Камолоти Камол
Ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Муъмин Қаноат
Камол Насрулло шастсола шуд. Ба синни камолоти умр ва қуллаи эҷодӣ расид. Мурод ин аст, ки дар ҳамин қулла ошёни худро бигузорад.
Китоби «Рӯ ба меҳроби Ватан» бо ин шеър ҳусни оғоз ёфтааст:
Биё, бошем!
Биё, дар тортори тору пуди худ
наво бошем,
Биё, дар тораҳои
ҳар раги пайкар
паю пайки бақо бошем,
Биё, бо зарби дил
ин набзи бедорӣ,
Ки аслан бонги ҳушдорист,
аслан бонги ҳушёрист,
Ҳама дам ҳамсадо бошем.
Биё, бошем!
Ин шеър маромномаи ботинии шоир аст, муроҷиат ба мардум ва худи худӣ. Дар ин китоб, ки баргузидаи ашъори чаҳорсолаи ӯст, дар ҳама навъи шеър қувва озмудааст ва пирӯз шудааст. Падидаҳои тозаи зиндагӣ тозанафасӣ мехостанд ва ин нафаси тозаро дар ҷисми шеър дамид.
Андешамандон бар онанд, ки шеъри Камол публисистист, яъне шеъри хитоб ва минбар.
Равшан аст, ки ҳама шоирони тавонои асри ХХ ин навъи шеърро гуфтаанд. Владимир Маяковский, Евтушенко, Вознесенский, Белла Ахмадулина, Роберт Рождественский, Олжас Сулаймонов ва ғ. Дар баробари ин, шеърҳое гуфтаанд, каси дигар тавони гуфтани онро надорад.
Бисёр муносиб аст, ки ба шеъри «Пешвози Офтоб» муроҷиат кунем:
Кист марде, ки барояд пешвози Офтоб?
Кист марде, ки бихезад дар намози Офтоб?
Кист марде, ки барояд субҳидам хуршедсон
Ҳамчу рози Офтоб?
Ин шеър ба ормонҳои баландпарвози устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст. Баҳорон айёми растохези табиат устод Мирзо Турсунзода бо ёрони мувофиқ ба баландиҳои Фахробод ба истиқболи Офтоб, баъдтар ба боғи Нагорний ва Лучоб мерафтанд ва ҷавононро ба ин кор ҳидоят мекарданд. Аз соли 1957 Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, Файзулло Ансорӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва банда ин анъанаро давом додем.
Дар ин шеър эътиқод, ишқ, имон, аҳд, паймон ба инсон, табиат ва зебоӣ дар як силк пайвастаанд.
Ё агар шеъри фалсафӣ ё ғаноӣ мехоста бошем, хостаи худро дар «Гули себ» пайдо мекунем:
Ин қадар аз мағз-мағзи ҷисму ҷонат вошукуфтӣ,
Ин қадар дар нахли ҷон озодаву зебо шукуфтӣ.
Бо чӣ эъҷозе ту ин рози муҷаллоро бурун овардаӣ,
Ин шукӯҳи осмониро чӣ гуна Аз дарун овардаӣ?!
Ё агар камолоти воқеии шоирро кашф карданӣ бошем, дар доираи абҷад дар як мӯй гунҷонидани маънии заминӣ ва осмониро биҷӯем, шеъри «Ҳастии моро» дармеёбем:
Эй Худо, раҳми ту худ беинтиҳост,
Ин аноҳо ҷумла аз дасти аност .
Ӯ ҳама сират бувад, сурат маҷӯй,
Сураташ дар сирати некинамост.
Ин ҷаҳон майдони худсозӣ бувад,
Боқии ҳастӣ ҳама андар бақост…
Назми ягонагии табиатро бо табиати инсон дар шеъри «Мӯсафед» ҳамчун эъҷоз мехонем.
Эй зимистон, бо ту ҳамсонам кунун,
Барф бар сар, рӯ ба ҳиҷронам кунун…
Дар баҳорон сабзу хуррам будаам,
Болҳо бо барги гул бикшудаам.
Дар шеъри «Себ» ҳамчунин фалсафаи табиӣ бо шеваи зебо ифода шудааст:
Дар себ бубину зиндагӣ кун,
Зеро ки биҳишт дар сиришт аст.
Манзумаи «Эъдом» таҳлили хосса мехоҳад, ки дар ин мухтасар намегунҷад. Ин мураккабтарин ва навтарин навъи шеър аст.
Камол Насрулло дар рӯёрӯйи фоҷиа ва мушкилоти зиндагӣ бо футувват ва ҷавонмардӣ устувор меистад. Дар шеъри «хоб нест» ба гӯши мардум азони бедорӣ медиҳад. Аз рӯйи ҳадафмандӣ, сохтор ва тарзи баён ин беҳтарин шеър аст:
Ин ки дар ҷӯйи муроду орзуят об нест,
Хез, дигар хоб нест.
Ин ки шабҳо бар сарат он
рӯйи чун маҳтоб нест,
Хез, акнун хоб нест.
Камол Насрулло аз қадамҳои нахустинаш дар ҷодаи эҷод аз пайи навпардозии шеър буд. Имрӯз мебинем, ки аз доғтарин падидаҳои замон ангораҳои равшанеро тавонистааст ба калом орад.
Камол то камолоти маънавии хеш дастури устод Рӯдакӣ «парниён бикунам санги хороро» сармашқи сарнавиштсози худ намуда, комёб гардидааст.
_______
*Ин мақоларо устод Муъмин Қаноат дар шастсолагии Камол Насрулло пас аз мутолиаи китоби «Рӯ ба меҳроби Ватан» нигошта буданд.



