Дастовардҳои тозаи озмун

 Дастовардҳои тозаи озмун

Давраи сеюми Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе, ки имсол низ бо вижагиҳои хоси худ барқарор гардид, аз 14 то 22 август, 8 рӯз идома дошт. Дар озмуни имсолаи пойтахт 357 нафар довталаб иштирок дошанд, ки аз онҳо 120 нафар ғолибият ба даст оварданд ва ҳама бо ҷоизаҳои пуливу иф­тихорнома тақдир карда шуданд. Ҷолиб аст, ки барои бунёдгузории озмуни мазкур ҳукумати шаҳри Душанбе 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо ва сарф кард.

Комиссияи Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо сарварии муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сат­ториён пешниҳодҳои ҳайати доваронро бо диққат омӯхта, беҳтарини онҳоро ба Низомномаи озмун дохил мекунанд. Аз ҷумла, чанд пешниҳоди ҳайати ҳакамон дар мавриди ихтисор кардани гурӯҳи мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ дар номинаи эҷоди насру назм, ки ҳанӯз малакаи лозимаи эҷодӣ надоранд ва афзудани чунин гурӯҳ дар номинаи ада­биёти ҷаҳонӣ; зиёд кардани як ҷойи дига­ри сеюм барои ғолибони ҳама номинаҳо ва бо дигар номинаҳо баробар кардани теъдоди ҷойҳои ифтихорӣ дар номинаҳои эҷодӣ: назму наср ва ғайра аз ҷониби Комиссия қабул гардидаву имрӯз амалӣ гаштаанд, ки ба манфиати кори озмуни номбурда мебошад.

Аммо пешниҳодҳои дигаре ҳам ҳа­станд, ки бояд мавриди андеша қарор гиранд. Масалан, хуб мешуд, агар минбаъд дар номинаи эҷоди назм на­зми бачагона аз назми калонсолон ба гурӯҳҳои алоҳида ва ҷудо аз ҳамдигар табақабандӣ мешуданд, зеро ба ҳар ҳол дар адабиёти имрӯзаи мо ин жанрҳо аз ҳамдигар тафовут доранд. Худи ҳамин, ки дар озмуни мазкур адабиёти бачагона аз адабиёти муосир ҷудост, далели гуфтаи мо мебошад.

Баъдан, пешниҳод мекунем барои ҷон гирифтану минбаъд равнақ ёфтани ҳаҷви бадеии мо, ки имрӯз чун пешина ҳузури дурахшон надорад, жанри ҳаҷв номаинаи алоҳида эълон гардад, лоақал як номинаи умумӣ барои ҳама синну сол, яъне номинаи ҳаҷв, бидуни тақсимбандӣ ба синну солу гурӯҳҳо, ҳамагӣ бо шаш ҷой: як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм.

Ин хуб аст, ки бо истиқболу пеш­ниҳодҳои муфид, ки дар асоси таҷрибаҳои солҳои аввал рӯ задаанд ва аз ҷониби аъзои Комиссияи озмун дастгирӣ меё­банд, озмуни мазкур пайваста комилтару фарогиртар мешавад.

Азбаски банда узви ҳайати ҳакамон дар номинаи эҷоди назм будам, мехоҳам чанд таассуроти худро аз даври навбатии ин озмун баён кунам, бо умеди он ки ба манфати кор ва равнақи минбаъдаи он бишавад.

Албатта, номинаҳои эҷодӣ – ҳам наср ва ҳам назм дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз дигар номинаҳо хеле фарқ дошта, ҷойгоҳи хоса доранд ва талабот ба онҳо бештару иҷрои он вазнинтар аст. Ин ҷо такя асосан на ба маҳсули хонишу омӯзиш, ҳофиза ва сатҳи қабули асарҳои адибон аз ҷониби довталабон карда мешавад, ҳарчанд инҳо ҳам дар номинаҳои эҷодӣ хеле муҳимманд, балки асоси номинаи эҷодӣ санҷиши истеъдоди фитрӣ ва қобилияти эҷодӣ мебошад. Маълуму мусаллам аст, ки ҳузури истеъдод дар инсон табиӣ ва худодод аст. Яъне завқи табиии истеъ­дод, бинишу андешаи зотии эҷодӣ дар ин номина хеле муҳим мебошанд. Довталаб метавонад хеле китоб хонда бошад, донандаи хуби забон ва адабиёт бошад, қонунҳои шеър, яъне вазну қофияро ҳам фаро гирифта бошад, ки хеле хуб аст, аммо агар тахайюли шоирона ва истеъдо­ди фитрии эҷодӣ надошта бошад, душвор аст муваффақ шавад, зеро ин сифатҳои табиӣ бояд дар бунёди инсон вуҷуд дошта бошанд. Дар мавриди набудани ин сифат дар сиришти довталаб, касе, ки ба ин роҳ рафтаасту мақсади шоир шуданро дорад, пешакӣ бояд гуфт, ки мушкил аст ба мақсад бирасад; бо кӯшишу ғайратҳои фаровон шояд аз ӯ нозим барояд, аммо барои шоир шудан як сиришти табиӣ ва худодод даркор аст, ки танҳо бо омӯзиш ба даст намеояд. Ин суханҳоро гуфтан ба хотири он аст, ки аз ҳозир кӯдакону ҷавонони мо бояд роҳи дурустро интихоб кунанд, то фардо раҳгум назананду баъд дер нашавад. Мақсади рӯи кор овардани ин номинаҳо дар озмун низ ҳамин аст: раҳнамоии дурусту бехато аз ҳозир.

