ЗАМИРА ҒАФФОРОВА

 ЗАМИРА ҒАФФОРОВА 3 майи соли 1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.

Баъди мактаби миёна дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил карда, соли 1989 бо дипломи аъло хатмаш намудааст.

Солҳои 1987-1988 дар Ҳиндустон, дар факултаи забоншиносии Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (Деҳлӣ) таҳсил кардааст.

Ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (1990), ҳамзамон, муаллими забон ва адабиёти ҳиндии кафедраи филологияи ҳиндуи факултаи забонҳои Шарқи донишгоҳи номбурда, аспиранти Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (1991-1993), ходими калони илмии Маркази илмии Хуҷанди АИ ҶТ (1994-2001) будааст.

Соли 1993 дар мавзӯи «Тазкираи «Каламот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Сафинаи Хушгӯ»-и Биндробан Доси Хушгӯ – сарчашмаи муҳимми адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асрҳои ХVII-ХVIII» рисолаи номзадӣ, соли 2002 дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асрҳои ХVI-ХVII (ҳавзаи адабии Кашмир)» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Аз соли 2002 дар факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси дотсенти кафедраи филологияи араб (2002-2003), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (2003-2011), профессор (2003), котиби илмии Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифоъи рисолаҳои номзадии илмҳои филологияи назди донишгоҳи мазкур (2005-2011) фаъолият бурдааст.

Аз моҳи январи 2011 то сентябри 2011 директори Маркази илмии Пажӯҳиши тамаддуни Шарқи назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон будааст.

Аз сентябри 2011 мудири шуъбаи пажӯҳиши тамаддуни Шарқи Институти улуми ҳуманитарии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ва профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ мебошад.

Муаллифи чандин рисола ва беш аз 100 мақолаи илмист.

Барои рисолаи «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Кашмир дар асрҳои ХVI-ХVII» ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2002) сазовор гаштааст.

Барои асари илмии «Тазкираҳои Сархуш ва Хушгӯ – сарчашмаҳои нақду сухансанҷӣ» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2002) гардидааст.

Ширкатвари конфаронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Деҳлӣ, Муршидобод, Ҳайдаробод, Банорас, Алигарҳ, Ашқобод, Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Муовини раиси Анҷумани Тоҷикистону Ҳиндустон (Деҳлӣ) ва узви Бунёди байналмилалии Бедил (Деҳлӣ) мебошад.

Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо