ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи олим, ташкилотчӣ, ношир, тарҷумон ва публитсисти боистеъдоди тоҷик Шавкат Ниёзӣ,ки 15 марти соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт, изҳори тасаллият намуданд. Ҳамдардии Роҳбари давлат тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба пайвандони марҳум расонида шуд.
ШАВКАТ НИЁЗӢ
14 марти соли 2021 дили адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1959) Шавкат Ниёзӣ аз тапиш бозмонд.
Шавкат Ниёзӣ 19 декабри соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Муддате устоди ҳамин донишгоҳ буд. Соли 1957 дар Пажўҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. То пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъул оид ба адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони СССР буд.
Шавкат Ниёзӣ солҳои тўлонӣ дар Инсти- тути давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и ба номи Луначарский ва Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкий дарс гуфтааст ва мушовири Кумитаи иҷроияи Созмони байналмилалии Иттиҳодияҳои нависандагони ИДМ буд.
Ў ҳамчун адабиётшиноси соҳибтаҷриба ба таҳқиқ ва омўзиши раванди инкишофи адабиёти халқҳои шўравӣ, махсусан, адабиёти муосири тоҷик машғул буд. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Устод Рўдакӣ, Мирзо Турсунзода, Ф. Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, А. Шукўҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, ҳамчунин А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон асарҳои пурарзиш эҷодкардааст. Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шўравӣ» (1974) мебошад.
Осори М. Горкий «Васса Железнова», А. Доде «Зани арлезианӣ», Сервантес «Ғори Сулаймон», Ч. Ҳейерманс «Ҳалокати «Умед», А. Чехов «Тўйи зангирӣ», Л. Рахманов «Пионери ноором», В. Собко «Барои ҷабҳаи дувум», А. Стил «Зарбаи аввал», Б. Сайтоқов «Бародарон», Б. Карбобоев «Зодаи муъҷизаҳо» (ҳамроҳи Р. Ҳошим ва Ш. Шараф), Қ. Қулиев «Корвони сиёҳ», ҳикояҳои алоҳидаи Р. Такур, В. Ҳюго ва А. Чеховро ба тоҷикӣ гардондааст.
Асарҳои Р. Такур «Шаби видоъ», «Гулчанбари муҳаббат» ва Ф. Ниёзӣ «Духтари сеюм»-ро барои театр ва радиову телевизион саҳнавӣ кардааст.
Мураттиб ва ношири баёзҳои «Мушоира» (ҳамроҳи Р. Ҳошим; Маскав, 1967), «Садои дўстон» (Маскав, 1973), «Дар домани кўҳҳои кабуд» (Маскав, 1979, 1985), «Лолачинӣ» (Маскав, 1982) ва ғ. мебошад, ки ба забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, урду чоп шудаанд. Марҳум профессор, доктори ифтихории АИ театрӣ (1996), Корманди шоистаи фарҳанги Русия ва Тоҷикистон буд. Бо бисёр нишону ифтихорномаҳо, аз ҷумла, нишони «Дружба» (1997, Русия) сарфароз гардонида шудааст.
Ёди ин адиби варзида дар хотираи ҳа- мқаламон ва ихлосмандони адабиёт абадан боқӣ мемонад.