«Инсонро бародарвор дӯст бидоред…»
Ба муносибати Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон
Серикқази ҚОРАБАЙ,
мудири шуъбаи абайшиносии Пажӯҳишгоҳи
адабиёт ва санъати ба номи Мухтор Авезови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар асри мо зарурати ҳаётӣ будани асарҳои классиконе чун Абай Қунанбоев бешак аст. Афкори инсондӯстона, ҷустуҷӯи арзишҳои олии инсонӣ аз ҷониби ӯ ҳамсадои рӯҳи замон буда, ба ташаккули ғояи нави миллӣ, ки ҷавобгӯи вазифаҳои замони муосир аст, ёрӣ мекунад.
Барои адабиёти асри нуздаҳи қазоқ эҷодиёти Абай Қунанбоев, ки ба дараҷаи олии адабиёти реалистӣ расидааст, қадами бузурге гардид. Бо фаро гирифтани ганҷинаи назми шифоҳии мардумаш ва саршор гаштан аз сарчашмаҳои адабиёти русу Аврупо ва бахусус Шарқ, ӯ шоиру мутафаккире гардид, ки дастовардҳои афкори фалсафии ҷаҳонро дар хеш таҷассум менамояд. Шоири навовар, ифодакунандаи назарҳои пешқадами замон ва эҷодкори муқтадире буд Абай, ки ҷаҳонро дар як умри инсонӣ гунҷонда тавонист.
Мероси адабии Абай ҳамагӣ як ҷилди бузург буда, лирикаи шоирро, ки аз ҷиҳати бадеият ва умқи фалсафии худ беназир аст (се достон – «Искандар», «Масъуд» ва асари нотамоми «Достони Азим»), 45 панду андарз, очерки «Чанд сухан дар бораи пайдоиши қазоқҳо» ва номаҳояшро дар бар гирифтааст. Дар шеъри ӯ тамоми паҳлуҳои дунёи маънавии халқи қазоқ таҷассум ёфтааст. Лиризми нозук, шубҳаву навмедӣ, истеҳзои талх ва бовар ба қудрати бунёдкоронаи мардум асли онро ташкил медиҳанд.
Ворисон дар симои Абай эҷодкореро мебинанд, ки рӯзгор, урфу одат, ахлоқу одоби қазоқҳоро амиқ, воқеӣ ва равшан тасвир менамояд. Ба лирикаи шоир тарҷумаҳои асилу олиҷанобаш низ, ки дар байнашон пораҳо аз романи манзуми Александр Пушкин «Евгений Онегин», 29 шеъри Михаил Лермонтов, 11 масали Иван Крилов, шеърҳои алоҳидаи Ҷорҷ Байрон, Иоҳан Гёте, Адам Мисткевич, Иван Бунин ва дигарон ҳастанд, дохил мешаванд.
Аз азал мардуми қазоқро сурудҳояш муттаҳид мекард. Дилдодаи шеър аст ин халқ ва Абай ӯро бо сухани таъсирбахшу дилрас аз паси хеш хонд. Шоир натанҳо Пушкинро тарҷума кард, балки чунон тарҷума кард, ки номаи Татяна ба Онегин даҳсолаҳо боз суруди вирдизабонии занони қазоқ гардидааст. Тарҷумаҳои беназири ӯ падидаи аёни таърихи адабиёти ватани мо мебошанд. Онҳо то абад ҳамчун далели меҳри самимии халқи қазоқ ба шоҳкорҳои Пушкин, муҳаббати сӯзони Абай ба адабиёту фарҳанги рус барҷо хоҳанд монд. Шоир умумияти дилҳои инсонҳоро дарк кард ва фаҳмид, ки қазоқ пайванди инсоният аст ва ба ӯ ҳарфҳои зиёди гуфтанӣ дорад.
Абай тавассути пайванди ногусастанӣ бо фарҳанги рус ва дигар халқҳои сайёра самти рушди адабиёти моро дигар кард. «Ба русӣ хондан зарур аст, – боисрор мегуфт ӯ. – Илм, дониш, санъат ва сарват – ҳамаи ин чизҳо дар дасти русҳост. Барои он ки имкони гурез аз норасоиҳо бошад ва баракс – барои он ки ба ҳама чизи комил дастрасӣ дошта бошӣ, забони русиро донистану фарҳанги русро фаҳмидан даркор аст… Санъат, фарҳанги русҳо калиди ҳаёт аст ва касе, ки онро соҳиб шавад, осон ба зиндагӣ даст меёбад».
Дар пораи дигари андарзномааш мегӯяд: «Хондан зарур аст, то ки пуштибони халқи қазоқ бишавӣ, ғами онро бихӯрӣ, ки соҳибкишвар бошем, он қадаре бидонем, ки дигарон медонанд ва чун як бародар ба доираи халқҳо бипайвандем». Дар идома зикр мекунад, ки барои ин донистани забонҳои халқҳои бародар зарур аст: «Шахсе, ки соҳибфарҳанг шудааст ва забони халқеро омӯхтааст, бо вай баробарҳуқуқ мешавад ва ҳаргиз пеши ӯ хор нахоҳад буд». Ибрати шахсии шоири маорифпарвар дурустии ин андешаро комилан собит намуд.
Абай шоирони бузурги Шарқ – Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ, Фузулиро устодони худ медонист, асарҳои мутафаккирони Аврупои Ғарбӣ – Спенсер, Милл, Дарвин, Дрэперро меомӯхт. Пайваста ҷонибдори табодули ғоявию фарҳангӣ буд. Ӯ аз авули қазоқӣ ба халқҳои Қафқоз, ӯзбек, тотор дасти дӯстӣ дароз мекунад, мустақилона забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро меомӯзад. Дили ӯ барои ҳама чизҳои поку зебое, ки аз Шарқ ва ё Ғарб мерасанд, боз аст.
Абай, ки аз дувоздаҳсолагӣ ба иншои шеър сар карда буд, ҳамаи давраҳои рушди истеъдодро тай намуд: дар эҷоди ӯ номаҳои ошиқонаи саршор аз эҳсоси ҷавони дилдодаро ҳам дидан мумкин асту лиризми боэҳтиросро ҳам, писханди бераҳмона ба ҷаҳолатро ҳам метавон пайдо карду парвози тунд ба қуллаҳои баланди ватандориро ҳам, ки дар ҳамдардӣ бо халқи хеш, тоб наовардан ба зулму беадолатӣ, кӯшиши ошно кардани дашти қазоқ бо ҳаёту фарҳанги дигар халқҳо зоҳир мешавад.
Дар ашъори Абай баҳодиҳии қатъии асосҳои ҷомеаи бодиянишин – анъанаҳои бобоӣ, ҳуқуқҳои одатӣ ва ахлоқии ҷамъиятиро метавон дид. Ӯ маънои ҳаёти инсонро ба тарзи нав дарк намуд ва фаҳмид, ки роҳи зиндагиро иродаи оқилона, эҳсоси ҷавонмардона ва фаъолияти муфид бар манфиати инсонҳо муайян мекунад. Асарҳои Абайро хонда, кас бовар мекунад, ки аз ҷиҳати қудрату ифоданокии образҳои ҳаётӣ, гуногунпаҳлуии мазмуну мундариҷа, рангинии мавзуъҳо воқеан донишномаи ҳаёти халқи қазоқанд.
Абай барои халқи қазоқ шоиру оҳангсоз, мутафаккиру маорифпарвар, қисмату виҷдон аст. Ӯ ҳамаи истеъдодҳоеро, ки халқаш дошт, фаро гирифт ва ҳамон гуна «поку зебо» ба халқаш баргардонд. Абай рамзи эҳёи маънавист ва номаш бо тасаввурот дар бораи қазоқҳо – халқи заҳматдӯст, рӯ ба пешрафту тараққӣ, ба ғояҳои инсондӯстонаи умумибашарӣ содиқ гиреҳ мехӯрад. Шоиру мутафаккир дар осораш беҳтарин талош, ниёз ва орзуҳои халқи хешро таҷассум карда тавонист. Дилу ҷони мардумашро амиқ дарк намуд ва дар сарватҳои маънавии миллӣ арзишҳои умумиинсониро дарёфт.
Имрӯз, саҳми шоирро дар адабиёти ҷаҳон зикр намуда, нафақат ба ҳиссаи сазовори ӯ қоил мешавем, балки бо дарки амиқи Абай мо худро, таърихи худро, мавқеъ ва нақши халқи қазоқро дар дунёи тағйирёбанда дарк менамоем, дар заминаи таърихии фарҳанги ҷаҳонӣ муносибатҳои мутақобилаи Қазоқистонро бо дигар кишварҳо ба андеша мегирем. Абай тамоми умр дар муҳиту ҷустуҷӯи маънавии некиву адолат зист ва ҳама ашъораш талошҳо баҳри дарёфти инсони комил буд. Ӯ мехост, ки на бо воситаи фиребои дарки зоҳирӣ, балки бо муҳаббати гарму самимӣ ба инсонҳо дӯст доштани ҳаёт ва ҳамдигарро биомӯзад.
Инсоне, ки дар дунёи маҳдуди худ мемонад, ба қашшоқии маънавӣ дучор меояд, – мегуфт ӯ, – танҳо касе, ки инсонро бародарвор дӯст медорад, шахсияти аз ҷиҳати маънавӣ комил мешавад. Ин суханон – «Инсонро бародарвор дӯст бидор…» дар пояи ҳайкали шоир ҳаккокӣ шудаанд. Бо ҳамин васият Абай ҷой ва нақши худро дар хотираи авлоди хеш ҷовидонӣ намуд. Ӯ вазифаи худро дар ин ҷаҳон ба иҷро расонд ва он чизеро, ки бояд ба ҷаҳон мегуфт, иброз дошт.
Нависандаи забардаст Чингиз Айтматов навишта буд: «Абай чун таҷассуми хирад ва фарҳанги маънавию рӯҳонии халқи хеш бешак сарвати миллии сатҳи ҷаҳонист».
Дар ин замина суханони олим ва ходими ҷамъиятии Покистон Аҳмад Ҳасан Донӣ, ки дар ҷашни 150-солагии Абай (соли 1995) дар Алмаато иброз дошта буд, ҷолиб аст: «Дунёи Абайро се сухан – муҳаббат, адолат ва амният ифода мекунанд, ки натанҳо барои Қазоқистон, балки барои ҳамаи ҷаҳон муҳиманд…»
Имрӯз беш аз пеш иттиҳоду эҳтироми мутақобилаи ҳамаи халқҳо зарур аст. Ва аз қаъри асрҳо васияти шоири мутафаккир Абай Қунанбоев ба гӯш мерасад, ки «дӯстонро биафзоеду дӯстии халқҳоро таҳким бибахшед». Ва боз ин суханонаш, ки дар пояи ҳайкалаш ҳаккокӣ шудаанд: «Инсонро бародарвор дӯст бидоред…»
Тарҷумаи А. Сурайё