Дар ҳошияи мулоқоти Президенти мамлакат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Ато Мирхоҷа,
муовини аввали Раиси ИНТ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шароите баргузор шуд, ки муқовимат ба фарҳанги бегона ва истодагарӣ дар муқобили терроризму ифротгароии мазҳабӣ барои минтақа ва бахусус Тоҷикистон ба мушкили рақами якум табдил ёфтааст.
Президент бо забони содаю оммафаҳм ва далелҳои мушаххас хавфи ин зуҳурот, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо онро нафақат ба тамоми тоҷикистониён, балки ба ҳама мардуми ҷаҳон фаҳмонданд.
Мулоқоти мазкур дарси кушоди сиёсии муфид барои аҳли ҷомеа буд ва дар донистани вазъи ҳақиқии ҷаҳон ба мағзҳо таъсири мусбат расонд.
Равшан Махсумзод,
муовини Раиси ИНТ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, ки 9 марти соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд ба бор овард. Зеро Сардори давлат дар ин мулоқот дар хусуси падидаҳои номатлуб, аз қабили исрофкорӣ дар маъракаву маросими суру сӯг, ҳаҷравии бисёркаратаи баъзе ашхоси шуҳратпарасту зиёдарав, тарбияи фарзандон ва соҳиби маълумот намудани онҳо (хусусан духтарон), оқибатҳои талхи пайвастани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротию иртиҷоӣ ва ҳоказо изҳори андеша намуда, бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор доданд, ки нисбат ба ин зуҳуроти манфӣ бетараф набошанд. Воқеан, масъалаҳое, ки Пешвои миллат дар мулоқот баррасӣ намуданд, хеле мубрам буда, ҳаллашон ба нафъи ҷомеа мебошад. Мо дар бисёр маҳфилу мулоқот ва маъракаҳо шоҳид мешавем, ки одамони бедордил дар ин бора изҳори нигаронӣ мекунанд. Масалан, масъалаи ба ҳаҷ рафтани одамон. Баъзе ашхосе ҳастанд, ки чанд карат ҳаҷҷи умраро ба ҷо овардаанд, бо ин дар байни мардум фахр ҳам мекунанд ва ҳар бор ҳангоми бозгашт мардумро даъват намуда, зиёфат медиҳанд. Чи тавре ки Пешвои миллат дар муроҷиат ба имомхатибон гуфтанд, онҳо бояд ба ин гуна мардуми нодону зоҳирпараст фаҳмонанд, ки ин зиёдаравию намоишкорӣ ба ягон нуктаи шариати ислом рост намеояд. Исрофкорию зиёдаравӣ дар ҳама динҳои дунё маҳкум карда мешавад. Мардуми мо мақоле дорад: “Ҷони нодон дар азоб”. То имрӯз бисёр одамоне ҳастанд, ки ба ҷойи он ки маблағи дар даст доштаашонро ба нафъи аҳли оилаи худ, таъмини зиндагии шоистаи онҳо, фароҳам овардани шароити хуб ҷиҳати таълиму соҳибкасб кардани фарзандон харҷ намудан, дар суру сӯги худ хароҷоти зиёд мекунанд, ба исрофкорӣ роҳ дода, маблағи бо сад ранҷ ба даст овардаашонро беҳуда сарф менамоянд. Ва ё чандин бор ба зиёрати хонаи Худо рафта, номи ҳоҷиро соҳиб мешаванд. Ҳол он ки дар китоби муқаддаси Қуръон низ омадааст: агар тавону имконият дошта бошед, боре зиёрати хонаи Худоро ба ҷо оваред. Инак, бори чандум аст, ки Пешвои миллат дар суханронию мулоқотҳои хеш бо аҳли ҷомеа таъкид мекунанд, ки ба ҷойи чанд карат ба ҳаҷ рафтан ҳамон маблағро ба корҳои хайр, дастгирӣ кардани шахсони камбизоату бемор, бунёди роҳу пул, мактабу дигар иншоотҳои барои мардум зарур истифода баранд.
Масъалаи дигаре, ки Роҳбари давлатамон дар мулоқот ишора карданд, таълиму тарбияи фарзандон аст. Мо имрӯз дар замони пуртазоду зудтағйирёбандае ҳаёт ба сар мебарем, ки хатарҳои гуногун ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад. Хусусан, имрӯз бисёр гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ барои амалӣ намудани нақшаю ҳадафҳои нопоки хеш мехоҳанд ҷавонони камтаҷрибаро ба доми хеш андохта, истифода баранд. Ҳатто баъзе давлатҳои абарқудрат барои ноором кардани ҷомеаи кишварҳое, ки ба онҳо ҳамраъй нестанд, аз ин таҷриба истифода мекунанд. Чи тавре ки Президенти кишварамон изҳор доштанд, барои он ки ҷавонон, фарзандони мо гумроҳ нашаванд, онҳоро бояд аз хурдӣ дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ тарбия намуд, бо таърихи пурифтихори миллат, фарзандони бузургу фарзонаи он, ки дар роҳи истиқлолу озодӣ ва ободии ватани хеш ҷонбозиҳо кардаанд, ошно ошно сохт. Пешвои миллат бо мисолҳои мушаххас аз китобҳову таҷрибаи рӯзгор ин ва дигар масъалаҳоро ба ҳозирин ва дар маҷмуъ ба мардуми кишвар фаҳмонданд.
Воқеан, масъалаҳое, ки дар мулоқот баррасӣ шуданд, марбут ба ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳастанд. Бояд аҳли ҷомеа, хусусан сохторҳои марбутаи давлатӣ, зиёиён, шоиру нависандагон, муаллимон, олимон, ходимони дин барои фаҳмондани мазмуну муҳтавои қонунҳои мазкур ба мардум фаъол бошанд.
Хулоса, мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин саривақтӣ ва муҳим буд. Бовар аст, ки он барои бартараф кардани баъзе камбудиҳо ба аҳли ҷомеа раҳнамун мешавад.
Рустам Ваҳҳобзода,
сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ”, Шоири халқии Тоҷикистон
Мулоқоти анъанавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҷомеа барои таъйину мушаххас кардани ҳадафҳо ва масирҳои ояндаи ҷараёни рушди илмӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин адабӣ хеле муҳим аст. Ҳамеша дар ин мулоқотҳо ба таври табиӣ назарҳое баён ва масъалаҳое матраҳ мешаванд, ки аз матни ниёзҳои ҷомеа бархостаанд ва ҳаллу фасли онҳо ҳатман барои беҳбуди вазъ ва фазои маънавии ҷомеа мусоидат менамояд.
Имсол бо таваҷҷуҳ ба тарҳи як силсила масъалаҳои марбут ба вазъи нашри китоб, нашрияҳои даврии адабӣ, хусусан дастрасии асарҳои адибони муосир ба доираи васеи хонандагон, имконоти фаъолияти пурсамар ва пуртаъсири нашрияҳои адабии даврӣ, имкони ширкати ҳарчи фаъолтар ва муассиртари адибон дар рушди ҷомеаи маданӣ, имкон дорад маъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо ҳидоятҳо ва супоришҳои мушаххас амалӣ гардад.
Сироҷиддин Икромӣ,
мудири бахши насри ИНТ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ
Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои басо муҳим, ки ба раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, тарбияи эҳсоси баланди ватандорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ, пешгирӣ аз шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ, рушди имрӯзу ояндаи кишвар таъсиргузоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Эътиқоди динӣ аз мавзуъҳое буд, ки Роҳбари давлат бо далелу санад бештар дар атрофи онҳо андешаронӣ намуданд. Рӯ задани омилҳои номатлуб аз сӯйи бархе шаҳрвандон, ки тадриҷан хусусияти оммавӣ мегиранд, минҷумла хурофотпарастӣ, исрофкорӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва инчунин пайвастани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, ки оқибати фоҷиабор дар пай дорад, зарурат ба миён овард, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона гардад. Мутаассифона, диндории бархе аз мардуми мо кӯр-кӯрона, тақлидӣ, намоишӣ ва ба хотири шуҳратталабист.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки эътиқоди динии шаҳрванд дахлнопазир ва кори инфиродии ҳар шахс аст.
