Зулфия Атоӣ. ЧЕҲРАСОЗОН. Ашъор

 Зулфия Атоӣ. ЧЕҲРАСОЗОН. Ашъор

ЧЕҲРАСОЗОН

Мо — занон рассом ҳастем,
Лек дар силки ҳунар беном ҳастем.
Субҳгоҳон бо қалам
Чеҳраи худ мекашем аз нав,
Чеҳраи нав мешавад пайдо,
Чеҳраи бедарду беғам,
Чеҳраи зебо.

Рӯи худро медиҳем оро саҳар бо ҳафт ранг,
То шавем аз нав фиребою ҷавон,
То равад аз чеҳра ожанг.

Мо нахуст абрӯи худро мекашем
Бо сиёҳӣ,
Мехазад дар рӯи мо абрӯи мо
монанди мор.

Мекашем он гоҳ сурма
Мо ба чашмони ҳазин,
Чашми маҳзун
Мешавад масту хумор.

Сурха мемолем бар лаб он замон,
Лолаосо медурахшанд он лабон.

Мо — занон рассом ҳастем,
Лек дар силки ҳунар беном ҳастем.

Рӯи худ бо ҳар сифат созем тасвир,
Ҳар замон оинаро созем тасхир.
Чун қалам ояд ба дастони маҳин,
Монии сеҳрофарин ҳам камҳунар
дар пеши мост.
Ҳеҷ кас аммо намепурсад зи мо:
Чеҳраи асли шумо, охир, куҷост?

ДУШАНБЕРО ШУДАМ ПАЗМОН

Даме дур аз диёри худ, Душанберо шудам пазмон,
Ба чашмам акси ёри худ, Душанберо шудам пазмон.

Зиҳӣ марзи биҳиштосо, беҳин абру беҳин дарё,
Вале боғу баҳори худ, Душанберо шудам пазмон.

Худоё, мулки бегона шавад ҳамдам маро ё на?
Диёри ғамгусори худ, Душанберо шудам пазмон.

Ба ёди оби ширинаш дили пуроташам гум зад,
Хушово чашмасори худ, Душанберо шудам пазмон.

Турунҷу норгил бинмуд, оваҳ, талх комамро,
Шакарангуру нори худ, Душанберо шудам пазмон.

Бухорои навини хеш, шаҳри беҳтарини хеш,
Китоби зарнигори худ, Душанберо шудам пазмон.

Забони тӯтии хушгӯ набошад чун забони ӯ,
Забони хушгувори худ, Душанберо шудам пазмон.

Миёни қасри афсона чу як гунҷишки белона
Макони хоксори худ, Душанберо шудам пазмон.

Ба чашмам Айнию Сино, ба гӯшам Лоиқу Мирзо,
Суханпарвар диёри худ, Душанберо шудам пазмон.

Шукӯҳи ҳайкали Сомон ҳамебахшад фурӯғи ҷон,
Дирафши тоҷдори худ, Душанберо шудам пазмон.

Зари бегонаҳо зар не, дари бегонаҳо дар не,
Ҳисори зарнисори худ, Душанберо шудам пазмон.

Сари сабзам аз ӯ бошад, баҷо набзам аз ӯ бошад,
Суруру ифтихори худ, Душанберо шудам пазмон.

МӮСАФЕД

Мӯсафед аст,
Пайкари ӯ сап-сафед аст.
Ришу абрӯ ранги барф асту либосаш ранги барф,
Дар нигоҳи ӯ умед аст.

Гӯиё дар рӯ ба рӯ
Одаме не, пораабр истодааст.
Не ҳамон абри сафеди осмон,
Балки абри бозабон.

Ин чи абре, к-аз арақҳои ҷабинаш
Дар гузашта киштзорон об хӯрд,
Ғаллазорон об хӯрд,
Сабз гашта боғзору роғзор,
Шӯразорон об хӯрд.

Боз ҳам чун бингарӣ,
Абр абри пурзиёест,
Абр абри розҳост.
Абри раҳ не, даргузар не,
Абри хушку беасар не,
Лаб ба лаб аз пандҳост.

Баъд аз ин ҳам
Аз ҳамин абри сахо
Сабз мегарданд боғи ақлҳо,
Ончуноне дар баҳорон
Сабз гардад киштзорон.

