ДУНЁИ БАҲМАНЁР. Ба муносибати 70-солагии нависандаи маъруф Баҳманёр
Микола ВАСКИВ (Украина)
Фурӯпошии СССР мисли барҳам хӯрдани ҳамаи империяҳои гузашта амре ногузир буд. Ва баробар бо ин фурӯпошӣ робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳам гусастанд. Дар ин маврид чи ҳақ буду чи ноҳақ, гуфтан душвор аст, аммо тасаввуре пайдо мешавад, ки ҳамроҳ бо об тифлро низ ба берун афканданд. Ин ҳолат махсусан дар мисоли робитаҳои фарҳангӣ барҷаста ба мушоҳида мерасад. Даврони шуравӣ дар байни ходимон ва муассисаҳои фарҳангии ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ муносибатҳои байниҳамдигарии хеле зич ва муфид барқарор намуда буд, ки мураттаб амал мекарданд. Он муносибатҳо пеш аз ҳама дар робитаҳои байни адабиётҳо, ба роҳ мондани низоми дақиқи табодули байниҳамдигарӣ, баргузории ҳафтаҳо ва даҳаҳои адабиёт ва санъати як ҷумҳурӣ дар ҷумҳурии дигар, нашрияҳои бешумори тарҷумавӣ таҷассум меёфтанд. Албатта, дар таркиби ин муносибатҳо унсурҳои сунъӣ, бодовард ва олуда ба идеология низ зиёд буданд. Бо вуҷуди ин, суханони Максим Рилский: “Дӯстии халқҳо ҳарфи беҳуда нест, Дӯстии халқҳо ҳақиқати ҳаёт аст” ҳақгузорӣ ба тақозои суханпардозиҳои расмӣ набуда, заминаҳои ҷиддӣ низ доштанд. Ҳароина, дар байни адибон муносибатҳои самимии дӯстона мавҷуд буд. Онҳо ҳамчун афроди соҳибтахассус саъю талош мекарданд осори ҳақиқатан арзандаи ҳамқаламон аз ҷумҳуриҳои ҳақиқатан бародарро арзёбии шоиста кунанд ва дар баробари асарҳои олуда ба идеология манзури хонандагони ҷумҳуриҳои худ намоянд. Он асарҳо навоварона, дорои бадеияти баланд, экзотикӣ ва дар аксари маврид муаррификунандаи адабиёти халқҳои ИҶШС буданд. Он адабиётҳо дар зоти худ ҷаҳонҳои мукаммалу шавқовар буданд ва фарҳангҳои ба худ хос, нотакрор ва бебаҳои халқҳои дигарро муаррифӣ менамуданд.
Хеле таассуфовар аст, ки пайвандҳои густурдатарини адабӣ ва фарҳангӣ, корҳои хуби даврони шуравӣ, ки метавонистанд минбаъд ҳам пурмаҳсул боқӣ бимонанд, маҳв шуданд. Акнун танҳо гумону тахмин кардан мумкин аст, ки дар давлатҳои ҷавони фазои пасошуравӣ номҳо, асарҳо, падидаҳои аҷибе пайдо шудаанд, ки хонанда ҳақ дорад бо онҳо шинос бишавад. Инҳо аз ҷумла номҳо ва асарҳои дар замони шуравӣ мамнуъ буда метавонанд. Эҳёи давлатдорӣ ногузир бояд ба эҳёи фарҳанг, боландагии ба худ хоси маънавӣ, аз ҷумла дар адабиёт оварда расонад. Шиносоии худ ба худ ва тақрибан тасодуфӣ бо асарҳои адабиёти бародар ин фарзияҳо ва интизориҳоро ба исбот мерасонанд. Маҷмуаи ҳикояҳои нависандаи тоҷик Баҳманёр (Бахманьер.“Жили-были в Сармаддехе…” Алматы: Издательский дом “Библиотека Олжаса”, 2014. 228 с.) маҳз барои ман намунаи тасдиқи сарватҳои то ба ҳол ношинохтаи адабиёти Осиёи Марказӣ мебошад.
