Драматургияи тоҷик аз диди коршиносон

Драматургияи тоҷик имрўзҳо дар кадом сатҳ қарор дорад, фаъолияти драматургонро чӣ гуна баҳо додан мумкин аст, барои беҳтар гаштани вазъ чӣ бояд кард?…
Ба ин саволҳо чанд тан аз коршиносони соҳа посух доданд:

Давлат Убайдуллоев,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, коргардони Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ:

— Аз драманависони муосир Ашўр Ғаюри Растагор , Атоӣ Ҳамдам ва Ҷумъа Қуддусро метавонам ном барам, ки асарҳои хубу арзишманд навиштаанд, вале дар маҷмуъ илми назарияи драма бояд хубтар омўхта шавад.
Назарияи драма дар Аврупо аз давраҳои Аристотел дар Юнони қадим то ба имрўз оҳиста-оҳиста рушд карда, ба илми ҷудогонае табдил ёфтааст. Назарияи драмавиро коргардонҳое, ки дар донишкадаҳои Маскаву Ленинград дар даврони шуравӣ хонда буданд, хуб медонистанд. Аммо дар ин даврон онҳое, ки ҳамин донишкадаҳро хонда бошанд ҳам, аз илми назарияи драма огоҳ нестанд. Вақте ки коргардонҳо аз илми назарияи драма огоҳ бошанд, дар асарҳояшон масъалагузорӣ ва банду басти силсилаи воқеаҳо дуруст мешавад. Камбахтии мо дар ин аст, ки мавзуъро дар асар пешниҳоди тамошобин карда наметавонем ва асарҳо силсилаи воқеа надоранд. Масалан, шаст саҳифа асари драмавӣ ҳаст, аммо як рўйдоди ҷолиби диққат дар он дида намешавад. Дар ҳоле ки дар ҳар як саҳифаи асари драмавӣ бояд ду воқеаи ҷолиби диққат бошад. Ин аст дарди асосии имрўзи драматургияи мо.
Асарҳои саҳнавиро мехонам, бештари онҳо хатти сужа доранд, аммо рухдодҳои ҷолибу ҳаяҷоновар надоранд, ки тамошобинро ҷалб намоянд.
Имрўзҳо чанд коргардон худ ба навиштани драма пардохтаанд, ки падидаи хуб ҳам њаст. Онҳо ба театр шабонарўзӣ худро бахшида, аз сирри саҳнаҳо огоҳанд, илми назарияи драммаро то ҷое медонанд ва бандубасти асарро мефаҳманд. Бинобар ин, дар навиштани драма коргардон ҳам метавонад муваффақ гардад.

Қамариддин Мирзоев, коргардон:
— Дар даврони донишҷўии мо як дарси махсус барои мутолиаи асарҳои драматургони дохиливу хориҷӣ буд. Асарҳои устодони адабиёт Сотим Улуғзода, Аъзам Сидқӣ, Султон Сафар, Меҳмон Бахтӣ ва дигарон моро шефтаи худ мекарданд. Он асарҳо ба дардҳои ҳамон давраҳо мехўрданд, аз мушкилу осони ҳамон вақту ҷой қисса менамуданд.
Дар давоми бист соли фаъолият дар театр ва огоҳӣ аз кори театр ба назари ман чунин менамояд, ки асарҳои драматургони имрўзи мо бо вуҷуди хеле зиёд будан боз ҳам каме костагӣ доранд.
Ба додани суоли “Имрўз театр чӣ дорад?” тамошобини мо ҳақ дорад. Ба андешаи ман, тамошобини мо наметавонад ҳамон ҳолати дилхоҳи худро дар намоишҳо пайдо кунад.
Мутаассифона, асари драматург аз он ба дарди театр намехўрад, ки драматург худ бо театр ҳамкорӣ намекунад, ба тамошои театр намеояд ва неку бади намоишро ба назар гирифта, дубора болои он кор намекунад.
Камбуди дигари асарҳои драматургӣ надоштани воқеаҳои тасъиргузор аст. Театр вақте пур аз тамошобин хоҳад шуд, ки мавзуи асарҳо дилчаспу ҳаяҷоновар бошад.

Отахон Саидзода, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар:
— Ҳунармандони театри мо пайваста кўшиш менамоянд, ки такя ба драматургияи миллӣ кунанд. Мо солҳои охир бо драматургони тоҷик, аз ҷумла Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус, Тоҳири Муҳаммадризо ва Абдулвадуд Файзиев ҳамкориро зичтар намудем ва чандин асари эшонро ба саҳна гузоштем.
Бо ҳамкории Ҷумъа Қуддус қиссаҳои “Бежан ва Манижа” ва “Зол ва Рўдоба”-ро аз шоҳасари безавол “Шоҳнома” ба саҳна гузошта, бо ин ду намоиш дар 3 ҷашнвора ширкат доштем, ки яке аз онҳо дар сатҳи байналмилалӣ барпо гашта, дар Эрон ба намоиш гузошта шуд. Аз пазироӣ ва кафкўбиҳои тамошобини ҳамзабон маълум гардид, ки муҳтаво, тарзи басаҳнагузорӣ ва нақши ҳунарпешаҳо дар намоиш самимӣ ва ҷолиб баромадааст.
Имрўзҳо рўйи асари “Рустам ва Суҳроб” аз “Шоҳнома” бо ҳамроҳии Ҷумъа Қуддус кор карда истодаем.
Айни замон драмматургияи миллии мо назар ба драматургияи пешина каме сусттар аст. Мо ба драматургони бақувваттар бештар ниёз дорем.
Мехоҳем аз насли ҷавон низ ба саҳнаи адабиёт драматургон ворид шаванд, драмаҳои драматурги ҷавон, фикр мекунам, бо замона мувофиқтар навишта хоҳад шуд. Тамошобини мо ҳам навгонӣ мехоҳад. Аммо боз барои беҳтар ба саҳна омадани асар нақши коргардон ҳам метавонад назаррас бошад.
Коргардон агар кордону донишманд бошад, метавонад асарро ба гунаи дигару беҳтар ба саҳна гузошта, онро муассиртар гардонад.
Умеди мо ин аст, ки насли ҷавон бо идеяҳои нав драмаҳои тоза навишта, дар рушди театрҳои кишвар саҳм мегузоранд.

Дигар хабарҳо