Ишқи нав хостори шеъри нав аст

Ошиқиро бисоз бори дигар,
Андар ин ишқ нав ғазалҳо гӯй.
                                                     Фарухии Систонӣ

Ишқ яке аз мавзуъҳои меҳварии адабиёт аст, ки дар тӯли қарнҳо бо­лои шеъри мо рангпошӣ кардааст ва пайваста дар ҳоли бозтоб будааст. Шеваву равишҳои ишқро, ки пайван­ди амиқе ба вазъи иҷтимоии ҷомеа доштааст, бо гунаҳои мутафовит дар сабкҳои мухталифи адабиёт дучор меоем. Ҳамон гуна, ки дар сабки ироқӣ бо як ҷараёни пурвусъати ишқи ирфонӣ рӯбарӯ ҳастем ва дар пешорӯямон ишқи осмониро мебинем, дар сабки ху­росонӣ бо акси он мувоҷеҳ мешаваем ва мебинем, ки ишқ дар замин ҷараён дорад. Аммо онро ҳам, ки ишқро якҷо­ниба тавсиф мекунад, наметавон аз канори ирфон ва ишқи осмонӣ ҷудо донист, ба ин маъно, ки он якбуъдӣ дар ишқи заминӣ сабабгори сабзиши решаҳои ишқи ирфонӣ дар адабиёт будааст. Ҳамакнун дар шеъри муосир он ишқ, ки дар гузашта маъшуқи ормониеро васф мекард, мувоҷеҳ бо таҳаввулоте шуд, ки пайванд ба воқе­ият дорад. Дар шеъри шоири муосир маъшуқе, ки дар гузашта номбар ва интихоб мешуд, бо таъсири адабиёти рус, ки ишқро дуҷониба талаққӣ кард, мушаххасан чун инсони воқеӣ ба зуҳур омад. Вақте ба пасманзари ин қазия менигарем, равшан мегардад, ки бар асари вазъи сиёсиву иҷтимоӣ аз оғо­зи садаи ХХ ишқ бо зиндагии воқеии инсонҳо пайванд хӯрдаву то фурӯпошии Шуравӣ ҷойгоҳи ишқи ирфониро маҳдуд кардааст. Вақте дубора шеъри мо дар мисоли ашъори бархе аз шои­ронамон ба ирфон гаравид, дар зинда гардидани ишқи куҳан таъсири амиқ гузошт. Яъне ин гароиш дубора шои­рони иродатманди ирфонро ба ишқи куҳан гирифтор ва тавсифи хатту холи маъшуқи хаёлиро пойдор кард.

Нақди адабӣ ҳам рӯйи худро ба он тараф гардондаву аз ин падидаи ҳунарӣ истиқбол кард. Ҳамон гуна, ки адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода Муҳаммадалии Аҷамиро аз аввалин касони ирфонгаро дар шеъри муосири тоҷик қаламдод карда, сурудаҳои ӯро гули хушбӯе дар боғи шеъри ирфонӣ медонад ва таъкид мекунад:

«Дингароӣ ва ирфонсароии Аҷамӣ аз воқеият ва сиришти инсонии ӯ моя мегирад. Ишқ ва ирфоне, ки худшино­сиву худошиносӣ эҷод менамояд ва ахиран башарро ба сарзамини мақсуд мерасонад…

…Бояд гуфт, ки мутолиаи шеъри Аҷамӣ дари як дунёи дигарро, ки солҳо боз ба рӯйи хонанда пӯшида буд, боз мекунад ва даст ба дасти ӯ медиҳад ва ӯро ба олами шинохту огоҳӣ ва рӯҳу равони инсонӣ мебарад».

Нақди адабӣ ба ҳадде ба ин масъ­ала таваҷҷуҳ карда буд, ки ҳатто бархе аз мунтақидонамон аз шеъри Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирон ирфон меҷустанд ва ишқро дар он осор ишқи илоҳӣ талаққӣ менамуданд. Албатта, ин таъсири худро ба шеъри мо гузошт ва мо акнун дар шеъри бархе аз шоиронамон он ишқро мебинем, ки рангу бӯйи шеъри ҳазорсоларо дорад.

