Зуҳури истеъдоди аҷдодӣ. Ба муносибати 80-солагии академик Кароматулло Олимзода

 Зуҳури истеъдоди аҷдодӣ. Ба муносибати 80-солагии академик Кароматулло Олимзода

Мо ҳама ин байтро медонем:

Мо ҳама дар асл шоирзодаем,
Дил ба ин меҳнат на аз худ додаем.

Ва онро бисёр вақт барои таъкиди он ки мо ҳама, яъне халқи тоҷик, шоирзодаему шеърро бисёр дӯст медорему медонем, истифода мекунем, вале агар ба сабаби асли гуфта шудани он андеша кунем, дармеёбем, ки шоири маъруф ва орифи мо Зуфархон Ҷавҳарӣ онро бештар дар бораи аҷдод ва авлоди хеш гуфтааст, ки воқеият аст, зеро ҳам пешгузаштагони ӯ шоир будаанду пасояндагонаш ҳам. Ҳоло сухан аз яке фарзандони хоҳарзодаи Зуфархон Ҷавҳарист, ки Кароматулло Олимзода, донишманди шуҳратёр, доктори илми фалсафа, академик ва шоири хушқареҳа ҳам мебошад. Ин дӯсти ман аз аҷдоди бузургвори худ натанҳо муҳаббати илм, истеъдоди шоирӣ, балки фурӯтании ирфониро ҳам ба мерос гирифтааст, ки ӯро дар муҳити ҳангомаписанди имрӯзи мо намунаи камназири одамият нишон медиҳад.

Амри воқеъ аст, ки ӯ чун дар хонаводаи донишмандону шоирон ба дунё омадааст, аз хурдӣ ба омӯхтани илму адаб машғул шудааст, боз махсусан, ки модари муҳтарамаш дилбастаи шеъру шоирӣ буда, ашъори бисёр аз шоирони забардасти классики моро аз бар доштааст ва ба фарзандаш ёд медодаасту омӯхтани онҳоро талқин мекардааст. Дар рӯзгори маънавии ин хонавода тасаввуфу ирфон низ мақоми шоиста доштааст, ки мо онро аз осори Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳам эҳсос мекунем. Чун тасаввуфу ирфон бо фалсафа муносибат дорад, хоҳ аз ҷиҳати ҳамоҳангӣ, хоҳ аз ноҷӯрӣ, Кароматулло Олимзода аз ҷавонӣ ба ин олами маънавӣ рағбат пайдо мекунад ва баъди хатми шуъбаи шарқшиносии донишгоҳ ба омӯхтани амиқи фалсафаву ирфон камар мебандад. Азбаски аз бачагӣ дилбастаи шеъру шоирӣ ҳам шуда буд, ба омӯхтани ирфон дар мисоли осори Саноӣ мепардозад ва дар ин бора чандин асари арзишманди илмӣ таълиф мекунад. Ба замми ин осори Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, ҳикмати Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Бедил низ мабҳаси омӯзишу таҳқиқи ӯ қарор мегиранд ва мақолаву рисолаҳои дар ин мавзуъҳо навиштаи ӯ, ки заминаи мустаҳками илмӣ доранд, дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Русия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ҳам нашр шуда, ӯро ҳамчун олими зубдаи фалсафаву ирфон муаррифӣ мекунанд. Махсусан, таҳқиқоти бунёдии Кароматулло Олимзода “Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII”, ки дар заминаи сарчашмаҳои то ҳол мавриди пажуҳиш қарор нагирифта ба қалам омадааст, аҳаммияти бузурги илмӣ дорад. Дар ин асар таълимоти мутафаккирони ин давра аз назари танқидӣ баррасӣ ва ҷиҳатҳои мусбату манфии онҳо муайян карда шудааст, ки барои ба кор гирифтани онҳо дар замони муосир бисёр муҳим мебошад.

Кароматулло Олимзода олим, сиёсатмадор ва шоири воқеъбин аст, ки дар баробари пешрафтҳо, дастовардҳо, музаффариятҳо, камбудҳо, нақсҳо, ҷурмҳои ҷомеаро низ мебинад ва онҳоро нишон дода, накуҳиш мекунад, ки ба ислоҳи онҳо бипардозем, ки ин ҳам камтар аҳаммият надорад, зеро онҳо агар имрӯз ҳастанд, фардо барои ҷомеа хатарзо хоҳанд шуд. Масалан, мо ҳоло, мутаассифона, ҳама шоҳидем, ки дар ҷомеа чӣ гуна таассубу хурофотпарастию мазҳабгароӣ боло гирифта, ба таҳкими давлати дунявӣ ва ояндаи миллат хавфнок мешавад. Оё ин гуна вазъият шахсияти дилсӯзи ватан ва ояндабинро ором гузошта метавонад? Маълум аст, ки ҳаргиз на! Бинобар он, мо танқиди ин нақсро дар бисёре аз шеърҳои шоир мебинем, ки моро ҳушдор дода, қатъиян даъват мекунад, ки дар ин ҳолат ақлу ҳуш ва илму амалро ба кор андохта, аз роҳи дурусти замона пеш равем, на аз роҳи таассуб ба қафо, ба гузаштаи вомонда. Ба ин хотир, ӯ ҳатто достони махсуси “Гаҳвораи адл ё разми ақл бо таассуб”-ро аз қисмати фоҷиабори чеҳраҳои дурахшони башарӣ – Мансури Ҳаллоҷ, Саноӣ, Айнулқузот, Ҷордано Бруно, Аҳмади Дониш навишта, зимнан таъкид мекунад, ки аз таърих бояд сабақ бардошту хатоҳоро набояд такрор кард. Дар қисми дувуми ин манзума аз воқеоти муҳимми замони Истиқлол, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд, интихоби Сардори давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талоши ӯ барои сулҳу ваҳдат, сӯиқасд ба ҷони ӯ, ба хотири сулҳу оштӣ сафарҳои ӯ ба минтақаҳои хатарнок, ба ватан баргардонидани гурезагон, хуллас, ҳамаи ибтикороти сарнавиштсоз ва тарҳрезиву амалисозии барномаҳои бунёдкорона, барои истиқлолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақл мешавад, ки махсусан барои ҷавонон аҳаммияти бузурги маърифатӣ дорад. Бинобар он, худ аз худ равшан аст, ин дастовардҳо, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии ҷонфидоёна муяссар шудаанд, аз таассубу хурофоту мазҳабгароиҳои хатарнок заррае ҳам набояд осеб бинанд. Аз ин рӯ, Кароматулло Олимзода натанҳо дар ин манзума, балки дар бисёр шеърҳои ҳар се маҷмуаи банашррасидааш аз ин ҳолат гоҳе бо маслиҳат, гоҳе бо танқиду ҳушдор сухан мегӯяд. Масалан, дар шеъри “Илтиҷо” чунин менависад:

Мо асирони зоҳири шаръем,
Бештар зоҳиди риёкорем.
Маст аз бодаи таассубҳо
Фикр дорем, ин ки ҳушёрем.

Ҳам дар шеъри дигар:

Моем мусалмон,
                    бурун аз роҳи тараққӣ,
                                            дар банди таассуб,
Дар даъвии ҳақ будани ҳар мазҳабу роҳе
                                                                   гардида фидоӣ.

Дар шеъри дигар аз роҳи наҷот аз ин вартаи ҳалокатбор чунин мегӯяд:

Бохти миллати куҳанбунёд
Аз ҷудоию аз таассубҳост.
Рӯ ба илми замона овардан
Зомини сарбаландии фардост.

Шохаҳои гуногуни ин мавзуъ, ки аз таассубу хурофоту мазҳабгароӣ сар мезананд, ҳамчун нақзи ҳуқуқи занон, монеъ шудан ба илму дониш омӯхтан, пайвастан ба фаъолияти иҷтимоии онон, куфр донистани андешаҳои равшангароӣ ва монанди онҳо дар бисёр шеърҳои ӯ ба тарзи нишонрасу таъсиргузор ифодаву тасвир мешаванд. Ин ҳама аз шинохти амиқи масъалаҳои ҷамъияти давр бармеоянд, ки онҳоро Кароматулло Олим ҳам ҳамчун сиёсатмадору олим ва ҳам ҳамчун шоири фаъоли иҷтимоӣ ба маърази андеша гузошта, ба дурустӣ ҳал кардани онҳоро ниҳоят зарур мешуморад.

Дар таҷрибаи шоирии ӯ иқдомоте низ мавҷуданд, ки баъзеи онҳо дар шеъри муосири тоҷик танҳо ба номи ӯ нисбат мегиранд, масалан, бо шеър гуфтани таърихи вафоти ашхос, ки донистани ҳисоби абҷадро тақозо дорад. Ин гуна таърихҳои гуфтаи ӯ аз ҷиҳати муҳтаво, ки фазилати шахсро бадеъ ифода мекунанд, низ ҷолиби таваҷҷуҳанд. Масалан, таърихи вафоти устод Айнӣ аз ҳамин қабил аст:

Сарвару ҷонфидои миллат буд
Ин абармарди инқилобоин…
…Аз сари «зар» навис таърихаш:
«Тоҷиконро бигашт тоҷу нигин».
(Соли 1954)

Баъзе таърихҳои дигараш, ки дар бораи дӯстони даргузаштааш мебошанд, бо марсияҳои сӯзнок ҳамроҳ гуфта шудаанд, ки таърихи ба Гулназар гуфтаи ӯ аз ҳашт байт иборат буда, ҳамин гуна аст:

Дил об шуд зи ҳасрати ҳиҷрони Гулназар,
Аз рахнаи хазон ба гулистони Гулназар…
…Чун бигзарӣ зи қалбу сари сарву пои ӯ,
Гӯ: «Монд аз тапиш дили ҳассони Гулназар».

Дар шеъри шоир ҳатман фазилати ӯ акс меандозад, ки ин чиз дар ашъори Кароматулло Олимзода ҳам ба хубӣ дида мешавад. Ӯ сиратан шахси меҳрубон, дилёбу дилҷӯю рафиқдӯст аст, бинобар он, дар сифати хеле аз адибону олимон ва фарҳангиён шеърҳои таҳсиномез дорад, ки ба тақозои дили меҳрпарвараш гуфта шудаанд. Дар ин гуна ашъори ӯ, дар баробари ситоиши фазилатҳои шахсӣ, хидмати ба ҷомеа кардаи фард низ ба тарзи мувофиқу хуб баён карда мешавад, ки ба арзиши онҳо меафзояд. Дар ин радиф аз мувашшаҳҳои ӯ, ки ба шахсиятҳои дурахшони илму адаб навишта шудаанд, низ ба таҳсин сухан бояд гуфт, ки яке аз навъҳои хуби шеъри классикро зинда медоранд. Дар ҳамаи ин навиштаҳо сифати бориз ба ҳам пайваставу ҷӯш хӯрда, омадани масъалаву мавзуъҳои фардиву иҷтимоист, ки ӯро намунаи олиму шоиру публитсисти фаъол месозад.

Кароматулло Олимзода дар кору фаъолияти идорӣ, ҳамчун директори Институти шарқшиносӣ, ноиби президенти Академияи илмҳо, вазири фарҳанг, мушовири Президенти кишвар, узви Комиссиони оштии миллии мамлакат ба тарзи аҳсан хидмат карда, ҳоло сарходимӣ ва раисии Шуро ҳимояи рисолаҳои номзадию доктории фалсафаро дар Институти фалсафаи АМИТ ба зимма дорад, қобили таҳсини алоҳида аст. Ҳамчунон ки мебинем, ӯ дар остонаи 80-солагиаш аз пуркории пешинааш заррае ҳам накостааст ва банда умеду бовар дорам, ин марди пуркору шариф, ки ба КОВИД дасту гиребон шуда, онро мағлуб карда буд, ба хушбахтии мо, аҳли илму адаб ва дӯстону хонандагонаш, ҳатман бар 100-солагӣ ҳам ғолиб хоҳад омад. Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта: Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

Аскар Ҳаким,
Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо