«Корвони маърифат»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Рӯзи 25-уми апрели соли равон «Корвони маърифат»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб расид.
Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, котиби масъули шуъбаи кӯлобии Иттифоқи нависандагон Ҳақназар Ғоиб ва мардуми шаҳр шоирону нависандагон, ҳайати корвони маърифат Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Наҷмиддин Салоҳиддинзода ва Насимбек Қурбонзодаро бо шеъру суруд пешвоз гирифтанд. Нахуст дар пояи муҷассамаи Модар гул гузошта шуд ва шоирон дар васфи модар шеърҳо хонданд.
Дар Театри шаҳри Кӯлоб бо иштироки мардум маҳфили адабӣ барпо гардид. Дар маҳфил, дар баробари меҳмонон, ҳамчунин, шоирон Файзи Ашӯр, Одина Раҳмон, Абдуқаҳҳори Мӯсо, Сулаймон Султон, Нуралӣ Яъқуб низ шеърҳои тозаи худро хонданд. Сипас меҳмонон Осорхонаи миллии шаҳри Кӯлобро тамошо карданд.
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили рӯнамоии нашри ҳафтумини қиссаи «Паррончакҳо»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад баргузор шуд.
Сипас вохӯрии ҳайати «Корвони маърифат» бо омӯзгорону хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Кӯлоб сурат гирифт. Адибон шеърхонӣ ва суханронӣ намуда, китобҳои нави корвонро ба китобхонаи мактаб тақдим карданд.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел «Корвони маърифат» кори худро дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Дӯстӣ идома дод.
Дар саҳни Китобхонаи вилоятии шаҳри Бохтар намоиши китоби адибони муосир, ки нашриёти «Рушди маориф» ба чоп расондааст, баргузор шуд. Сипас дар китобхона вохӯрии адибон бо наврасону ҷавонон барпо гардид.
Маҳфилро котиби масъули Шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Бохтар, Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим оғоз кард.
Адибон Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Наҷмиддин Салоҳиддинзода, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, Насимбек Қурбонзода, Раҷабалӣ Худоёрзода дар ин маҳфил суханронӣ ва шеърхонӣ намуданд.
Дар раванди маҳфил ғолибони озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» аз эҷоди шоирони муосир шеърҳо хонданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ба китобхонаи вилоятӣ як силсила китоби тоза тақдим кард.
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар рӯнамоии маҷмуаи ашъори тозанашри Озар Салим – «Баҳор гул бишуморем…» баргузор гашт.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташкили корвони мазкур баргузор кардани вохӯрию мулоқот бо мардум ва муаррифию тарғиби китобҳои тозаи адибони муосири тоҷик аст.