ИН СӮВУ ОН СӮЙИ ДАРЁИ ПАНҶ
Имрўзҳо дар кишвар аз ҷониби намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо вохўриҳои хотирмон бо сарҳадбонон сурат гирифта истодаанд. Мақсад аз ин вохўриҳо расонидани салому паёми Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани рўҳияи сарбозон ва ба онҳо барои ҳимояи марзу буми кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ баён кардан аст.
Ҳайати мо бо ин мақсад бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафарбар гардид. Ду-се нафарӣ ба гурўҳҳо ҷудо шудем. Мо асосан аз қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, ки ин ноҳияҳо дар ҳамсоягии Вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Афғонистон мебошанд, дидан кардему бо ҳимоятгарони Ватан суҳбатҳо оростем.
Пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки ин ду ноҳия низ ба баракати соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ рўз то рўз ободтару зеботар гардида истодаанд. Мардумаш ба маънои том Истиқлолу Ваҳдату осоиштагиро дарк кардаасту бо ҳамин рўҳия зиндагӣ дорад. Шиорҳои ватандўстона, вожаҳои азизи Истиқлол, Ваҳдат, Сулҳ, муқаддасоти миллӣ-Парчаму Нишонро зиёд дар тахтасангҳои канори роҳҳо, дар девори кўҳҳои сарбагардун ҷо кардаанд. Тўли 5 рўз намояндагони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, аз ҷумла, муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз Ҳаким Давлатзод, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз подполковник Усмон Қурбонов ва дигарон бо мо ҳамроҳ буданду дастгирии бисёр карданд.
Тавре роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ иброз доштанд, сарбозони мо барои ҳимояи хоки поки диёр аз ҳар ҷиҳат омодаанд ва шабонарўзӣ вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд. Дар дарвозаи дидбонгоҳе аз дохил чунин навиштаро мушоҳида кардем:
«Сарҳадбон, дар сарҳад ҳушёр бош»!
Ин як ҷумлаи сода дар тақвими ҳар рўзи сарҳадбонон кифоя аст, ки доим ҳушёр бошанд.
Касе, ки бори аввал ба ин мавзеъҳо меравад, бояд мушоҳидаи амиқ кунад, ки дар он сўйи дарёи Панҷ (Афғонистон) мардум чӣ гуна рўзу рўзгор доранду дар ин сўйи дарёи Панҷ (Тоҷикистон) чӣ гуна.
Ин сўйи дарё аз замони шўравӣ роҳи мошингарди асфалтпўш дорад, он сўйи дарё то ҳанўз роҳи тангу мумфаршнакардаи бо даст сохташуда. Ин сўйи дарё касе пиёда нест, мошинҳои зиёд дар ҳаракатанд, он сўйи дарё одамон бештар пиёдаанду бо гузашти соатҳо ягон-ягон мошин ё дучарха (мототсикл) пайдо мешавад. Ин сўйи дарё хати барқу телефон аст, он сўйи дарё ҳарду ҳам нест. Ин сўйи дарё хонаҳои замонавӣ зиёданд, он сўйи дарё манзилҳои вайрона… Чун дур нест, бо як нигоҳ метавон ин ҳамаро дид, қиёс кард ва шукри амнияту осоиштагии кишвари худро ба ҷой овард.
Мутаассифона, бар асари набудани амният он сўйи дарё ин ҳама ободиро надорад. Онҳо барқро аз мо мехаранд. Ҳатто аз симкортҳои ширкатҳои мобилии кишвари мо истифода мекунанд. Мо имрўз мехоҳем, ки ба кишварҳои мутараққии дунё наздик шавем. Аммо афғонистониҳо орзу доранд, ки монанди мо кишваре дошта бошанд, то дар он пеш аз ҳама сулҳ таъмин бошад. Ин ҳамаро мушоҳида карда, байти устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро ба ёд овардам, ки баёнгари ҳол аст:
Ба рўзи неки касон, -гуфт, ғам махур зинҳор,
Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст!
Таманнои онро дорем, ки ҳар чӣ зудтар сокинони кишвари ба мо ҳамсояву ҳамзабон ба сулҳу ваҳдат ва истиқлоли комил бирасанд.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН