СОҲИБИ ДАСТАГУЛИ МУАТТАР

 СОҲИБИ ДАСТАГУЛИ МУАТТАР

Дӯстии адабиёт – дӯстии халқҳо 

Шоири шаҳири беларус, тарҷумон, публитсист, рӯзноманигор, Ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Беларус, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Полимия» («Гулхан»), котиби Иттифоқи нависандагони Беларус, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Янка Купала, узви Иттифоқи нависандагони СССР… дӯсти содиқи адабиёти тоҷик Микола Метлитский (Николай Михайлович) агар зинда мебуд, имрӯзҳо баҳори ҳафтодумини умри хешро бо ҳамроҳии ёру дӯстон аз кишварҳои мухталиф бо тантана таҷлил менамуд.

Мутаассифона, умр вафо накард. 27 ноябри соли 2021 дили ин инсони наҷиб дар айни авҷи камолоти эҷодӣ, дар синни 67-солагӣ аз тапиш бозмонд. Ману ӯ солиёни зиёд аҳди дӯстиву бародарӣ доштем ва марги ӯ барои ману ҳамқаламони дигар, билхосса, шоирони маъруфи тоҷик, талафот аст.

Инак, дар зер ба ёди ин дӯсти ҳақиқӣ, дӯстдори адабиёти ғании мо чанд лаҳзаи хотирмонро барои хонандагони азиз пешкаш менамоям.

* * *

Бо Микола Метлитский бори аввал дар рӯзи муаррифии баёзи назму насри адибони беларус «Гулхани шабафрӯз», ки 13 феврали соли 2009 дар Хонаи дӯстии шаҳри Минск баргузор гардид, рӯ ба рӯ омадам. Аниқаш, моро дӯсти қадрдонам Алес Карлюкевич, адиб ва мунаққид, раиси муассисаи табъу нашри «Адабиёт ва санъат» ба ҳам шинос намуд.

Қабл аз оғози ҳамоиш бо Микола суҳбати кӯтоҳе доштем. Вай бо муҳаббат арз намуд, ки дар шумораи якуми маҷаллаашон намунаи ашъори чанд тан шоири муосири тоҷикро ҷой доданд ва номҳои устод Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Зиё Абдулло ва дигаронро ба забон гирифт.

Муаррифии китоби «Гулхани шабафрӯз» бо шукӯҳу шаҳомат гузашт. Алес Карлюкевич — садри ҷаласа, ин банда ва чанд тан аз шоирони беларус, минҷумла, дӯсти нави ман Микола Метлитский вобаста ба робитаҳои адабӣ миёни кишварҳоямон, ки таърихи дерина дошта, чанд соли охир бо амри тақдир канда шуда буданд, суханронӣ кардем. Микола бо ҳарорат сухан меронд. Вай иқдоми мо — ноширони тоҷикро дар хусуси тарҷума ва ба шакли китоби алоҳида пешкаш намудани осори адибони кишварҳои дӯст ҷонибдорӣ намуд ва аз ҷумла, чунин гуфт: «Ба ростӣ, ман хеле хиҷилам, ки аз осори шоирони муосири тоҷик баъди пошхӯрии давлати абарқудрати шуравӣ қариб, ки чизе  намедонистам ва дастрасам набуданд. Инак, бо ташаббуси дӯсти нави тоҷикистониям ба ману бисёр адибони Беларус муяссар шуд, ки ба адабиёти навини тоҷик аз наздик ошно шавем, хонем, тарҷума намоем. Ман осори Муъмин Қаноат, Гулназар, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур ва Фарзонаро бо як нафас тарҷума кардам. Бовар кунед, имрӯз назми тоҷик дар пояи баланд қарор дорад. Шоирони муосири тоҷик анъанаи деринаи адабиёти классикии хешро бо дасту дили гарм идома медиҳанд».

Баъди ин Микола аз эҷодиёти Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Зиё Абдулло пораҳои шеъриро ба забони беларусӣ қироат кард. Вақте ӯ Суруди миллии Тоҷикистонро бо забони модариаш пешкаши ҳозирин гардонд, аҳли толор дуру дароз кафкӯбӣ карданд.

Нимаи дуюми соли 2008 ман баёзи назму насри тоҷикро, ки осори шаст шоиру нависандаи имрӯзаро фаро мегирифт, омода намуда, ба шаҳри Минск сафар кардам. Он ҷо мулоқоте доштам бо дӯсти деринаам, котиби Иттифоқи нависандагони Беларус Георгий Марчук. Баёзро  ба ӯ пешниҳод намуда, гуфтам, ки «Марҳамат. Пешкаш аз мо, интихоб аз шумо. Осори кадоме аз адибони мо хушатон ояд, метавонед интихоб карда, тарҷума ва ба муштариён пешкаш намоед».

Инак, ман ба заршиносии Микола Метлитский, ки аз байни сӣ шоири мо бештар ба эҷодиёти адибони дар боло номбаршуда мароқ зоҳир намуда, осори онҳоро аз таҳти дил ба забони беларусӣ гардондааст, қоил шудам. Ва ин ҳаргиз маънии онро надорад, ки ашъори шоирони боқимонда хонданӣ ва дорои мазмуни баланд набошанд. Микола дар он суҳбат ба эҷодиёти шоираи хушкалом Фарзона баҳои баланд дод. «Шоираи нотакрор аст, ӯро эҳтиёт намоед», — гуфт ва афзуд, ки баъди бозгашт беҳтарин паёмҳои ӯро ба Фарзона бирасонам ва таъкид кунам, ки тарҷумаҳои нави ашъорашро барои ӯ бифиристад, чаро ки ташнагони шеъри ноби ӯ дар Беларус хеле бисёранд. Микола ҳамчунин зикр намуд, ки ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар арзи эҳтироми ӯро бирасонам ва бигӯям, ки тавассути қалами Микола Метлитский Суруди миллии Тоҷиқистон имрӯз дар кишвари ӯ ба забони беларусӣ садо медиҳад. Ман таманнои дӯсти азизам Миколаро ба Фарзона, устод Гулназар ва дигар устодони назми тоҷик расондам.

Вохӯрии навбатии мо бо Микола дар рӯзҳои иди миллии Рӯзи хатти Беларус, ки авали моҳи сентябри соли 2009 дар яке аз шаҳрҳои қадима — Сморгони вилояти Гродно таҷлил гардид, ба вуқуъ пайваст. Ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш гирифтем. Микола бо хушнудӣ хабар дод, ки дар шумораи ҳафтуми аҷаллаашон аз осори Фарзона ва Саидалӣ Маъмур намунаи зиёдеро ба забони беларусӣ чоп кардаанд. Алес ба суҳбат ҳамроҳ шуда, гуфт: «Ҳоло гап бо ин тамом намешавад. Мо шеърҳои Фарзона ва Саидалиро дар тарҷумаи Микола ба шакли китоби алоҳида чоп кардем. Худо хоҳад, рӯзи бозгашт ба дастат медиҳем». Ин беҳтарин хабар ва туҳфа барои ман буд.

Микола Метлитский дар рӯзҳои ҷашни миллии Беларус дар паҳлуи ман, ҳамроҳи ман буд. Феълан бояд зикр намоям, ки Рӯзи хатти Беларус ҳамасола чун рӯзи забон дар ин кишвар таҷлил мешавад. Чунонки дар кишвари мо Рӯзи забон ҳамасола баргузор мегардад. Барномаи чорабиниҳо аз намоиши китоб, маҷаллаю рӯзномаҳо,  маҳсули ҳунарҳои мардум, баромади ҳунармандон, супурдани ҷоизаҳои адабию ҳунарӣ дар риштаҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои хотирмон иборат мебошад.

Мо рӯзи 5 сентябр баъди зуҳр ба Сморгон расидем. Дар Раёсати шаҳр таҳти роҳбарии Вячеслав Гуй моро муовини аввали вазири иттилооти Беларус Лилия Ананич ба ҳузур пазируфта, хайрамақдам гуфт. Аз суҳбат маълум шуд, ки Микола Метлитский 20 марти соли 1954 дар деҳаи Бабчини ноҳияи Хониксий, вилояти Гомел ба дунё омадааст. Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз аз зодгоҳи Микола, ҷое, ки хуни нофи ӯ рехтааст, ному нишоне нест. Бар асари фоҷиаи Чернобил бошандагони деҳа, онҳое, ки ҷон ба саломат бурданд, маконибобоии худро абадӣ тарк намуданд, ки дар он қатор пайвандони Микола низшомил буданд. Ва ҷои тааҷҷуб нест, ки ин манзараи фоҷиабор солҳои зиёд ба дарду  андуҳи шоир Микола Метлитский мубаддал гаштааст. Баъзан ӯро шоири як мавзуъ — Чернобил муаррифӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, истеъдодҳои ҳақиқӣ натанҳо мавзуъҳоро «мекушоянд», балки қудрати онро «бастан» ҳам доранд. Баъд аз Микола кам шоироне ёфт мешаванд, ки ҷуръати дар мавзуи Чернобил шеър гуфтан карда бошанд. Дарвоқеъ, вай шоири як мавзуъ, як дард нест. Барои шоири асосӣ он зиндагиномаи худи ӯст ва он барояш паҳнои абадият ҳаст, ки ӯро ба оғӯш гирифтааст ва дар фазои он фаъолият мекунад. Бо нишони арҷгузорӣ ба заҳмати як тан шоири бузурги Беларус мо он айём барномаи «Бехазонгул», китобчаи ӯро ба хонандагони тоҷик пешкаш намудем. Шоирони маъруф Низом Қосим, Ато Мирхоҷа ва Одина Мирак хоҳиши моро бо камоли майл ба ҷо оварда, ба боғи сарсабзи адабии Микола ворид шуданд ва гулҳои беҳтаринро ҷудо карда, дастагуле сохтанд ва он пешкаши хонандаи тоҷик гардид.

Аз ҳамон чанд шеъре, ки мо ба шакли китобчаи алоҳида ба хонандагони тоҷик пешкаш намудем, баръало ба чашм мерасад, ки Микола Метлитский шоири танҳо як мавзуъ нест. Афсус, ки дӯсти азизи мо имрӯз ба хоби абадӣ рафтааст. Ва мо, дӯстон, қаламкашони тоҷикаш ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.

Ёдаш ба хайр!

Ато ҲАМДАМ,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо