ИМОДӢ ҲАБИБ

 ИМОДӢ ҲАБИБ

ҲАБИБ ИМОДӢ (Имоддинов Ҳабибулло) 5 октябри соли 1937 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон таваллуд шудааст. Соли 1955 мактаби ҳамагонии ба номи Фридрих Энгелси деҳаро хатм карда, бо мақсади идомаи таҳсил дар мактаби олӣ ба шаҳри Душанбе омадааст. Омадани ӯро меҳру муҳаббат ва асарҳои нависандаи мумтози ҳамдиёраш Сотим Улуғзода ва амаки соҳибистеъдодаш Мутеулло Наҷмиддинов тезонидаанд. Аз сабаби душвориҳои зиндагӣ ва таъмини маишат, дар ибтидо, бо ҳидояти амакаш, ду сол дар рӯзномаи «Тоҷикистон Советӣ» мусаҳҳеҳӣ кардааст.

Соли 1957 донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, донишгоҳро соли 1967 бомуваффақият хатм карда, ҳамон сол ба ҳайси муҳаррир ба шуъбаи таъриху географияи нашриёти «Маориф» ба кор даромадааст.

Фаъолияти эҷодияш аз ҳамон давра оғоз ёфтааст. Нахустин ҳикояаш «Тутпаз» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба табъ расидааст. Сипас силсилаи ҳикояҳояш дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи Машъал» чоп шуда, дар ҳамин замина муҳаррири рӯзномаву маҷаллаи мазкур шоира Мавҷуда Ҳакимова ба кор даъваташ кардааст. Соли 1970 бо даъвати раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ Аминҷон Шукӯҳӣ ба шуъбаи ҷавонони радио гузашта, пешбурди радиомаҷаллаи «Субҳи пионерӣ»-ро бар уҳда гирифтааст.

Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Як даста садбарг» соли 1974 аз чоп баромадааст. Сипас, дар чанд шумораи маҷаллаи «Машъал», нахустин повесташ «Деҳқонзодагон» дарҷ гардида, соли 1980 таҳти унвони «Ҷасорат» чоп шудааст. Силсилаи дигари ҳикояҳояш соли 1986 ба табъ расидааст.

Баъдан, ду сол, дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1985-1987) тарҷумонӣ кардааст.

Соли 2004 китоби наваш «Бачаи каждум» ба табъ расидааст. Тарҷумаи асари К. Паустовский «Қиссаи шимол» (1984) ва романи А. Дюма «Муаллими шамшербозӣ» (1988) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Аз соли 1975 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ҳабиб Имодӣ 31 июли соли 2023 аз дунё чашм пӯшид.

Дигар хабарҳо