Дидор бо адибони ҷавон

Дар Иттифоқи нависандагон бо ибтикори шуъбаи кор бо адибони ҷавони ин созмон маҳфили навқаламон баргузор гардид. Маҳфилро мудири шуъбаи кор бо адибони ҷавон Парда Ҳабиб оғоз бахшида, гуфт, ки дар зарфи даҳ соли охир ҷавонони зиёди эҷодкор ба майдон омаданд ва аз ҷониби Иттифоқи нависандагон пуштибонӣ шуданд. Шуъбаи кор бо адибони ҷавон дар ИНТ барои раҳнамоии навроҳони адабиёт иқдомҳои бисёре пеш гирифтааст.
Навқаламон Мӯсо Азизӣ, Фаридун Ёқубов, Фазлиддин Носирзода, Кибриё Солеҳова, Парвона Ҳабибова, Ҳидоят Азизова, Шукрия Шерова, Паринамоҳ Назирова, Шукронаи Эраҷ, Муҳайё Одиназода, Шаҳром Шарифзода, Ҳабибулло Назарзода, Марзбоналӣ Қурбонзода, Шодмони Субҳон, Наҷмиддини Бурҳон, Имоммаҳдӣ Иброҳимов ва дигарон намунаҳои эҷодашонро пешкаши устодон карданд.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, муовини сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Давлати Раҳмониён, мудири бахши наср Сироҷиддин Икромӣ, мудири бахши адабиёти кӯдак Азизи Азиз, мудири бахши нақду адабиётшиносӣ Муҳриддин Сабурӣ ва корманди «Садои Шарқ» Бузургмеҳри Ҳаким ба эҷодкорони наврасу ҷавон маслиҳатҳои судманд доданд. Ато Мирхоҷа таъкид кард, ки бештари назму насри дар маҳфил пешкашгардида хубу пазируфтаниянд.
Дар охир Парда Ҳабиб, мудири шуъбаи кор бо адибони ҷавон ёдоварӣ кард, ки ин маҳфил ба таври мунтазам моҳе як бор баргузор мешавад.