Чун аксари кулли мардуми кишвари мо мусулмон ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, барои фарогирии дониши динӣ дар чаҳорчӯби ҳамин мазҳаб мутобиқи қонун тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Тавре дар суханронии Роҳбари давлат ишора гардид, ҳанӯз ҳам иддае аз шаҳрвандон моҳияти сохти давлатдории мо, яъне дунявӣ будани онро фаҳм накардаанд. Ҳолати мавҷударо бо роҳандозии тадбирҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, хосса маърифати ҳуқуқии аҳолӣ метавон рафъ намуд. Ҳамин буд, ки Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли равонро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, имрӯз аксари давлатҳои исломӣ рӯ ба дунявият овардаанд. Маҳдудиятҳои зиёди то имрӯз ҷориро тадриҷан аз миён мебардоранд. Барои бо донишҳои дунявӣ фаро гирифтани насли наврасу ҷавон саъйи зиёд доранд. Ҷиҳати таълиму тадрис, соҳибкасб намудани занону духтарон ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то кунун дида намешуд. Бо бардошт аз ин омил метавон ақида кард, ки ба манфиати кор мебуд, агар тавассути ВАО вобаста ба чунин навгониҳои кишварҳои исломӣ матолиб манзур мешуд, то мардуми мо бештар огоҳӣ меёфтанд.
Толиби Луқмон,
мудири бахши назми ИНТ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода
Мулоқоти Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин фарогири масъалаҳои мубрам ва нуктаҳои муҳимму омӯзанда буд. Президенти мамлакат, хусусан, дар бораи амалҳои ноҷову зиёновар, таассубу тундравӣ, тақлиди кӯркӯрона ва суистифода аз арзишҳои динӣ аз ҷониби баъзе афрод суханҳои хирадмандонаву дурандешонае гуфтанд, ки барои ҳар яки мо дастури раҳнамо мебошад. Хусусан, дар мавриди истифодаи оқилонаи маблағҳое, ки шаҳрвандон барои сафари ҳаҷ сарф мекунанд, нуктаҳои нишонрас баён шуданд. Воқеан, агар ин маблағҳо, тавре ки Пешвои миллат фармуданд, барои зиндагисозӣ, таъмини шароит ва ободии кишвар сарф шаванд, ҳам савобаш бештар хоҳад буд ва ҳам манзилҳоямон ободтар хоҳад шуд.
Ҳамаи нуктаҳои дар мулоқот зикршуда басо муфид мебошанд ва, дар сурати амал кардан аз рӯи ин фармудаҳо, аз байн бурдани бисёр мушкилот, аз ҷумла коҳиш додани ифротгароӣ, ривоҷи сарфаву сариштакорӣ ва ба манфиати халқу Ватан истифода кардан он маблағҳо имконпазир аст.
Ато Ҳамдам,
мудири бахши драматургияи ИНТ, Нависандаи халқии Тоҷикистон
Суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа аз тамоми гӯшаву канори кишвар барои ман ҳамчун як нафар зиёӣ, адиб гуворо, самимӣ ва ҳадафрас буд. Бе муҳобот метавон гуфт, ки чунин як мулоқоту чунин як суханронии бамавриду амиқро дар ин бобат кайҳо боз чун як намояндаи аҳли ҷомеаи кишвар интизор будам.
Вақте ки Ҷаноби Олӣ бо ифтихор, бо сари баланд «ман қабл аз ҳама тоҷик ҳастам, сипас мусулмон» гуфтанд, маро ҳисси баланди ифтихор аз миллати озоду Ватани ободамон фаро гирифт. Баъди шунидани чунин каломи ширину гуворо чӣ хел боз бештар аз кишвари худ, халқи худ, Президенти худ ифтихор намекунӣ!?
Акнун мо, аҳли зиёро, лозим аст, ки баҳри амалӣ гаштани ҳама пешниҳоду дастурҳои дар ин ҷамъомади муҳим ироаёфта сидқан талош кунем.
Азизи Азиз,
мудири бахши адабиёти кӯдакон ва наврасони ИНТ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Баъзе ашхос, бахусус ҷавонон, ҳанӯз аз фалсафаи ҳикмат, ахлоқ дуруст огоҳ нестанд. Як фазои холӣ барои экстремистону салафиҳову пайравони онҳо пайдо шудааст.
Дар ҳама солу замон ислом таъкид менамояд, ки «Мактаб аз масҷид муқаддамтар аст». Ё бархе аз фалсафаву ҳикмату ҳақиқати моҳи Рамазон бехабаранд. Он моҳи хайру сахо ва дастгирии ниёзмандон мебошад.
Ҳамин суханҳоро вобаста ба экстремизму дигару дигарҳо низ метавон гуфт. Кам касон ба ин саволҳо ҷавоби қонеъкунанда медиҳанд, ки «Бегонапарастон чӣ тарғиб мекунанд?», «Киҳо ва чаро бештар ба сафи онҳо дохил мешаванд?»
Баҳори соли 2023 бо ташаббусу дастури Пешвои миллат ду гурӯҳи калони модарону фарзандони ба истилоҳ «суриягиҳо»-ро аз хориҷа ба Тоҷикистон оварданд. Бояд ин ба дигарон сабақ гардад.
Дар масҷиде имом ҳангоми амри маъруф аз классикони адабиёт, аз Чехов, Толстой, Достоевский, Махатма Ганди, Максим Горкий, Конфутсий, Лао Сизи мисолҳо меорад. Ноогаҳон механданд. Чунки онҳо одат кардаанд, ки аз минбари он мудом ва ҳар рӯз аз тарзи таҳорату намоз сухан бояд гуфт, яъне аз назари онҳо масҷид ҷои адабиёту илм нест. Мутаассифона, ҳамин аст сатҳи маърифати бархе ва мо бояд пайваста пайи баланд кардани он бошем.
Абдуллоҳи Раҳнамо,
директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии ИНТ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин рӯйдоди муҳимми сиёсӣ буда, дар он асоситарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва идеологии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешвои миллат дар ин мулоқот ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба вазъияти мураккаби байналхалқиро ба таври васеъ таҳлил карда, маҷмуаи таҳдиду хатарҳоеро, ки ба фарҳангу арзишҳо ва ба амнияту давлатдории миллии мо пеш омадааст, ба таври рӯшан нишон доданд.
Таҳлилҳои илмию иттилоотии вазъияти пешомадаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат ҷаҳон ба марҳалаи мураккаби рушди худ ворид шудааст ва хатарҳои сиёсӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври бесобиқа афзудаанд. Дар чунин шароити баргузории мулоқот, огоҳ намудани ҷомеа ва пешниҳоди таклифу роҳҳои ҳал барои рафъи онҳо як иқдоми саривақтӣ ба шумор меравад.
Агарчи суханронии пурмуҳтавои Роҳбари давлат дар ин мулоқот маҷмуаи васеи масъалаҳои усулӣ ва ҳаётиро дар бар мегирифт, аммо метавон гуфт, ки меҳвари асосии он таъкид бар хатари ҷаҳлу хурофот ва ифротгароии динӣ ба фарҳанги миллӣ, рушди кишвар ва бақои миллату давлат буд. Зеро ин падидаҳои иртиҷоӣ арзишҳои миллиро зери хатар гузошта, дар ниҳоят ба амнияти миллӣ таъсири харобиовар мекунанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳадафи ниҳоии сиёсӣ ва идеологии мулоқот наҷоти фарҳанги миллӣ ва таъмини бақои давлатдории миллӣ буд.
Яке аз вижагиҳои суханронии Пешвои миллат дар ин мулоқот ҷанбаи амалӣ ва корбурдӣ доштани он буд. Зеро дар ин суханронӣ дар назди аҳли илму маърифат, кормандони идорӣ, ходимони дин ва ҳамаи огоҳону фаъолони ҷомеа як силсила вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд, ки онро бояд дастурамали кории худ қарор диҳанд. Дар сурати бетарафию бетафовутии аҳли илму фарҳангу зиё ҷаҳолату хурофот метавонад қувват гирифта, дар ниҳоят ба таҳдиди воқеӣ ба фарҳанги миллӣ ва ба амнияти давлатӣ табдил шавад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дар миёни ҷамеа бевосита паҳн намудани андеша ва пешниҳодҳои Роҳбарияти кишвар дар оянда дар чунин мулоқотҳои муҳимми идеологӣ ширкат намудани намояндагони аҳли адаб мувофиқи мақсад мебуд.