Кароматулло Олимзода. Ашъор

 Кароматулло Олимзода. Ашъор

Зинда бод
Ҷашни Истиқлолу халқи сарбаландам зинда бод,
Ишқи шӯрангезу қалби дардмандам зинда бод.

Кишвари моро агарчи танг карданд аз ҳасад,
Аз Вахону Хутталонам то Хуҷандам зинда бод.

Кӯҳсори ганҷбору сарзамини файзбор,
Рӯдҳои масти чун аспи самандам зинда бод.

Обҳои чашмаҳои софи ҷонбахши Ватан
Бо суруди обшори дилписандам зинда бод.

Коми моро аз азал бо шеър чун бардоштанд,
Бо забони тоҷикии ҳамчу қандам зинда бод.

Пойтахтам гашт шаҳри сабзу гулзору базеб,
Ин тарабгоҳи бузурги арҷмандам зинда бод.

Воми зиндагӣ
Гарчи душвор аст, бошам ҳаммароми зиндагӣ,
Бо рафиқон май бинӯшам то зи ҷоми зиндагӣ.

Гаҳ рақибон хотири моро мушавваш мекунанд,
Бехабар ҳастанд инон з-эҳтироми зиндагӣ.

Пухта аҷдодони мо буданд аз фазлу адаб,
Ҳайрате дорам зи ворисҳои хоми зиндагӣ.

Ишқро олуда месозанд бо макру фасод,
То баранд аз ёди инсон эътисоми зиндагӣ.

Парвариш созед гулҳои муҳаббатро ба дил,
То расад бӯи вафо андар машоми зиндагӣ.

Оқибат дар чанги марг афтодани мо ногузир,
Умрро бояд намудан вақфи воми зиндагӣ.

Ёди устод Турсунзода
Шаб зи чашмам чун ситора хоб дур афтода буд,
Дар барам маҷмуаи ашъори Турсунзода буд.
Мавҷи рӯду обшори кӯҳсор омад ба ёд,
Шоири мо, ки ба ин обу ҳаво дил дода буд.

Ёдам омад он сафар, ки ман ба Покистон будам,
Чун сухангӯи Ватан аз сулҳу аз ирфон будам,
Номи Турсунзода чун бо сулҳ омад бар забон,
Шоҳиди кафкӯбию хушҳолии ёрон будам.

Меҳри Турсунзода дар дилҳои мардум ҷо шудаст,
Сулҳхоҳонро чу рамзи сулҳ дар дунё шудаст,
Бар чунин мардон ҷаҳон дорад ниёзи бештар,
Чунки чуғзи ҷанг дар ҳар гӯшае эҳё шудаст.

Рӯҳи Турсунзодаро бо сулҳ бояд шод кард,
Хонаро бо меҳру бо иши Ватан обод кард,
Баҳри тоқи ҳар бино аз одаму одамгарӣ
Шеъри ваҳдатофари миллатвафо эҷод кард.

Занони кӯчарӯб
Офарин бар дасту бозуи занони кӯчарӯб,
Хонам аз гулгашту майдон достони кӯчарӯб.

Пок созад ҳар саҳар аз гард рўи роҳро,
Гӯиё ҳастанд мардум меҳмони кӯчарӯб.

Аз матои зард дорад бар тани худ нимтана,
Беҳтар аз атлас намояд ин катони кӯчарӯб.

Мешитобанд одамон бар имтиҳони зиндагӣ,
Субҳи содиқ ҳаст вақти имтиҳони кӯчарӯб.

Ин занону духтарони пок меҳнатзодаанд,
Беҳтарин нони ҳалол ояд ба хони кӯчарӯб.

Гаҳ табассум мекунад бар раҳравон аз рўи лутф,
Шаҳриёнро шуд табассум армуғони кӯчарӯб.

Ҳар касе дорад шикоят аз замону аз қазо,
Лек нашнидам шикоят аз забони кӯчарӯб.

Офарин гӯям, ба рӯзи барфу борон ҳозиранд
Модарону хоҳарони меҳрубони кӯчарӯб.

Ҳусни шаҳр аст аз гулу сарсабзию покии он,
Мекунам таъзим бар ҳуснофарони кӯчарӯб.

Дигар хабарҳо