Намегӯям, ки қироати китоб аз сатрҳо ё саҳифаҳои нахустин маро ба ваҷд овард. Нахуст услуби ғайримаъмули муаллиф дар тарзҳои суханпардозӣ хеле мутантан, аз ҳад зиёд адабӣ ва ҳатто шояд қолабӣ ба назар метобад. Вале Баҳманёр – устоди мафҳуми имрӯзҳо хеле маъруфи сторителлинг – маро ҳамчун хонанда беш аз пеш ба доми худ андохт. Чандон, ки китобро то ба охир мутолиа накунӣ, аз сафаҳоташ сар нахоҳӣ бардошт. Ва ин қатъи назар аз набудани интрига дар сужет, ки хонандаро то фарҷоми ниҳоӣ аз хондан бознамедорад. Гузашта аз ин, шояд дар бораи мавҷудияти коллизияҳои тундутез ва ногаҳонӣ (ҳарчанд истисноҳои алоҳида вуҷуд доранд) дар ҳикояҳои шаш-даҳсаҳифаӣ сухан гуфтан душвор бошад. Баракс, ҳама чиз бо навбати худ дар ҷараён ва хотимаи ҳикоя дар аксари маврид гӯё пешгӯишаванда аст, аммо чашм кандан аз матн хеле душвор мебошад. Худи “вожабофиҳо” мафтун мекунад. Ин маънои онро надорад, ки нависанда бо овардани тавсифҳои паиҳами зебоиҳои риторикӣ ба хотири зебоӣ, ҳатто дар тавсифи манзараҳо, мепардозад, гарчанде табиати бошукӯҳ ва гуногунхели Тоҷикистон барои ин заминаи зиёд фароҳам меоварад.
Ин ҷо бамаврид аст дар бораи маҳорати Баҳманёр – ровӣ сухан гуфта шавад. Стратегияи ривояти ҳар як ҳикоя аз якдигар фарқ мекунад, аммо умумияти бисёр ҳам дорад. Ҳикоя метавонад аз номи шахси савуми “бесимо” ривоят карда шавад, баъзан муаллиф ба ривоят кардан аз номи шахси аввал – ягон персонаж мепардозад, ки ҳоло гӯё кӯҳна шудааст. Он метавонад Холдори Чилдурӯғ аз ҳикояи “Тобути маро кӣ мебардорад”, ё кампири Осуда (“Замзамаҳои кампири Осуда”), ё Яздон (“Барфҳои кабуди Сармаддеҳ”) буда бошад. Вале “садои” муаллиф дар аксари маврид моҳирона аз ровии “бесимо” ба ин ё он персонаж интиқол дода мешавад, ки хоси эпоси классикии асрҳои ХIХ-ХХ мебошад ва Михаил Бахтин онро нутқи бегона ё нақли бегона номидааст. Ин имкон медиҳад персонажҳо дақиқ ва пурра тавсиф карда шаванд ва муҳимтар аз ҳама – манзараи бисёрченакаи тасвиршаванда намоиш дода шавад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ровии “бесимо” он қадар бесимо ҳам нест: нутқаш ба нутқи персонажҳо шабоҳат дорад, ӯ гӯё кадом як шахси ношинос, аммо бошандаи Сармаддеҳ, деҳи дуре дар иҳотаи кӯҳҳои хушманзараи Тоҷикистон аст.
Нақл дар лаҳзаҳои муайян метавонад беғаразона бошад, метавонад оганда бо ҳазли мулоим бошад, метавонад тамошои риққатовар ё таънаи истеҳзоомези ниҳон бошад. Аммо барои ҳамаи ҳикояҳо ҷараёни носталгия, ҳузну андӯҳи равшан, эҳсоси чизи гумшуда умумият ва бартарӣ пайдо мекунад. Ин чизи бебозгашт гумшуда олами худкифо ва ҳамоҳанги деҳи на он қадар бузург дар оғӯши кӯҳсорон мебошад. Оламе, ки замони заминаи моддӣ ва маънавию ахлоқии ҳастиро фароҳам меовард. Маҳз дар ҳамин ҷо арзишҳои таъминкунандаи ҳаёту фаъолияти ҳаррӯза арзи вуҷуд менамуданд. Маҳз дар ҳамин ҷо дар дарозои садсолаҳо ва шояд ҳазорсолаҳо тасаввурот дар бораи чӣ будани бадӣ ва некӣ, адолат, муҳаббат, инсондӯстӣ, эътиқод ташаккул ёфта, пойдор гардидаанд…
Ҷаҳони Сармаддеҳ идеалӣ нест. Дар он ҳам бадӣ, ҳам бухлу ҳасад ва ҳам бадандешӣ вуҷуд дорад. Аммо аз меҳрубонӣ тавассути мушт асаре нест. Дамдори шикордуздро худаш (ва тарсаш) ҷазо медиҳанд ва ӯ аз ҷарӣ сарозер меафтад. Фармони Муроди бад ва ҳасудро, ки оварандаи бадбахтиҳо ба деҳа мебошад, ё “Хурӯсаки парпо Пӯпак” аз ҳикояи ҳамном, ё кампири Осуда (“Туфанги думила”) тавассути гирифтор намудан ба балои сахт – дубин шудани чашмонаш – ҷазо медиҳанд. Осуда танҳо бори дувум аст ба истифода аз қувваи аҷибаш рӯ меорад – нафақат барои ҷазо додани бадкорон, балки ба хотири ҳимояи одамони нек, ки аксари сармаддеҳиён чунинанд, зеро ҷаҳонбинии маҳаллиро аз таваллуд бо худ доранд, дар руҳияи он тарбия ёфтаанд ва фикр ҳам намекунанд, ки дар ҷаҳон дигар хел будан мумкин бошад. Кампир бори аввал ҳисобчии аз ноҳия омадаро ки “як марди порахӯру калонгапу майпарасте, ба қавли сармаддеҳиён “ковок”-е буд, ки ҳар ҷое даст чарбу даҳон ширин накунад, он ҷо ҳисобро чап мезад”, маҷбур кард якро ду бибинад.
Ин ҷаҳон (деҳа) дар ягон давру замон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва нухбагони интеллектуал қарор нагирифта буд, аммо ҳама дар гӯшаҳои тафаккур устуворӣ ва нақши меҳварӣ доштани онро эътироф менамуданд. Акнун он, ҳар қадар ҳузновар набошад ҳам, ба гузашта кӯч мебандад ва ин раванд бебозгашт аст
Албатта, ин мулоҳизаҳои субъективии ман дар заминаи ҳикояҳои Баҳманёр аст, дар асарҳои ӯ мустақиман дар ин хусус чизе наметавон гуфт. Гарчанде ғайримустақим дар назар дошта мешавад. Шаҳр ва фарҳанги он (яъне набудани ягон фарҳанги мукаммал) гоҳ-гоҳ дар саҳифаҳои ҳикояҳои Сармаддеҳ рӯи об мебарояд. Муносибати барбаронаи Дамдор ба табиат, шикордуздии ӯро (“Шикордузд”) маҳз одамони “лозимӣ” аз шаҳр, роҳбарони маҳал, ки худ омодаанд шикордуздӣ кунанд, мепӯшонанд. Шаҳрро ҳамон ҳисобчии ношуди мазкур намояндагӣ мекунад. Баҳманёр дар ҳикояи “Барфҳои кабуди Сармаддеҳ” раванди дар зери фишори шаҳри нофаҳмо фано шудани ҷаҳони Сармаддеҳро моҳирона, дар чанд сатр, гӯё ки хеле ғайримустақим (ҳунари асили тасвир маҳз ҳамин аст, на нақли хушку холӣ!) таҷассум месозад. Мӯйсафедон омадани фарзандон ё ҳатто нома аз онҳоро интизорӣ мекашанд, фарзандон дар навбати худ менталитети шаҳригарии худро ба намоиш гузошта, гоҳу ногоҳ аз падару модар ёд мекунанд: «Кампири ман арус хуш мекунад. Вай бечора арус хуш мекунаду баъд бачаҳо бо арусҳои худашон меоянд. Бо чунин арусҳое меоянд, ки бечора кампир сари калобаашро гум мекунад; намедонад бо он духтарҳои хондаву олимшуда ва ба “ғароибот”-и кӯҳистон диди танқид дӯхта чӣ гуна муомила кунад. Ҳоло ҳама умедаш ба писари хурдӣ, ки меояду ҳамин ҷо муқим мешавад». Пас, бачаҳои калонӣ аллакай бебозгашт “шаҳрӣ шудаанд” ва мӯйсафеди ровӣ бо андӯҳ мефаҳмонад, ки умедҳои кампир аз писари хурдиаш низ беҳудаанд.
Гомҳои тамаддун бебозгаштанд, тақрибан беистисно барои ҳама некӯаҳволии моддӣ меоранд ва инкори он аз рӯи ақл нахоҳад буд. Аммо суоле ба миён меояд: дар сурате, ки ҳастии маънавӣ-фарҳангӣ хароб ва маҳв мешавад, оё беҳтарсозии ҳастии моддӣ зарурат дорад? Нависандаи украин аз пушти кӯҳҳои Карпат Иван Чендей маҳз ҳамин ва ба ҳамин монанд саволҳоро матраҳ мекунад (қобили қайд аст, ки ӯ ҳам бо ҷаҳони кӯҳистон, ки фарҳангӣ аутентӣ дар он дуру дароз ҳифз карда мешавад, алоқаманд буд). Унвони мақолаи шоири украин Петро Скунтс, дӯсти Чендей, дар бораи насри ӯ – “Вақте боқимондаҳои замони қадим (патриархалӣ) ахлоқ ҳисобида мешаванд” – хеле ибратомӯз мебошад. Яъне ахлоқи патриархалӣ, ҷаҳони маънавӣ – чи тавре ки дар тули сад соли ахир ба мо таълим медоданд, комилан падидаи манфӣ нест. Баракс, зарурати синтези рушди пурҷӯшу хурӯши моддӣ-зеҳнӣ бо ҷаҳони патриархалӣ ва аз нигоҳи маънавӣ-фарҳангӣ ақибмонда, вазифаи муҳим ва то ба ҳол ҳалнашуда боқӣ мемонад. Ин масъала ҳадди ақал аз замони Ж. Ж. Руссо нав ҳисобида намешавад, аммо дар асарҳои И. Чендей, Баҳманёр ва дигарон ҳар бор ҷиддан арзи вуҷуд менамояд, бо ҳалнашавандагии худ, ҳамчунин бо беилоҷӣ аз талафоти ногузири фалокатбор ва бебозгаштии онҳо ба ҳайрат меандозад.
Баҳманёр дақиқан ва қатъан нишон медиҳад, ки заминаҳои миллии менталӣ берун аз ҳудуди Сармаддеҳ идомаи худро намеёбанд ва ин ҷо низ тадриҷан таназзул меёбанд. Қобили зикр аст, ки қаҳрамонони ҳикояҳои нависандаи тоҷик дар аксари маврид афроди калонсол, мӯйсафедон мебошанд. Аз як тараф, тибқи анъанаҳои Шарқ онҳо кони ҳикмат, ашхоси обрӯманди эътирознопазир барои ҳамдеҳон мебошанд. Аз тарафи дигар, “тори пайвандкунандаи замонҳо” аллакай омодаи канда шудан аст. На, онҳо куллан бе пайрав намондаанд, дар ҳикояҳо Бобуна ва Навбахти ҷавон ҳамчун ворисони табиӣ ва давомдиҳандагони кору зиндагии эшон зуҳур менамоянд, вале ба унвони шахсиятҳои истисноӣ фаҳмида мешаванд ва ақди никоҳ бастани онҳо гувоҳи ҳамоҳангии хос ва тақрибан идеалии онҳост ва ҳамчунин ишораест ба он, ки дар деҳ дигар инсонҳои шабеҳи онҳо вуҷуд надоранд.
Дар тасаввури ман, ҳамчун хонандаи украин, ҳамеша ин ё он шабоҳате бо падидаҳои адабиёти украин (натанҳо бо он) пайдо мешавад. Нахустини онҳо шабоҳат бо насри Иван Чендей буд. Акнун иҷозат диҳед ин муқоисаҳоро давом диҳам, чароки шабоҳатҳо ҳеҷ гоҳ дар хусуси такроршавандагӣ ва дувумдараҷа будани навиштаҳои Баҳманёр гувоҳӣ намедиҳанд, баракс, барои дурахшонтар ва мукаммалтар дидани хусусиятҳои ба худ хос ва нотакрори он ёрӣ мерасонанд.
Шабоҳати навбатӣ бастагӣ ба хусусияти хоси маҷмуа дорад. Онро метавон силсилаи ҳикояҳо, дақиқтар – силсилаи ҳикояҳои Сармаддеҳ номид ва ба ҳамин васила ба мансубияти он ба локуси муайяни Тоҷикистони кӯҳсор ишора кард. Аммо чунин менамояд, ки истифодаи таърифи жанрии дар адабиётшиносии Украина хеле маъмули “роман дар новеллаҳо (ё дар ҳикояҳо”) бамаврид хоҳад буд. Маъруфияти ин таъриф дар миёни мутаххассисони илмҳои гуманитарӣ вобаста ба асарҳои мунтахаби классикӣ – “Саворон”-и Ю. Яновский ва “Тронка”-и А. Гончар мебошад. Ғайр аз ин, дар зери таъсир ё берун аз таъсири онҳо дар адабиёти украин зиёда аз даҳ асаре буданд, ки ҳамчун роман дар новеллаҳо таъриф карда мешуданд. Ин маънои онро надорад, ки чунин гуногунхелии жанрӣ мутлақо хоси адабиёти украин аст. Соли 1933, вақте Ю. Яновский дар рӯи “Саворон” кор мекард, “Мисрӣ”-и А. Саргиҷон чоп шуд. Роман дар новеллаҳои А. Мухтор “Чинор” дар адабиёти сермиллати шуравии охири солҳои 1960-ум чун падидаи тоза пазируфта шуд. Олимон дар адабиёти рус “Торумор”-и А. Фадеев, “Ҳамсафарон”-и В. Панова, “Липягҳо”-и С. Крутилин ва ғайраро мансуб ба ин гуногунхелии жанрӣ медонанд. Бешубҳа, дар ин қатор “Бачагии дурудароз” ва “Адвокатҳои деҳотӣ”-и Мустай Каримро метавон илова намуд.
Хусусияти хоси роман дар новелла дар чист? Он аз қисматҳои алоҳида таркиб ёфтааст ва ҳар қисмат асари алоҳидаи мукаммал, дар аксари маврид новелла ё ҳикоя мебошад, аммо метавонад қисса (повест) ҳам бошад, масалан, ба мисли ҷузъҳои алоҳидаи таркибии “Бачагии дурудароз”-и Мустай Карим. Дар он персонажҳои асосӣ ё дувумдараҷа аз як ҷузъи таркибӣ ба ҷузъҳои дигар мегузаранд (ё баъзан мегузаранд). Коллизияҳои алоҳидаи як “новелла” инкишофи сужети новеллаи дигарро муайян менамояд ё дар он ишора карда мешавад. Муайянкунандаи ҷузъҳои таркибӣ ҳамчунин хронотоп, хосатан фазое чун ҷаҳони алоҳидаи Самаддеҳ ва гирду атрофи он буда метавонад (дар ин хусус баъдтар хоҳем гуфт). “Новеллаҳо” сужет ва масъалаҳои умумӣ, пайдарпайии дискретии замонӣ надоранд, аммо мундариҷаи идеявӣ онҳоро муттаҳид менамояд, ҳамаи онҳо дар алоқамандии муназзам манзараи томро ба вуҷуд меоваранд. Ҳамаи инро метавон дар мавриди “Буд- набуд дар Сармаддеҳ…” комилан истифода кард. Ҳар як қисмати китоби Баҳманёр ба унвони роман дар новеллаҳо асари мукаммал мебошад, аммо дар якҷоягӣ, тавассути айнан такрор кардани микрокосмоси алоҳида, ки инъикоси макрокосмос мебошад, умумияти тартиби олиро ба вуҷуд меоваранд.
Вақте дар бораи Иван Чендей менавиштам, Забережеи ӯро бо Йокнапатофаи Уилям Фолкнер ва Макондои Габриэл Гарсиа Маркес муқоиса мекардам. Нависандаи украин ба мисли амрикоӣ ва колумбиягии маъруф бо сабти муфассали сарнавишт ва сулолаи персонажҳо локуси бадеии герметикӣ месозад ва ин ҷаҳон на дар як асар, балки дар миқдори хеле зиёди асарҳо такрор мешавад. Баҳманёр низ, гарчанде ба таври хеле дигар, аз як асар то асари дигар тавассути персонажҳо, сулолаҳои онҳо, омезиши табиии онҳо натанҳо бо табиат, балки бо кӯҳҳо, дараҳо, марғзорон ва дарёҳо ҷаҳони герметикии деҳаи тоҷик, этноси тоҷик, менталитети тоҷикро месозад… Ва ин ҷаҳон на камтар аз ҷаҳони Фолкнер ё Маркес арзиш дорад ва шавқовар мебошад. Бадбахтӣ танҳо дар он аст, ки Баҳманёр ва Чендей дар ИМА ё Амрикои Лотин таваллуд нашудаанд, ба забони англисӣ ё испанӣ нанавиштаанд.
Аз русӣ тарҷумаи Б. Одинаев