Дар қаламрави шеъри ҷавонон
Шодиовар аст, ки дар қатори шоирони ҷавони имрӯз чун Сафар Абдураҳим, Бузургмеҳри Ҳаким, Меҳровари Масчоҳӣ, Нурӣ Муҳаммади Истам, Шоҳбегим Маликшоева, Мафтунаи Қосим, Хуршеди Эҳсон, Сулаймони Аҳтам, Родмеҳр Сулаймонӣ, Шаҳёд, Омина Ҳамроева, Руъё Усмонӣ ва дигарон навқаламоне чун Санавбар Ибодова, Баҳманёри Ғоиб, Баҳманёр Муяссарзода, Шукрона Тоҳирӣ, Одинамуҳаммади Суфӣ, Шукрона Сайидвализода ва ғайра ба ҷодаи шеър қадам бардоштаанд ва дар ин роҳ кӯшишҳои муваффақона доранд. Ҳарчанд бархе аз ин навқаламон муқаллидона бо шеър муносибат мекунанд, аммо дер нест, ки бо омӯзишу таҷрибаи бештар дар ин роҳ собитқадамтар шаванд. Дар миёни насли ҷавони нисбатан таҷрибадорамон ашъори Сафар Абдураҳим, Шоҳбегим Маликшоева, Мафтунаи Қосим, Шаҳёд, Бузургмеҳри Ҳаким, Хуршеди Эҳсон, Нурӣ Муҳамади Истам, Меҳровари Масчоҳӣ, Омина Ҳамроева ва чанд қаламкаши дигар диққати моро ба худ кашид, ки баъзеашон аз ягон ҷиҳат кӯшиши тоза гуфтану тоза нигаристан ва бархӯрди дигаргунатар бо мавзуъ доранд ва андак-андак тозагии забону баён дар навиштаҳояшон шакл гирифтааст.
Шеъри Сафар Абдураҳим реша дар умқи шеъри суннатӣ дорад ва тозакориҳояш бештар дар заминаи шеъри суннатӣ сурат мегиранд. Барои мисол:
Аз синаи ӯ гирифта андуҳи дилаш,
Мерафт бурун дуди сигори падарам.
Он чи ки ин шеърро бо шеъри суннатӣ пайванд медиҳад, забон ва тарзи ифодаи сухан дар он аст ва он чи ки дар ин миён муҷиби пайвастагиаш ба шеъри имрӯз мешавад, ҳузури вожаи сигор аст. Албатта ин як бархӯрди зоҳирӣ ба шеър аст, вале бо тааммуқ нигаристан ба он чизи дигаре аз шоиронагиаш ошкор мешавад ва он тасвири ҳасратбори рафтани андуҳ бо дуди сигор аз сина аст, ки шоирона таҷаллӣ ёфтааст.
Ҳоло таваҷҷуҳ мекунем ба ин шеъри Шоҳбегим:
Дили ту қасри заррин асту афсус,
Дари пӯлодияш як умр баста.
Калидашро бидеҳ бар ман, мабодо
Дилатро бишканад ин дилшикаста.
Калидашро ба ман биспурда рӯзе,
Ба фардо ҳам маро даъват намудӣ.
Ба сад уммед фардо чун расидам,
Ту қуфли дигаре бинҳода будӣ.
Ин шеър бо содагиву зебоии худ Шоҳбегими ҷӯёву пӯёро пешорӯи мо қарор медиҳанд. Шоҳбегим аз шоирони хубу пуртакопӯи мост, ки ба корҳои илмӣ ҳам шуғл меварзад ва аз ин хотир шеъраш аз назари касбият қавитар шудааст.
Шеърҳои Шаҳёд дар муқоиса бо шеърҳои пешинааш хеле беҳтар ба назар мерасанд. Вай то андозае аз якнавохтии мавзуи ишқ, ки шеъри моро ғасб кардааст, берун омада, ба масъалаи иҷтимоъ мепардозад. Шеърҳои солҳои охир навиштааш фазо ва сужаи мушаххаси далолаткунанда ба иҷтимоъ доранд. Ин ғазалаш иҷтимоъгароёна буда, аз воқеияти рӯзгори инсони имрӯз суҳбат мекунад:
Тамоми умр таманнои кулбае дорам,
Ки сар бар он бизанам, олами дигар биравам.
Худам шавам ба худ ойинаву нигоҳ кунам,
Ба худ биёяму гоҳе зи худ бадар биравам.
Ин шеър аз ҷиҳати фазосозиву сужабандӣ ва даруннигариву ҳолатнигорӣ имтиёз дорад. Чунин равиш, яъне интихоби фазои мушаххас, ҳолати мушаххаси зиндагӣ ҳанӯз барои шеъри мо куҳна нест ва аз тарзу шеваҳои пешрав ба шумор меравад. Ва дар идомаи шеър ҳолати равонии як зани муштипар мунъакис мешавад, ки акнун бо доштани як кулба худро ин гуна тасалло медиҳад:
Маро ба худ бикашад ҷафстар зи ҳар оғӯш,
Чу шонаҳои ту сарро ниҳам ба девораш.
Ба ҷои қадди ту сақфаш шавад саробонам,
Ба ҷои меҳри дурӯғат пазирам озораш.
Аз ҷавонони дигари эҷодкор, ки ба ҷомеаи адабӣ ошност, Бузургмеҳри Ҳаким мебошад. Пайдост, ки Бузургмеҳр дар баробари ба мавзуъ, забон ва тарзи баён ба масъалаи шеърияту шоиронагии сухан низ сахт эътибор медиҳад. Дар сурудани ғазал ва бештар аз ҳама чаҳорпора ба мактаби шеъри суннатии тоҷикӣ, махсусан шеъри солҳои 80-90 такя дорад ва навиштаҳояш содаву равону дилнишин мебошанд. Масалан, ин ғазал:
Ҳар қадар тирест, бар пешонаи мо мезананд,
Ҳар қадар оташ бувад, дар хонаи мо мезананд.
Шамъи шабафрӯзи моро аз ҳасодат мекушанд,
Уқда бар болу пари парвонаи мо мезананд.
Солҳои охир як навъ дигаргуние дар забони шеъраш ба назар мерасад, ки пайванд ба шеваи нигориши имрӯз дорад:
Оҳ, эй кабӯтари хушбин,
Қосиди ғариби амонӣ,
Кошки зи лонаи амнат,
Ҳамчунон муҳоҷири тоҷик
Хешро бурун накашонӣ.
Хун шавад дилам, ки мабодо
Аз раҳи фиреб бигардад
Ҷойи дона тир насибат.
Медиҳад баҳор фиребат…
Родмеҳр Сулаймонӣ дар ин ҷода аз ҷавононест, ки мехоҳад сухани тоза бигӯяд, вале дар бештари маврид ин талошҳояш мунҷар ба хатоҳои мантиқу таносуб ва норавонии забону баён мегарданд. Бо вуҷуди ин, ӯ барои тозаҷӯиву тозагӯӣ талошҳои доимӣ дорад ва мекӯшад, ки шеъраш ҳамнаво бо шеъри нави имрӯз бошад:
Танҳо миёни кӯчаи ғурбат нишастаӣ,
Муҳтоҷ бар навозиши дастони модарат.
Ҳарчанд рӯи тахти баланди саодатӣ,
Зорӣ барои бурдаи як нони модарат.
Маҳз ҳамин ҷиҳати кори ӯ, яъне талоши шеъри нав гуфтан ва таҷрибаҳои гузаштагонро такрор накардан қобили таваҷҷуҳ аст.
Меҳровари Масчоҳӣ ҳам аз шоиронест, ки дар шеър баёни нисбатан тоза дорад ва таъбирҳои хос меофарад. Аз гузашта дида ғазалҳояш равонтару гӯётар шудаанд. Ин байт нишоне аз тозагӯиҳои ӯст:
Чашмони ман ойинаанд, ойинаи чашмони ту,
Ойина рӯшан мешавад,вақте намоён мешавӣ.
Гоҳе бо истифода аз унсурҳое ба мисли кӯҳу дарё ва долу дарахт ва амсоли ин шоирони ҷавон шеваҳои тоза ва камкорхӯрдаро дар мавзуъ ва тарзи баён ба кор мебаранд. Масалан, вақте шоир дар мавзуи дарё сухан мегӯяд, муродаш ин нест, ки чанд сифати онро пайҳам бичинад, балки дарёро ҷоне зинда дар муқобили худ қарор медиҳад ва бо як мавҷуди зинда гуфтугӯ мекунад.
Оғӯш во кун, омадам, эй меҳрубон, Дарё
Дилгирам, оре, аз худам, аз дигарон, Дарё.
Як лаҳза мехоҳам, ки рӯйи шонаат сарро
Бигзораму гирям аз он пас бе амон, Дарё…
Ин гуна бархӯрд ба мавзуи дарё, ки дар шеъри Хуршеди Эҳсон чун як мавҷуди зинда падидор мешавад ва ниёзи ботинии як инсонро то ҳадде бароварда мекунад ва барояш паноҳандагӣ медиҳаду ҳамсуҳбаташ мегардад, агарчанде дар ашъори бархе шоирони насли пешин кам-кам таҷриба шудааст, барои шеъри имрӯз, хосатан шеъри ҷавонон то ҷое тозагӣ дорад.
Аз вазнҳои камистеъмолу ғайримаъмулӣ кор гирифтани ин шоир низ як падидаи ҳунарӣ дар шеъраш аст, ки метавонад сухани ӯро аз дигарон мутафовит нишон диҳад. Ба мисли шеъри поён, ки дар он рукни мафъулун се бор такрор мешавад ва оҳанги гӯшнавозеро ба вуҷуд меорад:
Хандидӣ, хандидӣ, хандидӣ,
Дидӣ, зебо шуд дунё, дидӣ?
Нонам шуд, обам шуд ғамҳоят,
Умрамро маъноӣ, уммедӣ…
Чаҳор бор такрор омадани рукни мафъулун дар шеъри бархе аз шоирони тоҷик таҷриба шудааст, вале дар ин пора се бор такрор шудани он камистемолу кампайдост.
Такрори рукни мафоъилотун дар «Қасидаи модар»-и Нури Муҳаммади Истам низ аз вазнҳоест, ки дар шеъри муосири мо хеле кам таҷриба шудааст:
Дар ин муҳити пур аз шақоват,
туӣ сафои баҳор, модар,
Ки аз дили танги ман барорӣ
ба меҳрубонӣ ғубор, модар.
Тозагии дигаре, ки дар шеъри ин ҷавонон ҳис мешавад, забону баён ва истифодаи таркибу вожаҳои замони муосир аст. Аммо бархе аз ин шоирони ҷавон аз роҳи тақлид ба шеъри ҳамзабонон гоҳе ибора ва таркибҳоеро ба фазои шеър мекашонанд, ки барои хонандаи тоҷик ноошно ва номафҳум мебошанд.
Ҳузури нависанда ва ё шоири ҷавоне, ки барои кӯдакон асар эҷод кунад, ҳанӯз зери суол аст. Албатта бачаҳои зиёде майл ба эҷоди шеъру ҳикоя барои хурдсолон доранд, вале аз рӯйи мутолиае, ки болои навиштаҳои онҳо дорам, равшан ба мушоҳида гирифтаам, ки онҳо эҳсоси ботинии худро мувофиқ ба синну соли худ рӯйи коғаз мерезанд ва қасдашон эҷод барои хурдсолон нест. Ғолибан вақте синну солашон боло меравад, навиштаҳояшон низ баробари завқу дидашон шакл мегирад ва аз чаҳорчӯби асари бачагона берун шуда, ба қолаби шеъри калонсолон ворид мегардад. Ба ҳамин хотир ба шоири бачаҳо шудани онҳо дар оянда эътимод бастан ғайривоқеист.
Дар хотимаи ин суҳбат мехоҳам чанд нуктаи муҳимро роҷеъ ба шеъри ҷавони тоҷик ишора кунам, ки дар мадди назар доштанашон аз манфиат холӣ нест:
- Шеваи эҷоди бисёре аз адибони ҷавон либосу абзори таҳсилгирандагони дабистонеро мемонад, ки зоҳиран байнашон тафовуте нест.
- Баъзе аз ҷавононамон ҳанӯз аз ҳолу ҳавои шеъри солҳои 70-80-уми қарни пешин ва ҳатто фазои шеъри суннатӣ канор наомадаанд ва дар сояи он нишаста, худфиребӣ мекунанд.
- Шеър дар навиштаҳои бархе аз ҷавонони тоҷик, минҷумла дар қолаби ғазал тобишҳои замонии худро аз даст дода, пойбанди хату холи маъшуқ шудааст ва руҳи иҷтимоъгароёнаи худро ба васлу навмедӣ ва ишваву нози маъшуқа бадал кардааст. Баъзе аз ин ҷавонон то кунун гирифтори қаринасозӣ ва саргарми мазмунофаринии шеъри суннатӣ буда, дар гуфтани шеър такроран ба масъалаву мафҳумҳои куллӣ мепардозанд ва домани холӣ аз отифаҳои фардӣ ва нигоҳҳои жарфбинона ба мавзуоти замонӣ доранд.
- Шеъри сафед, ки дар адабиёти мо солҳо ҷилвагарӣ дошту бо шарофати навиштаҳои муваффақонаи Доро Наҷот пайравони зиёд пайдо кард, акнун роҳе тайношуда миёни наслҳои нав аст. Ҳамчунон бо ин сахтӣ, ки гирифтори ғазал шудаем, дур нест, тақдири шеъри нимоӣ ҳам ҳамранги шеъри сафедамон гардад.
Ва дар охир…
Шоири ҷавон мебояд худро аз ҳолу ҳавои якранги шеър раҳо кунад ва бо истифодаи калимаҳои наву замонӣ ва ҳатто калимаҳои идориву коргузорӣ ва бо вазнҳои камистеъмолу нав мавзуъҳоеро аз рӯзгори инсони муосир бо риояи эътидол таҷриба кунад ва руҳи замонаро дар ин қолабҳо бидамад. Яке аз роҳҳои раҳоӣ аз якрангиву якнавохтӣ, ба назари мо, парҳез кардан аз маҷмуи образҳои мутадовили тули садсолаҳо маъмулшуда мебошад. Тавре ки рамзошноёни сухан таъкид кардаанд, корбасти образҳо ва самбулҳои пешинаи адабиётамон дар сурате равост, ки шоири имрӯз аз ҷиҳате ба онҳо тозагӣ бахшад. Яъне калимаи зоҳиран обшустаро паҳлугардон кунад.
Муҳриддин Сабурӣ