«Ифтихори шоирии Тоҷикистонам бас аст…»

 «Ифтихори шоирии Тоҷикистонам бас аст…»

Чун аксари ҳамсолон бо ном ва намунаи осори Ҷумъа Қувват бори аввал тақрибан панҷоҳ сол пеш ба воситаи суруди фораму таъсирбахши машҳургаштааш шинос шуда будам:

Нон бувад чун ҷони одам,
Қуввату дармони одам,
Зеби дастархони одам,
Иззати меҳмони одам…

Он солҳо замони серию пурӣ буд, лекин шоир аз қадри ин неъмати рӯзмарраи заминӣ мегуфт ва ҷомеа ӯро дарку қабул мекард, чунки ҳанӯз намояндагони наслҳои шоҳиди гушнагиҳои се-чор даҳсола пеш зиёд буданд ва ин мавзуъро дар шеъру суруд, қиссаву достон, кинову театр ҳассосона мепазируфтанд.

Ман ҳам шеъре дорам ба ин мазмун: падарони ҷангдидаи мо шабурӯз Худо мегуфтанд, ки фарзандонашон ҷангро набинанд ва мо ҷангро надидем; мои ҷангнадида боре Худо нагуфтем, ки фарзандонамон ҷангро набинанд ва, мутаассифона, онҳо ҷангро диданд.

Ҷумъа Қувват низ, ки фарзанди замони баъдиҷангист ва гушнагиҳои он солҳоро ёд дорад, бо дилу диди шоирона оқибати беқадрии арзишҳои воло – аз ҷумла нонро эҳсос менамуд ва дилсӯзонаву пайваста меҳру муҳаббат, сулҳу саодат ва фаровонии ризқи мардумашро месуруд, ки ин мардум ҳамеша дар амону шодмону соҳибдастархон бошад.

Инсон чунин аст, ки вақте нон дорад, дар бораи он фикр ҳам намекунад, вале чун бенон бимонад, мефаҳмад, ки бе он натанҳо чизе нест, балки умуман нест ва сад конаш пеши як бурда нон арзише надорад. Дархурди ин ҳол гуфтаҳо зиёд аст ва дар он ҳошия ман низ байтаке гуфта будам:

Сад мизи тилло ҳам бувад касро ба хона,
Гар рӯйи мизаш нест нон, ӯ мизбон нест!

Худи шоирро тақрибан чил сол пеш дидам. Дар сафаре ба ноҳияи собиқ Комсомолобод гурӯҳи адибонро ҳамроҳӣ мекард ва ҳамчун шахси вазифадори маҳаллӣ (муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» буд) на танҳо аз буду бошу кайфияти ҳоли ҳамкасбон огоҳ мешуд, балки баробари онҳо дар мулоқотҳо сухан мегуфту шеър мехонд.

Инсону шоире дарёфтем ӯро бисёр хоксор, ботамкин, меҳрубон, самимию заминӣ, бо лутфу назокати хосси музофотӣ. Ашъораш асосан васфи дӯстию ростӣ, садоқату матонат, кору бунёдкорӣ буданд ва бояд гуфт, ки то имрӯз дар тарғиби ин мавзуъҳои муҳим яқину матин мондааст.

Мегӯянд, ки асли инсон дар давраҳои ғайримуқаррарӣ аён мешавад. Адибони ҳамдаму ҳамғами миллат дар он даҳсолаи муҳлики таърихи навини халқу давлати хеш низ ҳамғаму ҳамдами мардум монданд, балки фоҷиаи мудҳиш онҳоро қарибтару қаринтар кард ва ҳамроҳ бо сухану бо амал роҳи раҳоӣ ҷустанд. Он солҳо аксари аҳли адаб дар паҳлуи Роҳбари давлат, дар байни мардум буданд, лекин, ҷойи инсоф аст, ки қомати сухани чанд тан баландтару расотар буд: дар Суғд – Атахон Сайфуллоев, дар Хатлон – Ҳақназар Ғоиб, дар Бадахшон – Ширин Бунёд ва дар Раштон – Ҷумъа Қувват. Онҳо на танҳо фаъоли ҳаракати мардумии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буданд, балки пайваста ва зуд-зуд ба дигар гӯшаю канорҳои хатарбори ҷумҳурӣ ҳам мерафтанду тарғиби рафоқату қаробат, садоқату муҳаббат, сулҳу ваҳдат мекарданд. Бо ин мақсад Ҷумъа Қувват аз суханони дилраси Сарвари давлату миллати Тоҷикистон сатрҳои дилрас месохт:

Ман зи ҷон ҷӯёи Ваҳдат гаштаам,
Андар ин раҳ аз сарам бигзаштаам.

Ва ё:

То наорам сулҳ бар ҳар хонадон,
Нашканам то нақшаи бегонагон,
То наорам халқи худро бар Ватан,
Нест оромӣ маро дар ҷону тан.

Ба оғози достони «Марди набарди Ваҳдат» таваҷҷуҳ кунед, ки сатрҳои алоҳида бо чӣ шукӯҳу ҳашамат вазъи замону одамонро дар арафаи нооромиҳои сарзамини тоза ба истиқлол расида ифода мекунанд:

Дар синаҳо тазвирҳо,
                     андар забон таҳқирҳо…

Ва:

Сад фавҷ аз дарё гузашт,
                     сад фавҷ аз дунё гузашт…

Ҳамин гуна шеъру достонҳое зиёд дорад Ҷумъа Қувват, ки ба масъалаҳои давлатдорию миллатсозӣ бахшида шудаанд ва, аз ин рӯ, барҳақ ӯро яке аз аввалин шоирони ваҳдатсаро мегӯянд. Лекин чунин ашъори шоир собиқаи бештар доранд ва ӯ хеле пештар оид ба давлату миллат, гузаштаи пурифтихори халқамон, худшиносии миллӣ шеърҳо суруда буд:

Қасри аҷдодии мо гар монд берун аз Ватан,
Қасрҳои бегазанди кӯҳсоронам бас аст.
Баҳри ман боми баланд асло набошад ифтихор,
Ифтихори шоирии Тоҷикистонам бас аст, –

мегӯяд шоир ва хонанда ба ин суханон бовар мекунад, чунки ин ғурури барҷо аз хислатҳои неки инсонию шоирии гӯянда пояҳо дорад. Ӯ бо ифтихор аз марзу буми худ мегӯяд, дарёи Вахшу чанори овозадори Нурободро чун инсонҳое мебинад, ки шоҳиди рӯйдодҳои таърихи ин сарзаминанд; пайванди табиии рӯдҳои Сурхобу Хингобро тимсоли ваҳдати иҷтимоӣ дармеёбад; аз Қаноатшоҳ, ки манғитро дар ин пораи Ватан сарнагун карда, муддате давлати тоҷикӣ бунёд намуда буд, аз атласи манғитиро бо ғурур пайтова карданаш мегӯяд ва ин ҳама хонандаро ба ғурури барҷою пойдори миллӣ бармеангезанд.

Ҷумъа Қувват байту мисраъҳои зиёд дорад, ки бо қотеият аз воқеият мегӯянд:

Оби ҷӯй аст обрӯйи раҳбаре,
К-ӯ забонкӯтаҳ шуд аз савдогаре.

Байти дигар, ки баракси он ҳолро ифода мекунад:

Ҳар ки тарсад аз Худои ломакон,
Дар дили мардум бувад ӯро макон.

Бо ҳамон қотеият ва воқеӣ мегӯяд:   Бехасм будан хоҳӣ агар, беҳунаре бош!

Ё худ: Бадзабонӣ бар забунӣ мебарад!

Ё худ: Сухани нағз зи бемағз нахоҳӣ ту шунид!

«Аз пайи рӯзӣ давидан рӯзи некудидан аст» – мегӯяд шоир ва хонанда инро чун як тарғиби шоиронаи ҷаҳду талошу кӯшиш баҳри рӯзгори беҳтари хеш истиқбол мекунад.