Акнун меоем бар сари ибрози кам­будиҳои довталабон. Дар номинаи назм ҷавонони баистеъдод, умедбахш ва оян­дадор кам набуданд. Албатта, вобаста ба синну сол онҳо сатҳҳои гуногун доштанд. Масалан, гирем довталабони гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миё­наи умумӣ, хусусан синҳои мобайниро. Азбаски шеъру шоирӣ қоидаву қонунҳои мураккаби худро дорад ва хурдсолон ҳанӯз чандон омода нестанд, ки онҳоро ба пуррагӣ аз худ ва дарк кунанд, интихоби истеъдодҳо аз байни онҳо дар ин синну сол табиист, ки хеле душвор аст. Аммо дар мавриди мушоҳидаи дақиқ метавон дар кӯдакон низ сиришти шоирона ва ё тахайюли эҷодиро мушоҳида кард ва истеъоду кӯшишҳоро ба назар гирифта, ғолибонро муайян намуд.

Бояд гуфт, ки меъёри асосӣ дар интихоби ғолибон дар номинаи назм ав­вал истеъдод аст, яъне ҳузури биниши шоирона, истифодаи санъатҳои шеърӣ, тахайюли шоирона ва ё сувари хаёл. Сипас, албатта, риояи вазну қофия, фа­рогирии мавзуъҳо, ҳалли эҷодии онҳо ва дигар хусусиятҳо.

Дар ин чанд соле, ки банда узви ҳайати ҳакамон ҳастам ва пеш аз ин ҳам ҳар боре, ки навиштаҳои наврасону ҷа­вонон ва ҳатто калонсолонро мехонам, камбудии асосиро дар нафаҳмидану дарк накардани тафовути сухани одӣ аз шеър мебинам. Камбудии асосии аксари ҳаваскороне, ки шеър мегӯянд, ҳамин аст, ки наметавонанд фарқ дар байни сухани одӣ ва шеър гузоранд. Дар ҳамин озмуни гузашта ҳам ин камбудӣ аз ҳама бештар мушоҳида мешуд. Довталабоне ҳастанд, ки забонро хуб медонанд, мавзуъҳои хуб интихоб мекунанд, эҳсосоту дили гарм дар навишаҳяшон мушоҳида мешавад, аммо мутаасифона, чизи асосӣ, талабо­ти асосие, ки аз шоир ва шеър пурсида мешавад, яъне ҳузури худи матои шеър, яъне шеърият, ҳунари баёни шоирона, тасвиру андешаи шоирона камтар ба на­зар мерасад. Ҳама гап асту гап асту гап. Иллаташ ин аст, ки аксар ҳанӯз намефаҳ­манд, ки шеър аз ношеър, ё гӯем аз сухани одӣ бо чӣ фарқ мекунад. Онҳое, ки инро мефаҳманд, албатта, муваффақтаранд.

Маҳз ба хотири ислоҳи ҳамин камбу­диҳо ва раҳнамоӣ дар роҳи дурусти эҷоди шеър банда рисолае навиштаам бо номи “Шеър чист ва шоир кист”, ки дар он бо одитарин далелу мисолҳо, хеле содаву фаҳмо фарқи шеърро аз ношеър, яъне сухани одӣ нишон додаам. Мутаассифо­на, аксари кулли иштирокчиён, аз даҳҳо нафар як ё ду кас иқрор карданд, ки ин китоб ва китобҳои дигареро дар мавриди шинохти шеъру сухан хондаанд. Вақте шумо мефаҳмед, ки шеър аз сухани одӣ бо чӣ фарқ мекунад, шояд кӯшише меку­нед, ки шоирона бубинеду шоирона ан­деша кунед ва аз ҳама санъатҳои шеърӣ огоҳӣ дошта бошед. Аммо бояд гуфт, ки ҳатто агар чунин огоҳӣ дошта бошеду дар сириштатон тахайюлу эҳсосот ва биниши шоирона вуҷуд надошта бошад, ҳама кӯ­шишу заҳматҳоятон беҳуда аст ва беҳтар аст як номинаи дигарро интихоб намоед.

Дар давраи сеюми озмуни ҷумҳурия­вии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довта­лабон ба се ҳайат тақсим шуда буданд: хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11); донишҷӯёни муас­сисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои касбӣ (магистр, аспирантҳо, докторантҳо) ва омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони ил­мию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намоян­дагони касбу кори гуногун.

Хулоса, дар номинаи эҷоди назм 18 нафар ғолиб сазовори ҷойҳои аввалу ду­юму сеюм гардиданд ва ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Ҷойи аввалро дар номинаи хонан­дагони муассисаҳои таҳсилоти миёна Санавбар Ибодова аз мактаби рақами 33 -и ноҳияи Сино сазовор гардид. Аз гурӯҳи мактаббачагон Шукрона Саидализода (мактаби 8) ва Фархунда Каримзода (лит­сеи 4)-ро метавон дар қатори беҳтаринҳо ном бурд.

Санавбар Ибодова соли гузашта низ дар озмуни пойтахт пирӯз гардида буд, аммо, мутаассифона, дар озмуни ниҳоии ҷумҳуриявӣ натавонист ҷой бигирад. Имсол бо тайёрии пухтатар омадаву азми бештаре дорад ва шояд дар марҳалаи ниҳоӣ низ ғолибият ба даст орад. Санавбар Ибодова шеърҳои бачагона менависад. Шеърҳояш аз ҷиҳати забону баён, шинохти олами кӯдакон ва руҳияи онҳо хеле ҷолибанд. Чунонки дар боло гуфтем, ҷойи таассуф аст, ки дар номинаи эҷоди назм тафриқа дар байни ашъори бачагона ва калонсолон гузошта нашудааст ва аз рӯи мушоҳидаҳои банда ин боиси он мегардад, ки намояндагони ин жанр, яъне онҳое, ки барои кӯдакон эҷод мекунанд, дар марҳалаи ҷумҳури­явӣ аксар бе ҷоиза мемонанд, шояд аз он рӯ, ки бартарӣ ба шеъри калонсолон бештар дода мешавад. Ба ҳар ҳол, беҳтар мебуд, ки як номинаи алоҳида барои эҷоди адабиёти кӯдакона ҷудо карда шавад, зеро ба ҳар ҳол ин жанрҳо, яъне адабиёт барои кӯдакону адабиёт барои калонсолон аз ҳамдигар фарқ доранд. Ҷудо кардани ин номинаҳо ба манфиат ва дастгирии адабиёти кӯдаконаи мо мегар­дид. Умедворем, Комиссияи муҳтарам ин тафриқароро ба назар мегирад.

Ҷойи якумро дар гурӯҳи донишҷӯён донишҷӯи Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанг Мавҷуда Шарифова бо та­халлуси Шаҳёд сазовор гардид. Шаҳёд аз шоираҳои ҷавони умедбахш аст, ки ашъо­раш дар нашрияҳои адабии кишвар низ ба табъ мерасанд ва ин худ гувоҳи истиқбол аз шеъри ӯст ва банда дар мақолае, ки шеъри соли ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”-ро мавриди баррасӣ қарор дода будам, ба шеъри ӯ назари нек андохтаам. Дар сафи донишҷӯён Қиём Парвиз, (до­нишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Туҳфа Муқимзода, (донишҷӯи Академияи идоракунии давлатӣ), Шукрона Самадзо­да (Донишкадаи фарҳанг ва санъат), Та­манно Нурбекова (Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон)-ро дар қатори беҳтаринҳо метавон ном бурд.

Ҷойи якумро аз гурӯҳи омӯзгорон, хо­димони илмию эҷодӣ ва мардуми касбу кори гуногун Бахтиёр Раҳмонов, сарму­тахассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор гардид. Бояд гуфт, ки дар ин гурӯҳ низ мисли Фаридаи Давлат, Нуралӣ Хоркашов, Фирӯз Азизов, Шаҳло Тӯраева ва дигарон шоирони нисбатан омодаву баркамол ҳузур доштанд, ки сазовори ҷойҳо гардиданд.

Дар мавриди Бахтиёр Раҳмонов ба хотири он мехоҳам алоҳида ибрози андеша намоям, ки аз навиштаҳои ӯ як насими тоза ба машом мерасад. Бахтиёр солҳои гузашта низ дар озмуни мазкур ширкат дошт ва ҳамчун барандаи ҷойи ифтихорӣ дар даври шаҳрӣ, дар марҳалаи ниҳоӣ ширкат кард ва банда дар шеъри ӯ ҳамин кӯшишҳои тозаҷӯиву тозаофариро мушоҳида намуда, баъзе раҳнамоиҳо карда будам.

Бисёр ҷолиб аст, ки Бахтиёр дар ин байн бо дарки дурусти он раҳнамоиҳо хеле кӯшидааст, ки ба натиҷаҳои хубе би­расад. Он чи дар навиштаҳои Бахтиёр ҷо­либ аст, кӯшиши баёни андешаи шоирона ба тарзи хоси худ мебошад, он сифате, ки барои шеъри муосири мо бисёр зарур аст. Барои нишон додани ин сифати шеъри Бахтиёр як назари иҷмолие ба шеъри ӯ метавон андохт.

Дар васфи Ватан зиёд гуфтаанду ме­гӯянд, ки аксар такрори гуфтаҳои ҳамди­гарист. То ин ки дар ин мавзуъ муваффақ бишавӣ, ё тасвире тоза бояд ёфт ва ё самимияте, ки касро фаро бигирад. Дар ғазали “Замзамаи намурдан” Бахтиёр ин кӯшишро кардааст:

Меҳан, ба роҳи ҳифзи ту мурдан намурдан аст,

Ҷони азизи хеш супурдан намурдан аст.

Андар ҷаҳони ҳодисахези зи фитна пур

Макру фиреби ғайр нахӯрдан намурдан аст.

Аз ҷаҳлу чанги наҳси таассуб раҳида, пас

Худро ба дасти илм супурдан, намурдан аст…

Ҷолиб ин аст, ки ӯ содаву одӣ, биду­ни суханони обшуста ва ё болохонадор андешаи бақо ёфтан дар Ватанро суру­дааст. Имрӯз кӯшиши ба тарзи хоси худ, ношабеҳи дигарон ибрози андеша доштан барои шеъри муосири мо хеле муҳим аст. Зеро танҳо ҳамин кӯшиши ҷустуҷӯву навоварист, ки ба шеъри имрӯз як тозагӣ мебахшад

Бахтиёр дар шеъри “Кимиё” мегӯяд:

Биё, як бор коре карда боронро бихандонем,

Бад-ин шоистасабки тоза имконро бихандонем.

Он чи ин ҷо ҷолиб аст, кӯшиши му­аллиф дар баёни ғайримаъмулист. Дар назари аввал “хандондани борон” ё “хандондани имкон” шояд сухане сохта тобад, аммо пас аз таамуле метавон ин тасвиррро қабул кард, яъне инсон вақте худаш хандон аст, атрофаш низ метаво­над хандон бошад. Ғайримаъмулист ва муҳим дар ин гирумон кӯшиши тарзе дигар тасвир додани андеша аст:

Ба болини ду чашми хеш хоби худ бихобонем,

Ба бедории қалби пок виҷдонро бихандонем.

“Хобондани хоб ба болини чашм” аз ҳамон кӯшишҳои тозабаёнист ва “хан­дондани виҷдон”-ро ба бедории қалби пок, ҳарчанд ғайримаъмулист, низ метвон мантиқан қабул кард.

Ва ё бубинед, “хандондани пораи нон” дар ин байт маънӣ пайдо мекунад:

Агар ин лаҳза моро як на, балки пораи нон аст,

Ба рӯи хони худ ин пораи нонро бихандонем.

Ғазале, ки “Хариду фурӯш” ном дорад бо тарзи баёну андешаи ғайриинтизори худ ҷолиб аст. Зеро ҳама аз ғам мегуреза­нду шодӣ мехаранд, аммо қаҳрамони мо ба харидани ғам омадааст ва агар шумо пурсед: чаро? Дар идомаи ғазал посухи онро меёбед:

Бо симу зар, ки омадаам ғам хариданӣ,

Ғамро зи қалби мардуми олам хариданӣ.

Лабханди худ ба гиряи чашми ту доданӣ,

Ё қатра-қатра ашки ту шабнам хариданӣ…

Ғамро аз касон харидани муаллиф ба хотири он аст, ки бори ғам аз дӯши дигарон бардошта шавад ва шоири ҷавон боз ҳам фаротар меравад:

Эй дӯст, аз ту то бишавӣ сарбаланди даҳр,

Ҷойи сари баланд сари хам хариданӣ.

Қаблан рисолаилм харидам, вале кунун

“Олим” фурӯхтанияму Одам хариданӣ,

ки ишораест ба моҷарои қаллобӣ дар соҳаи илму дарёфти унвон. Ва хулосаи ин ғазал чунин аст:

Азбаски мефурӯшаму азбаски мехарам,

Бисёри худ супурда, зи ту кам хариданӣ,

ки як руҳияи ҷавонмардиро тарғиб мекунад.

Аз ғазалҳои Бахтиёр метавон боз далелҳои дигаре овард, ки кӯшишҳои ба тарзи хоси худ баён кардани тасвиру андешаро доранд. Вале чанд сухан метавон дар мавриди рубоӣ ва дубайтиҳои ӯ гуфт, ки низ моро умедвор мекунанд, ки ин адиби ҷавон, дар ҳолати пурра худро бахшидан ба заҳмати шоирӣ, метавонад дастовардҳое барои хонанда ба армуғон орад.

Масалан:

Ёде чу намекунӣ гаҳе ёронро,

Таҷруба накардаӣ ғами ҳиҷронро,

Бо чашми зи ҳаҷри ёр норехта ашк

Бешак монӣ баҳори беборонро.

Тасвири “баҳори беборон” дар мавриди тасвири ин ҳолат, ки ҳосили табъи адиби ҷавон аст, гумон мекунам, бамаврид аст.

Истифодаи санъатҳои шеъриро низ метавон дар рубоиёти ӯ мушоҳида кард:

Сармояи ман ба чашми авбош мабин,

“Аз ман бошад” гуфта,“эй кош” мабин.

Эй он, ки чу майли ошноӣ дорӣ,

Дар вожаи ошно фақат “ош” мабин.

Дар рубоии боло вожаи “чу” бемавриду зиёдатист, аммо бо андешаи шоиронаву пандомез рубоӣ хонданист. Рубоии дигаре, ки бо тасвири ҳадафноку андешапарвари худ ибратомӯз аст:

Як марди раҳе чунин бифармуд, эй дӯст,

“Аз қаҳру ғазаб набошадат суд, эй дӯст,

Ҳаргиз натавонӣ ба касе даст диҳӣ

Бо мушти баҳамфишурдаи худ, эй дӯст”.

Дар мавриди ибрози муҳаббати худ ба Душанбе сухани шоиронаи худро мегӯяд:

Залилу бемадорам бе Душанбе,

Ҳамеша бебарорам бе Душанбе,

Миёни рӯзҳои ҳафтаи умр

Душанбее надорам бе Душанбе.

Чунин далелҳои андешаронии шоиронаро дар дубайтиҳои шоири ҷавон низ метавон пайдо кард:

Гуливу хона дар гулшан надорӣ,

Ғаме аз баҳри пажмурдан надорӣ,

Ба домонат чу хоҳам ганҷ резам,

Дареғо, нозанин, доман надорӣ.

Манзур, ишора дар байти дуюми ин дубайтист, ки маъное таҳтонӣ дорад. “Доман надоштан”-и духтарони имрӯзӣ ишора ба дур рафтан аз либоспӯшии суннатӣ ва гаравиш ба либоси ғайримиллист. Ва ё ин ишора ба ҷаҳони маҷозӣ ва таъсири он ба рӯзгори воқеӣ:

Ҳавасбозон дигар мурдан надоранд,

Ғаме аз баҳри ғам хӯрдан надоранд,

Зи дасти номабарҳои маҷозӣ

Кабӯтарҳо хати бурдан надоранд

Шоир ишора ба истифодаи имко­ниятҳои интернетӣ дар телефон: имо, вайбер, ватсапт, телеграмм дорад ва ба ин васила як ҳавои имрӯзӣ ба баёни андешаи худ додааст.