БЕНАЗИР

Ман чи сон монанд гӯям, модар, овози туро
Бо суруди пурсафои ҷӯйборони диёр?
Рӯд зери шишаи ях гоҳ меварзад сукут,
Руҳбахш аст «Алла»-и ту дар зимистону баҳор.

Дона-дона гавҳари ашки туро дар шеъри худ
Ман чи сон монанд бинмоям ба марҷони қатор?
Шаддамарҷон аз ниҳоди сангҳо ояд ба даст,
Ашки ту ояд бурун аз қалби нарму беғубор.

Ман надонам чун тавон мӯи туро ташбеҳ дод
Дар сафедию ҷило бар қуллаҳои барфпӯш?
Қуллаҳо буданд агар аз рӯзи аввал сарсафед,
Мӯйҳоят то ғами мо тирагун буданд дӯш.

Дар сари тасвират оё ман намесозам хато,
Гар бигӯям: бас бузургӣ ҳамчу меҳри кишварам?
Тарк мегӯяд ҷаҳонро шомгоҳон офтоб,
Рӯзу шабҳо бар сари ман нурборӣ, модарам.

Ҳар қадар ташбеҳ ҷустам лоиқи эҳсони ту,
Он қадар дидам туро ман беқиёсу беназир.
Шири ту, гуфтам, ба мисли дафтарам бошад сафед,
Ҳеҷ гоҳ аз дафтарам аммо наомад бӯи шир.

НОМИ ТУ

Дар ҳаво номат «навиштам»
Ман ба нӯги панҷаҳоям,
Ҳарфҳоро бод бурд.

Рӯи дарё
Номи зебоят «навиштам»,
Ҳарфҳоро об бурд.

Номи зебоят, азизам, ҳарф-ҳарф
Пас навиштам рӯи барф,
Коғази барф об шуд.

Дар гилеми сабза номат нақш кардам,
Ҳам навиштам рӯи санги шабнамолуд,
Ҳарфҳо гаштанд нобуд.

Номи зебоят, азизам,
Бурда аз ман ҳуши ман.
Хоҳам аз раҳ оварад бод
Номи ту бар гӯши ман.

Номи зебои ту нақш аст
Рӯи гулбарги дарахтон,
Рӯи тоқу рӯи айвон,
Бо навозиш сад ҳазорон бор

Номи ту такрор созад обшор.
Номи зебоят, азизам,
Ҳамчу шогирди хатомӯз
Бо муҳаббат бар сари дафтар навиштам,
Ман варо аз сар навиштам,
Номи хубат сарнавиштам.

ГАП МЕХУРАД МАРО…

Эй ҳамдами ҳаёт, гап мехурад маро,
Дорам ман илтиҷо-т, гап мехурад маро.
Бин, аждаҳои гап бикшода кому лаб,
Бахшо аз он наҷот, гап мехурад маро.
Афсун шудам магар, ногаҳ шудам дигар,
Бе азму бе субот гап мехурад маро.
Ранги сиёҳ рехт бар сар сиёҳдил,
Ин хомаву давот — гап мехурад маро.
Ҳоло, биё, давон, аз гап маро раҳон,
На баъд аз вафот, гап мехурад маро.
Бе лутф гап фузун, дил гашт ғарқи хун,
Бинмой илтифот, гап мехурад маро!

ПАРВОЗ

Ногаҳон ман мекунам парвоз
Бар самои соф.
Оқибат пар мекашам озод
Дар ҳавои соф.

Бар ҳақиқат мешавад табдил
Хобҳои ман.
Шаҳри хуфта мешавад бедор
Аз садои ман.

Як зан аммо мекунад фарёд:
«Даст гиредаш.
Аз чи он зан рафта то гардун,
Паст гиредаш!»

Ман вале шодона механдам:
«Эй ҳавасмурда!
Баркушо ту шоҳболатро,
Ку дилу гурда?»

Оқибат пар мекашам озод,
Дуртар аз хок.
Он зани бадхоҳу бадандеш
Мешавад ғамнок.

Бол меафшонам оҳиста
Бар сари ҳар бом.
Барги гул мерезад аз болам,
Чун гули бодом.

Дигар хабарҳо