Албатта, бо дастёбии бештар ба осори суннатӣ пас аз пош хӯрдани шуравӣ аз дунёи ишқ ба рӯйи шеъри мо равзанаи дигаре боз шуд, ки онро мутафовиттар аз ишқи ирфонӣ ба тамошо мегузорад. Муҳимтарин коре, ки шоирони мо дар ин замина, дар мавзуи фавқ анҷом додаанд ва медиҳанд, ин буда, ки дар ашъор худ гоҳе ишқи ирфониро бо ишқи заминӣ пайванд додаанд ва шеъри худро аз ин ҷиҳат тозатар намудаанд. Вақте мо ба ин ашъор бо тааммуқ менига­рем, як хати сурхро дар ҳоли убур мебинем, ки мавзуи ишқро дигаргуна буруз медиҳад. Айни дарахте дар замини суннат, ки решаҳои маҳкам дар ирфон дорад, вале шоху баргаш аз ишқи воқеӣ сабз аст. Гоҳе ин навъ ашъорро мешавад ба завқи хонанда ҳавола кард, ки ӯ дар ин даст ашъор чи бардоште аз ишқ ва мавзуъи он дорад.

Бо шарофати дастёбӣ ба шеъри суннатӣ маъшуқи заминӣ дар шеъри мо бо тобишҳое аз истилоҳоти шеъри ирфонӣ таҷассум ёфт, ки албатта, он дигаргуниро дар мавзуи ишқ таъйид мекунад. Корбасти истилоҳоти шеъри ирфонӣ дар ашъори ошиқонаи мо ба болотарин басомад дар ҳоли рушд аст. Ҳунармандии бархе аз шоиро­намон низ дар он таҷассум меёбад, ки онҳо дар мисоли ишқ, дар қолаби куҳна адоҳои нав рехтаанд. Яъне ишқи заминиро дар пояи андешаҳои ишқи ирфонӣ ба ҷилва овардаанд.

Як нуктаро ин ҷо гӯшзад кардан мехоҳам, ки агарчи бархе аз шоиро­намон баъди пош хӯрдани Шуравӣ ба ирфон рӯйи ниёз наоварда буданд, аммо бо таъсири он гароишҳое ба шеъри суннатӣ доштанд ва махсусан ба ишқ аз даричаи шеъри суннатӣ менигаристанд. Аҷиб ин аст, ки бо ин таъсирпазирӣ дар бештари маврид шоирон ишқро тавсиф кардаанд, вале худи ишқ дар шеърашон ҳузур надорад. Ин раванд гоҳе дар шеъри ҳарду гурӯҳ ҳам ба назар мерасад. Ҳузур надоштани маъшуқ ҳам дар ин даст ошиқонаҳо, ки танҳо ишқро тавсиф мекунанд, барои адабиётамон бебаҳра набудааст. Зеро ин раванд боиси он шудааст, ки шоири имрӯз ба ситоиши азамати инсон бипардозад ва мурод аз ишқро дар ишқ ба меҳан, ишқ ба модар, ишқ ба зинданӣ ва ишқ ба инсоният талаққӣ кунад. Дар ин навъ ишқномаҳо ҳеч чизе аз хубӣ ва ё бадӣ, аз вежагиҳои қаҳрамони ғиноӣ, вафодорӣ ва ё бевафоии вай дар миён нест, балки танҳо ба ҳақиқати мутлақ ишқ варзидан аст, ки мешавад онро навъе ишқ варзидан ба муҳит донист.

Албатта, қасди мо матраҳ кардани ин масъала нест, ки шеъри ирфониро ба баррасӣ бигирем. Аммо касоне, ки мехоҳанд бо ин паҳлуи масъала ошноии бештаре дошта бошанд, мета­вонам маҷаллаи «Сафинаи уммед»-ро шоҳид биёрам, ки солҳо пеш ба нашр мерасид ва осори бисёре аз адибонро, ки аз ин мавзуъ истиқбол мекарданд, чоп кард. Лузуми таъкиди ин нукта ҳам ҳаст, ки агар ирфон таъсире ба шеъри ошиқонаи мо доштааст, ин будааст, ки мавзуи фавқро дубора ба куҳан­тарин улгуҳои худ пайванд додааст ва натиҷаашро мо имрӯз дар шеъри ҷавонон бештар ҳис мекунем.

Агарчи шеър аз назари сохтор ва забону баён нав шудааст, вале мавзуи ишқ ҳамоно пайванд ба улгуҳои қади­мии худ дорад. Ба назари ин ҷониб, нақди мо ба ҳеч ваҷҳ набояд аз ин зо­вия ба он сӯ нигарад, дар ҳоле, ки гоҳе ба сароҳат ба он мепардозад. Он ишқ дигар наметавонад дар ҳаёти ҷомеа коромад бошад. Чун бар қади одами ҳамзамони мову шумо, дӯстони гиро­мӣ, ҳеч хирқаву пашминае қоим нест.

Акнун баргардем ба он қисмат, ки мавзуи ишқ ва тавсифи маъшуқ дар саргаҳи адабиёти муосирамон чӣ ран­гу бӯйе доштааст ва шоирон аз кадом даричаи ҳунар ба он менигаристанд.

Устод Мирзо Турсунзода, ки ӯро ба унвони як шоири мубориз ва мунодии сулҳ мешиносем, бешак, шоирест, ки ишқро ба иҷтимоъ пайванд медиҳад ва аз ишқ судҷӯиҳое шоиронаву ошиқона барои баёни аҳдофи иҷтимо­ии худ мекунад, ки мо достони “Ҷони ширин”-ро шоҳид дорем. Маъшуқи ӯ дар шеър маъшуқи хаёлӣ нест. Ма­салан, дар ин байт, ки шоир рӯзҳои рафтаро ёд мекунад:

Ба ёд орам баҳореро, ки ҳарду лола мечидем,
Ба ғайр аз рӯйи ҳамдигар дигар чизе намедидем.

Ин гуна бархӯрд ба ишқ дар шеъри Мирзо Турсунзода қувват гирифт ва дар ашъори шоирони баъдӣ неру­мандтар шуд. Дар шеъри шоирон аз тавсифи ишқ ва маъшуқ дида, таҷрибаҳои ишқварзӣ бозтоби бештар ёфтанд. Шоирон аз доираи бархурди воқеъгароёна, ки бо маъшуқ доштанд, пой берун намегузоштанд ва дар ин замина ба манзаранигориҳои воқе­гароёна мепардохтанд, ки корашон бештар ба сурати як навори ошиқона пеши назар ба ҷилва меояд. Масалан, дар ин сурудаи Аминҷон Шукӯҳӣ, ки дар офаридани шеъри ғиноӣ аз роҳи ҷусторҳои ҳунарӣ тавфиқи зиёд ёфта буд, воқеияти рӯзгори худи ӯ, ҳолоти ошиқонааш самимона, воқеӣ ва бо нигоҳи тоза таҷассум ёфтааст. Шохи райҳонро шикаста, ба рӯи ёри худ задан дар шеър ошиқонаю дилкаш ифода меёбад:

Парешаб ман аз он роҳе, ки ҳар ду
Ҳамерафтем як вақте, гузаштам.
Ба зери он дарахту он лаби ҷӯ
Туро бар ёд оварда нишастам.
Ба ёдат ҳаст оё, як шаб ин ҷо
Чиҳо гуфтем мо ҳар ду нишаста?
Ба рӯям мезадӣ ҳар гоҳ, ҷоно,
Ба шӯхӣ шохи райҳонро шикаста.

Аз ин даст мисолҳо дар адабиёти он солҳо кам нестанд ва мо метавонем бо овардани як пора аз ин ғазали Лоиқ Шералӣ, ки манзараи мушаххас ва ҷузъиёти ҳаёти воқеӣ дар он ба тасвир омадаанд, иктифо кунем:

Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам…

Дар ҳар сурат воқеӣ ба тасвир гирифтани манзараҳои ошиқона дар шеъри муосир бо кӯшиши шоироне чун Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Қутбӣ Киром ва дигарон бо тасвирҳои шоирона таҷассумкунандаи зиндагии воқеии инсонҳо дар мисоли ишқи воқеию заминӣ гардид. Ин раванд дар шеъри наслҳои баъдӣ, ба мисли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва дигарон бо таъсири шеъри суннатӣ ва шеъри нави Эрон бадеияти бештар ёфт, вале ҳамчунон заминаи реалистии худро ҳифз кард. Бо гузашти замон ва таҳаввули шеър аз роҳи забону баён ва таъсирпазирӣ аз суннат ва ҳамчунон тобиши ирфонӣ гирифтани шеър, дигар он «…симо ва характери қаҳрамони лирикӣ таҷрибаи ҳаётӣ ва руҳии шоир, ки дунёфаҳмӣ ва ҷаҳонбинии ӯро ифода…» мекард, «…қаҳрамони лирикӣ дар худ идеали ғоявию эстетикии шоир, мавқеи ҳаётии ӯ, дониш ва фаҳмиши ӯ, зиддият ва эволютсияи характери ӯро таҷассум…» менамуд, «…дар симои қаҳрамони лирикӣ шахсияти шоир, фардияти нотакрори инсонии ӯ, олами эҳсосот, таассурот ва афкори ӯ зоҳир … » мегардид (Хуршеда Отахонова), ба гӯшаи фаромушӣ рафт ва маъшуқи хаёлӣ дар шеъри мо қувват пайдо кард. Ё ба қавли бонуи шеъри форсӣ Фурӯғи Фаррухзод:

Дигар касе ба ишқ наандешид,
Дигар касе ба фатҳ наандешид.
Ва ҳеч кас
Дигар ба ҳеч чиз наандешид.

Дуруст аст, ки ин равиш дар шеъри бархе аз шоиронамон, ки аз мактаби шеъри солҳои 60-70 намояндагӣ ме­кунанд, гоҳе ҳифз мешавад. Аммо ин ҳифозат барои шоири имрӯз, махсусан шоири ҷавон, ба суди кор нест, ки дар пойи вуқуъгароӣ дар пайи тақлиди он насл биравад. Чун мешавад он ишқро ба гунаҳои дигар татбиқ кард, ки аз назари бархурд ҳам тобиши реалистона дошта бошад ва ҳам диду назароти тозае дар шинохти маъшуқи муосир ба бор биёрад.

Мутаассифона, куллигӯӣ дар ишқ ва тавсифи хатту холи дил­бар ва ҳамчунон нақши рақиб дар ашъори ошиқона натанҳо дар шеъри имрӯзи тоҷик, бал­ки дар шеъри муосири Эрону Афғонистон ҳам якмаром идома дорад ва мо дар бисёр мав­ридҳо шоҳиди ин гуна бархӯрди шоирон ба мавзуи мавриди назар ҳастем. Вале дар ин миён ҳастанд шоироне, ки нигоҳи нав ба ишқ афкандаанд ва мехоҳанд онро дигаргунатар ва тозатар ба маърази ом гузоранд. Ба унвони намуна мо метавонем ин ғазали шоири ҷавону ғӯрамарги Эрон Наҷма Зореъро мисол биёрем, ки нигоҳи тоза ба мавзуи ишқ дорад:

Хабар ба дуртарин нуқтаи ҷаҳон бирасад,
Нахост ӯ ба мани хаста бегумон бирасад.
Шиканҷа бештар аз ин?
Ки пеши чашми худат
Касе, ки саҳми ту бошад, ба дигарон бирасад.
Чӣ мекунӣ, агар ӯро, ки хостӣ як умр,
Ба роҳатӣ касе аз роҳ ногаҳон бирасад…
Раҳо кунӣ, биравад, аз дилат ҷудо бошад,
Ба онки дӯсттараш дошта, ба он бирасад.
Раҳо кунӣ, бираванду ду то паранда шаванд,
Хабар ба дуртарин нуқтаи ҷаҳон бирасад.
Гилояе накунӣ, буғзи хешро бихурӣ,
Ки ҳиқ-ҳиқи ту мабодо ба гӯшашон бирасад.
Худо кунад, ки… на!
Нафрин
намекунам, накунад
Ба ӯ, ки ошиқ ӯ будаам, зиён бирасад.
Худо кунад, фақат ин ишқ аз арам биравад,
Худо кунад, ки фақат зуд он замон бирасад.

Вежагии аслии ин ғазал дар он аст, ки ошиқ рақибро ба бадномӣ ва нафрин намекашонад ва ба хотири завқу салиқаи маъшуқаш, ки ӯро баргузидааст, эҳтиром мекунад. Аҷиб ин аст, ки вай ин корро фақат ба хотири зиён нарасидан ба маъшуқаш анҷом медиҳад, ҳатто ба андозае, ки ҷойи рақобат кардан бо рақиб аз Худо тақозои фаромӯш кардани он дарду ҳасратро мекунад. Ва боз ҳам аҷиб ин аст, ки ин ҷо ошиқ нотавон нест, ки маъшуқро раҳо кардаву аз рақобат бо рақиб даст кашида бошад, балки он аст, ки хостаи маъшуқи худро қадр мекунад ва ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридани он андӯҳро низ фақат ба хотири хушбахтии маъшуқ орзуманд аст. Чизи дигаре, ки дар ин миён қобили арз аст, ошиқ будани як зан аст, ки маъшуқи мард ҳаққи интихоб кардан ва накарданашро дорад ва ин равиш ҳанӯз дар ошиқонаҳои мо, ки аз ҷониби як зан суруда мешаванд, камтар таҷриба шудааст. Ҳамеша занони мо, махсусан бонуҳои ҷавоне, ки шеър менависанд, худро дар ҷойгоҳи як маъшуқ мегузоранд ва дар ашъори ошиқонаи худ ё аз нозу карашма ҳарф мезананд ва ё агар илтифоте аз ошиқ надидаанд, ба маломати ӯ мепардозанд. Ва ин тасаввур ҳақиқатро аз шеъри онҳо дур андохтааст:

Аз дил, зи чашмҳои ҳазинам дурудҳо,
Эй ошиқи шикастадили беқарори ман.
Донӣ, ки ман намерасам аз ҳеҷ раҳ, вале
Ҳастӣ умедвори ману интизори ман.

Дар фарҳанги мо агар як зан воқеан ҳам ошиқи як мард бошад, онро эъти­роф намекунад ва ҳамеша худро дар мақоми маъшуқ қарор медиҳад:

Бовар намекунам, ки дилат санг гаштааст,
Ҷоям ба кунҷи синаи ту танг гаштааст.

Дар ҳоле, ки ин ҷо бароямон ошиқ будани гӯяндаи шеър равшан аст, вале ҳанӯз маъшуқ будани тарафи муқобилро эътироф намекунад ва бо ин бовар накарданҳо мехоҳад маъшуқ будани худро собит намояд. Дар ҳоле, ки дили мухотаб санг ва ҷойи гӯянда дар он танг аст, пас он маъшуқест, ки дунболи чизи дигаре мегардад ва шоир бояд инро эътироф кунад. Ҳамин гуна бархурди дур аз ҳақиқат шеъри моро бисёр обшуставу такрорӣ нишон медиҳад ва пайвандашро аз ҳақиқати рӯзгори мо дур мегардонад. Танҳо аз ҳамин дидгоҳ пардохтан ба ашъори бонуҳои шеъри тоҷик дар мавриди ишқ, махсусан шоироне, ки аз охири солҳои 80-ум ба ин тараф ба майдо­ни адабиёт омадаанд, метавонад як мавзуи алоҳидаи таҳқиқ бошад.

Ба назари мо, он чи ки шеъри моро аз зиндагии воқеӣ дур гардонд ва натанҳо мавзуи ишқ, балки хеле аз мавзуъҳои дигарро дар шеъри мо ба гунаҳои пешини он пайванд дод, якмаром рӯи ниёз овардани шоирон ба ғазал аст, ғазале, ки мо аз дари­чаи суннат ба он нигаристем ва кам дар фикри таҳаввулаш будаем. “Дар ҳақиқат ғазал ҷуз ин чизи дигаре нест; сабти лаҳзаҳои гузарое, ки дар зинда­гии ошиқона бо содагӣ рӯй медиҳад. Ин расвоии ғазали муосири форсӣ аст, ки ҳанӯз натавониста як қадам аз таҳаввулоти зиндагии иҷтимоии моро дар хеш мунъакис кунад… Бо он ки солҳост зиндагии иҷтимоии мо дигар­гун шудааст, шоирони ғазалсарои мо, ки ба шеваи клоссик шеър мегӯянд, ҳанӯз натавонистаанд як лаҳза аз лаҳзаҳои зиндагии ҷадидро, ки хоҳу нохоҳ ишқаш ҷуз ишқҳои гузашта аст, тарсим кунанд…” (Шафеии Кадканӣ, “Ҳолот ва мақомоти Умед”).

Имрӯз, ки ба паҳнои шеъри замо­ни истиқлол менигарем, махсусан ба ашъори наслҳои пасин шоҳид меша­вем, ки шоирон дар бархурд бо ишқ бештар эҳсоси сатҳӣ доранд ва дар ашъори ошиқонаи онҳо воқеияти ишқ камранг аст. Ин ошиқонаҳо ҷуз муште аз сӯзу гудоз, яъсу навмедӣ ва таман­но, ки гоҳе нуқтаи кулминатсиониашон ба васл пайванд мехурад, чизе дар худ аз тозагии мавзуи ишқ надоранд.

Муҳриддин САБУРӢ

Дигар хабарҳо