Дар дубайтиҳои ишқӣ низ бо исти­фода аз оҳангҳои халқӣ ва суханбозӣ дубайтие мегӯяд, ки тиҳӣ аз баёни шо­ирона нест:

Бубинам ман туро, худро наёбам,

Қарор андар дили шайдо наёбам,

Саропо бӯсагоҳию вале ман

Барои бӯса кардан ҷо наёбам.

Манзур аз ин далелҳои овардашуда он аст, ки шоири ҷавон бо гурез аз такро­ри суханҳои маъмулу обшуста кӯшидааст сухани тозаву шоиронаи худро бигӯяд ва ин роҳи дурусти интихоб барои эҷодкори ҷавон аст.

Мутаассифона, фурасте нест, ки дар бораи манзуами ҷолиби “Фаришта ва Шайтон”, ки муаллиф бо ҷамъбасти хеле ҷолиб онро ба хотима мерасонад, ба тафсил сухан кунем. Мухтасар чу­нин аст: подшоҳе дар суроғи беҳтарин рассом буд, то тавонад акси Фаришта ва Шайтонро бо беҳтарин ангезаҳо ба тасвир орад. Рассом пас аз ҷустуҷӯву андешаҳои зиёде кӯдаки зебоеро меби­наду бо ҳавас ба тасвири ӯ мепардозад:

Тифлро дар пеши рӯи худ нишонд,

Мӯқаламро рӯи авроқаш давонд,

Бо ҳавас ӯ тори илҳомаш навохт,

Чун намод аз рӯи ӯ афришта сохт.

Шоҳ чун дид ин намоди беҳтарин,

Гуфт: “Рассомо, ҳазорон офарин!

Яъне ин тасвир чун акси Фаришта аз ҷониби шоҳ истиқбол меёбад.Сипас шоҳ талаб мекунад рассом тасвири Шайтонро бисозад. Аммо барояш ёфтани чеҳраи бад, монанд ба Шайтон душвор меша­вад. Ӯ хеле ҷусту як шайтоннамо пайдо накард. Аз миён чил сол мегузарад, лек ӯ наметавонад тасвири Шайтонро рӯи коғаз оварад. Шоҳ ҳамоно талаб мекард. Сипас:

Чун зи қасри шаҳ бурун гашту бидид,

Пеши ӯ оворагарде шуд падид.

Ӯ зи муътодӣ басо бадранг буд,

Чеҳрааш захмину пурожанг буд.

Дар танаш коло, вале бибридае,

Мӯйи сар беназму ҳам жӯлидае.

Пайсааш доду бигуфто:”Марди ранҷ,

Хоҳише дорам зи ту, аммо маранҷ.

Аз ту нақшеро бисозам ин замон,

Чун намоде расми Шайтонро, бидон!”

Мард ҳам аз он ки бас муҳтоҷ буд,

Пайсаро бигрифту розӣ гашт зуд.

Рассом чун сар кард ба кашидани тасвир, он марди овора ба ногаҳ бо оҳу фиғон бо ҳама вуҷуд ба гиря даромад. Рассом ҳайрон шуду сабаби гиряи ӯро пурсид. Ва ҷавоби он овора ғайричашм­дошт чунин буд:

“Кӯдакиҳоям инак омад ба ёд,

Дод аз дасти замон, сад вой, дод.

Ман ҳамон тифлам, ки ту чил сол пеш

Кардӣ тасвирам Фаришта баҳри хеш.

Эй биё, инак, бубин, аз феъли бад

Як фаришта оқибат Шайтон шавад”.

Ҷамъбасте бисёр аҷоибу пандомез. Яъне як инсон метавонад ҳам Фаришта бошаду ҳам Шайтон. Сарфи назар аз норасоиҳое ҷо-ҷо дар ибрози баён шоири ҷавон тавонистааст ҷамъбасти бисёр хуби шоирона биёбад ва ин яке аз беҳта­рин манзумаҳое (достонҳое) буд аз ҳама он чи ки дар ин озмун пешниҳод шудаву мо хонда будем.

Хулоса аз ин навишта он аст, ки Оз­муни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ҳидояту дастгирии бевосита ва ҳада­фҳои дурбинонаи Пешвои миллатамон рӯи кор омад, дар ин чаҳор соли амалӣ шудани худ натиҷаву самараҳои хеле хубу ҷолиби худро дод ва яке аз онҳо кашфу дарёфту рӯи кор омадани истеъ­додҳои ҷавон, хусусан, дар номинаҳои эҷодӣ мебошад.

 Камол Насрулло

Дигар хабарҳо