Дар соҳили дарёи эҳсос

 Дар соҳили дарёи эҳсос

Ба муносибати 90-солагии Озод Аминзода

Нақши мунаввари шоираи хушсалиқаи тоҷик Озод Аминзода дар равшан кардани ҷодае, ки самти шеърро муайян мекунад, хеле назаррас аст. Ҳузури ин бонуи шеър дар адабиёт аз тасодуф нест, балки набудани ашъори Озод Аминзода метавонист холигоҳеро дар олами шеър боқӣ гузорад. Рисолати шеъраш назари нек кардан ба дунё, посухи суоли чӣ гуна зистан ва таҳаммул кардани носозго­риҳои ҳаёт аст.

Озод Аминзода шахсияти хеле са­мимӣ, дилгарм, меҳрубон ва хубму­ошират. Шояд айёми кӯдакии дур аз муҳаббати модарӣ ва ғамбор ин зани ҷафокашидаро бо шеър пайванди ҷови­дона бахшид ва дунёе пур аз имкон барои ӯ ҳадя намуд.

Озод дар дунёи зебои хеш озод аст, шеърро озодона мегӯяд, ки ин аз мушкил­писандиҳои шоиронаи шоири писандидаи мост. Забони асарҳо содаву дилчасп ва тарзи баёни сухан хеле занонаву са­мимист. Пешорӯи хонанда ҳар лаҳза як тасвири ҷадид пайдо кардани сарводаи Озод низ маҳсули машаққати тулонист ва ин аз заҳмати маърифати ишқ аст.

Шеъри «Чаро бовар надорӣ» манза­раи ҳузнангези аз ноилоҷӣ дурӣ ҷустан аз ошиқ ва ба умеди бозгашти он маслиҳати ошиқонае додан аст, ки ин аз бархурдор будани шоира аз наҷибтарин хислатҳои инсоние чун нармрафторӣ ва таҳаммул дарак медиҳад:

Намеранҷам. Наё наздам дигар бор,

Бирав, аввал равиши ишқ омӯз!

Агар хоҳӣ, дилеро гарм созӣ,

Дар оташхонаи меҳру вафо сӯз!

Шеъри «Омадӣ» оганда аз интизориву умед ва, ниҳоят, расидан ба подоши он аст, ки як лаҳза фориғ шудани шоираро аз ҳолати вомондагӣ таҷассум мекунад. Ин фурсатест, ки инсон дар пешорӯи бахт қарор дорад:

Менишастам бо хаёли рӯи ту,  дӯш омадӣ,

Мавҷи эҳсосам ба ҷӯш,  аммо ту хомӯш омадӣ.

Бар мукофоти ду чашми  интизорам, эй баҳор,

Ханда дар лаб, меҳр дар дил, гул дар оғӯш омадӣ!

Дар он сӯи шеъри «Ташна» духтарест, ки аз ғояти хастагии ишқ дар нигоҳи худ ҷуз тарҳи хираи сароб чизе намебинад, яъне медонад, ки ин умед хушк аст ва бетафовутӣ зоҳир кардан нисбати эҳсоси латифи зан низ мунтаҳояш надомат аст:

Ман андар дашти ишқат  ташнакомам,

Ту дар чашмони ман ҳамчун саробӣ.

Бимирам бо лаби хушкида пинҳон,

Вале як рӯз кобию наёбӣ.

Ё дар шеъри «Мегурезӣ» оварда:

Мегурезӣ? То куҷо хоҳӣ гурехт,

Ман зи ҳаҷри ту намегирям дигар!

Рӯ ба рӯ оӣ агар, аз назди ту

Бо сари боло ҳамесозам гузар!

Оҳанги инқилобии руҳи шоира низ худро дар шеър пайдо карда, ки ин ҳамон ҷасорати эҳсоси занонаи Озод Аминзо­да буда, саршори боварист. Мисоле аз шеъри «Замзамаи ишқ» меорем:

Ҳамраҳат имрӯз сафар мекунам,

Сӯи ту дуздида назар мекунам.

Гар накунӣ ҷониби ман як назар,

Пераҳан аз хуни ҷигар мекунам.

Аз шеъри «Давлати ҷовид» иқтидори халалнопазир ва сидқи шоир ба ишқ садо медиҳад ва, бе тардид, ишорае ба имону хубии шахсиятест, ки дар домани поки муҳаббат парвариш ёфтааст. Оҳанги чунин шеърҳои шоира нерӯманд ва гоҳе мутантан низ ҳаст:

Ишқи ту давлати ҷовид маро,  медонӣ?

Ман гиребони умедам ба  рақибон надиҳам.

Тарғиби афкори ватандӯстӣ, сидқу самимият ба халқи худ, арҷ гузоштан ба қадри меҳан ва шукргузор будан аз рушди он муқаррароти ашъори Озод Аминзода буда, як навъ роҳи маҳбубият пайдо кар­дани ӯ низ гаштааст. Шеъри «Шукрона» ҳамин маъниро собит мекунад:

Шукри ин давлати бемисл, ки соҳибватанам,

Меҳрат, эй кишвари маҳбуб, беҳ аз ҷону танам.

Мебарад ҳусни расоят дили ҳар бинанда,

Дида аз ҳусни дилорои ту умре наканам.

Ё ҷои дигар дар шеъри мазкур гуфта:

Зарраи хоки ту аз ҳар чӣ муқаддас, Ватанам,

Қадам аз хоки ту берун ниҳам, онро шиканам!

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар рисолаи «Тадбири манзил» занро ша­рики шоистаю неруи мард дониста, ба ӯ ҳафтдаҳ сифатро нисбат додааст, ки дар байни онҳо хирадмандии зан зинаи аввал ва мавқеи асосиро ишғол мекунад. Чунин натиҷабардории бузургони таърих бе гу­мон дуруст аст, зеро зан, хусусан заноне чун Озод Аминзода меҳвари на танҳо хонадон, балки метавонанд, меҳвари орзуҳои дӯстдорони шеър низ бошанд. Маҳз чунин занҳо дар зиндагӣ арҷгузори номи мардонанд.

Озод Аминзода, ки аслан дорои чу­нин хислат аст, тавонист, ки ин некуиро тариқи шеър ба хонандагон талқин кунад ва дар як замон қадри мардро низ дар зиндагӣ нишон диҳад. Дар шеъри «Мар­дҳо» омада:

Аз шумо равшан чароғи хонадон,

Аз шумо пурфайз дастархонамон.

Ҳам ба бахти мову фарзандони мо

Зинда бошеду саломат мардҳо!

Умед бастан ба субҳҳои дигар ва дурро нек андешидану ба идомаи хуби рӯзгори худ бовар карданро шоир дар шеъре бо номи «Орзуҳо» чунин оварда:

Мерасад рӯзе, раҳи бахти туро

Ман ба миҷгонам бирӯбам то саҳар.

Ҳарду хурсандона гӯем он замон,

Зиндагӣ бошад гуворо ин қадар!

Ишқро василаи сӯхтан ва устоди зин­дагии худ донистани шоира аз он сабаб аст, ки ишқ рукни асосии ҳаёти башарият мебошад:

Маро гар оташ андар дил набудӣ,

Куҷо донистаме, ки сӯхтан чист?

Муҳаббат гар набуд омӯзгорам,

Куҷо донистаме омӯхтан чист?

Гоҳе ишқро гаронтарин бори рӯзгор гуфта, ки гӯё азамате чун кӯҳ дорад ва ашки равону доғи ниҳони дил ва қомати хами инсон аз ҷафои ӯст. Чунонки ме­фармояд:

Бар чашми ман ин ашки равон аз ту бувад, ишқ!

Бар мағзи дил ин доғи ниҳон аз ту бувад, ишқ!

Шуд қомати мавзуни ман аз кӯҳи ҷафо хам,

Бар дӯши ман ин бори гарон аз ту бувад, ишқ!

Шоир бар он аст, ки ишқ василаи нахустини нигоҳи нек кардани инсон ба табиат ва, умуман, ба зиндагист ва шояд то омадани фурсати зебои ишқ одамӣ нобиност, гӯё мебинаду дарк намекунад. Шеъри дигареро назар мекунем, ки бо унвони «Зебо табиат» аст:

Муқаддам ҳам замину осмон буд,

Пас аз борон ҳамин тирукамон буд.

Буд аз ин пеш ҳам моҳу ситора,

Фазои нилӣ, абри пора-пора.

Агарчи ҳар яки ин ошно буд,

Вале чашмони биноям куҷо буд?

Ман аз ишқи ту дидам, ёри маҳрӯ,

Табиат ин қадар зебову дилҷӯ.

Инсони ормонии Озод Аминзода ҳамеша мадди назари ӯст, ҳатто дар пардаи эҳсос ҳам ҷилварезии сурати ӯро мебинад. Шеъри «Фарёди гунг» чунин оғоз мешавад:

Ҷоно, ба ёди шеъри нав

Имшаб нахуфтам то саҳар!

Дар пардаи эҳсос буд

Симои ту пеши назар.

Адабиёт ҳамеша бо ниёзмандиҳои руҳии инсон пайванду рабти қавӣ меги­рад ва, ба таъбири дигар, арзишу зуҳуро­ти адабӣ ба руҳонияти инсон кор дорад ва ҳамин меъёр, агар ба иҷро расид, он гоҳ дар нақду сухансанҷӣ рисолати гӯяндаву офарандаи онро анҷомёфта меҳисобанд. Бад-ин васила адабиёт мунҳасир ба та­факкури бузургсолу бузургсолорӣ набу­да, ҳар нафар инсон аз оғози сабзи милод то поён ба гунае ҳамин ниёзмандиро ба адабиёт, хоса ба шеър эҳсос мекунад. Агар не, чаро ваҷҳи аслии оромиши кӯдак шеъри аллаи модар аст ва ҳатто, вақте ки нахустин бор ба сухан гуфтан мӯътод мешавад, боз ҳам рӯй меоварад ба шеър гуфтану шеър аз бар кардан. Ҳатто ҷолиб он аст, ки кӯдакон дар аввалин ҳаракатҳои худ эҳсоси тасвирҳои мубҳам, вале дар зеҳни худи онҳо барояшон рав­шанро кашф мекунанд.

Ҳамин ниёзмандии руҳии кӯдакон ҳам боис шуда, ки дар раҳгузори адабиёт равише бо номи адабиёти кӯдакона ба вуҷуд ояд. Шоира Озод Аминзода низ бо дарки ҳамин ниёзҳои руҳонии ормонҳои кӯдакона, пеш аз ҳама, чун модар ва инсони дар иртибот бо ҷаҳони кӯдакон ашъори кӯдакона сурудааст. Дар шеъри «Зоча» дунёи пурорзуву беолоиши кӯда­кон табиӣ тасвир ёфтааст. Дар шеъри мазкур «ман»-и кӯдак ҳанӯз аз доираи нисбатан танги фаҳмишу тасаввури шаклии эшон берун нарафтааст. Бино­бар ин, табиист, ки биниши бачагонаи вай бо тасвиру тавсифи зочааш маҳдуд шудааст. Муаллиф тавонистааст, ки ин тавсифотро ҳамчун як ҷузъи дарки ба­деии кӯдаконаи олам ба қалам оварад:

Холаам овард зоча,

Як зочаи зебоча.

Рӯи чун кулча дорад,

Дуто кокулча дорад.

Чашмони кабуди он

Хушрӯю калон-калон.

Аз барояш бо ҳавас

Дӯзам куртаи атлас.

Лента баста ба мӯяш,

Нигаҳ кунам ба рӯяш.

Нағзакак зочаи ман,

Зоча — зебочаи ман.

Чунонки мебинем, шоира тавассути таъбироту тавсифот ва хоса анҷомаҳои «-ча», «-ак», ки суффиксҳои хурдию наво­зишианд, мақсади эҷодии худро ба хубӣ ифода кардааст. Ин суффиксҳо, агар аз як тараф, муносибати қаҳрамон, дилба­стагии самимии ӯро ба ашёи тасвир — зоча равшан муайян созад, аз ҷониби дигар, ба шеър оҳанги махсуси меҳру навозиш бахшида, дар ниҳоди кӯдакон шавқу ҳа­васи бозиро барангехтааст.

Шеъри «Галяҷонам, аллаё»-ро аз лиҳози мавзуъ ва ҳадафҳои эстетикии муаллиф бевосита давоми мантиқии шеъри «Зоча» донистан мумкин аст. Воқеан он дар маҷмуа пас аз шеъри фавқуззикр ҷой гирифтааст. Агар дар шеъри аввал сирф тавсифи зоча асоси муҳокимарониро ташкил диҳад, пас дар шеъри дуюм домани муҳокима нисбатан фарохтар шуда, як идда масоили дигарро дар бар кардааст. Ин ҷо он зочаи зебоча, ки мӯи тиллоранг дорад ва куртачааш аз фаранг аст, ба роҳат хоб меравад ва қаҳрамони асосӣ ҳамчун фарди калонсол зочаашро алла мегӯяд. Бояд гуфт, ки дар ҷараёни ин аллагӯӣ қаҳрамон дар бораи мафҳумҳо ва рӯйдодҳои олами воқеӣ батафсил фикру андеша ронда, онро бо хобидани зоча як навъ алоқаманд кардааст, ки ин нукта, ба назари мо, аз муҳимтарин ҳадафҳои эстетикии шеъри мазкур маҳсуб мешавад.

Шеърро мутолиа карда, кас дар назари аввал набудани мантиқеро дар мулоҳизарониҳои қаҳрамон ҳис мекунад, аммо дар сурати чуқуртар назар андох­тан ба равони кӯдак ва амиқтар сар фурӯ бурдан ба ниҳонхонаи дили ӯ, ба зудӣ пай мебарад, ки дар ин «бемантиқиҳо»-и қаҳрамон як навъ мантиқе ҳаст ва тасви­роти шоир гувоҳи онанд, ки вай зиндагиро соф аз назари бачагон дида тавонистааст ва эҳсосу идроки онҳоро равшану возеҳ ва ба таври табиӣ инъикос сохтааст:

Туро лолоӣ гӯям,

Нигаҳ накун ба рӯям,

Гапи маро бикун гӯш,

Акнун чашмакота пӯш.

Алла, ҷонам, аллаё,

Галяҷонам, аллаё!

Озод Аминзода ҳамчун фарди раи­ятхоҳу инсонпарвар аз ҳаёти вазнин ва рӯзгори пурдарду алами Мишел ном пи­сарчаи дувоздаҳсола, ки бо амри тақдир дар яке аз қаҳвахонаҳои Фаронса пеш­хидмат шуда, аз субҳ то нисфи шаб кор мекунад, батафсил нақл кардааст. Нақли ӯ хеле басӯзу гудоз ва пуртаъсир аст:

Бидидам наврасе дар ҳукми гулро,

Гули пажмурдаи дунёи пулро.

Шоира аз мушоҳидаи ранги заъфарон ва рӯзгори пурмусибати қаҳрамони худ ғамгину мутаассир гашта, дар бораи тақдири минбаъдаи ӯ ба дарёи фикру андеша фурӯ рафтааст ва билохир изҳо­ри умедворӣ кардааст, ки рӯзе адолат пойдор хоҳад шуд ва ин кӯдаки ҷафокашу берӯзӣ аз истисморгарони дунёи сарват қасоси хешро хоҳад ситонд:

Шумо, эй хӯҷаинон, пулпарастон!

Харида қуввааш бо нархи арзон…

Шитобон, бачагиашро бикобед,

Китобу дафтари ӯро биёбед!

Калон гардад, шуморо мешиносад,

Замину ҳам саморо мешиносад.

Шуморо беҷазо он гоҳ намонад,

Баҳои кӯдакиашро ситонад.

Ин асари нисбатан калонҳаҷми шо­ира дар муҳимтарин мавзуи иҷтимоиву сиёсии рӯз эҷод шудааст ва он дар назми муосири бачагон як манзумаи ҷиддии публитсистӣ дар мавзуи байнал­халқӣ маҳсуб мегардад. Муаллиф дар таълифи ин асар вазнҳои ёздаҳҳиҷоӣ ва панҷҳиҷоиро эҷодкорона корбаст намуда, пояи таҳлилии нақлро истеҳком бахшидааст. Ҳамчунин ин ҷо унсурҳои тасвири ғиноӣ ва ҳамосӣ ба ҳам омезиш ёфта, ҷанбаи эҳтиросии манзумаро пурқувват кардаанд ва таъсири эстети­кии онро ба маротиб афзудаанд.

Бояд гуфт, ки ашъори бачагонаи Озод Аминзода маҳсули талошҳои пай­гиронаи эҷодӣ ва бозёфтҳои шоирона буда, дорои арзиши баланди бадеию эстетикист. Дар ин шеърҳо, ки зуҳуроти маҳорати хоси адабии муаллифанд, олами рангини кӯдакон ва маънавияти поку беолоиши онҳо бо илтифоти тамом ва тапиши дили меҳрпарвари модарона таҷассум ёфтааст.

Неъматҷон Файзуллоев

Дигар хабарҳо