давраи омодагӣ барои бордоршавии ҳайвонот аст ва вақтест, ки бачаҳо аз хонаҳо ба берун мерезанду бозию шӯхӣ мекунанд.
Ҳар сол дар ҳамин давра дар кӯчаҳои деҳаи мо се оҳангар пайдо мешуданд. Оҳангарон аз Чжантсю-сян меомаданд, тарзи гӯйиши ғайримаҳаллӣ доштанд. Ҳарчанд ки гуфтори онҳо аз мо тафовут дошт, бидуни сарфи саъю кӯшиш мо ҳамдигарро мефаҳмидем. Оҳангархонаро дар назди тавораи Лаовня созмон медоданд. Дар он ҷо замини ноободе буд, ки аъзои бригадаи аввалини истеҳсолӣ ҷамъ омада, тақсимотро интизорӣ мекашиданд. Дар он мавзеъ ҳамчунин қайроқсанг дида мешуд, ҳеҷ гоҳ аз кор фориғ набуд: “шик-шик-шук-шик” …
Дар назди тавора дарахти себи биҳӣ рӯйида, дар шохи он зангӯлаи хурди чӯянӣ овезон буд – зери садои он аъзои аввалин бригадаи истеҳсолӣ ҷамъ меомаданд. Барои гузоштани оҳангархона ин ҷо беҳтарин макон буд. Дар миёни се оҳангар устоди солрафта бо насаби Хон, ки ӯро бо ифодаи Хони Пир бузург медоштанд, меҳтар ба ҳисоб мерафт. Путкзан ҳам насаби Хонро дошт, ӯ бародарзодаи меҳтар буд ва мутобиқан Хони Хурдӣ номаш мебурданд. Сеюмӣ Лаосани лундаҷуссаи насабаш номаълум вазифаи боддиҳанда ва ҳамзамон ёварии путкзанро иҷро мекард. Хони Пири лоғарандому гардандароз рӯи пур аз ожанг дошт ва тоссар буду чашмонаш ҳамеша пур аз об буданд. Хони Хурдӣ бо қомати баландаш фарқ мекард ва тарҳи бадани ӯ дар қиёс бо амакаш хеле қавӣ ба назар мерасид.
Замоне ки ҳикояи худро дар барои оҳангарон офаридам, дар тасаввури ман симои Хони Хурдӣ борҳо рӯ зад ва метавон гуфт, ки тимсоли оҳангари ҷавон – қаҳрамони ҳикояи ёдшуда маҳз ӯст.
Агар аз рӯйи ҳақиқат ҳарф бизанем, ҳамон вақтҳо дар русто зиндагии бисёр фақирона ҳукмрон буд. Ба хотирам меояд, ки ҳамон даврон дар қиёс бо имрӯз ман хеле фарди некбин будам. Ҳарчанд серӣ намехӯрдам, либоси хуб намепӯшидам, дар зиндагӣ як пешравӣ ва умедвориро медидам. Акнун сераму хуб пӯшида, вале воқеан ба фарди афтода дар ҳолати парешонхотирӣ ва абадан ғарқшудаистода мемонам. Гузашта аз ин, дар собиқ ҳама кору шуғл метавонист бароям василаи зидди фарбеҳӣ гардад…
Он вақт мо чанд дона картошкаи ширин мехӯрдем, ду-се шалғамчаи намакаинро газида-газида, ба тарафи зангӯлаи бригадаи якум медавидем, то оҳанкӯбии оҳангаронро бубинем. Онҳо дер аз хоб мехестанд. Мо, аз рӯйи қоида, кори онҳоро нисфирӯзӣ тамошо мекардем ва дар омади гап гӯям, ки гоҳе бегоҳ низ. Дар ин вақти рӯз гармӣ хушҳолӣ меовард, зери анвори офтоб астари пахтагии нимтанаҳои худро ҷудо мекардем ва ҳаловат меёфтем. Сагҳо дар чорроҳа тӯй барпо мекарданд, мо дар назди тавораи хокӣ нишаста, офтоб мехӯрдем.
Занбӯрҳои оилаи Чжани Сеюм ташвишомез гарди гулҳои софорро ҷамъ оварда, онҳоро ба асал табдил медоданд. Завҷаи Чжани Сеюм ба бемории ҷузом мубтало буда, солҳои зиёд аз хонааш берун намебаромад. Ин муаммоомез ба назар мерасид ва тарсу ҳарос эҷод мекард. Чжани Сеюм – говбони бригадаи якуми истеҳсолӣ пирмарди лоғарандоме буд, ки бо тавзеҳоти тумтароқ ва шӯхиҳояш хандондани ҳамсуҳбатҳояшро дӯст медошт. Писари ӯ – Чжан Дали бо бародари калонии ман дӯст буд. Ин марди ғалчаи гандумгун ба ҳавои тираи равон ҳамсонӣ дошт. Ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки чӣ тавр зани малъун тавонистааст чунин писари баҳодурро таваллуд бикунад. Чжан Дали шӯхию зарофатро аз падараш ба мерос гирифта буд. Ағлаби бачаҳои деҳа бо ӯ ба подабонию алафдаравӣ рафтанро хуш доштанд. Зери роҳбарии ӯ мо сабзавоти полизӣ ва финдиқҳои хитоӣ медуздидем, моҳӣ мегирифтем, бо ҳамдигар дар ҷанг мешудем ва боз баъзе амалҳои нохубро содир мекардем. Масалан, дар роҳҳо чуқурӣ – қапқон мекофтем, дар майдони пахта резасаргин мерехтем, дар синфҳои поёнӣ дарсро вайрон мекардем… Ин буд порае аз қаҳрамониҳои мо. Падарам бо Чжан Дали гаштани ману бародарамро қатъиян манъ мекард. Ӯ мегуфт: “Агар аз заҳролудшавӣ ба бемории ҷузом бим намебаред, аз он наметарсед, ки бо ӯ ҷиноят содир карда, ба маҳбас меафтед?” Агарчи аз ин ҳарфҳои падар дар мо эҳссоси тарсу ҳарос рӯ мезад, аз баҳри ҷӯрагӣ бо Чжан Дали намегузаштем. Ҳар гоҳе ки Чжан моро ба алафдаравӣ мебурд, бароямон “маводи хӯрок” инъом мекард. Мо дони гандумро бирён карда, мехӯрдем: хӯшаҳои тараки гандум парт мешуданд ва мо онҳоро аз пӯсташон ҷудо карда, нимхом мехӯрдем, серобу мазадор буданд. Агар гандум намеёфтем, аз ҷуворимака, картошкаи бомазаи бирён, лӯбиё, ки ба бригадаи истеҳсолӣ тааллуқ доштанд, истифода мебурдем ва танҳо аблаҳ метавонист аз онҳо рӯ гардонад. Бо ин роҳ мо хӯроки хонаи худро сарфа мекардем.
Он ҳангом агар дар саҳро инҳоро пайдо намекардем, малаху моҳӣ медоштем ва бирён карда мехӯрдем дар ҳар ҳолат, ҳар гоҳе бо Чжан Дали пайи алафдаравӣ мерафтем, ҳамеша метавонистем роҳеро пайдо бикунем, ки боиси хомӯш кардани садои гулдур-гулдури меъдачаҳои гуруснаи мо гардад. Дар миёни Дали ҳамеша гӯгирдчӯби дар коғази равғанолуд печонидашуда дида мешуд. Боре гӯгирдчӯбҳо нам кашиданд ва ӯ бо соиш додани кафаки пойафзораш ба хошоки хушк оташ ба вуҷуд оварду аз лӯбиё барои мо ғизо омода кард. Ба назарам чунин менамояд, ки мутаносибан ба тарҳи қаду қомати ҷисман хубамон дар он айёми наврасӣ, аз ҳар зовияе бинигарӣ, барои он “зиёфтҳо” мадюни Чжан ҳастем. Дали ҳар рӯз барои мо оид ба муқаддасот, роҳзанҳо ва руҳи нопок ҳикоятҳо мекард. Чунон бо оҳанги эътимодбахш қисса мегуфт, ки гӯё худ шоҳиди он ҳодисаҳо будааст. Чжан Дали бо камоли хушҳолӣ ба дигарон ёрӣ медод… Ӯ боре дар бораи таърихи корди муъҷизавӣ ҳикоят карда, маро хеле мутаассир намуд. Аз рӯйи гуфти ӯ корди муъҷизавии ҳақиқӣ нарм аст, мисли макарони дароз, метавон онро даври миён печонид, ба монанди тасма. Инчунин гуфт, ки бо он метавон хуни инсонро нарехта, вайро ба ҳалокат расонд, мисли поку мебурад, теғи он камоншакл аст.
Мусобиқае, ки ҳамон соли бори аввал ба мактаб рафтани ман бахшида ба тантанаи иди якуми май роҳандозӣ гардид, барои Дали фатҳи қуллаи шуҳратро муяссар гардонд. Дар деҳаи мо мактаби ибтидоии пурра амал менамуд, дар он чанд муаллими бисёр хуби тарбияи ҷисмонӣ кор мекарданд. Ҳар сол дар аввали моҳи май онҳо мусобиқаҳои варзиширо ба роҳ мемонданд. Муаллимону хонандагони деҳоти атроф бо ризоятмандӣ ширкат меварзиданд. Бандҳои бисёре вориди барномаи сабқат буданд: баскетбол, тенниси рӯйимизӣ, давидан, ба дарозию баландӣ ҷаҳидан ва ғ. Дар рӯзи сабқати ҷаҳидан ба баландӣ сокинони деҳот дар майдони варзишии мактаб ҷамъ омаданд. Чжан Дали ҳам, албатта, омад. Дар канори бародари ман нишаста, беист ҳаёҳуй мекард. Он замон бародарам аллакай аз девори мактаб берун монда буд. Чанд муаллим ба ҷаҳидан ба баландии якунимметр муваффақ шуданд. Ана, муаллим Чжан ҳам давида ҷаҳид, аммо ба монеаи бамбукӣ бархӯрда, ба чуқурии пур аз қум афтод. Аз паси вай муаллим Чэн давид, вале вай ҳам муваффақ нашуд. Муаллим Ли гуфт: “Кифоя!” Ин андозаи ниҳоист. Рекорди мактаби мо гузошта шуд”, аммо муаллим Чэн розӣ нашуда, баландии андозаи як метру шаст сантиметрро интихоб карда, хоҳиши бори дигар ҷаҳидан намуд. Бо шавқ ба гарм кардани баданаш пардохт. Ҳамин лаҳза аз миёни издиҳом Чжан Дали қад алам карда, қадамҳояшро кушод-кушод гузошта, якбора давид ва бо баланд кардани садои “Э-эҳ!” бо осонӣ аз болои монеа ҷаҳида, рӯйи қум сари по нишаст. Аз ҷой боло шуду худро аз қум тоза карда, бо ҳавобаландӣ ба омӯзгорон нигариста гуфт: “Шумо беҳуда нони равғанӣ хӯрдаед, аз ман бадтар меҷаҳед, ҳарчанд ки хӯроки ман картошка аст”. Деҳқонони атроф қоҳ-қоҳ зада, хандиданд, хонандаҳо ҳуштак кашиданд. Муаллимони мо асабӣ шуданд, рӯяшон ранги лоларо гирифт. Роҳбари синфи ман Чжан Дагэ, ки у-шу меомӯзонд ва ҳар рӯзи корӣ ба соҳили рӯд рафта, тамрин мекард, дастҳояшро мушт карда, ба сӯйи Дали рафт. Рустоиён фикр карданд, ки вазъият муташанниҷ гардид ва чанд мӯйсафед аз ҷой бархостанду пеши роҳи муаллимро гирифта, ӯро ором карданӣ шуданд: “Устод Чжан! Устод Чжан! Ба ин бачаи густох сарбасар нашавед” Муаллим Чжан бо дастонаш онҳоро канор зад. Воқеан ҳам, маро барои Дали ва бародарам даҳшат фаро гирифт, зеро маҳз муаллим Чжан ӯро аз мактаб ронда буд. Бародарам дар назди Дали меистод ва ин маънои онро дошт, ки қазия эҷоди ҳардуи онҳост. Ба назар мерасид, ки Далиро ҳаяҷон фаро гирифтааст, зеро ранги рӯяш офтоби дар ҳоли ғурубро мемонд. Муаллим Чжан бо мушт ба сари синаи ӯ зад. Дали як уҳ гуфту сар хам кард. Вале муаллим барои задани зарбаи дуюм фурсат наёфт, зеро
Дали ба миёни пойҳои ӯ лагади обдор зад. Муаллим хати қомат шикаста, миёни пойҳояшро дошт. Дали ба қафо баргашт. Муаллим рӯ ба замин афтод, маълум, ки зарба хеле ҷонкоҳ буд. Рустоиён онҳоро иҳота карда, Далиро канор бурданд. Овозаи ин қазия барқвор деҳаро фаро гирифт. Ин рӯйдод боиси боло рафтани шуҳрати Дали гардид. Аз ҳамон рӯз вайро ба сафи кормандони калонсол ворид карданд ва бо ҳамин муносибати ӯ бо мо – бачаҳо хотима ёфт. Аммо эҳтироми ман нисбат ба вай ҳамарӯза боло мерафт ва ҳоло ҳам побарҷост. Бисёр рухдодҳои марбут ба вайро мехостам дар ҳикоя ёдовар шавам. Масалан, дар бораи чӣ тавр сардори звенои бригада шуданаш, зангириаш ва монанд ба ин…
Мо зуд-зуд дар таги зангӯлаи чӯянии бригадаи якум ҷамъ омада, кори оҳангаронро тамошо мекардем, қиссаҳои Чжани Сеюмро мешунидем. Ёд дорам, боре ӯ ба мумсикии зани Лаован ишора намуд ва ба рӯйи вай нигариста, тундгуйӣ кард: “Саргини оилачаатонро хубтар шӯй – шояд донаи биринҷ ва ё чизи дигареро бубинӣ”. Ҳамсари Лаован дар посух ӯро ҳақорат дод: “Чжани Сеюм, илоҳо, девона шуда, бимирӣ!”. Арбадаҷӯ рад кард: “Агар ман бимирам, туро кӣ даст мекобад?”…
Ҳамон вақтҳо Ван Кэ – ба гуфти худаш, сарбози ихтиёрӣ ва сардори бригадаи якум буд. Бо андак гуноҳ тасмаи чармии худро берун кашида, муҷримро мезад. Боре Саҳлаби Дуюмро барои аз замин кандани шалғамчаи бригада ҷазо дод. Холаи Сун ба Ван Кэ наздик шуда, гуфт: “Ванбригадир, эҳтиёт бош! Дастат аз ҷо беҷо нашавад!”
Бармегардем ба сари оҳангарон. Оташи оҳангархона забона мезад, пушти Лаосан ва Хони Хурдӣ медурахшид, қафаси синаи бардамидаи онҳоро пешдомани обногузари аз таъсири шарораи оташ ҷо-ҷо сурохшуда зинат медод. Бозуҳои Лаосан ва Хони Хурдӣ бозӣ мекарданд – тавонмандии ҳар ду бармало метофт. Пешдомани Хони Пир аз матои дурушт омода гардида буд. Қомати хамида дошт ва ва гоҳ-гоҳ месулфид. Гандуми саҳро ҳам пухта расид, деҳқонон асосан досу белу каландҳои худро барои кӯфтан мефиристоданд. Агар асбоби нав сохтан лозим меомад, бояд аз хонаи худ оҳан меоварданд; агар бозсозии асбобе пеш меомад, оҳан аз дасти супоришгар ба дасти оҳангар мегузашт. Танҳо як ҳолат дар ёдам ҳаст, ки як пирмарди рустоӣ омада, хоҳиш кард, ки ба табари қадимии ӯ як пораи оҳанро илова кунанд. Хони Пир як пора оҳани равшанро берун оварда, изҳор дошт: “Бародари азиз, беҳтарин пӯлоди обутобёфтаро илова мекунам, то табари ту дурудароз хидмат бикунад!”
Чжани Сеюм аз таъмингар каме оҳан пурсида, хоҳиш кард, ки барои буридани кунҷораи бамбук барояш корди дудама бисозанд. Кунҷораро бо тасмаҳои дароз ҷудо карда, нағзакак меҷӯшонанд, баъдан онро бо саргини асбу хачир омехта мекунанд, то вазн бигирад. Нонҳои гирдаи кунҷораро дар миёни пойҳо гирифта, кордро бо ду даст дошта, бо садои ороми хос ба қисмҳо мебуранд.
Тамошои кори оҳангарон дар бегоҳ назар ба рӯз аҷибтар буд. Оташ дар рӯйи оҳангарон мисли силки зарандуди ибодатгоҳи буддоиҳо мунъакис мегардид. Хони Пир оҳанро бо анбӯр дошта, онро дар оташ ин тарафу он тараф тоб медод, он обу тоб ёфта, нарм мешуд, дар пасманзари оташ ба ҳадде медурахшид, ки чашмро хира мекард. Лаосан бо садои хиррӣ дами оҳангариро “пуҳ-пуҳ-пуҳ” – гӯён пуф мекард. Чун оҳан ба ҳадди кифоя обутоб меёфт, Хони Пир онро берун меовард, рӯйи тахтаоҳан мегузошт, дар аввал бо болғача онро мекӯфт, шуои шарораҳои сефедфом пош мехӯрд. Хони Хурдӣ ба путки бузурги ҳаждаҳфунта такякунон дар канор меистод. Он путкро ман борҳо саъй намудам, ки бардорам, аммо беҳуда, аз ҳад зиёд вазнин буд. Дастаи путк аз дарахти чандир сохта шуда буд ва ҳар гоҳе путкро мебардоштанд, он меёзид. Барои корбурди чунин путк маҳорату истеъдоду чолокӣ лозим буд. Хони Хурдӣ дар ҳолати омодабош қарор дошт, ишораи амакашро интизор шуда, пойҳояшро васеъ гузошту путкро бардошт ва ба оҳан кӯфт. Ӯ путкро аз сараш баланд мебардошту бо тамоми қувва поён оварда, ба оҳан мезад. Филиз ба мисли хамир ҳамвору васеъ мешуд.
Хони Хурдӣ бо чолокию маҳорати баланд, гӯё бо чашмони баста кор мекард – «дин-дин-дан-дан». Манзара мафтункунанда буд. Вақте ки оҳанро мекӯбӣ, ҷисман пурқувват бояд буд, кори оҳангарон пурмашаққат аст. Аммо онҳо кам арақ мекунанд. Чжан Сеюми мутлақо бар ҳама чиз доно панд медод: “Оҳангаре, ки арақ мекунад, оҳангари асил нест”. Лаосан гоҳ-гоҳе оҳан мекӯфт, аммо маҳорати ӯ олӣ набуд, хосса дар муқоиса бо Хони Хурд…
Чжани Сеюм барои мо як ҳикояти бисёр аҷиб кард. Кадом вақте як устои хитоӣ дар назди оҳангари пири ҷопонӣ сохтани шамшери афсариро меомӯхтааст, аммо усули обутобдиҳиро намегуфтааст. Ва шамшерҳои сохтаи ӯ дар бурроӣ ба шамшерҳои устои ҷопонӣ баробар набудаанд. Боре чун устод кори обутобдиҳиро анҷом медод, шогирд дасташро ба об андохт, то ҳарораташро санҷад. Он шайтони пири ҷопонӣ дасти вайро ҳамон лаҳза қатъ кардааст. Ман ин воқеаро ба Ли То ҳикоят кардам, аммо ӯ онро бофтаи мардумӣ хонд.
Дар вақти обутобдиҳии оҳан об сахт гарм мешавад ва овоз мебарорад. Агар барои реза кардани сабзавот корд сохта шавад, баъди обдиҳӣ дами онро бояд бо санг тез кард. Ин кор ба уҳдаи Хони Хурдӣ буд. Ӯ санги дарозрӯяи қайроқро бар курсии чӯбини пурбардошти баланд гузошта, кордро ба ҳалқаи чӯбин маҳкам мекард ва сипас пойҳояшро аз якдигар кушод монда, қоматашро каме хам менамуд ва ба санг об мерехт. Аз паси ин корди дасташ “виж-виж” овоз бароварда, ба мисли санги гаронбаҳо медурахшид. Агар касе мепурсид: “Тез аст?”, Хони Хурдӣ ҳарфе ба забон наоварда, чӯби ба ғафсӣ чун банди дастро ба рӯйи курсӣ мегузошт ва бо як задан ба ду ҳисса ҷудо мекард. “Чӣ хел, тез будааст?” – ҷавобан савол медод ӯ.
Бобо тавзеҳ медод, ки кордҳои омодакардаи оҳангарҳои мо на он қадар бурро ҳастанд, аммо чӯбҳо барои он мешикастанд, ки Хони Хурдӣ тавонманд буд.
Ҳамон рӯз мо медидем, ки Хони Хурдӣ чӣ тавр барои чагалдак аз орди ҷуворимакка хамир мешӯрад. Ӯ оҳанро бисёр хуб мекӯфт, вале дар чагалдаксозӣ ҳунар надошт: бо дастони калон-калонаш нонҳои мисли таппаки гов дуруст карда, онҳоро ба тобаи сиёҳи тагаш ҳамвор мечаспонд. Оҳангарон дар як рӯз ду маротиба хӯрок мехӯрданд, онҳо секаса баякбор ба панҷ стзин орд харидаву кулча пухта, мехӯрданд. Иштиҳои қозгир! Гоҳо бо чанд стзин гӯшти равғандор харида, бирён мекарданд: гӯштҳои сафед-сиёҳ баъди пухтан дар гӯшаи тира латиф ба назар мерасиданд, аз онҳо бӯйи басо хушоянд мебаромад, мушоҳидагарон маҷбур мешуданд оби даҳони худро фурӯ баранд.
Саҳлаби Дувум мегуфт, ки ҳар гоҳе калон шавад, албатта зани оҳангар меша- вад, нони зарди зағора ва гӯшти равғандор мехӯрад. Мо мепурсидем: “Магар бибии ту нест, ки чунин месарояд: “Дон, ба ҷуз оҳангар, Мебароям ба шавҳар”?” Саҳлаби Дувум посух медод: “Суруд як тарафи масъала, шавҳар кардан тамоман масъалаи дигар”.
Чанд муддат Саҳлаби Калонӣ ва Дувум ба дидани кори оҳангарон завқманд гардиданд. Ҳатто вақте ки ману хоҳарам намеомадем, онҳо меомаданд. Билохира шунидам, ки гӯё холаи Сун Саҳлаби Калониро гуфтааст, ки бо хоҳаронаш маҳорати оҳангарони омадро маълум бикунанд. Саҳлабҳо ҳамин ки баргаштанд, ба таърифу тавсифи сифату маззаи нонҳои зағора пардохтаанд. Саҳлаби Дувум ҳамеша онҳоро зора мекардааст. Одамони атроф ин духтарро баднафс мехонданд, аммо Хони Хурдӣ бо кушодарӯйӣ ба сӯяш табассум мекард, нони калони зағораро ба барги офтобпараст ниҳода, ба Саҳлаби Дуюм медод. Саҳлаби Дуюм боз пургӯйӣ карда, мегуфт, ки қафаси синаи ӯ пур аз мӯйҳои сиёҳ аст. Мегуфту механдид.
Ҳаштуми апрел ҳолати аҷибе рух дод. Ҳамон рӯз дар кӯчаи мо намоиш буд. Мардуми зиёде ҷамъ омад. Дар атрофи кӯраи оҳангарӣ зиндагӣ ҷӯш мезад. Бо қомати хамида, бо пе роҳани обшустаи сафед, мӯйи сафедашро бофтаю дар пушташ партофта, ки онро боз гули мино зинат медод, холаи Сун омад. Вай ба соҳир ва ё мафтункунандаи пир шабоҳат дошт. Одамон ба ӯ нигариста, табассум менамуданд. Аммо ӯ не, дар қиёфааш қатъияту ҷиддият дида мешуд. Се Саҳлаб пероҳани нав ба бар карда, мисли се муҳофиз аз паси ӯ мерафтанд. Чжани Сеюм ҳамон лаҳза таваҷчуҳ зоҳир кард: “Холаи Сун! Имрӯз ба ту чӣ шудааст? Магар ҷиннӣ шудаӣ?” Ман аз Саҳлабҳо пурсидам: “Чаро чунин кардед?…” Аммо онҳо хомӯширо авло донистанд. Саҳлаби Сеюм кару гунг аст, аз рӯйи табиаташ хомӯш буд. Дуюмаш бо ман муросо намекард – дамдуздиаш фаҳмост. Аммо Сеюмаш барои чӣ посух надод? Агар ҳамон бегоҳ ӯро бо порақанд зиёфат медодам, иҷозат медод, ки даст ба дунбааш расонам. Маълум, қаҳрам омад.
Онҳо ба оҳангархона наздик шуданд ва оҳангарон дарҳол кори худро бас карданд. Таъмини ҳаво, ки алангаи оташро меларзонд, қатъ гардид, шиддати оташ коҳиш ёфт, дуди сиёҳи ғафс баромад.
Холаи Сун хунсардона савол дод:
– Усто, метавонӣ корд бисозӣ?
Хони Пир пурсид:
– Ба ту чӣ гуна корд лозим аст?
Холаи Сун аз бағалаш як пораи оҳани чаҳоргӯшаи хокистаррангро берун оварда, ба вай дод. Хони Пир онро гирифта, ба ин тарафу он тарафаш нигоҳ карда, туршрӯёна такроран пурсид:
– Ба ту чӣ гуна корд даркор аст?
Холаи Сун, гӯё пораи абрешим бошад, аз миёнаш теғи дурахшандаеро берун оварда, ба сӯйи Хони Пир дароз кард, аммо ӯ натавонист бипазирад. Оҳангар бо эҳтиром пораи оҳанро ба холаи Сун баргардонд ва изҳор дошт:
– Бону, охир, ман як оҳангари одиям. Бо сохтани белу гулмех зағоранонамро муҳайё месозам. Хоҳиш мекунам, ки маро бубахшед…
Холаи Сун оҳанпораро аз дасти оҳангар пас гирифту ба шакли доира гирди миёнаш печонид ва ғур-ғуркунон гуфт:
– Аҷаб оҳангарҳои “хубе” баромадаанд…
Инро гуфту пас гашта рафт. Саҳлабҳо ҳам аз ӯ пайравӣ карданд.
Холаи Суни қоматхамида бо пойҳои лоғараш ба вақти роҳравӣ мекалавид ва ба назар чунин мерасид, ки боди андаке ҳам ӯро аз по меафтонад. Се наберааш дар зери анвори офтоби нимарӯзӣ, воқеан ҳам, ба се гул, гули саҳлаб мемонданд – баланд, рост, хушбӯй.
Ва оҳангарон ҳамон бегоҳ чизу чораи худро ҷамъ карданду рафтанд. Дигар наомаданд.
Аз миён чанд сол гузашт. Холаи Сун дунёро падруд гуфт. Саҳлабҳо ба шавҳар баромаданд. Саҳлаби Сеюм, гунгро, Чжан Дали ба занӣ гирифт, ҳарчанд ки аз рӯйи синну сол ба якдигар мувофиқ набуданд. Он корди муъҷизанок куҷо шуд, касе намедонист. Чжани Сеюм собит карданӣ мешуд, ки мисли корди бирманӣ, ки бидуни резондани хун одамро ба ҳалокат мерасонду мисли поку тез буд ва ба хола тааллуқ дошт, оҳангарҳои одӣ сохта наметавонистанд.
Шунидам, ки гӯё насиби Саҳлаби Сеюм шудаву ӯ онро бо худ гирифта, чандин сол чун гавҳараки чашм ҳифз кардааст, аммо баъдан онро ба рӯзи равшан бароварда, дар кори ошхона исти- фода бурдаанд: бо он гӯшт мебуриданду сабзавот реза мекарданд. Аз рӯйи гуфти писари Чжан Дали ва Саҳлаби сеюм, корд ҳарчанд тез ҳам буд, боз бо ҳамон андоза сабуку ёзанда низ буд, аммо коршоям набуд, ҳатто ба ҳадди корди ошхонае, ки ду танга арзиш дорад.
Аз русӣ тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