Забонро пок мебояд нигаҳ дошт

 Забонро пок мебояд нигаҳ дошт

Забон, бешак, нахустунсури асари бадеист. Ҳамчунонки шоир ва пажӯҳишгари маъруфи эронӣ Шафеии Кадканӣ гуфтааст, “шеър меъмори забон аст”. Калимаи “шеър”-ро ин ҷо метавон ба маънои ҳама гуна матни адабӣ қабул ва дарк намуд. Имрӯз забони адабиёт ва матбуоти мо то чӣ ҳад дурусту солим аст ва дар муқоиса ба давраҳои пешин то кадом андоза тағйир ёфтааст? Посухи ду тан аз забоншиносону адабиётшиносонро ба ин саволҳо пешкаши хонандагон мекунем:

Абдураҳмон Абдуманнон: – Забони адабиёти бадеӣ дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба дигаргунӣ рӯбарӯ шуд. Ин масъала ҳама вақт, ҳам дар давраи Шуравӣ, баъди Шуравӣ ва имрӯз низ масъалаест, ки ҳамеша таваҷҷуҳи хосро талаб мекунад. Забон аслан як организми зинда аст. Организми зинда ба ин маънӣ, ки дар ҷараёни пешрафти ҷомеа ҳамеша тағйир меёбад, талаб мекунад, ки тағйирот ворид гардад, вобаста ба навовариҳои техникиву хоҷагӣ ва фарҳангӣ ҳамеша як истилоҳоти нав талаб карда мешавад. Як бозӣ дар варзиш ба миён меояд, чанд истилоҳ дорад. Ё тарҷума мекунед ё истилоҳи нав месозед, ки ба ҳамон падида мутобиқ бошад, моҳияти ҳамон падидаро ифода карда тавонад. Асари бадеӣ падидаҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, падидаҳои тамоми соҳаҳои зиндагии инсонро  фаро мегирад, ба сохтани калимот, истилоҳот, таъбирҳо, ки моҳияти ин падидаҳоро ифода карда тавонад, ҳамеша талабот ҳаст. Бинобар ин, хоҳеду нахоҳед, ҳамаи ин дар адабиёти бадеӣ – шеър, наср, драматургия мунъакис мешавад.

Дар давоми бештар аз 30 соли истиқлол, гуфтан мумкин аст, ки забони мо хеле дигаргунӣ пазируфту пеш рафт. Аз забони пешин бо он фарқ мекунад, ки тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ камтар, калимасозиву таъбирсозӣ бештар шуд. Аммо тарҷумаи таҳтуллафз (калка) таъсирашро дар мо боқӣ гузошт. Дигар мушкили мо шакли ҷамъбандии калимаҳост, ки дар ҳар сари қадам вомехӯрем. Мисол: “чанд”, ки омад, бояд исм дар шакли ҷамъ наояд. Масалан, мегӯянд: чанд китобҳоро хондам. Дурусташ: чанд китобро хондам. Худи чанд ҷамъро ифода мекунад. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳои мо мантиқ дар сатҳи лозимӣ дарс дода намешавад. Бинобар ин, нависандаву шоир бояд худ фикр кунаду дарёбад. Дар мадрасаҳои Бухоро, ки 12 сол таҳсил мекарданд, дар нуҳ соли таҳсил мантиқро меомӯхтанд. Чунки мантиқ асос аст. Асоси дурустии фикр рондан ва баён кардан. Чунин беморӣ, яъне мантиқшиканӣ ҳам дар наср, ҳам дар назм, ҳам дар илм мушоҳида мешавад.

Дигар мушкили баён дар сохтани ҷумлаҳо аст. Сарфу наҳви забони тоҷикӣ дар давраи 70 соли Шуравӣ дар асоси сарфу наҳви забони русӣ сохта шуд. Ҳоло кӯшиш мекунанд, ки аз ин қолаби русӣ бароянд. Роҳи баромад бояд дуруст интихоб карда шавад. Баъзе аз нависандагони мо, амсоли Кароматуллоҳи Мирзо, Сорбон, Шераки Ориён мехоҳанд сохти ҷумласозиро дигар кунанд, вале…

Мушкили дигар ин аст, ки байни забони адабии навишторӣ ва забони гуфтории мо фосила бисёр аст. Аз ҳамин сабаб, баъзе адибони мо бе коғаз сухан гуфтан наметавонанд. Забони адабӣ бояд беҳтарин унсурҳои лаҳҷаҳоро пазирад, ҳазм кунад ва ба ҷомеа пешниҳод намояд. Мутаассифона, ҳоло ҳама бо лаҳҷаи маҳалли худ суҳбат мекунанд. Ин ба гуфтори қаҳрамонҳои асар ҳам таъсир дорад.

Дар забони шеъри мо камбуд ва нақси асосӣ харобии мантиқ, дар наср ҷумласозӣ ва истифодаи луғот аст. Луғот дар баъзе ҳолатҳо бемаврид ва нодуруст истифода мешавад. Масалан, ба ҷои “пушаймон шудам”, менависанд “ноумед шудам”. Ҳол он ки “ноумед шудан”-у “пушаймон шудан” аз ҳамдигар тавофути зиёд доранд.

Ҳоло ҳама худро тарҷумон медонанд, ҳол он ки тарҷумон бояд забонеро, ки аз он тарҷума мекунад, мисли забони модарии худ бидонад. Лоақал ба дараҷае, ки ҳис кардаву фаҳмидаву дарк карда тавонад, он вақт метавонад дуруст тарҷума намояд. Ин гуна иштибоҳот дар шеър низ кам нест. Ба ин мисол таваҷҷуҳ кунед:

Тоҷикистон бахти ман, фархунда тоҷу тахти ман,
Давлати Сомони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Ё ин ки:

Дар биёбон баҳри ҳар як ташналаб
Медиҳад оби Зарафшон, тоҷик аст.

Ин гуна ғалатҳои мантиқӣ ниҳоят зиёданд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, бояд мантиқро омӯхт, ҳар суханро дониставу санҷида гуфт.

 

Ҳасани Султон, узви вобастаи АМИТ:

– Истиқлоли давлатӣ, ки мо дар остонаи таҷлили 33-солагии он қарор дорем, метавон гуфт, барои побарҷоию устуворӣ ва бақову мондагории забони модарии мо шароит ва имконоти мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, дар рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ дар кишвари мо мақоми воқеии расмию давлатӣ пайдо карда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи густарда қарор гирифт.

Дар даврони Истиқлол забони асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат бештар симои тоҷикона пайдо карданд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пазируфта шуд ва имрӯз ҳама гуна расмиёт ва машқҳои низомӣ ба забони тоҷикӣ анҷом дода мешаванд.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар самти арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллат, эҳёи дубораи номҳои таърихии ҷуғрофист, ки бар асари сиёсатҳои давр ва ҷойи худро тағйир додани қавму қабилаҳои кӯчии саҳронишин номи худро дигар кардаанд. Бидуни шак, эҳёи номҳои таърихии Суғд, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Леваканд ва ғайра на танҳо аҳаммияти забонию фарҳангӣ дорад, балки барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ аз аҳаммияти фаровон бархурдор аст.

Дигар аз иқдомҳои муҳимми рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони илм эътироф шудани забони тоҷикӣ дар қаламрави мамлакат ва таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълифи асарҳои илмӣ дар ҳамаи бахшу соҳаҳо, бахусус, дар илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои сайқал хӯрдани забони модарӣ, ҳамқадами замон рушд кардан ва ба пояи забони илми муосир расидани он беш аз пеш мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, даврони Истиқлоли давлатӣ воқеан рӯзгори таҳкиму побарҷойии забони тоҷикӣ маҳсуб мегардад, ки дар амри пешрафту боландагӣ, бақову пойдорӣ, устуворию мондагорӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани он нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ арзёбӣ мешавад.

Мушкилоти мо дар камтаваҷҷуҳии мо ба покизагии забони адабӣ, корбасти бемавриду ноҷои унсурҳои лаҳҷавӣ ва калимаҳои иқтибосӣ зоҳир мегардад, ки умедворем бо мусоидати мутахассисону алоқамандони забони модарӣ бартараф хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо