Дар хуни ӯ ғурури ниёгон буд

 Дар хуни ӯ ғурури ниёгон буд

Ба муносибати 70-солагии шоири зиндаёд Искандари Хатлонӣ

Искандари Хатлонӣ ҷавоне буд хушқадуқомат, дидадаро, меҳрубон, бо суханони гарму нарм. Вақте ки сухан мекард, мегуфтӣ, овози дилаш буд, бо ҳама самимият, ба таъбири худаш, овои чун шири нарм.

Аз нахустин шеърҳояш диду та­свирҳои шоиронааш ҳувайдо буд ва ин тасвирҳои шоирона дар шеърҳои аввал бисёр ҷолибанд, тару тозаву ба дил наздик:

Маҳтоб дар лаби бом
Як коса шири гарм аст,
Овози модари ман
Чун бӯи шир нарм аст.

Мушоҳидаҳои хос ба ӯ имкон дода бу­данд, ки тасвирҳои ноби шоирона созад:

Дар гӯшаҳои чашмаш
Пайдост чину ожанг,
Гӯё, ки дастаи гул
Хушкида дар сари санг.

Ин манзараест, ки ҳамаи мо дар кӯдакӣ дида будем, аммо танҳо ӯ тавони­стааст тасвири шоиронаи онро бидиҳад.

Искандар дар замоне зист, ки шоҳиди бисёр ҳодисоти рӯзгор, вафову бева­фоӣ, мардиву номардиҳо гардид.

Ҳолати шигифтангези ватанфурӯшро дар шеъри “Ватанфурӯш” чунон тасвире додааст, ки ҳушдорест ба инсон аз оқи­бати хиёнат. Фоҷиаи ватанфурӯш ин аст, ки ӯ замон надорад, се замон: гузашта имрӯза ва фардо ӯро роҳ намедиҳанд…

Аз гузашта мегурезӣ,
Сахт мебандӣ дари имрӯзро,
Мешавӣ пинҳон ту аз фардо.

Тасвири тақдир ва ҳолати ватан­фурӯш дар ин шеър хеле таъсирбахш ва пандомӯз аст:

Сахт метарсӣ ту аз шабҳои тор!
Гӯиё дар ҳуҷраи торики ренген
Тарҳи захми бедавоят,
Тарҳи рӯи дигаратро
Як шуои ногаҳонӣ мекунад пайдо.

Мезанӣ нохун ба сина,
Мехарошӣ,
Лек овози дарунӣ
Мехарошад, мехурад хуни туро.

Ва ин ҳолати шигифтангез чунон аст, ки ватанфурӯш мурдан намехоҳад, аммо то субҳдам худро мекушад. Аммо:

Марг ҳам рӯи туро дидан намехоҳад.

Аҷаб ин аст, ки Искандар дар шеъри “Хуни Сиёвуш” тақдири худро пешгӯӣ мекунад. Дар ин шеъри кӯтоҳ, ки чун шеърҳои дигари ӯ тасвирҳо рамзҳои таърихиву ҷуғрофии ватандориро баён мекунанд, қисмати талхи худи ӯ низ хеле пештар аз марги муфоҷое, ки бар сараш омад, аз ҷониби худи ӯ ба қалам омадааст:

Маро кушта дасте, ки боло набуд,
Худованди фардои дунё набуд.

Фоҷиа ҳам дар ҳамин аст, ки дасти ношудест дасте, ки ӯро куштааст. Ва идомаи риққатовари ин шеър, ки тақдири фоҷиабори миллатеро пеши рӯ меорад, чунин аст:

Куҷо хок аз хуни ман сер шуд,
Кай аз хуни ман сер шамшер шуд?!
Ҷигарбанди Эрону Тӯрон манам,
Шаҳиди пурармони майдон манам.

Мехонеду дар ҳайрат мемонед, ки чӣ гуна ин ду тақдир ба ҳамдигар монан­данд, тақдири Сарзамину фарзанди он:

Набудам пайи молу ҷоҳу ҷалол,
Ки бас буд як пора нони ҳалол.
Маро дасти кӯтоҳи хунсард кушт,
Маро ҷаҳли беному номард кушт!

Ва ин ҷамъбасти пурфоҷиа:

... Кай аз хуни ман сер шамшер шуд?!
Куҷо хок аз хуни ман сер шуд?!

Метавон фарогирии мавзуъҳои шеъри Искандари Хатлониро аз “Поёни Авасто”-ву “Тахти Ҷамшед” то “Душан­бе”, “ Қуфли шикаста, калиди гумшуда” ва “Дар хуни ман ғурури ниёгон…” мушоҳида кард.

Эҳсоси ватанпарастӣ Искандарро пайваста ба мавзуъҳои фоҷиабори таърихӣ мекашад. Дар шеъри “Тахти Ҷамшед” ӯ сабақи таърихро чунин ҷа­мъбаст мекунад:

Сикандар сӯхт ӯро масту ғофил,
Ки аз ин сӯхтанҳо нест ҳосил
Ба ҷуз хокистаре дар мушти таърих.

Мушоҳидаҳои мо аз шеъри Искандар гуногуну рангинанд чун шеъри худи ӯ. Бибинед, ӯ фосиларо чӣ шоирона ба қалам медиҳад:

Боз дар кӯча барф меборад
Аз парешонӣ то пушаймонӣ.

Фосилаи байни парешониву пушай­монӣ мушоҳидаи шоирона аст.

Ва ё бибинед, ӯ мисраи гумкарда­ашро аз куҷо меҷӯяд (дар шеъри “На­вқалам”). Искандар ҳанӯз аз навқаламӣ роҳи дурустеро интихоб карда буд, ки мисраи гумшудаашро аз лаби ҳар раҳ­гузар меҷуст ва ин андеша маъниҳое дорад:

Аз пайи мисраи гумкардаи хеш
Биравам кӯча ба кӯча танҳо,
Кай шавад аз лаби ҳар раҳгузаре
Мисраи гумшудаи ман пайдо?!

Аммо пайдо кардани шеъри ногуфта дар ҷустуҷӯи мисраи гумкарда ҷолиб аст:

Дар ғами мисра надидам афсӯс,
К-аз ду чашмони сиёҳи духтар
Аз ду сарчашмаи ишқи азалӣ
Шеъри ногуфтаи ман мезад сар.

Ва ҷолибтар аз ҳама ин аст, ки за­бону баёни шоирона бадеияти шеъри Искандарро дурахшон мекунанд, ма­салан:

Як шабе дар боғи хомӯши хаёл
Ман гули рӯи туро мекофтам.

Манзур боғи хомӯши хаёл ва кофтани гули рӯ дар он аст.

Ва ё ин баён:

Боди танҳое, ки раҳ гум карда буд.

Чи тасвири шоиронаест боди танҳое, ки раҳ гум кардааст.

Табиат дар шеъри Искандар зиндаву ноҷудо аз инсон ба тасвир меояд ва ин ягонагӣ бисёр самимӣ иброз ёфта, тасвиру баёнҳои шоиронаеро бо худ меорад, чунончи дар шеъри “Сафедор”:

Ғаму шодии ман муштоқии ман,
Рафиқи ҷонии қишлоқии ман.
Кунун дар хобҳоям медароӣ,
Маро бар деҳа даъват менамоӣ…
Зимистон асту месӯзад дили ман
Ба аҳволат, ки урёнӣ, азизам!
Каме тоқат намо, оям ба хона,
Зи шеърам ҷомаи гармат бидӯзам.

Дар шеъри “Шаби боронӣ” низ та­свирҳои ноби шоиронаро метавон му­шоҳида кард:

Садоҳо… шарфаи по… шарфаи по….
Парид аз дасти ман паррандаи хоб.
Хамӯш афтод аз авҷи фалакҳо
Дили танҳои ман чун ашки маҳтоб.
Сари шаб хонаам бори нахустин
Тиҳӣ аз хандаҳои дӯстон аст,
Дар ин дарёи торики шабистон
Ту гӯӣ, заврақи бе бодбон аст.

Тасвирҳои рамзии шоирона дар шеъри Искандар ба навиштаҳои ӯ маъ­нои таҳтонӣ мебахшанд, чунонки дар шеъри “Боде дар шаҳр”:

Боди беному нишон саргардон
Боз дар шаҳри калон яккаву танҳо монад,
Ҳама дилҳову ҳама панҷараҳо пӯшида,
Ҳар ки ӯро зи дари хонаи худ меронад.

Тасвири рамзии боди саргардон тасвири инсони танҳову рондашуда аст, ки шоир тавонистааст нолаву зораҳои онро бишнаваду ба тасвир орад.

Шеъри “Барқи Норак” бисёр одист, аммо бо тасвирҳои шоирона хеле ни­шонрас аст:

Симҳояш ҳамчу шарёнҳои вақт
Бар тани фардо муҳаббат мебаранд.
Тоҷикистонро ба роҳи ростӣ
Аз ҳақиқат то ҳақиқат мебаранд.

Искандар агарчи солиёне дур аз Ватан ба сар бурдааст, аммо ҳамеша масъулияти ватандориро бо худ дошта­аст ва дар ҳар куҷое худро дар паноҳи Ватан ҳис кардааст ва дар шеъри “Дар паноҳи Меҳан” ин андешаро чунин ба қалам медиҳад:

Ватандорӣ набошад кори осон
Ба фарзандони боному вафодор,
Худоё, бекафан мурдан ғаме нест,
Маро аз беватан мурдан нигаҳ дор!

