Дар саргаҳи созмони адабии миллӣ

 Дар саргаҳи созмони адабии миллӣ

Ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои барпо намудани фарҳангу адабиётамон дар шароити ҷаҳони муосир, ривоҷу равнақ додани он корҳои зиёдеро дар тули фаъолияти пурвусъати худ анҷом додааст. Маҳз Иттифоқи нависандагон буд, ки неруҳои парокандаи эҷодии Тоҷикистони тозабунёдро муттаҳид намуд, сарнавишти онҳоро ба сарнавишти давлаташон пайваст, пояҳои фарҳанги барои ҷомеаи ҷаҳони навин рақобатпазирро гузошт, симоҳои оламшумули адабиеро чун устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода ба вуҷуд овард, адабиёти тоҷикро аз маҳдудаи ҷуғрофиёӣ баровард ва бо намунаҳои беҳтарини назму насри ҷаҳон хазинаи онро ғанӣ гардонд. Имсол аз фаъолияти пуршебу фарози ин ниҳоди бузургу овозадор 90 сол пур мешавад ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» тасмим гирифтааст ба истиқболи ҷашни он хонандаи худро бо муҳимтарин ҷузъиёти ҳаёти адабии адибон ва ин даргоҳи адаб ошно гардонад. Масъулони ҳафтанома аз донишманд Абдухолиқ Набавӣ ва адиб, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Ато Мирхоҷа барои пешниҳоди маводи муҳим роҷеъ ба ин масъала изҳори сипос менамоянд.

Дар ҳаракати адабии Тоҷикистон дар замони нав корҳои расидан ба созмон додани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баъди эъломи қарори ҳизб «Дар бораи аз нав ташкил кардани ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» аз 23 апрели соли 1932 оғоз мегардад.

Оид ба зарурат ва аҳаммияти ин рухдод ва пайомадҳои он дар арзи зиёда аз 90 сол ҳарфҳои зиёде гуфта шудаанд. Масалан, онро аз дастурҳои қисматсоз дар ташаккули муосир ба шумор оварда, адабиётианд.

Дар ин маврид низ, агар аз ҳадди инсоф берун наравем, пас бояд сухане гуфта бошем, ки ба шароити мушаххаси таърихии ҷамъияти шуравӣ, аз як ҷониб ва шароити воқеиву руҳияи аҳли адаби тоҷик, хусусан фаъолияти ҷамъияти пролетарии адибони Тоҷикистон, аз тарафи дигар, мувофиқ бошад. Бахусус, ки дар шароити онвақтаи Тоҷикистон ҳеҷ гуна иттиҳодияи адабии ғайрандеш ва мустақил, ки дар баробари ТоҷАПП истода бошад, вуҷуд надошт. Фақат ба тахмин метавон аз сабкҳои гуногун, масалан, баёни намодин (символизм) ва ё ишораҳои рамзиву киноӣ мисолҳо дарёфт ва шарҳу тавзеҳ кард. Аммо дар Русия, дарвоқеъ, вазъият дигар буд ва гурӯҳҳои адабии мухталиф байни ҳам муборизаҳои эҷодӣ ва мафкуравӣ доштанд ва баъди зиёда аз 25 сол барои дар як ташкилоти шуроӣ муттаҳид кардани иттиҳодияҳои эҷодӣ қадами ҷиддӣ гузошта шуд.

Аммо дар Тоҷикистон вазъият як андоза дигар буд. Аз он ҷо ки дар ҳаёти адабии мо аз иттиҳодияҳои адабии дигар нишонае набуд, пас ҳама гуна талошу мубоҳиса ва бархӯрдҳо дар дохили ТоҷАПП сурат мегирифт. Фаъолияти ин ҷамъият хеле дурушту чапгароёна ва ифротӣ буд, ки аз адабиёт танҳо мафкураи бегона ва шиддати муборизаи синфиро ҷустуҷӯ мекард ва ошкоро изҳор медошт, ки «ҳамсафар не, ё ҳамраҳи мо бош ё душмани мо». Ин тарзи муносибат ба сари хеле аз аҳли адаб хавфу хатари ҷиддӣ ба бор оварда буд. Ва дар ҳамин замон ба майдон омадани қарори ҳизб оид ба аз нав ташкил кардани ташкилотҳои адабӣ шиддати ин низоъҳо ва тундравиҳои чапгароёнаро паст кард, балки сарчашмаи он — ТоҷАПП ва сарвари онро бетараф намуд. Бинобар ин, гуфта метавонем, ки қарори мазкур дар баробари ба якандешии адабӣ мувоҷеҳ сохтани аҳли адаб, дар айни замон онҳоро аз фишору тазйиқҳои шахсиву мафкураӣ озод намуд.

Инак, 23 апрели соли 1932 қарори мазкури КМ ВКП(б) эълом гардид. Аммо амали он дар ҷумҳуриятҳои собиқ шуравӣ, аз ҷумла Осиёи Миёна ва Тоҷикистон ба он шакле набудааст, ки баъзеҳо тасаввур мекунанд: гӯё дар баробари эълом шудани қарори мазкур ҳама бо зудӣ аз пайи иҷро ва амалӣ кардани он шуда бошанд. Не. Кори амалӣ кардани он хеле ба кундӣ ва мураккабӣ сурат гирифта будааст.

Масалан, пас аз қарори мазкури ҳизб қарори бахши Осиёимиёнагии ҳизб, ки аввали моҳи майи соли 1932 ва қарори ҳизби коммунисти Тоҷикистон маҳз 10 июли соли 1932 қабул шуд, Оргбюрои Иттифоқи нависандагони шуравии Тоҷикистон танҳо моҳи августи он сол ташкил гардид. Маълум мешавад, ки байни ин ҳама қарору дастурҳо на камтар аз 3-4 моҳ сипарӣ шудааст.

Адабиётшинос Маъруф Раҷабӣ ақида дорад, қарори мазкур тақозо доштааст, ки дар байни даҳ рӯз натанҳо Оргбюро ва шарту шароити даъвати анҷуман муайян карда шавад, балки гӯё анҷуман ҳам дар ҳамин муддат бояд баргузор мегардидааст. Ин тавзеҳ, чунон ки мебинед, он қадар боварбахш намебошад ва ҳеҷ мумкин нест, ки ҳизб ғайривоқеӣ будани муддати тартиб додани реҷаи чорабиниро то даъвату гузаронидани он дар мадди назар надошта бошад. Ҳамин тавр, қарори ҳизб, ба фикри инҷониб, барои тайёрӣ дидан ва мувофиқи мақсад гузаштани анҷуман масъала гузошта буд.

Зиёда аз он, дар қарори мазкур як силсила чорабиниҳое пешбинӣ шудаанд, ки табиатан вақти зиёдро талаб мекарданд (созмон додани ташкилотҳои маҳаллии Иттифоқи нависандагон, табдили мақсад ва ташкили маҷаллаи адабӣ дар заминаи маҷаллаи «Раҳбари дониш», нашри осори нависандагон, тарғибу ташвиқи адабиёти нав, ривоҷ бахшидан ба нақди адабӣ ва ғ.).

Аслан дар қарори мазкур сареҳан омадааст, ки: «Ба Бюрои ташкилотӣ таклиф карда мешавад, ки барои анҷумани ҷумҳуриятии нависандагони Тоҷикистонро даъват намудан корҳои тайёриро васеъ намояд.

Ба шуъбаи мадании комитети фирқаи марказии К(б) Тоҷикистон супорида шавад, ки бо ҳамроҳии Бюрои ташкилотӣ дар муддати даҳ рӯз (декада) вақти даъват намудани анҷуман, ҳам рӯзномаи онро кор карда баромада, барои тасдиқ ба кумитаи фирқаи марказии КМ(б) Тоҷикистон диҳад» (БАС, 1932, № 1, с.3; Бойгонии ҳизбии Тоҷикистон, ф. 3, оп. 5, д. 520, лл. 49-50).

Бюрои ташкилотӣ аз шахсони зерин таркиб ёфта буд: Лоҳутӣ, Айнӣ, Расулӣ, Улуғзода, Тӯрақулов, Дайламӣ Ҳасанӣ, Рустамова, Азизӣ, Бурҳонов, Юртаев.

Ҳамин тавр, дар ваҳлаи аввал ҳолу ҳавои адабӣ ва фарҳангие ба вуҷуд овардан лозим буд, ки аҳли адаб ва ҷомиа ба он хӯ гиранд ва ташкили Иттифоқи нависандагон чун як ҳодисаи табиии дохилиадабӣ сомон дода шавад.

Давраи аввали сарварии Бюро ва шояд баъд Кумитаи ташкилотиро Маъруф Расулӣ ва котиби масъулии онро Рашид Абдулло ба уҳда доштаанд. Далелҳо собит мекунанд, ки Бюрои ташкилотӣ тақрибан ё охири соли 1932 ё аввали (январи) соли 1933 ба Кумитаи ташкилотӣ табдил шудааст. Ва гоҳо шудааст, ки ин ду унвон дар мақолаву ҷаласаҳо баробар ба истифода рафтааст (масалан, ниг.: «Қарори маҷлиси нависандагони шӯроии шаҳри Сталинобод» аз 13 ноябри соли 1932 // БАС, 1932, № 3-4, с. 44-45). С. Улуғзода низ дар гузорише, ки дар ҷаласаи мазкур дода буд, аз Бюрои ташкилотӣ ва шахси Расулӣ ном бурдааст ва ҳам аз Кумитаи ташкилотӣ.

Инчунин, гуфтан мумкин нест, ки маҳз дар замони интихоби С. Носиров Бюро ба Кумита табдил дода шудааст. Аммо маълум мешавад, ки аз нимаи аввали соли 1933 (тахминан баъди пленуми якуми Кумитаи ташкилӣ, ки аз 24 то 29 феврали соли 1933 баргузор гардид) ба баъд Носиров Раиси Кумитаи ташкилотӣ ва Содиқов котиби масъули он интихоб шудаанд. Маҳз баъди ин пленуми Кумита С. Носиров ба сифати раиси Кумитаи ташкилотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо номи «Дар арафаи анҷумани Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон» (БАС, 1933, № 5-6) суханронӣ мекунад. Носиров ва Содиқов то баргузор шудани анҷуман ва интихоботи баъди он баргузоршуда вазифаҳои мазкурро ба ҷо овардаанд. Ҳаминро ҳам қайд кардан лозим аст, ки масъалаҳои Кумита бештар дар пленуми садорат ва ҷаласаҳои ташкилотҳои поёнии он гузошта ва ҳал карда мешуданд.

Дар назди Кумитаи ташкилотии Иттифоқи нависандагони шуроӣ, ки ба қарибӣ таъсис ёфтааст, дар бораи роҳбарӣ кардан ба ҳаракати адабии ҷумҳурият, тарбия кардани нависандагони ҷавон, ёрӣ расонидан барои инкишофи қобилияти эҷодии онон, то дараҷаи талабҳои даврамон ривоҷ додани танқиди адабӣ, ба воситаи пурзӯри ёрмандӣ ба тараққии эҷодии ҳамаи нависандагон табдил додани он ва ниҳоят дар хусуси тайёрӣ дидан ба якумин анҷумани таърихии нависандагони шуроии Тоҷикистон вазифаҳои калони масъулиятнок истода буд.

Нависандагоне, ки дар мавқеи шуроӣ буданд, асоси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ташкил медоданд, насли калонсол, ки омодаи хизмат кардан ба адабиёти пролетарӣ буданд, ба Иттифоқи нависандагон ворид гаштанд; ҷавонон, хусусан «насли комсомол»-и адибон, ки аз байни коргарону деҳқонон баромада буданд ва ифтихори ҳизб ба шумор меомаданд, ба сафи нависандагон бо ғайрати ҷавонӣ ворид шуданд. Аҳли қалам дар маҳалҳо ба ташкили шуъбаҳои Иттифоқи нависандагон пардохтанд, шоиру нависандагон ба деҳот, ба истеҳсолот сафарҳои эҷодӣ анҷом доданд ва ба ин васила асарҳои нав низ ба миён омад. Нахустин маҷаллаи сирф адабӣ бо номи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» аз моҳи августи соли 1932 ба нашр сар кард ва сифати нашру маводҳояш қобили қайд буд.

Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ озмуни асарҳои драмавӣ эълон шуд, ки дар он аксар драмнависони ҷавон иштирок доштанд ва рафиқон Ғанӣ Абдулло, Мирзо Турсунзода, Ҳаким Каримзода ва дигарон ғолиб омаданд. Ҳамчунин сабқати эҷодӣ дар мавзуи инъикоси сохтмони Вахш дар адабиёти бадеӣ эълом гардид. Дар чӣ шакле бошад, кори адабӣ як андоза ба ҷунбиш даромад ва аҳли адаб аз калтаки ҷазои АПП, ки доимо болои сарашон бардошта шуда буд, то дараҷае озод шуданд.

Зоҳиран марҳалаи муҳим ва солими тайёрӣ ба созмон додани анҷумани якум, тибқи маълумотҳо, пас аз роҳбари аввали ҳизб таъйин шудани Г. И. Бройдо ва пас аз анҷумани II ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 1934 баргузор гардид, оғоз мешавад.

Пора аз китоби

«Таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон»

Дигар хабарҳо