Дар фазои беғубори кӯдакӣ

Аввалин поягузориҳои адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон бо талошҳои устод Айнӣ оғоз шуд. Неъматҷон Файзуллоев дар китоби «Назми кӯдакон» ба ин нукта ишора карда менависад: «Омӯзиши таърихи адабиёти кӯдаки тоҷик собит месозад, ки дар тарҳрезӣ ва поягузории шеъри навини он нақши устод Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Баҳриддин Азизӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Мирсаид Миршакар ва чанд тани дигар муассир аст». Саҳми устод Мирсаид Миршакар дар рушду нумуи адабиёти кӯдак назаррас арзёбӣ карда мешавад.
Устод Мирсаид Миршакар бо ашъори пурмазмун дили хонандаи худро тасхир кардааст. Дар ин нигошта аз маҷмуаҳои шоир «Гунҷишкак», «Се гурбача ва як гург», «Баҳори Тоҷикистон», «Шодӣ кунед, бачагон», «Ғунчаҳои хандон», «Як соли комил», «Зинда бод ханда» истифода гардидааст. Аз миёни 120 шеъре, ки баррасӣ карда шуд, 58 шеър дар дастаи ашъори васфӣ қарор гирифт. Мирсаид Миршакар ашъори зебое дар васфи табиат ва падидаҳои он, орзуҳои кӯдакона, бозиҳо ва бозичаҳои кӯдакона дорад. Барои намуна шеъри «Зимистон, эй зимистон»-ро ба духтаре ташбеҳ кардааст, ки бо либоси зебое ба меҳмонии мо меояд. Шоир ҳам аз орояи ташбеҳ ва ҳам ташхис баҳра гирифтааст, то кӯдакро ба зебоии зимистон ошно созад:
Ин духтаракро бингаред,
Дар тан либоси сап-сафед,
Меҳмон ба назди мо шудаст,
Шодӣ кунед, шодӣ кунед!
Яке аз фаслҳои дӯстдоштании шоирон ва бачаҳо баҳор аст. Шоир бо баҳрагирӣ аз аносири бозофаринии шеър ва аносири табиат чун наққоши чирадаст саҳнае аз ҷанг ва оштии абрҳоро ба тасвир мекашад. Ин саҳна чун як намоишномаи кӯтоҳи кӯдакона аст, намоишномаи саршор аз хаёлоти шоирона. Ин шеър нишон медиҳад, ки шоир мухотаби худро хуб мешиносад ва шеърро мувофиқ ба дарки бачаҳо эҷод мекунад:
Чун уштурони сафед
Мечариданд абрҳо.
Дар чарогоҳи хуршед…
Мо мекардем тамошо.
Мечариданду нохост
Ба ҳамдигар бархӯрданд.
Шуд аз ду сӯ сафҳо рост,
Занозанӣ сар карданд.
Таваҷҷуҳ ба аносири табиӣ дар шеъри ин шоир аҳаммияти вежае дорад. Ӯ бо тавсифи манзараҳо кӯдаконро бо тасовири зебое аз ҷилвагариҳои баҳор ошно мекунад. Аз тундар бедор шудани замин аз хоби ширин, баҳори гулкор, гилеми зебои гулҳо… дар ин шеър нишонрас тасвир шудаанд. Ҳини тасвири зебоиҳои баҳор аз Ватан ва табиати афсункори он ёд мекунад:
Ғурриду тундар
Оташак афшонд.
Абри сияҳро
Ларзонду гирёнд.
Модари ҳастӣ –
Нозанин Замин,
Гардид бедор
Аз хоби ширин.
Гардида бедор,
Дар паҳлуи худ
Баҳорро дид,
Гардид хушнуд.
Надорад ором
Баҳори гулкор.
Барои зеби
Водию кӯҳсор
Мебофад аз гул
Гилеми гулдор…
Дар бораи вежагиҳои шеъри хурдсолон шоири кӯдак Асадуллоҳ Шаъбонӣ мегӯяд: «Забони шеъри хурдсолон умуман равонӣ аст. Вежагии шеъри хурдсолон содагуфторист». Устод Мирсаид Миршакар мекӯшад, ки дар сурудаҳояш ин меъёрро риоят кунад. Барои намуна шеъри «Бузғола»:
Бузғола дорам
Хушрӯву зебо.
Мебарам ҳар рӯз
Ба чаро ӯро.
Агар шавад гум
Бузи ноёбам,
Аз байни гулҳо
Ӯро меёбам.
Дар шеъри «Тӯббозӣ» саҳнаро тасвир мекунад. Чаман барои ӯ саҳнаи тӯббозӣ буда, онро ба офтоби тобон монанд мекунад, ки аз пайаш равон аст:
Бо тӯби худ ҳар саҳар
Ба чаманзор метозам.
Ғазал хонда медавам,
Гӯё, ки дар парвозам.
Аммо тӯбам дар ҳаво –
Чун офтоби тобон
Чархзанон мегардад,
Ман – аз пайи он!
Қиссаҳои тамсилӣ маъмулан кӯтоҳанд ва нуктаҳои ахлоқӣ доранд. Мирсаид Миршакар дар шеърҳояш аз мазомини тамсилӣ низ истифода намудааст. Қиссаи манзуми «Бахт ва Нодон – амак»-и шоир қиссаи зебоест, ки дар фарҳанги халқҳои мухталиф вуҷуд дорад ва ривоятҳои мухталифе аз он сабт шудааст ва номҳои мухталиф низ дорад. Масалан: «Ба дунболи фалак», «Қиссаи бахт», «Бахти бедор». Қиссаи мазкурро Мирсаид Миршакар ба зебоӣ дар қолаби шеър ривоят кардааст. Ин қисса бо чунин ҳикмат тамом мешавад: «Як нақди андаки зиндагӣ аз ҳазор нася беҳ». Қиссаи мардест, ки ба дунболи пайдо намудани бахти худ ба роҳ меафтад. Дар роҳ аспе, ки пушташ реш-реш буд, шере, ки дандон надошт, дарахти талхе, ки бор намедод, подшоҳе, ки ҳамеша ғамгин буд, аз ӯ мехоҳанд, ки дарди онҳоро ба бахт бигӯяд, ба уммеде, ки бахт дармони дардашон шавад. Билохира бахт мегӯяд, ки ту бирав, ман худам ба дунболи онҳо хоҳам рафт:
Баргашта омад аз сафар
Нодон-амак бо хушхабар.
Гуфто, ки: Эй ёрони ман,
Шуд бахт бо ман ҳамсафар…
Мирсаид Миршакар шоири тавонмандест, ки ба хубӣ аз эҷодиёти гуфтории халқ истифода намуда, хонандагонро бо он ошно мекунад. Дар қолаби шеър дар маҷмуаи «Ғунчаҳои хандон» бо илҳом аз фолклори Норак чанд ривояти маҳаллӣ – «Калиди сандуқи ганҷ», «Равғани мор хӯрдааст», «Қиссаи ҷайра»-ро ба бачаҳо муаррифӣ мекунад. Устод Лоиқ Шералӣ низ дар шеъри «Мукофот» ин қиссаро тасвир намудааст. Аммо устод Мирсаид Миршакар барои бачагон қиссаро ба таври дигар ба риштаи тасвир кашидааст. Дар ривояти «Қиссаи ҷайра» чунин омадааст: Дар қадим марди дукфурӯше будааст. Рӯзе пиразане, ки дукаш шикаста буд, назди ӯ меояд, то дукашро қарз бигирад, аммо дукфурӯш дарро ба рӯи пиразан мебандад. Шоир қиссаи ҷайраро чунин ба қалам медиҳад:
…Дукфурӯши сангиндил
Баланд—баланд механдад,
– Туро кушад ба ман чӣ?! –
Гуфта дарро мебандад.
…Ногаҳ ҳайвон мегардад
Дукфурӯши худписанд.
Дукҳояш гардида сих,
Бар тани ӯ мехаланд.
Одамон дида ӯро,
Ҷайра номаш мемонанд!
Мазомине, ки дар онҳо як нуктаи ахлоқӣ ё тарбиятӣ бошад, ба дастаи ашъори тарбиятӣ дохил мегардад. Албатта, мумкин аст мазомини васфӣ ҳам бо нуктаи ахлоқӣ ё тарбиятӣ хамроҳ бошад, аммо чун қасди шеър бештар тавсиф аст, мазмун муқаддамтар аст. Дар ин ҷо низ бар асоси қасди ғолиби шеър онҳо дар ин даста қарор дода шудаанд. Дар шеъри Мирсаид Миршакар мазомини ахлоқӣ дар қолаби мавзуоте чун эҳтиром ба падару модар, ёрӣ ба модар ва таваҷҷуҳ ба илму дониш ироа шудаанд. Дар шеъри «Рост мегӯям» хонандаро насиҳат менамояд, ки ба модари худ кумак кунад:
Гумон набаред,
Ки ман хурд астам.
Ана, мебинед,
Ҷорӯби дастам.
Бо ин ҷорӯбам
Хона мерӯбам.
Ҳамчунин, бахше аз ватансурудаҳои Мирсаид Миршакарро низ метавон ба дастаи ашъори тарбиятӣ ҷой дод. Ватансурудаҳои Мирсаид Миршакар мухотабро ба ватандӯстӣ даъват менамоянд. Дар миёни ашъори баррасишуда 25 бор аз калимаи «ватан» ва 7 маротиба аз калимаи «Тоҷикистон» истифода кардааст. Яке аз зеботарин шеърҳои кӯдакона дар бораи Ватан «Ман калон мешавам» аст, ки хурду калон онро азбар медонанд. Яке аз шеърҳои дигари Мирсаид Миршакар «Таронаи санъаткор» аст, ки дар он дар бораи Ватан чунин мулоҳизаронӣ менамояд:
…Рафта ба мактаб,
Мехонам китоб.
Менавозам ман
Дар саҳна рубоб…
Калон, ки гаштам,
Мекунам хидмат,
Бо рубоби худ
Ба халқу давлат.
Шоири маъруфи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёти кӯдак маҳсуб шуда, дар рушди он нақши муҳим доштааст. Чандин шеъри ӯ, амсоли «Ҷон, Тоҷикистон», «Рост мегӯям, «Ман калон мешавам», «Гули лола» дар байни мардум маъруфанд. Ӯ адабиёти кӯдакро боз ҳам рушду равнақ бахшида, онро ғинитару рангинтар гардонд.
Насимбек ҚУРБОНЗОДА,
Зебо АЛИХОНӢ