ДУШАНБЕ — ҲИРОТИ ҶОМИЮ НАВОӢ
Ба истиқболи ҳамоиши байналмилалии адибони форсигўи ҳавзаи Наврўз
Ду ҳамоиши байналмилалии адибони форсигў ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардидаанд, дар сафҳаи хотираам нақши носутурданӣ бастааст. Аввалаш ба муносибати Ҷашни 1100-солагии қофиласолори шеъри тоҷику форс устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ барпо гардида буд.
Ин соли 1958 ба вуқўъ пайваст, ки он вақт дар соли аввали факултаи филологии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) таҳсил доштам. Дар арафаи ин ҷашни оламшумул муассисаҳои табъу нашри кишварамон як силсила китобҳои дилчаспу хонданӣ интишор доданд, ки мо, ҷавонони он солҳо ҳамчун даравгарони ташнаи об ба ин китобҳо дарафтода, онҳоро талошак карда мехондем. Ин китобҳо: «Ашъори Рўдакӣ», «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ», асарҳои устод Абдулғанӣ Мирзоев «Абўабдуллоҳи Рўдакӣ», «Рўдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х-ХY», китоби устод Шарифҷон Ҳусейнзода «Сухансарои Панҷрўд» ва боз як силсила китобҳои дигар маҳсуб меёбанд, ки ба ҳамин ҷашни бузург бахшида шуда буданд. Аввалин бор дар як саҳифаи алоҳида унвони ин китобҳо ва ному насаби муаллифон ба ҳуруфи ниёгон чоп шуда, ҳайрату шавқу ҳаваси моро афзун менамуданд. Аз ин ҷиҳат ин китобҳо ба диламон боз ҳам наздиктару ҷаззобтар ва мақбултар менамуданд, моро бо замонаҳои қадим ва ба асолатамон пайванд медоданд. Душанбе ҳам ба ин муносибат оростаю пероста ва тазйин ёфта буд. Кўчаю хиёбонҳо, гулгашту фаввораҳо тозаю озода ва хушнамуду рангинтару зеботар менамуданд.
Муаллимони донишгоҳ ба мо гуфтанд, ки дар ҳамин рўзҳои ҷашни устод Рўдакӣ дар шаҳри Тошканд бо кадом масъалае ҳамоиши бузурги шарқшиносони олам баргузор шудааст ва адибону олимон ё, ки аз гўшаю канорҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷо омадаанд, ба пойтахти ҷумҳурии мо низ ташриф меоваранд ва дар ҷашни шоири бузург ширкат меварзанд. Дидани дидори олимону суханварони олам моро боз ҳам фараҳманд менамуд.
Рўзи ҷашн ҳам фаро расид. Ва мо бо роҳбарии устодон дар саҳни донишгоҳ саф ороста, бо пиёдарави паҳлўи хиёбони марказӣ ба тарафи майдони Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳаракат намудем. Дар ин майдон одамони бисёре ҷамъ омада буданд. Мо ҳам бо онҳо пайвастем. Дар наздикии фаввора мошини калони боркаш меистод ва қисмати охири соғуи мошин кушода буда, се тарафи он бо шиорҳои дар матоъ навишта ороиш ёфта буданд. Дар соғуи мошин микрофон насб намуданд ва пас як гурўҳ адибону олимон ба соғуи ин мошин баромаданд. Ҳамин тавр маҳфили шеър бахшида ба ҷашни 1100-солагии Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ оғоз гардид. Дар ин маҳфили бузург бисёр шоирони тоҷик ва меҳмонон шеърҳои худро қироат намуданд. Аз чӣ бошад, ки ин манзара ба назари ман маҳфилҳои дар сояи дарахти санавбар шеърхонии шаҳри Ҳироти замони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро таҷассум намуд, ки он вақт Ҳусайн Бойқаро подшоҳ буд. Ин шеърхониҳоро нависанда ва шоири соҳибистеъдоди тоҷик Мавлоно Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар асари безаволаш «Бадоеъ-ул-вақоеъ» тасвир намудааст.
Дар маҳфили шукўҳманди майдони назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ шоири машҳури турк Нозим Ҳикмат, ки ба қарибӣ аз зиндон озод шуда буд, дар поёни шеърхонӣ гуфт: Ман ба халқи тоҷик умри ҳазорсолаи Рўдакиро орзу дорам! Ва агар бори дигар ба мулки шумо сафар намоям, ҳатман ба забони ноби тоҷикӣ сухан мегўям!
Шоири халқии Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода қасидаи машҳури худро низ дар ҳамин базми шеър қироат кард, ки тарҷеъбандаш чунин буд:
Деҳе, ки шўҳраи дунёст, Панҷрўд аст он,
Диёри Рўдакӣ шоистаи дуруд аст он!
Симпозиуми шеъри форсӣ, ки соли 1967 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамчунин Ҳироти замони Ҷомию Навоиро ба хотир меовард. (Албатта, аз рўи тасвири Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»). Ҷаласаҳо ва маҳфилҳо дар бинои Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешуданд. Ба ин ҳамоиш аз мамолики Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон, Покистон, Ҳиндустон, Озорбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ва албатта, аз Маскаву Ленинград ва дигар мулку макон меҳмонон ташриффармо шуда буданд. Ба ғайр аз намояндагони кишварҳои форсизабон — Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дигар меҳмонон низ ба форсӣ-дарӣ такаллум менамуданд, ҳатман шеърҳои форсӣ мехонданд. Танҳо фиристодагони кишвари ҳамсояи Ўзбекистон якравӣ мекарданд. Шарқшиносони ин мамлакат фақат ба забони русӣ ҳарф мегуфтанд. Лекин забони муомилаи куллияи ширкаткунандагони ин ҳамоиш тоҷикӣ буд.
Ҳамон вақт камина дар вазифаи мудири шўъбаи пропаганда ва агитатсияи (таблиғ ва тарвиҷ) рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») хизмат карда, аз ин ҳамоиши ғайриодӣ гузориш омода менамудам. Дар ҷаридаи ҷавонон адабиёт ва санъат ҳам ба пропаганда ва агитатсия марбут буд.
Ёд дорам, ки суханронии олими тоҷик Абдуқодир Маниёзов хеле писанди ҳозирин гардид. Устод чунин оғоз кард:
— Тифли тоҷик ҳанўз дар синфи якум таҳсил накарда, бадоҳатан шеър эҷод менамояд. Масалан, ў ба модараш мегўяд:
— Ман ба мактаб меравам! Дар қолаби «фоилотун, фоилун» ин як мисраъ шеър аст. Ё худ агар ў чунин бигўяд:
— Ба мактаб меравам ман! Ин ҳам як мисраъ аст, дар қолаби «мафоилун, фаўлун»….
Боре шарқшиноси машҳури шўравӣ Иосиф Самоилович Брагинский садри маҷлис шуда, ҷаласаро чунин ифтитоҳ намуд:
— Маҷлиси худро кушода гуфта эълон мекунем!
Ин як сатри манзум боиси хушҳолӣ ва шодмонии ҳозирин гардид ва ҳамагон ба маҳорати устод изҳори таҳсин ва нисори офарин намуданд.
Аз кишвари Эрон олими номвар Парвиз Нотили Хонлари, шоири навпардоз Нодири Нодирпур, шоири қасидасаро Лутфалӣ Суратгар дар ҳамоиш ширкат доштанд.
Шоирони ҷавони тоҷик беш аз ҳама ба Нодири Нодирпур таваҷҷўҳ доштанд. Албатта, ўро аксаран ғоибона мешинохтанд, китобҳои ашъори ин сухансарои борикбин ва дақиқназарро ба даст оварда, шеърҳояшро аз бар намуда буданд.
Ҳамон рўзе ки Нодири Нодирпур дар бораи шеър ва шеърнигорӣ ибрози назар намуд, маҷлисгоҳ ҷои холӣ надошт, ба истилоҳ дар он ҷои сўзанпартоӣ набуд. Аз шоирони ҷавон сар карда, то шоирони маъруф Муҳиддин Фарҳат, олими куҳансол, устод Тўрақул Зеҳнӣ ҳузур доштанд ва ҳамагон мафтуни суханварии ин адиби нуктапардоз гардида буданд. Нодири Нодирпур тақрибан аз як соат бештар сухангустарӣ кард ва ақоиди хешро аз ганҷи хотира баён намуда, дар даст маърўзаи тайёр надошт. Дар вақти сухангўӣ бисёр ҳаракат мекард ва дар поёни гуфтор дар чеҳрааш донаҳои арақ пайдо шуданд. Биноан шоири Афғонистон Моили Ҳиравӣ инро мушоҳида намуда, дар мавқеъ байти зеринро гуфт:
Нозанине, ки дар арақ тар шуд,
Нозанин буд, нозанинтар шуд.
Чи тавре ки дар боло зикр гашт, шоирони тоҷик ба шеъри Нодири Нодирпур шавқу унс ва алоқаи зиёд доштанд. Биноан маслиҳат шуд, ки сўҳбати алоҳидаи ин шоири соҳибистеъдод бо шоирони тоҷик баргузор гардад. Ва ин маҳфил дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки он солҳо дар паҳлуи Вазорати фарҳанг ва ҳафтаномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло идораи Кумитаи ҷангалпарварии ҷумҳурӣ) воқеъ буд, баргузор шуд.
Дар ин мулоқот шоирони тоҷик Мўъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Мастон Шералӣ, Аскар Ҳаким, Ашўр Сафар, Озод Аминзода, Ҳақназар Ғоиб, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳаким Абдулмаҷид, Саидалӣ Маъмур, Сарвар Амирҷон, Салимшо Ҳалимшо, Аслам Адҳам ва дигарон иштирок доштанд.
Шоирони забардасти Эрон Нодири Нодирпур дар хусуси қудрати каломи форсӣ ва беғалату ба мавқеъ истифода бурдани ин ганҷина изҳори ақида намуд.
— Дар Теҳрон дўсте дорам,- гуфт Нодири Нодирпур,- маслакаш дуктур буда ва худаш ҳам хеле муташоир аст. Боре пеши ман ғазали Хоҷа Ҳофизро хонд ва ба ибораи «хинги сабзи осмон» эрод гирифт ва гуфт, ки «хинг аспи сабз аст, боз сабз ва осмон низ сабз бошад, магар инҳо мукарраран истифода шуда, ғалат нестанд. Дар посух гуфтам, ки ҳаргиз ғалат нестанд, ин ҷо таъкид аст ва ҳар чӣ Хоҷа фармуда, комилан саҳеҳ аст!
Баъдан касе аз мизбонон савол дод:
— Ҷаноб, шумо дар бораи ҳазрати Лоҳутӣ чӣ ақида доред?
Чун ин савол садо дод, дар утоқе, ки нишаста будем, хомўшии куллие барқарор шуд. Мо ҷумла гўшу ҳуш гардида, ба даҳони мусоҳиби сухандону суханвар ва хеле ҳам мўътабари хеш дўхтем, ки ў ин дам чӣ мегуфта бошад? Зеро барои ҳар якеаз мо донистани ақидаи намояндаи Эрони имрўза дар бораи асосгузори шеъри даврони навини тоҷик хеле муҳим буд.
Нодири Нодирпур аз шишаи оби маъдан қадаҳе нўшида, ташнагӣ шикасту оромона гуфт:
— Ҳазрати Лоҳутӣ он чӣ ки дар ин ҷо ёфт, дар он ҷо намеёфт ва он чи ки дар ин ҷо наёфт, дар он ҷо меёфт.
Посухи устоди бузургвор Нодири Нодирпур чунин мухтасар ва бад-ин сон пурмаъною пурмўҳтаво буд, ки мо воқеан ҳам мутаҳайир гардидем.
Баъди чанд моҳи анҷоми ин ҳамоиш аз Эрон маҷаллае ба диёри мо расид ва дар он мақолаи олими гаронмоя ва баландпоя Парвиз Нотили Хонлариро хондем, ки ў чунин навишта будааст: (мазмунан)
— Шуарои ҷавони тоҷик Нодири Нодирпурро он қадар эҳтиром ва дўстдорӣ карданд, ки ў чун қадаҳ аз даст ба даст мегузашт.
***
Ҷаноби Мирзо Турсунзода, шоири тавонои тоҷик бародари ман аст. Ҳам дар номи ман, ҳам дар номи ў нишоне аз бегонагӣ ҳаст.
Мо меҳмони хонадони ҷаноби Мирзо Турсунзода ва оқои Мўъмин Қаноат будем.
Ба мо ҷомаҳо бахшоиш карданд. Ба меҳмон ҷома бахшидан расму оини қадимаи эрониён аст, ки то ҳол дар Тоҷикистон ин расму оин зинда ва поянда боқӣ мондааст!
***
Ҳамоиши шеъри форсӣ, ки соли 1967 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, барои пешрафту муравваҷ ёфтани шеъри имрўзи тоҷик таъсири короие бахшида буд. Умед аст, ки Ҳамоиши байналмилалии адибони форсигўи ҳавзаи Наврўз низ таъсироти бобаракате ва пурфайзу пурнашоте хоҳад расонд.
Бахтиёри МУРТАЗО