ДИДОР БО АДИБОН
Бо дарназардошти таъсиргузории каломи мавзун дар баланд бурдани рўҳияи ватандўстии ҷавонон, адибони минтақаи Бохтар чанде пеш меҳмони чандин нишастҳову ҷамъомадҳои идона буданд. Аз ҷумла, дар конфронси илмиву адабие, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон бахшида ба Рўзи парчами миллӣ баргузор карда буд, адибон Озар Салим, Сайидҷаъфар Баёзӣ ва Амиршоҳи Хатлонӣ иштирок намуда, дар рафти он оид ба таърихи парчамдории миллати тоҷик ва ҷойгоҳи он дар шеъри замони истиқлол сухан ронданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим зимни суханронии худ қайд намуд, ки парчамдории тоҷикон таърихи дуру дароз дошта, тибқи навиштаи таърихнигорон оғози он ба ҳазораи қабл аз милоди Масеҳ пай- ванд мегирад. Таҳқиқоти дар ин самт анҷомшуда ба он далолат мекунад, ки ҳанўз 950 сол пеш аз омадани арабҳо, нақши парчами ковиёнӣ дар сиккаҳои замони шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён дида мешавад. Мутаассифона, ин парчаме, ки мувофиқи навиштаи Балъамӣ қимати ду милион динорро доштааст, бо барчида шудани дурру гавҳар аз он, аз ҷониби аъроб сўзонида мешавад. Бо шарофати истиқлол ҳоло давлати мо соҳиби яке аз баландтарин парчамҳост, ки рамзи шуҷоату озодидўстии миллати тоҷик мебошад. Адибон Сайидҷаъ- фар Баёзӣ ва Амиршоҳи Хатлонӣ низ дар мавзўи парчам суханронӣ карда, сипас шеърҳои ба ин мавзўъ бахшидаи худро қироат намуданд.
Чунин конфронсҳои идона дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Раёсати корҳои дохилии вилоят низ баргузор шуданд, ки шоирон Рустами Хомарахш, Чўпон Бадал, Сафармуҳаммади Аҳмад ва Офоқ дар онҳо иштирок ва шеърхонӣ карданд.