Зиндагияш сар ба сар афсона буд

 Зиндагияш сар ба сар афсона буд

Ба муносибати 80-солагии шодравон Муҳаммад Субҳон

 Бо нависандаи хушзавқ Муҳам­мад Субҳон тайи чанд сол дар маҷаллаи “Хуҷанд” (ҳоло “Паёми Суғд”) ҳамкор будем. Солҳои ҳам­корӣ бо нависандаи табиатшинос дар хотираҳоям хуб нақш баста­анд, зеро ӯ дар баробари содиқ будан ба пешаи интихобкардаи худ инсони хуб ҳам буд. Нисбат ба ҷавонон ҳамеша ғамхорона муно­сибат мекард. Ба зиндагии насли мо, ки наврасию ҷавониямон ба солҳои ҷанги шаҳрвандию баъд аз он рост омада буд, дилаш месӯхт. Ҳар замон мегуфт:

– Ба ҳар ҳол мо бисёр чизҳои хубро дидем, аммо шумо, афсӯс, ки аз бисёр чизҳо бенасиб мондед…

Баъзан вай аз мо хоҳиш ме­кард, ки дастнависашро чоп карда диҳем. Як одат дошт, ки пеш аз супоридани дастнавис ҳатман ди­гарбора рӯйнавис мекард. Ҳаракат мекард, ки навиштаҳояш хонову дақиқ бошанд.

Баъд аз он ки маводи ӯро чоп карда, барояш месупоридем, бо вуҷуди “не”-гуфтанҳоямон лифо­фаи пулдорро ба дастамон медод.

– Зарур набуд, аз афсонаҳои шумо хеле баҳра бардоштаем, дубора худамонро кӯдак эҳсос кар­даем. Ба назарам, он афсонаҳоро шумо махсус барои мо навиштаед, – гуфта будам боре ба ӯ.

– Чаро зарур не, албатта зарур, – эътироз карда буд вай. – Шумо донишҷӯ ҳастед. Ба донишҷӯ пул обу ҳаво барин зарур аст. Баъд аз бист сол ин пулҳо шояд як маблағи назарногир мешаванд, аммо ҳоло зарури зарур аст.

Солҳои донишҷӯйӣ кайҳо ба ҳукми таърих даромадаанд. Аммо он хотираҳое, ки таъсири худро дар зиндагӣ гузоштаанд, ҳамеша боқӣ хоҳанд монд, зеро инсонҳо аз ҳар гуна равзана нигоҳ медӯзанд. Нигоҳи онҳо таҷриба, бардошт ва ё сабақ мебошад, зеро сарчашмаи он ҳама инсон аст ва инсон хоҳад монд. Ва ҳамин нуктаи бисёр но­зукро дар навиштаҳои Муҳаммад Субҳон, махсусан дар афсонаҳои ӯ, мушоҳида кардан мумкин аст. Ӯ муаллифи асарҳои “Марди лат­тапайванд” (1983), “Қози якпо” (1987), “Лаби уштур овезон” (1990), “Наҳанги мӯйлабдор” (2009), “Қис­саи лаклаки сафед” (2011) ва “Но­лаи харгӯшоча” (2017) мебошад.

Боре аз ӯ пурсида будам, чӣ боис шуд, ки ба афсонанависӣ шуруъ намуд. Ӯ гуфта буд:

– Аввалҳо мехостам, ки барои набераҳоям афсона бигӯям. Вақте дидам, ки ба афсонаҳои ман бо диққат гӯш мекунанд, тасмим ги­рифтам, ки барои ҳамаи бачаҳо на­висам, зеро афсона ба инсон ҳам умед мебахшад ва ҳам зиндагиро ширин мегардонад. Афсона гуфтан аз шуғлҳои дӯстдоштаи ман аст.

– Шумо мисли Бобои барфиед, ки халтааш ҳамеша аз туҳфа пур аст, ҳамеша тайёр аст, ки бачаҳо­ро хурсанд бикунад, барояшон ҳадяҳои бисёр диҳад. Туҳфаҳои шумо афсонаҳои шумоанд, – гуфта будам ба ӯ.

Ӯ меҳрубонона табассум карда буд. Гӯё мегуфт, ки мехоҳад боз ҳам бештар дар ин самт кор би­кунад.

– Аз одами бекор Худо ҳам без­ор, – чунин буд шиори зиндагияш.

Аз муваффақиятҳои дигарон меболиду самимонаву беғаразона муборакбодашон мегуфт.

Вақте китоби аввалинам бо номи “Шиҳаи аспи сиёҳ” аз чоп баромад (хабари чоп шуданашро низ аз ӯ шунида будам), ончунон хурсандо­на табрикам кард, ки, ростӣ, ҳайрон шудам. Агар он ҳолатро бегонае медид, ҳатман фикр мекард, ки китоби вай аз чоп баромадааст. Хушбахтии насли мо низ дар ҳамин аст, ки накукориву хайрхоҳиро аз чунин инсонҳои беназир дидаем ва омӯхтаем, мисле ки он ҳама бароямон амонат аст, то мо низ ҳамин гуна беғаразона, хайрхоҳо­на рафтор карда тавонем, зеро сарчашмаи накуӣ ҳам омӯзиш аст.

Ӯ олими табиатшинос низ буд. Вақте хотираҳояшро дар хусуси сафарҳои омӯзишияш хонда бу­дам, пешорӯям як олами дигар кушода шуд. Сафари омӯзиширо ончунон шавқовару ҳаяҷоновар тасвир кардааст, ки хонанда низ худро яке аз ҳамроҳони ӯ тасаввур мекунад. Худро гоҳе дар кӯҳсорону гоҳи дигар дар бешазорҳо, гоҳе дар ҳалқаи ҳайвонҳои ваҳшӣ низ мебинад, аммо аҷиб, ки хонанда аз ҳайвонҳои ваҳшӣ намеҳаросад, на­метарсад ва ҷойи гурез намеҷӯяд, баръакс, мебинад, ки ҳайвонот низ аз мавҷудоти зиндаи табиати мо­анд, ки ҷой ва вазифаи худро низ доранд. Ва ҳамин гуна муҳаббат ба табиат бедор мешавад, ҳамин гуна нависанда тухми муҳаббат ба табиатро дар дили хонандаҳояш мекорад. Аз китобҳои ӯ – “Асрори табиат” (1986), “Ҳифзи табиати кишвар”, (1987) ва “Ҳифзи таби­ат – кори зиндагӣ” (2001) ҳам маълумотҳои муфид гирифтан ва ҳам аз рамзу асрори олами табиат огоҳ шудан мумкин аст. Дар онҳо муаллиф мисли як инсони нозуку меҳрубон, ҳассосу навозишкорест, ки дилаш ҳам ба инсонҳо ва ҳам ба табиат месӯзад. Ӯ мехоҳад, ки инсон хушбахт бошад ва ҳамзамон табиатеро, ки Худованд барояш ҳадя кардааст, эҳтиёт бикунад, зеро табиат хонаи мост ва онро эҳтиёт кардан қарзи ҳар як одам аст.

Дар баробари ин, нависандаи табиатшиноси мо ҷанговари ҷасур низ буд. Ӯ солҳои 1980-1981 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард. Дубора солҳои 1984-1985 ба сафари хидматӣ ба он ҷо рафт. Воқеоти солҳои хидмат дар Афғонистон низ дар навиштаҳои ӯ дида мешаванд. Он навиштаҳо ӯро ба хонандаҳо фарди ватандӯсту матинирода ва ҷасур муаррифӣ мекунанд. Дар он нигоштаҳо хонанда ӯро аз равзанаи дигар мешиносад.

Ӯ дили нарм дошт ва эҳсосоти беғаши дилаш дар эҷодиёташ бозтоб меёфт, аммо ба ҷангҷӯёну разолатпешаҳо нафрат дошту кирдори ғайриинсонии онҳоро мазаммат мекард…

Мавридҳое мешуданд, ки ӯ дар бораи зиндагии худ нақл мекард. Воқеаеро аз овони кӯдакии худ ба ёд меоварду ашкашро пинҳон карда наметавонист. Дар ҳавлии писараки хурдсоле тӯй баргузор мешавад. Меҳмонҳои бисёр мео­янд. Ӯ низ мисли ҳама хурсандо­на саргарми бозию шӯхиҳои худ буд. Баробари ҳама оши палав мехӯрад, баробари ҳама барои хушбахтии навхонадорон даст ба рӯй мекашад, аммо вақте ки арӯсро аз хона мебароранд, мефаҳмад, ки он арӯс модараш будаасту ӯ оши тӯйи модарашро хӯрдааст. Ончу­нон бо алам ва овози баланд гиря мекунад, ки ҳама баробараш ашк мерезанд. Охир, модари азизаш аз бараш меравад ва ӯ чӣ гуна бе модари меҳрубонаш зиндагӣ меку­над?! Дар як тараф кӯдаки хурдсол ашк мерехту дар тарафи дигар модари ҷавони баргаштабахт, ки аз шавҳари аввалаш маҳрум шуда буду дубора хонадор мешуд, зор-зор гиря мекард. Кӯдак нолону ги­рён домани модари худро медошт. “Нарав”-гӯён илтиҷо мекард, аммо гиряи имдодталабонаи писарак дар дилаш гиреҳ баст. Ӯро тақдир чунин буда, ки дур аз модар ба камол расад.

– Алами аз модар дур будан маро хеле ҳассос кард, – мегуфт ҳар замон нависандаи нозукбин.

Шояд ҳамин чиз боис шуда, ки нисбати кӯдакон басо меҳрубону ғамхор буд.

– Афсона бояд ҷамъбасти хуб дошта бошад. Кӯдак зиндагиро аз афсона меомӯзад. Дар афсона набояд бадӣ ғалаба бикунад, набояд ҳодисаҳои мудҳиш тасвир ёбанд. Афсона бояд ҳамеша мисли орзуи ширин дар ёди мо боқӣ монад, – такрор ба такрор мегуфт ӯ.

Нависанда Муҳаммад Субҳон аз соли 1999 то соли 2003 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Дар ин самт низ фаъолияти пурбор дошт. Дар мулоқотҳое, ки бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардид, фаъолона ширкат меварзид ва барои олимону адибон дар чунин дидорбиниҳо шароитҳои хубро муҳайё менамуд, то онҳо дар тарғиби сиёсати сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд. Вақте дар чунин мавридҳо ҳамсафар мешудем, пайваста мегуфт:

– Сулҳ барин чизи муқаддас нест…

Хабари марги ӯ моро дар ғафлат гузошт. Аз устод Муҳаммад Субҳон хеле чизҳоро омӯхтем. Накукорию хайрхоҳияш ҳамеша моро ба ҳай­рат меовард.

Ёдаш ҳамеша гиромӣ бод!

Матлубаи ЁРМИРЗО

Дигар хабарҳо