Ва имрӯз ҳам суханони ӯ ба дарди ҳазорон мусофири Ватан мехӯранд ва ормонҳои ононро баён медоранд:

“Ҷаҳон месӯзад аз оҳи ғарибӣ,
Дареғ аз умри кӯтоҳи ғарибӣ.
Ватан пушту паноҳ аст,эй бародар,
Гадои дар Ватан – шоҳи ғарибӣ…”

Искандар тасвирҳои зиндагӣ ва та­биатро барои ибрози андешаҳои шоиро­наи худ бамаврид ва муфид истифода мебарад ва дар ин мавридҳо дар паси тасвирҳои ӯ ормонҳои инсонӣ бо дарду ҳасрат ва ҳатто фоҷиаҳо тасвири бадеӣ меёбанд:

Чӯҷае аз лонааш афтодааст,
Барги зарде дар кафи дастони ман.
Ногаҳон дар хонаи норӯфта
Мешавад фасли хазон меҳмони ман.
Мекунам ман бо дарахтон суҳбате,
Ҳамчу бо ёрони ҳамдастони хеш,
Навниҳолонро навозиш мекунам
Дар хумори рӯи фарзандони хеш.

Баъзан Искандар ба мавзуъҳои маъмулӣ ба куллӣ нигоҳи дигар меан­дозад бо шарҳи ғайричашмдошт, аммо маънидоди шоирона ба онҳо медиҳад. Масалан, гиряҳои тифлро чунин шарҳе медиҳад, ки наметавон онро напази­руфт:

Гиряҳои ту,–
Суқути
Давлати Ҳахоманиш аст
Аз зарбаҳои
Ногаҳонии
Сипоҳи Искандар….

Гиряҳои ту, –
Истилои
Суғду Бохтар
Ва дуди
Талхи Бухоро
Ва ҳаёҳуи тозиён
Ба рӯи пайкари
Озурдаҷони
Панҷакат…
Ва Самарқанд….

Ва гумон мекунам, ин шеър ҳоҷат ба тафсир ва маънидод надорад.

Ва дар шеъре бахшида ба Одина Ҳошим мо рӯидани “гули овоз”-и ӯро эҳсос мекунему мебинем.

Албатта, мо дар ин як пажуҳиши кӯчак наметавонем ҳама вежагиҳои шеъри Искандарр фаро гирем. Таассу­рот ва мушоҳидаҳои зиёди мо ногуфта мемонад. Аммо наметавон дар маври­ди яке аз машҳуртарин шеърҳои ӯ, ки имрӯз суруди ватандӯстиву ватандорӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мост, хомӯш буд. Суруде, ки бо баёни аввали худ баландтарин эҳсосот ва ифтихори миллиро дар дили мо бедор месозад:

Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст,
Меҳру ситези Рустами дастон нуҳуфтааст.

Наметавон нисбат ба ҳар мисраъу ҳар даъвати ин шеъри ватандӯстона бетафовут буд:

Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфтааст.

Ин суханҳо аз он ҷиҳат таъсирбахшу ҷолибанд, ки аз умқи вуҷуди шоир ҷӯш зада, ормонҳои миллии ҳазорон нафар­ро пайгирӣ мекунанд.

Ангезиши ватандорӣ ва боваре, ки ин шеър мебахшад, метавонад ҷавоно­ни моро ба сӯйи худшиносии миллӣ ва ҳимояи Ватан раҳнамо бошад:

Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст?
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.

Ҳамин ҳазор Хуросоне, ки дар сина нуҳуфтаву маҳфуз аст, аз он ҷиҳат ан­гезандаву дилнишин аст, ки ормони ин миллату ин халқро баён мекунад.

Ҳар сухани ин шеър дар паси худ эҳсосоти беохир ва маъниҳои зиёди дигарро ниҳон доштааст, ки тиҳӣ аз рамзҳо нестанд:

Хоки маро ҷазираи хушке гумон мабар,
Дарёи беканору хурӯшон нуҳуфтааст.

Ва таъсири шеър чунон аст, ки хонанда сурату симои худро дар он мебинаду эҳсос мекунад:

Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон,
Шери жаён миёни найистон нуҳуфтааст.

Ва дар ҷамъбаст овардани рамзи миллии мардуми ориёӣ шери жаён ба ин шеър воқеан сурату сирати миллии ватандорӣ бахшидааст.

Дар бораи рамзҳои ҷолиб ва тасвиру баёнҳои ғайримаъмуливу шоиронаи ин шеър метавон хеле ҳарф зад, аммо гоҳе беҳтар аст хонанда худ онҳоро дарёбад.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо