Достони дарёи нур

 Достони дарёи нур

Чанде пеш аз иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан кардаму чанд шабро ба рӯзу рӯзҳоро ба шаб овардам. Ҳеҷ гумон намебарӣ, ки дар ин шаҳр ва иншоотҳои дар ҷаҳони имрӯза нотакрори Неругоҳи барқи обии Роғун дувоздаҳу ним ҳазор техникаву мошинҳои пуриқтидор, ҳар яке ба ҳисоби ҳазор фаъолият дорад. Аз ин ҳама дидан ҳикмате аз китобҳои муқаддас ба ёд меояд. Худованд файзи худро дар осоиштагӣ мекорад.

Кӯҳи беном – соҳиби ном

Кӯҳи азиме, ки дар мағзи он ҳама иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёд мегардад, беном аст. Чилу ҳафт сол пеш аз ин, котиби аввали Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ва вазири энергетикаву электронии СССР Непорожни дар ҷамъомади мавзеи сари Пулак ва маҳалҳои дуру наздики он аз бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мужда доданд.

Пас аз вохӯрӣ аз росту чапи дарёи Вахш гузар кардем, то маҳалҳои Сичароғу Қундизамон дараҳову теппаҳо ном доштанд. Вале кӯҳе, ки ҳама иншооти Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро дар ботину бағали худ фаро мегирифт, беном буд. Баъдан геологҳову геодезҳову геофизикҳову гидрологҳо омаданд. Ва ҳар кадоме аз онҳо номи кӯҳро ҷустанд, наёфтанд. Рӯзноманигорони рӯзномаҳои умумииттифоқӣ, аз ҷумла “Правда”, “Известия” бошанд, дар мақолаҳои худ ба ин кӯҳ “Лонаи уқобон” ном ниҳоданд. Рӯзномаҳои “Коммунист Таджикистана”, “Комсомоли Тоҷикистон” ба онҳо пайравӣ намуданд. Аммо ном писанди мардум наомад ва напазируфтанд. Ҳарчанд аз байн солиёни зиёде сипарӣ шуд, ҳавои пайдо кардани номи ин кӯҳи бо иншоотҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар ҷаҳон беҳамто аз димоғам намерафт. Вақте аз нақби агрегатҳо, ба ҳавои кушод баромадем, дар гардиши домани ағбаи муҳраҳо кӯҳи беном пеши чашм бо тамоми шукуҳу шаҳомат намоён шуд. Аз Абусаид Раҷабов, ки аз сари шаб то саҳар дар фикри беҳбудии аҳволи коргарону мутахассисон байни иншоотҳо дар гардиш асту суръату сифати корҳои оғозу анҷомёфта аз мадди назараш дур намемонанд, пурсидам, ки шумо солҳои зиёд боз аз ботину зоҳири ин кӯҳ мегузаред, номашро медонед?

Аз Сафархон пурсед, – гуфт.

– Чӣ мегӯяд?

– Мо ин кӯҳро ба номи Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон ниҳодем.

– Офарин, – гуфтам ба Абусаид Раҷабов. – Аз таҳти дили ман аст, ин ном.  Ҳама медонад? – пурсидам боз.

– Мову шумо медонем. Ҳар касе ин номро шунавад, хушҳолу хандонлаб мешавад. Ин шиносномаро мо аз рӯи меҳру садоқате ба Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додем. Умед дорам, ки аз ин ном натанҳо бунёдгузорони Неругоҳи барқи обии «Роғун», балки ҳама сокинони кишвар шоду хушнуд мегарданд.

Афсуншикан

Тавлиди барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз баландии сарбанду бузургии ҳаҷми оби он вобаста аст. Ва дар ин ҷост захираи барқ ва кори пурсамари агрегатҳо, ба қавли дигар дастгоҳҳои тавлидгари барқ. Ҳар қадаре об аз сатҳи агрегатҳо баланд гардад, фишор ҳамон дараҷа баланд мешавад ва як метри мукааби об неруи ҳазор мукааб оби сатҳи агрегатҳо баробарро пайдо мекунад. Аз ин рӯ, як метр паст кардани Сарбанд талафоти неруи барқ ва кам гардидани иқтидори истеҳсоли агрегатҳост. Мухолифони бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» афсунҳо ва зӯровариҳо карданд. Бозори матбуоти давриро тафсонданд ва бо ин дилашон ором нагирифт. Китобҳо ба забонҳои маъмули ҷаҳон нашр намуданд. Аз ғами бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ранги зард ва дилҳои пурдард доштанд. Вале ба дили муборизони бунёди Неругоҳ ғаму дард кора намекард. Гарди андуҳ ба ботин роҳ намеёфт. Онҳо бо сарварии Пешвои муаззами миллат ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сабру таҳаммул пеша намуда, такя ба дониши хеш карда, аз ҳангома бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро наҷот медоданд. Баъд диданд, ки боздошташ амри муҳол аст, ба паст фаровардани сарбанди он часпиданд. Вале ҳама зӯриву зӯрзаниҳо пеши дониш ҳеҷ шуд. Сарбанд як сантиметр ҳам паст нафаромад. Ҷаҳлу ҷаҳолат ҳосил надод.

Сарвари бурдбор ба мардуми кишвар пирӯзӣ дод ва афсунҳои бадхоҳонро ботил гардонд.

Мизони адолат

Аз нақби нақлиётӣ ба соҳили рости Вахш, он ҷое, ки ағбаи муҳраҳо ва қатортеппаҳои кӯҳи Пешвои муаззам дарёро печутоб дода, ба ҳам наздик мешаванд, тангнои сарбанд арзи вуҷуд кардааст. Субҳ наздик ба дамидан буд. Ситораҳо сӯи офтобшин дар шитоб, сапедае, ки аз офтоббаро медамид, гӯё галаситораҳоро тозиёна мезад, ки онҳо бо суръати кайҳонӣ мепариданд. Чашмам ба ситораи Мизон афтод. Шайнак ва ду палаи он шитоб надошт. Вале ҷилои он нисбати ахтарҳо баландтар буд. Ин тарозуи ҳокими кайҳон аст, ки баду неки кайҳонро одилона ҳисса карда, дар мавқеи худ собиту устувор меистод.

Бо сардори Раёсати монитории бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» Нурулло Абдуллозода пас аз дидани лабораторияҳои геологиву геофизикӣ ва гидрогеологӣ, ки бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтаанд, аз тӯлу арзи шаҳри Роғун қадам зада, ба ҷои хушманзаре расидем. Дарахтон аз чор тараф сӯи пешонии ағбаи Муҳраҳо саф оростаанд.

– Ин ҷо,  – гуфт Нурулло Абдуллозода, – баҳри мардуми Роғун ва тамоми мамлакат таърихӣ аст. Майдони вохӯриҳо бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ниҳоли маҳалгароёне, ки дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон шинонданд, сабзид ва ба чор тараф реша давонда, боровар мешуд. Бори заҳрогини он дар бисёр соҳаи маънавиёт, бахусус интихобу ҷобаҷокунии роҳбарону мутахассисон, парвариши соҳибкасбони ҷавони ҳама соҳаҳои илм, монеа эҷод мекард. Билохира, он яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва ягонагии миллат ба парокандагии миллат расид. Бӯйи ваҳдати миллӣ ба димоғ намерасид. Маҳалгароён бо душманони миллати тоҷик ба хотири мансабу курсӣ пайваста ба сари мардум сели фалокатбор меоварданд. Куштору террорҳо дар Тоҷикистон ҷаҳониёнро ба даҳшат меоварданд. Дар харитаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ранги оташ шуд. Яъне, мулки оташу аҷалшикор. Ваҳдати миллӣ ва осоиштагиро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дилу дидаҳо ҷо кард.

Муъҷизаи Истиқлол

Арзи вуҷуд кардани боғи «Истиқлол» дар зебошаҳри Душанбе. Боғи «Истиқлол» аз нур бунёд ёфтааст. Арчаҳо ва ҳама он чи ҳаст, аз нур аст. Шабҳангом аз уҳдаи шумурдани сайркунандагон намебароӣ. Чунки онҳо бешуморанд. Мардум миёни растаҳои нурборон бо дили шод ва пур аз фараҳу ифтихор мисли моку дар рафтуомаданд. Ба ҳайрат ба ниҳолу дарахтони нурӣ менигаранд ва мафтун мегарданд. Дар диди аввал ман ҳам мафтун шудам, зебоии биҳиштосое маро аз худ бе худ кард. Танҳо ман будаму он ҳама зебоӣ. Дигар на замин буду на осмон ва набераи сесолаам, ки даст ба даст вориди боғи «Истиқлол» шудем. Чун ба худ омадам, дастаки набераам Барзин дар дасти ман набуд. Ба чор тараф чашм дӯхтам. Сайркунандагон аз як раста ба дигаре мегузаштанд, мисли торе буданду набераам Барзин мисли пуд. Ӯ аз як қатор ба дигар қатор медавад ва бобои гумкардаашро меҷӯяд. Чашмаш ба ман афтод, давид ва аз дастам гирифт. Вале нафасе наистод. Дасташро боз аз дастам раҳо кард ва сӯи арк, ки нахлҳои нур ба чашмаш аҷоибу дилрабо намуд, хез гирифт. Аз пасаш шудам. Бигзор, хуб битозад. Дар пояи арк Барзинро нигоҳ доштам. Ӯ мисли тойчаи ширмаст беқарорӣ мекард. Аз ҷайб коғазу қалам гирифта, рақами серрангу калон навишта, аз пушт байни ду шоначаи ӯ часпондам. Ба умеди он ки агар Барзинро гум кунам ва ин чашмони хирае, ки ман дорам, набинам, ба дасти одамони хуби боғи «Истиқлол» афтад, бегумон занг мезананд. Ҷараёни нур мисли хун дар рагҳои хунгарди ман, дар тану навдаву баргҳои дарахтон дар гардиш аст. Мешиносам ин нури руҳу ҷонбахшро, маконашро ҳам медонам. Аз майдони сехи элигазии таги қуллаҳои кӯҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меояд.

– Даврони шуравӣ Тоҷикистон хӯҷаини «дарёи нур»-и худ набуд. Неругоҳҳои барқи обии кишвар бо маблағи умумииттифоқ бунёд меёфтанд. Аз ин рӯ, неруи барқ ҳам дар ихтиёри умумииттифоқ ва маркази тақсими «дарёи нур»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд буд, пайваст ба ҳалқаи энергетикии умумииттифоқ. Замоне Тоҷикистон Истиқлол ёфт, ба ин ҷо кӯчондани Маркази тақсимоти барқи тоҷик аз мушкилотҳои сангин орӣ набуд. Вале ғайричашмдошт тавассути заковати Сарвари давлати соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон маркази тақсимоти «дарёи нур» муваққатан ба Душанбеву Норак баргашт. Ва баъдан, баробари татбиқи элигазӣ дастоварди ҷаҳонии технологияи соҳаи барқ аст, бо пешниҳоди Пешвои муаззам ба Роғун кӯчид. Бо супориши Сарвари давлати соҳибистиқлол дар таги қуллаҳои кӯҳи Пешвои муаззам сехи элигазӣ сохта, бо асбобу дастгоҳҳои навтарини технологӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Тӯли сех аз дусад метр беш ва бараш ба чил метр мерасад. Дар як масоҳате, ки аз ҳазор метри мураббаъ камтар аст, дастгоҳ ва асбобҳои шакли пӯшидаи ноқилҳо ва занҷираҳои элигазӣ васлу танзим ва ҷобаҷо карда шудаанд, ки қабл аз ин, даҳҳо гектар замини чун кафи даст ҳамвор зарур буд.

Аз сехи элигазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба чор тарафи ҷумҳурӣ ва берун аз сарҳади кишвар «дарёи нур» ба шохаҳо қисмат гардида, дар ҷараён аст.

Нури боғи «Истиқлол» аз сехи элигазии таги қуллаҳои кӯҳи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Раҷаб МАРДОН

Дигар хабарҳо