Дастовардҳои ноширони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ
Ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, натиҷаҳои он 6 сентябри соли равон дар шаҳри Москва эълон гардид. Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Москва» баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ва сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Мирализода иштирок карданд. Озмун аз 10 номина иборат мебошад, ки вобаста ба онҳо ноширони давлатҳои ИДМ маҳсули кори хешро пешниҳод намуданд.
Ҷойи хушҳолист, ки дар арафаи ҷашни миллии кишвари азизамон – Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» дар озмуни мазкур барандаи Шоҳҷоиза гардид.
Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино дар як муҷаллади бузурги зебову хуштарҳ ба забони модарии муаллифи он – забони нобу шевои тоҷикӣ тавассути Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик шодравон Сайиднуриддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз арабӣ ба тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.
Ин танҳо дастоварди ноширони Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ нест. Китобҳои дигари ноширони мо низ дар номинаҳои гуногуни Озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорномаҳои вижа шудаанд. Ҳамин тавр, китобҳои «Гулчини ғазалиёт»-и Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар номинаи «Муколамаи фарҳангҳо» (мунташиршуда дар нашриёти «Ирфон») ва китоби «Саёҳатнома»-и Саид Аҳмад Давлатмаҳмад (нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»), дар номинаи «Китоб барои кӯдакону наврасон» сазовори ҷои аввали Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» гардиданд. Китобҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон», нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар номинаи «Кишвари ман», «Донишномаи мухтасари бузургони форсу тоҷик» дар номинаи «Илм ва маориф», нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва китоби «Тоҷикистон»-и нашриёти «Ирфон» дар номинаи «Китоби мусаввар» ҷои дуюмро соҳиб гаштанд. Китобҳои «Ахтарони илм» (нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»), дар номинаи «Санъати тазйин» (нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»), «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров (чопи нашриёти «Ирфон»), дар номинаи «Дар Иттиҳод чоп шудааст» ва китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», чопи Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар номинаи «Иттиҳод» сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ба ғайр аз ин, китобҳои Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ – `Ҷоми ҷон» (интишоршуда дар нашриёти «Ирфон»), Муҳаммад Ғоиб – «Хандаи талх» (нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик») ва Абулқосим Фирдавсӣ – «Достонҳо аз Шоҳнома» (чопи нашриёти «Адиб») бо ифтихорномаҳои вижаи Озмун сарфароз шуданд. Дар маҷмуъ ноширони Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ соҳиби 12 мақоми ифтихорӣ гардиданд, ки Шоҳҷоиза болотарини онҳост.
Мавриди зикр аст, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 инҷониб бо ибтикори Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдою тавзеи китоби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ бо иштироки ноширон ва намояндагони кишварҳои аъзо баргузор мегардад. Мақсади асосии озмун дарёфти лоиҳа ва дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи табъу нашр ва тарғиби он дар доираи мамлакатҳои аъзои ИДМ мебошад.
Соли 2018 Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ду ҷилди аввали «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.
Раҳмоналӣ Мирализода