Дувумин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”
Аз 15 то 19-уми октябр дар шаҳри Душанбе Дувумин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” баргузор гардид, ки синамогарон аз Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русияро ба ҳам овард.
Дастандаркорони ин озмун ҳадаф аз баргузории онро тарғиби дастовардҳои синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва пуштибонии ҷавонони боистеъдод унвон карданд.
Бояд гуфт, ки ба озмуни Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои ширкат ва рақобат беш аз 50 филми ҳунариву мустанад ва пӯёнамоӣ пешниҳод гардида буд.
Барандагони ин синамоҷоиза рӯзи 17-уми октябр дар Кохи Суруш эълом шуданд.
Дар ин маросим Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз дошт, ки Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” шумори зиёди ҳунармандони асил, ҷавон, коршиносон ва ҳаводорони баландзавқи синаморо аз кишварҳои гуногун ба ҳам оварда, барои мубодилаи афкор ва баррасии тамоюлҳои нави рушди синамои муосир арсаи васеъи касбӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки дархости зиёд аз киностудияҳои давлатию хусусӣ ва шабакаҳои телевизионӣ нишони таваҷҷуҳи махсус ба синамоҷоиза буда, он ба густариши ҳамкорӣ ва рушди синамои муосир, шиносоӣ бо таърихи пурифтихору фарҳанги ғаниву воло ва вежагии миллӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр шоҳҷоизаи Дувумин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ба филми “Моҳӣ дар шаст”-и Муҳиддини Музаффар тақдим гардид.
Ҷоизаи «Беҳтарин филми мустанад» ба филми «Пайравони ҳақиқат»-и Рустам Шоазимов, «Беҳтарин филми пӯёнамоӣ» ба филми «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода, «Беҳтарин филми ҳунарӣ» ба «Дар талоши ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ, «Беҳтарин филми дебют» ба филми «Фурӯғ»-и Одина Маҳмад, «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми «Модар»-и Нигина Раҷабова, «Беҳтарин коргардон» ба Рустам Отахонов барои филми «Танҳо ту», «Беҳтарин дизайн» ба Восеъ Набиев барои филми «Танҳо ту», «Беҳтарин наворбардор» ба Шуҳрат Қурбонов барои филми «Танҳо ту», «Таваҷҷуҳи тамошобин» ба филми «Ғам»-и Музаффар Шодиев, «Беҳтарин нақши кӯдакона» ба Зулайхои Абдуҳаким барои филми «Се хоҳарон», «Беҳтарин нақши занона» ба Таҳмина Раҷабова барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин нақши мардона» ба Насриддин Нуриддинов барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин коргардон» барои филми «Зиндагӣ зебост» ба Далер Раҳматов, «Беҳтарин танзим» барои филми «Мактаби мардонагӣ» ба Дилшод Раҳмонов эъто шуд.
Ҷоизаи ифтихории «Тоҷи Сомон» – «Килки заррин»-ро барои филмноманависӣ Абдурофеъ Рабизода сазовор гардид.
Ҳамчунин барои ширкат дар ин синамоҷоиза ба филми «Ҳафт марвориди Шинг»-и Аслам Садриддин, «Ҳоло, ки ман ҷавонам»-и Ғолибшо Мусоев, «Садои тамаддун»-и Тоҳир Асрориён, «Фарзанди фарзонаи миллат»-и Иззат Самадӣ, «Мавлоно»-и Далер Ҳасанзода ва филми «Ҳафткӯл»-и Шавкат Муҳаммадиев дипломи Дувумин синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дода шуд.
Гуфтанист, ки дар чаҳорчӯби Дувумин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дарсҳои устод ва шогирд бо ширкати ҳунарпешаи халқии Русия Игор Клебанов, коргардон ва продюсери рус Александр Котт, коргардон ва продюсери эронӣ Маҳдӣ Фардқодирӣ, ҳунарпешаи шоистаи Русия Фарҳод Маҳдудов, коргардони саршиноси тоҷик Ҷамшед Усмонов, коргардон ва продюсери Афғонистон Сиддиқ Бармак ва дигарон баргузор гардид.
Дар баробари ин дар доираи синамоҷоизаи мазкур Форуми байналмилалии “Осори ниёгон: таърих ва фарҳанги бузурги миллат дар синамо”, Рӯзҳои фарҳангии кишварҳои Эрон, Русия ва Белорус барпо шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ардашер Пайванд, “АС”