Вақте ки сатрҳои аввалро оид ба оғози шуҳрати шоирии Ҷумъа Қувват аз шеъри ба нон бахшидааш менавиштам, сарсухани устод Муъмин Қаноат ба хотир омад, ки чунин ҷумлаҳо дошт: «Ҷумъа Қувват дар ҷавонӣ ба ситоиши нон пардохта… дар даврони камолоти эҷодӣ ба ситоиши об рӯ овард». Сухан аз «Достони об» меравад, ки илҳом аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Оби чашмаю ҷӯю дарёҳои Ватан низ чун нони деҳқонаш барои шоир иззату эътибори афзун дорад ва ин аз ҳар сатри достон эҳсос мешавад. Бубинед, ки шоир анъанаҳои гузаштаи обдории миллатро бо ташаббусҳои замонию ҷаҳонии сарвараш чӣ пайванде медиҳад: «Аз харобаҳои шаҳри Дарбанди бостонӣ лӯлаҳои сафолини обгузар пайдо гардид. Чунин лӯлаҳоро бостоншиносон аз дигар ҷойҳои мамлакат низ ёфтаанд. Ин далели он аст, ки ниёгони мо дар аҳди бостон ҳам ба тозагии об диққат медодаанд. Бо таклифи Президенти кишвар, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон «Соли байналмилалии Оби тоза» эълон гардидани соли 2003 ин суннати аҷдодии миллати моро дубора эҳё намуда, дар тамоми олам машҳур кард».

Ва бо нахустин сатрҳояш достон чун оби равони пок ба идроку эҳсоси хонанда шорида, ӯро ба дарку ҳисси ин пайванди дерини табиӣ мерасонад:

Андар бари қасри шоҳи Дарбанд,
Покиза чу субҳгоҳи Дарбанд,
Як чашмаи шӯху симранге
Фавворазанон зи қалби санге
Ҷорист чу оби зиндагонӣ,
Мастона чу лаҳзаи ҷавонӣ.
Пеши назарат агар ҷавон аст,
Донандаи рози бостон аст…

Тавсифу таззоди новҳои заррину сафол ва ишқи Зулолаю Зулол (сифати беҳтарини об!) гавҳарҳои нобу поки «Достони об»-анд, ки хонандаро бо рози беохири об мафтуни хеш намуда, хушҳолу андешаманд то поёни он мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз Ҷумъа Қувват аз ангуштшумор шоирони достонсарои мо буда, аз нахустин достонаш дар васфи диловарии ҷавони данғарагӣ Талбак Лолаев, ки дар ҳифзи ғаллазори ҷамъиятӣ ҷони ширинашро фидо кард, то достони «Марди набарди Ваҳдат» дар бозгӯи сарсупурдагию ҷонфишониҳои Сарвари давлатамон, ки боиси амонии Ватан ва серу пурии аҳли он шуд ва «Достони об» роҳи тулонию мушкили ҷустуҷӯю бозёфтро тай намудааст.

Шоир дар ашъори даврони пешинаш ҳам ҷо-ҷо ва зебо вобастаи табиати Ватан аз обу хосиятҳои волои он мегуфт:

Савту сози чашма мастат мекунад,
Бӯйи гулҳо гулпарастат мекунад.
Оби рӯдаш занги дилро мебарад,
Моҳии покӣ ба шастат мекунад.

Дар ин пора махсусан ибораи «моҳии покӣ» таассуротбарангез аст, ки нозук ба эътиқоди мардумӣ ҳам ишора мекунад.

Ё худ, бубинед, ки «сахои барфҳои кӯҳсор»-у «сафои панди пирони баном»- ро чун пайванди ҷӯю дарёҳо чӣ сон табиию зебо ба ҳам рабт медиҳад:

Аз сахои барфҳои кӯҳсор
Ҳаст шодобу мусаффо рӯдбор.
Аз сафои панди пирони баном
Ҳар каси бонанг гардад номдор.

Сатри охирин ноаён «нанг»-у «ном»- ро дар эҳсосу идроки хонанда гиреҳ зада, ибораи «нангу ном» месозад ва сари ин арзишҳо ба андеша водораш мекунад.

Донаи кишту донаи арақи ҷабин дар шеъри мо кам корбаст нашудааст, лекин Ҷумъа Қувват паҳлуи тозаи ин корбастро ёфтааст:

То намоӣ сабз ҳар як донаро,
Рехтӣ сад дона гавҳар аз ҷабин.

Чун аз донаю кишт ёд кардем, ба хотир овардани боз як байт барҷо менамояд, ки на танҳо муносибу мутаносиб аст, балки паҳнои дарку тафаккур перомуни тақдири халқу Ватан илқо мекунад:

Басо тири бало афтода андар синаи хок аст,
Магар аз ин ҷафоҳо синаи ҳар донаат чок аст?!

Зиёд аз ашъори сиёсию иҷтимоии Ҷумъа Қувват гуфтем, вале ба ҳеҷ ваҷҳ гумон намебояд, ки шоир дар ҳамин маҳдуда асту бас. Ҳам дар навиштаҳои дерин ва ҳам ашъори навини ӯ пораҳое зиёд дучор мешаванд, ки аз ишқу муҳаббати ҷавонӣ мегӯянд, чун ин дубайтӣ:

Дилам бар сӯйи гул меояд имрӯз,
Пайи мавзуи гул меояд имрӯз,
Чу гул чидам зи гулзори лабонат,
Зи шеърам бӯйи гул меояд имрӯз.

Ва назокату латофатро бозгӯ мекунанду лаззати аёни зебоипарастӣ мебахшанд чун ин рубоӣ:

Бе бӯйи баҳор ғунча кай механдад,
Гулзор ба каф соғари май механдад.
Абри гузар аз рафтани дай менолад,
Бишкуфта чаман ба ҳоли вай механдад.

Дар баъзеи чунин ашъор латофату назокат ба танзу шӯхӣ ҳам табдил шуда, ҳусни гуфторро афзудааст. Масалан, дар ин ду дубайтӣ солшумории ниёгон бо лутфи ҷолибе зикр мешавад:

Баҳор омад саногӯйи диёрам,
Вале з-ин беқарорӣ беқарорам.
Ба амри Ҳақ дар ин соли Вафодор
Вафодорӣ бирӯяд аз диёрам!

Ба тахмини мо, сухан аз соли душвори 1994 меравад, ки Соли Вафодор буд ва аз сол барои диёри дар варта вафодорӣ тақозо кардани шоир барҷою арзанда аст.

Дубайтии дигар:

Баҳорон ошиқонро арҷманд аст,
Дилам побанди болои баланд аст.
Машав ҳайрон, ки ҳайронат шудам ман,
Ки ҳайрат хоси соли гӯспанд аст!

Хонанда беихтиёр барҷастамисраи «Ҳамчу чашми гӯспанди кушта ҳайронат шавам»-ро ба ёд меораду аз лутфи тозаи шоир перомуни он хушҳол мешавад… Лутфу танзи шоирро, ки оҳанги иҷтимоӣ касб кардааст, дар ин пора ҳам аён ҳис кардан мумкин аст:

Ман такя кунам ба ройи мардонаи худ,
Бар гӯши худат бигӯ ту афсонаи худ.
Лофӣ, ки макони халқ обод кунӣ,
Обод чаро намекунӣ хонаи худ?!

Оё ҳамоно симои лофзанҳое, ки даъвати ободгарӣ мекунанду хонаи худашон хароб аст, пеши назар намеояд?

Серпаҳлуст эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҷумъа Қувват. Ӯ ҳаргиз танҳо бо назм, ки кори умрбодиаш аст, маҳдуд нашудааст ва барои ифодаи маромаш пайваста ба жанрҳои гуногун рӯ овардааст. Бо ҳамин роҳ ба эҷоди чанд намоишнома ва мақолаҳои зиёди публитсистӣ расидаааст, ки бо ҳамон матонати адибӣ ва садоқати фарзандӣ аз дирӯзу имрӯзи диёр мегӯянд, масъалагузорӣ мекунанд, хонандаро сари тақдири халқи муаззаму Ватани бузургамон ба андеша вомедоранд. Аз ҳар паҳлуе, ки назар бикунӣ, аз ин осор накҳати ёру диёр ва бӯйи муҳаббату садоқати гӯянда ба машом мерасад ва меҳру вафои садҳо хонандаро ба онҳо меафзояд. Оё ҳамин нест рисолати Шеъру Шоир? Оё ҳамин нест вазифаи Адибу Адаб?

Низом ҚОСИМ

Дигар хабарҳо