Дар поси суннатҳои нек
Чандин сол аст, ки устод Муртазо Зайниддинзода масъулияти мудирии кафедраи назария ва адабиёти форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда доранд ва мо дар ин кафедра бо эшон ҳамкор ҳастем. Албатта, ҳар касе аз таърихи кафедраи мазкур огоҳ аст, медонад, ки ин чӣ масъулияти сангин ва дар айни ҳол пурифтихорест. Дар баробари барномаҳои роиҷ ва муназзами дарс, ки ҳамеша аз тарафи ҳайати илмиву таълимии кафедра ба ҷиддияти хос пайгирӣ ва иҷро шудааст, як силсила барномаҳое дар ин ҷо бо ташаббуси мудирони бузургвори пешин чун устодон Соҳиб Табаров, Раҳими Мусулмониён, Худойназар Асозода ва Аламхон Кӯчарзода амалӣ шуда, ки бо гузашти солҳо ба анъанаи неку шоиста ва барномаҳои доимӣ табдил гардидаанд. Аз ин ҷумла метавон аз маҳфилҳои адабиву адабиётшиносӣ ва рӯзҳои номие чун Рӯзи устод Мирзо Турсунзода, Айнихонӣ ва ахиран Лоиқхонӣ, ки зимнан бо пешниҳоди раиси Донишгоҳи миллӣ ба ин силсилаи тадбирҳо илова гардид, ёдовар шуд.
Ба ғайр аз ин, ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳии воқеан бамаврид ва пуршуморе, ки дар муддати мудирияти эшон бо тадорукот ва ширкати фаъоли кафедра баргузор гардидааст, ҳамеша дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои дурахшон ҷамъбаст гардида, дар воситаҳои ахбори омма инъикоси густурдае дошта ва аксаран маводи он танзиму тадвин шуда ва ба чоп расида, чун воситаи таълимӣ дар ихтиёри устодон ва донишҷӯён қарор гирифтааст.
Дар баргузории ин маросиму тадбирҳо нақши муассир ва мудаббиронаи Муртазо Зайниддинзода ба равшанӣ эҳсос мешавад. Агар ба фарз аҳёнан дар ин маросим эшон суханронии алоҳида ҳам надошта бошанд, зимни гардонандагии ҳамоиши илмӣ ё илмию адабии марвиди назар, нуктаҳои тоза, ҷолиб ва озмудаеро баён мекунанд, ки минбаъд метавонад мавзуи таҳқиқот қарор дода шавад.
Ба таври хос ҷо дорад дар мавриди эҳтирому муҳаббат ва дилбастагии Муртазо Зайниддинзода ба адабиёту фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва шахсиятҳои бузурги ин фарҳангу адабиёт ёдоварӣ намуд. Бидуни ин садоқат ва эҳтиром доштани ангеза ва ҳавсалае кофӣ барои анҷоми ин корҳои муқтазии заҳмати доимӣ муҳол мебошад. Масалан, имкон надорад, ки бо вуҷуди баъзан пеш омадани барномаҳои ногузири дигар, соле барномаи Турсунзодахонӣ ба таври муфассал, ҳамроҳ бо боздид аз зодгоҳ ва осорхонаи ин шоири бузурги миллӣ сурат нагирад. Дар хусуси барномаҳои дигари расмшуда низ ҳаминро метавон ёдоварӣ кард.
Рустам Ваҳҳобзода,
сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»