ИҚДОМИ НЕК

(Дар ҳошияи як китоби муҳим)

 

Нависанда, шоир ва публитсист, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа имсол бо ташаббуси наҷибе баромад кард. Вай ба номи “Иттифоқи нависандагон ва рушди адабиёти тоҷик” китоберо аз таърихи ташаккули иттиҳодияи эҷодии адибони кишвар ба табъ расонд. Муаллиф ин асарро зимни матолиби бойгониҳо ва матбуоти ҳамон давра навишта, ба хонандагон имконият фароҳам сохтааст, ки бо аснод ва хабару мақолаҳои расмӣ шинос шуда, дар бораи чӣ гуна ташкил ва ташаккул ёфтани созмони нависандагони кишвар, фаъолияти вай ва адибон тасаввуроти илмӣ пайдо кунанд.

Ў гарчи асари мазкури худро хоксорона “илмӣ нест” мегўяд, аммо матолиби истифодакардаи вай, ковишҳои илмиаш, ки дар заминаи онҳо бисёр масъалаҳои мубрами таърихи ин созмон — аз ҷумла, замони баргузории маҳфилҳо ва анҷуманҳо, масъулони ташкили ин ё он сохтори иттифоқ ва раисони иттифоқ дақиқ карда мешаванд, аҳамияти фавқулоддаи илмӣ касб мекунанд. Худи он ки замон ба таври хронологӣ тасвир ва таҳқиқ мешавад, далели илмӣ будани он чизҳое аст, ки мо дар ин асар мебинем. Албатта, муаллиф аснодро таҳлил намекунад, шарҳ намедиҳад, хубу бад намегўяд, яъне дар матн мавқеи муаллиф равшан нест. Аммо худи асноди истифодашуда, пайдошуда, муайян гардидани замони вай ишорае аз илм аст. Китоб хусусияти маъхази илмиро касб мекунад, ки аз он муҳаққиқон иқтибос карда метавонанд, яъне ба манбаъ табдил меёбад.

Ман нависандаи азизро барои ин меҳнаташ самимона табрик мекунам ва ин кори ба охир расидаест. Яъне ин аввалин меҳнатест. Дар мавриди заминаҳо ва ҳолатҳои ба миён омадани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, ки на ба шакли мақола, хотира, эҳсоси адабии дар порчаи шеър ё насри бадеӣ иншошуда, ба таври энсиклопедӣ баёнгардида, балки китоби комилест, ки барои кушодани ҳадафи дар назди худ гузоштаи муаллиф имкон додааст. Қаҳрамон ва шарҳдиҳандаи воқеаҳо дар ин китоб ҳуҷҷатҳои расмӣ ва далоили расмии дар матбуот ба нашррасида мебошанд. Ин аввалин китоби дар ин соҳа навишташуда аст, ки тавре худи муаллиф зикр кардааст, бояд муҳаққиқонро таҳрик диҳад, то онҳо дар ин замина таҳқиқотро пурраву мукаммал намоянд, то замоне дар Тоҷикистон асаре пайдо шавад, ки вай ба ҳамаи “чаро”-ҳои хонандагон ҷавоб гардонида тавонад.

Дар таърих ҳеҷ чизи зиёдатӣ ва нодаркор вуҷуд надорад. Аммо кадоми онро муҳаққиқон мегиранду истифода мабаранд, ин аз диди илмӣ ва сиёсии онҳо, аз имкониятҳои замона вобастагӣ дорад. Ба андешаи ман, муҳаққиқ бояд ҳар он чизеро, ки ёфтаасту фаҳмидааст, бояд пинҳон надошта, изҳор кунад. Танҳо бо чунин муносибат ба дарёфти ҳақиқати таърих муваффақ шудан мумкин аст. Мутаассифона, халқи мо аз таърихи дуҳазорсолаи худ камтар маъхазҳои таърихиро мерос гирифтааст ва дар паҳлуи ин ба мо замона имкон надодааст, ки ҳамаи асноди лозимии таърихи сад соли охири худро ҳам ба мардум дастрас кунем. Ин натанҳо ба мавзўи сиёсӣ марбут аст, балки барои инъикоси ҳаёти мадании мо, адабиёти мо низ лозим аст. Китоб кардани ин маъхазҳо барои он ҳам зарур аст, ки дар давраи неотехнология на ҳамаи хонандагон ва муҳаққиқон ба манбаъҳои асл — бойгонӣ, саҳифаҳои матбуоти вақт муроҷат мекунанд, балки ба маводи интернетӣ қонеъ мешаванду бас.

Рости гап, маводи интернет, ҳатто википедияи он, дар бисёр ҳолатҳо ё овозаву ғайбатро ба ёд меоранд ё матолиби сензурашударо ва ё “туҳфаи душман”-ро. Мо бояд таърихи илмӣ ва воқеиро аз манбаи аслии замонаш гирем ва фаҳмем, ки масалан, дар соҳаи адабиёт саҳифаҳои адабии матбуот, матолиби юбилеи адибони худиву бегона, даҳаҳои адабиёт ва санъат, маҷлисҳои раёсат, садорат ва анҷуманҳои нависандагон, қарору дастурҳои ҳизб, ҳукумат ва анҷуманҳои расмӣ, номаҳои ба ҳамдигар ирсолкардаи эҷодкорон, тақризҳо ба навиштаҳои ҳамдигар, номаҳои шикоятии нисбати ҳамдигар навиштаи эҷодкорон, ёдномаву хотираҳо чӣ навъ нақши манбаӣ дорем, онҳоро мисли Ато Мирхоҷа ҷамъ оварем ва замонаш расад, аз онон омўзему тадқиқ кунему баҳо диҳем. То ин корро ба анҷом нарасонем, ҳақиқат аз мо дур мешавад, ба ҳама чизу кору воқеа баҳои мо тахминӣ, шахсӣ ва то ҳадде аз ҳақиқат дур мешавад. Аз ин рў, то ҳол бо далелҳои кофӣ гуфта наметавонем, ки чаро “Намунаи адабиёти тоҷик” “ҳабс” шуд, чаро дар солҳои сиюм ба устод Айнӣ шубҳа карданд, мушкили аввалин раиси эҳтимолии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саъдулло Рабеӣ дар чӣ буд, чаро сухани соли 1941 дар бораи мероси тоҷикон будани адабиёти классикии тоҷик гуфтаи Сталинро аллома Бобоҷон Ғафуров ва адиби бузург Абулқосим Лоҳутӣ як хел қабул накарданд, чаро ба Тоҷикистон кўчонда овардани устод С. Айнӣ зарур шуд, сабаби ҳақиқии ба мотами Айнӣ наомадани Лоҳутӣ воқеан бемориаш буд ё чизи дигаре, асарҳо ва адибҳое, ки солҳои бозсозӣ даъвои сензура ва лағв шудани қисматҳои навиштаҳояшонро доштанд, то чӣ дараҷа ҳақ буданд, онҳое, ки дар солҳои аввали истиқлол аз баҳри Иттифоқи нависандагон гузашта, Иттиҳодияи наве сохтанӣ буданд, чӣ кор карданд, киҳо дар замони муқовимати сиёсӣ устодон Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзодаро дар муқобили  миллат гузоштан мехостанд, оё дар мо “лихорадка”-и унвони “халқӣ” ва ҷоизаи баландтарини адабӣ гирифтан буд ва ғайра. Барои ба ин саволҳо посухи воқеӣ гуфтан ба бойгониҳои Тоҷикистону Русияву Ўзбекистон муроҷиат кардан даркор аст, аммо гумон намекунам, ки касе ба таври мақсаднок ба ин кор даст зада бошад. Аз ин рў, асари мавҷуда  барои муқаррар кардани мушкилоти ҳадди ақал 10-15 соли аввали мавҷудияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва проблемаҳои адиб ва эҷодиёти вай дар ин давра, ки хеле хира буд, мусоидат менамояд ва дар ин маврид муаллифи “Иттифоқи нависандагон ва рушди адабиёти тоҷик” хизмати хубе кардааст.

Асари мазкур аз соли 1932 то замони моро фаро мегирад. То замони ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳар сол як бахш ва баъди он барои даврае, масалан, замони байни анҷуманҳои ИН, бахше ҷудо карда мешавад. Ман ҳам тасмим гирифтам, чанд воқеаеро, ки аз ин таърих дар маъхазҳо хондаам, зикр кунам, то агар дар оянда касе ё касоне дар бораи ин мавзўъ таҳқиқ кардан хоҳанд, аз онҳо низ огоҳ бошанд.

Нахуст бояд гўям, ки Иттифоқи нависандагони шўравии Тоҷикистон аввалин созмони нависандагони шўравӣ нест ва ин дар ду ҳуҷҷате ҳам, ки ба ин китоб шомил шудаанд — Қарори КМ ВКП (б) аз 23 апрели соли 1932 ва Қарори КМ фирқаи коммунистии пролетарии (болшевикони) Тоҷикистон аз моҳи июни соли 1932 ифода меёбад. Ҳанўз дар ибтидои солҳои бистуми асри ХХ созмонҳои гуногуни нависандагон ба миён омаданд, ки машҳуртаринашон Пролеткулт (ҷамъияти нависандагони пролетарӣ) буд. Аз қарор бармеояд, ки ин созмон барҳам дода шуд ва ташкилотҳои адабӣ ва бадеӣ аз нав сохта мешаванд.

Дар хусуси ташкили ИНС Тоҷикистон андеша ронда, чанд мисолро далел кардан мехоҳам:

“Инак аломати зинда будан, инак осори тараққӣ ва ҳисси бедории миллати тоҷик бо нишон додани алоқа ба маориф, нашриёт ва адабиёти худ зинда будани худро собит мекунад”, — навишта буд “Бедории тоҷик”, 10 ноябри соли 1925. Ин рўзнома дар шаҳри Душанбе ва рўзномаҳои “Шуълаи инқилоб” ва “Овози тоҷик” дар Самарқанд, “Озод Бухоро” дар Бухоро барои дар атрофи худ ҷамъ овардани эҷодкорон — шоиру нависандагон, ба онҳо фаҳмондани моҳияти замони нав ва шеъри нав талошҳо карда, ашъори онҳоро нашр менамуданд, гўшаҳои адабӣ таъсис медоданд, маҳфилҳои адибони ҷавонро ташкил мекарданд. Маҷаллаи “Дониш ва омўзгор”, ки соли 1926 дар Душанбе таъсис ёфт, маҷаллаи “Дониш-биниш”-ро, ки соли 1927 дар Самарқанд ба нашр оғоз намуд, равияи худро аз ҷумла “адабӣ” меномиданд.

 “Дар таъқиби як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик, чи ба воситаи мақолот дар рўзномаҳо ва чи забонӣ, ҷиргаи (коллегияи-И.У.) Назорати маорифи Тоҷикистон рўзи 2-3 Иди Наврўзро рўзи Рўдакӣ таъйин кард”, — навиштааст “Дониш ва омўзгор” дар № 2-и худ, 29-уми марти соли 1926.

Аксарияти кулли онҳое, ки солҳои 1928-1929 дар баҳс перомуни забони тоҷикӣ иштирок карданд, адибон буданд ва пайдоиш ва ташаккули адабиёти нави тоҷик ва иттифоқи эҷодии нависандагони мо ба фаъолияти онҳо робитаи канданашаванда дорад. Вале аввалин нашрия, ки бевосита ҳамчун маҷаллаи адабӣ ва ношири андешаҳои Иттифоқи нависандагони шўравии Тоҷикистон чоп шуд, “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (БАС) ном дошт, ки шумораи аввалинаш моҳи августи соли 1932 баромад. Дар шумораи муштараки “БАС”-№ 3-4 аз соли 1932 аз ҷумла мақолаҳои “Адабиёти шўроӣ ва 15-солагии Октябр”, мухтасари маърўзаи С. Улуғзода дар маҷлиси васеи умумишаҳрии нависандагони шўроии Сталинобод моҳи ноябри соли 1932  “Ба дараҷаи вазифаҳои давраи ҳозираи сохтмони сосиалистӣ”, қарори маҷлиси нависандагони шўроии шаҳри Сталинобод “Дар бораи аз нав сохтани ташкилоти адабӣ-бадеии Тоҷикистон” аз 13-уми ноябри соли 1932”, мақолаи Шарифҷон Ҳусейнзода — “Адабиёти шўроӣ ба пеш!” чоп шудаанд. Бояд гуфт, ки ба ҳайати таҳририяи аввалин маҷаллаи расмии адибони Тоҷикистон инҳо дохил буданд: Лоҳутӣ, Айнӣ, Расулӣ (муҳаррири масъул), С. Улуғзода (муовини муҳаррири масъул) Азизӣ, Пулотӣ, Р. Абдулло. Бо мақсади кўмак ба “БАС” мақолаҳои Аббос Алиев “Ёрӣ ба журнали “БАС” (“ТС”, 8  -уми июли соли 1933), “Таърих ба сухан даромад” (дар бораи душманони адабиёти советии тоҷик, “ТС” 16-уми майи соли 1933) навишта шудаанд.

Аз соли 1938 маҷаллаи мазкур  номи “Шарқи сурх”, аз моҳи майи соли 1964 номи “Садои Шарқ”-ро гирифт. Дертар  ба забони русӣ маҷаллаи  “Памир” баромад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанг аз 1-уми январи соли 1981 рўзномаи “Маданияти Тоҷикистон”-ро роҳандозӣ кард, ки он ҳоло бо номи “Адабиёт ва санъат” нашр мешавад. Ин нашрияҳо барои таърихи халқи тоҷик натанҳо чун манбаи осори адабӣ, балки ҳамчун манбаи омўзиши таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хизмат мекунанд. Зеро дар саҳифаҳои онҳо матолиби расмии Иттифоқ — баҳсҳо, қарорҳо, нишондоду дастурҳои пленумҳо ва анҷуманҳои ИН Тоҷикистон, матолиби мизи мудаввар  роҷеъ ба масъалаҳои мубрами фаъолияти ИНТ нашр гардидаанд. Бе омўхтани онҳо дар бораи таърихи ин ташкилоти эҷодӣ сухан гуфтан душвор ва камбовар мешавад. Ҳатто замони аз сухан мондани ин нашрияҳо дар охири асри ХХ ҳам худ як зуҳуроти тадқиқхоҳи таърихи эҷодкорон аст. Инҳо ва нашриёти дигари миллии мо роҳи таърихамонро равшан мекунанд.

Дар бораи фаъолияти устод Лоҳутӣ дар соли 1935 ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони советии Тоҷикистон сухан ронда, ба як маъхаз ишора кардан мехоҳам. Чанд сол пеш ман дар Бойгонии марказии давлатии Иттифоқи нависандагони Федерасияи Русия таҳқиқ карда, дар фонди А. Лоҳутӣ ду номаеро пайдо кардам. Аз онҳо пеш як номаи дигаре будааст, ки дар бойгонӣ ҳанўз барои истифодаи он рухсат нест. Ин мукотибаи Ситсилия Бону бо Михаил Юрин аст, ки охирӣ барои кор дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз Маскав ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Ман ду номаи дастрасшударо дар шакли асл иқтибос мекунам:

Развороти “Ҷавонони Тоҷикистон” суратҳои Горкий, Лоҳутӣ, Айнӣ, Ҳ. Карим, Аширмат, Турсунзода, Ғ. Абдулло, Маҳмудова, Музаффара, Тоҳирӣ,  шеърҳои Раҳимӣ, Рабеӣ, Обидӣ, Р. Абдулло, ҳикояҳои Алӣ Хуш ва Р. Тоҳириро дорад ва аз фаъолияти Иттиҳодияи нависандагон нақл мекунад (“Ҷавонони Тоҷикистон”, 5-уми майи соли 1934);

С. Бону 18-уми июли соли 1935 ба Юрин менависад: “Насколько я поняла содержание вашего письма относится к т. Лохути, председателю ССП Таджикистана. На наш адрес приходит много корреспонденций для товарища Лохути, и естественно, что я всю ее сохроняю, чтобы передать ему по приезду. Но в первый раз я получаю деловое письмо для т. Лохути, составленное в такой необычной редакции.

“Уважаемая т. Бану. Привет вам из Сталинабада. Простите, что я так долго Вам неписал, и т.д. “Вы хорошо знаете, что т. Лохути в Париже и ваши письма серавно дожидались бы его возвращения. Что касается меня, то я, как Вам известно, совершенно Вас не знаю, видела Вас одинь раз, во время вашей беседы с Лохути у нас в доме. Переписки с Вами некогда не вела, и вести, не собираюсь.

Между тем, все Ваши письма, по неизвестным мне мотивам, составлено в такой форме, которое позволяет думать читающему его, мы состоим в длительном знакомстве и переписке.

То, что т. Лохути имел неосторожность одинь раз принять Вас у себя, ни в какой мере не дает Вам права писать ко мне с видом старого знакомого. Если вы обращались ко мне, видя в моем лице, так сказать, представителя т. Лохути, то извольте Вам заметить, что институт “губернаторш” и председателей” давно отошёл в прошлое.

 Председатель ССП Таджикистана Лохути, а я самостоятельный работник, советская женьщина и мать, которая не позволить ни какой неуместной выходки по отношению к себе.

Не допускаю, что Вы писатель избрали такую редакцию письма по недомыслию. Я вынуждена охарактеризовать Ваш поступок, как образец сознательной недобросовестности, как дурной умысл, чем-то или кем-то продиктованный”.

31 июли соли 1935 Юрин ин номаро менависад:

 “Ваше письмо удивило мне не сколько враждебностью, и оскорбытельным тоном, по моему адресу, сколько противоречивостью и высокомерием. Вы неизвестно от кого защищаете Вашу самостоятельность. Вы пишете, что т. Лохути имел неосторожность один раз принять Вас у себя. Вы отлично знаете, что прием состоялся не по моему желанию. Это требовало наше общее дело с т. Лохути.

Действительно, я имел неосторожность написать Вам письмо, деловое, глубоко товарищское письмо. Вам как члену ССП Таджикистана, Вам как опытной переводщицы, Вам как человеку знающему Таджикистан, и работающему для Таджикистана. Это деловое письмо было написано с единственной целью-получить от Вас товарищскую помощь. Я перевёл стихи т.  Лохути и молодого поэта Миршакара. Стихи были напечатаны. Мне нужно было знать, мнение более опытного товарища о качестве перевода, тем более, что вы владеете таджикским языком. Кроме того перед моей поездки в Таджикистан и т. Лохути и Вы совершенно справедливо обыжались на то, что  вас не информируют о работе ССП Таджикистана, что вам не высыляют ни газет, ни книг, ни журналов Таджикистана. В моём письме я вам коротко сообщил о работе ССП Таджикистана и о том, что мы вам выписали все газеты и журнали Таджикистана”.

Дар матбуот мақолаҳое, ки мавзўъҳо ва мушкилиҳои фаъолияти Иттифоқи нависандагонро нишон медиҳанд, зиёданд. “Дар бораи адабиёти бачагона” (мақолаи С. Улуғзода, “Ҷавонони Тоҷикистон”, 22-уми марти соли 1936) аз намунаи онҳо мебошад. Дар матбуоти солҳои сиюм таҷлили ҷашнҳои адибони тоҷику шўравӣ хеле муфассал аст, ки он аз фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон далолат мекунад. Юбилейҳои 30 – солагии фаъолияти устод А. Лоҳутӣ ва С. Айнӣ, ҷашни “Шоҳнома”, таҷлили ҷашнҳои Пушкин, Лермонтов, Горкий, Ҷамбул, Сталский ва ғайраҳо. Чунин чорабиниҳо робитаи ИНС Тоҷикистон ва адибони кишварро бо ҳамкорон ва ҳамкасбонашон дар саросари СССР ва кишварҳои дўст мустаҳкамтар мекарданд. Масалан, 19-уми ноябри соли 1935 дар ҷашни 30-солагии фаъолияти эҷодии устод С. Айнӣ Юлиус Фучик ба сухан баромада, аз ҷумла гуфт:

“Адибони Шумо муаллимони мо мешаванд. Айнӣ нафақат нависандаи шумост, балки нависандаи мо ҳам аст. Китобҳои ў барои мо нафақат ҳунар ва санъати зебоянд, балки воситаи аёнии дарсии мо низ ҳастанд. Ин китобҳо натанҳо ранҷу азобҳои пешин ва муваффаққиятҳои нав ба навро инъикос месозанд,балки худашон далели зиндаи ин мувафақиятҳо мебошанд. Ва барои ҳамин ҳам ин китобҳо бе восита дар муборизаҳоямон кўмак хаҳанд кард. Ва дар мубориза барои революсияи ҷаҳонӣ иштирок хоҳанд намуд».

Дар таҳқиқи таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муҳити адабии тоҷик номаҳои эҷодкорон арзиши фавқулодда муҳиме доранд. Дар онҳо мушкилиҳо, хушиҳо, ниятҳо ва дигар арзишҳои зиндагӣ ифода меёбанд, ки кору рўзгор бе онҳо намешавад, махсусан ташаккули сохторе ё идеяҳоро бе онҳо фаҳмидан душвор аст. Масалан, номаҳои устодон С. Айнӣ ва А Лоҳутӣ аз он далолат медиҳанд, ки онҳо ҳамдигарро дар он рўзгори сахт, ки аз таҳният то муттаҳамкунӣ як ваҷаб роҳ буд, чи гуна муҳофизат мекарданд.

Ин навъ мукотибот, ки дар таърихи адабиёти мо зиёданд, далолат медиҳанд, ки адибон ва Иттифоқи эҷодии онҳо дар солҳои аввали давлатдории шўроҳо дар рўи теғ қарор доштанд ва ҳабсу бадномшавию кушташуданҳо низ ба ин воқеият иртибот доштанд.

Дар китоби А. Мирхоҷа маълумоти хабарӣ ва иқтибосҳо аз маърўзаҳои асосӣ ва баъзан музокираҳои анҷуманҳои ҳизб баъди солҳои панҷоҳум ҳастанд. Аммо, мутаассифона, аз ин матолиби расмӣ, чун манбааш бойгонӣ нест, мо ба саволҳои муҳимтарини худ перомуни сарнавишти устод Улуғзода дар солҳои 60, баҳси илмиву сиёсӣ дар мавриди “Гузашти айём” ва талошҳои дигари адабӣ, иштироки адибон ва мавқеи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вокеаҳои муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки воситаҳои ахбор дар борааш 30 сол боз гапҳои ҳақу ноҳақро менависанд, ҷавоби мустанад пайдо намекунем ва хонанда гумон мекунад, ки талошҳо танҳо дар ҳамон солҳои сиюм буданд.

Ва ниҳоят, омўхтани бойгонӣ, махсусан дар авроқи маҷлисҳои дохилии касбии ИН Тоҷикистон бовариноктарини далелҳо барои шинохти ИН Тоҷикистон ва мавқеи аслии он дар ҳаёти иҷтмоии мо мебошад.

Мо агар таърихи Иттифоқи эҷодии адибони Тоҷикистонро дуруст тадқиқ кардан хоҳем, бояд зуҳуротеро чун Рўзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва кишварҳои дигар дар замони шўравӣ ва имрўз дақиқ омўзем, зеро, ки ин  василаи мустаҳкам шудани мавқеи адабиёти мо дар олами муосир аст.

Ана ҳамин фикрҳоро дар хотирам асари Ато Мирхоҷа зинда кард.           

Иброҳим УСМОНОВ,

 

Дигар хабарҳо